Ҳукми такроран ҷаноза хондан
Дастабандиҳо
Full Description
Ҳукми такроран ҷаноза хондан
ما حكم تكرار الصلاة على الميت؟
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب
Ҳукми такроран ҷаноза хондан
Савол:
Ҳукми ҷанозаро такроран хондан чист?
Ҷавоб:
Аввалан, бародари азиз! суннат ин аст, ки мурдаро дар ҳамон ҷойи вафоташ дафн кунанд. Ва мурдаро ба дигар ҷой нақл кардан хилофи суннат аст.
Паёмбар мефармояд: (Асриъу билҷанозати…).
Яъне дар дафни маййит шитоб кунед!…
Ва ҳамчунин дафн кардани маййит дар диёри ғурбат аҷру подош барои он маййит аст. Чӣ тавре ки Паёмбар дар ҳаққи муҳоҷирин фармудааст.
Сониян:
Дубора ва такроран ҷаноза хондан аз суннат нест. Алалхусус барои онҳое ки як маротиба хондаанд.
Баъзе аз аҳли илм аслан такрорро ҷоиз намедонанд.
Ибни Қудома дар Муғнӣ мегӯяд:
وإذا صُلي على الجنازة مرة لم توضع لأحد يصلي عليها.
«Агар бар ҷанозае як маротиба намоз хонда бошанд, барои дигар касе намегузоранд ки (дубора) намоз хонад».
Дар мазҳаби ҳанафӣ, дар Бадоеъус-саноеъ омадааст:
ولا يصلى على ميت إلا مرة واحدة، لا جماعة ولا وحدانا عندنا، إلا أن يكون الذين صلوا عليها أجانب بغير أمر الأولياء، ثم حضر الولي فحينئذ له أن يعيدها. انتهى.
«Бар маййит танҳо як маротиба намоз мехонанд. Хоҳ ҷамоъат бошад ва хоҳ танҳо, ин дар мазҳаби мост. Магар дар ҳолате ки он ҷанозахондагиҳо, бе амри соҳиби мурда хонда бошанд, ва сипас соҳиби мурда омад, ва ҳақ дорад, ки иъода кунад».
Ва баъзе аз уламо, ҷоиз медонанд такрори ҷанозахониро барои он инсонҳое ки дар аввалаш иштирок накардаанд. Ва ин мазҳаби имом Шофеъӣ ва имом Аҳмад аст.
Валлоҳу аълам.
Бо истифода аз шабакаи Исломвеб ва фатовои Абдураҳмони Суҳайм.