×
Аллоҳ ғафуру раҳим аст ва азобаш азоби дарднок аст.

    Тавбапазир аст ва соҳиби азоби шадид мебошад!

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    قابل التوب شديد العقاب

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Тавбапазир аст ва соҳиби азоби шадид мебошад!

    Суол: Осори гуноҳҳо ва уқубати онро ва адами саҳлангорӣ нисбати онро зикр кардед. Ва адами саҳлангорӣ нисбати гуноҳҳои кабира ва ҳамчунин гуноҳҳои сағира. Лекин инсонҳое ҳастанд, ки гуноҳ мекунанду агар насиҳаташон кардӣ, мегӯянд: Аллоҳ ғафур ва раҳим (бахшанда ва меҳрубон) аст. Ба онҳо чӣ насиҳате мекунед?!


    Аллоҳ таъоло шуморо подоши некӯ диҳад!

    Ҷавоб: Бояд ба онҳо тазаккур диҳӣ, ки Аллоҳ таъоло ғафур ва раҳим аст, ва ҳамчунин Ӯ таъоло соҳиби азоби шадид мебошад. Чӣ тавре ки дар оятҳои қуръонӣ байни ин ду чиз ҷамъ кардааст. Аллоҳ таъоло мегӯяд:

    ﴿نَبِّئۡ عِبَادِيٓ أَنِّيٓ أَنَا ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٤٩ وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ ٱلۡعَذَابُ ٱلۡأَلِيمُ ٥٠﴾ [الحجر: ٤٩، ٥٠]

    «Ба бандагонам мужда бидеҳ, ки ман Ғафуру Раҳим (Бахшанд ва Меҳрубон) ҳастам, ва инки азоби ман азоби дарднок мебошад».

    Сураи Ҳиҷр 49-50

    Ин ду оят бо ҳам дар сураи Ҳиҷр омадаанд, пас агар донистӣ, ки Аллоҳ Бахшанда ва Меҳрубон аст, бидон ки азобаш азоби дарднок аст…

    Ва сухани Аллоҳро дар аввали сураи Ғофир барояш бихон:

    ﴿غَافِرِ ٱلذَّنۢبِ وَقَابِلِ ٱلتَّوۡبِ شَدِيدِ ٱلۡعِقَابِ ذِي ٱلطَّوۡلِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ إِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ ٣﴾ [غافر: ٣]

    «Худованде ки бахшанди гуноҳ, пазирандаи тавба, соҳиби азоби шадид, дорои инъом ва эҳсон аст. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ вуҷуд надорад. Бозгашт ба сӯи Ӯст».

    Сураи Ғофир 3

    Яъне, чӣ тавре ки Ӯ таъоло гуноҳро мағфират мекунад ва бахшанда ҳаст, ҳамчунин Ӯ таъоло ба хотири гуноҳҳо азобу иқоби шадид мекунад. Ва Аллоҳ таъоло танҳо мағфирати худро зикр накардааст, балки ҳамроҳи он шиддати азобу иқоби худро низ тазаккур додааст. Ва оятҳои қуръонӣ дар ин маъно зиёд аст.

    Баъдан ба ӯ мегӯӣ: Агар донистаӣ, ки Аллоҳ таъоло ғафур ва раҳим аст, пас бидон, ки РАҲМАТ барои аҳли раҳмат аст, пас ту аз аҳли он бишав. Ва аҳли раҳматро Аллоҳ таъоло зикр кардааст. Ва оятеро ки дар сураи Аъроф аст, бар ӯ бихон:

    ﴿وَرَحۡمَتِي وَسِعَتۡ كُلَّ شَيۡءٖۚ فَسَأَكۡتُبُهَا لِلَّذِينَ يَتَّقُونَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلَّذِينَ هُم بِ‍َٔايَٰتِنَا يُؤۡمِنُونَ ١٥٦ ٱلَّذِينَ يَتَّبِعُونَ ٱلرَّسُولَ ٱلنَّبِيَّ ٱلۡأُمِّيَّ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥6، ١٥٧]

    «Ва раҳмати ман ҳама чизро дар бар гирифтааст (ва дар ин дунё шомили ҳам муъмин ва ҳам кофир аст, аммо дар он ҷаҳон) онро барои касоне муқаррар хоҳам кард, ки парҳезгорӣ кунанд ва закот бидиҳанд ва ба оёти мо имон биёваранд. (Ба хусус раҳмати худро ихтисос медиҳам ба) касоне, ки пайравӣ мекунанд аз ин расул ва паёмбари уммӣ (ки хондан ва навиштан намедонад, ва васфи ӯро) дар Таврот ва Инҷил навишта меёбанд…».

    Сураи Аъроф 156-157

    Ин сифатҳоро дар худ ба вуҷуд овар, то ки аз аҳли раҳмат бошӣ.

    Аммо инки саҳлангорӣ мекунӣ, ва (тавбаву ислоҳ шуданатро) кашол медиҳӣ, пас худро аз аҳли азоб (ва шоистаи азоб) будан эмин надон!

    (Посухҳои аллома Абдуллоҳ ибни Ҷибрин (раҳимаҳуллоҳ) дар дарси المحرمات المتمكنة في الأمة)