×
Рӯзаи нафл дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе.

    Рӯзаи нафл дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе

    صيام يومي الاثنين و الخميس

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    محمد عزيز رجب

    —™

    Рӯзаи нафл дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе

    Пурсиш: Барои чӣ рӯзи душанбе ва панҷшанбе рӯза медорем?

    Посух:

    Аввалан, инки худи рӯза яке аз беҳтарин аъмоли неку солеҳа мебошад. Ба ҳадде, ки ҳатто савобу аҷри онро Худованд танҳо худаш медонад ва ба худаш ихтисос додааст.

    Чӣ тавре ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст:

    "كل عمل ابن آدم له إلا الصوم، فإنه لي وأنا أجزي به". متفق عليه.

    “Тамоми кирдору амалҳои бани Одам азони ӯст, магар рӯзадорӣ, ки танҳо ба хотири ман аст, ва ман худам аҷру подоши онро медиҳам".

    (Муттафақун алайҳ (Бухорӣ ва Муслим))

    Ва сониян, дар мавриди рӯзадорӣ дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе фазилати хосс ривоят шудааст:

    Аз АбуҲурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (алайҳис-салом) мефармояд:

    "تُعرض الأعمال يوم الاثنين والخميس ، فأحب أن يعرض عملي وأنا صائم".

    “Амали бандагон рӯзи душанбе ва панҷшанбе ба даргоҳи Худованд арза (пешкаш) мешавад, пас дӯст медорам, ки амалҳои ман дар ҳоли рӯзадориям ба Худованд арза шавад".

    (Сунани Тирмизӣ 747, ва Имом Албонӣ дар Саҳеҳу-т-Тарғиб 1041 онро тасҳиҳ кардааст.)

    Ва аз модари муъминон Умми Абдуллоҳ Оишаи сиддиқа ривоят аст, ки:

    "كان النبي صلى الله عليه وسلم يتحرَّى صوم الاثنين والخميس".

    “Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзаи душанбеву панҷшанберо талаб мекард (қасд мекарду мехост)".

    (Тирмизӣ 745, Насоӣ 2361, Ибни Моҷа 1739, Саҳеҳу-т-Тарғиб 1044.)