Оё ҷинҳо бар инсон таъсир расонда метавонанд? Ва оё ҷинҳо илми ғайбро медонанд?
Дастабандиҳо
Full Description
Оё ҷинҳо бар инсон таъсир расонда метавонанд? Ва оё ҷинҳо илми ғайбро медонанд?
هل للجن تأثير على الإنسان؟ وما طريق الوقاية منهم؟ وهل الجن يعلمون الغيب؟
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Муҳаммад ибни Солеҳ Усаймин
محمد بن صالح العثيمين
Тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор
ترجمة: عبد الرحمن عبد الستار
Масдар: Фатвоҳои аркони ислом
المصدر: فتاوى أركان الإسلام
Оё ҷинҳо бар инсон таъсир расонда метавонанд? Ва оё ҷинҳо илми ғайбро медонанд?
Пурсиш:
Оё ҷинҳо бар инсон таъсир расонда метавонанд? Ва инсон чигуна худро аз шарри ҷинҳо нигоҳ медорад? Ва оё ҷинҳо илми ғайбро медонанд?
Посух:
Албатта ҷинҳо тасири худро дар озор додани инсон хоҳанд расонд, ва ҳатто метавонанд инсонро аз зарар додан ба қатл расонанд. Ё инки инсонро метавонанд сангсор кунанд ва ё ба дигар роҳҳо ӯро битарсонанд. Чуноне дар суннати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин чизҳо собит шуда ва воқеъият бар он далолат мекунад. Чуноне ки дар ҳадисе омада аст, ки: "Дар яке аз ҷангҳо (ба фикрам ҷанги хандақ буд) Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар яке аз асҳобаш ки ҷавон ва навшаҳ буд иҷозат дод то ба зиёрати арӯсаш биравад, Пас вақто он мард ба назди хонааш расид дид, ки арӯсаш дар назди дарвозаи хонааш истода аст, Пас аз баромадани арӯсаш ба пеши дарвозаи хонааш қаҳраш омад, сипас арӯсаш ба ӯ гуфт: Дохили хона шав як бор бубин, Вақто даромад дид, ки дар ҷойгаҳаш море худро печонида аст ва ҳамроҳи он мард найзае буд ва бо он найза моро зада кушт ва дар ҳамин вақт он мард ҳам мурд, Ва надонистанд кадомаш аввал аз дунё гузашт, он мард ё мор. Пас вақто ки ин ҳодиса ба Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расид асҳобашро аз куштани ҷинҳое ки дар хонаҳо ҳастанд манъ кард, Магар, абтар ва зу туффатайн" (навъе аз морҳо ҳастанд)"
Ривояти Бухорӣ
Ин далолат бар он мекунад, ки ҷинҳо метавонанд барои инсон зарар расонанд, Чуноне, ки воқеъият далолат бар он мекунад, ва дар ин бора хабарҳо зикр шуда аст, Инчунин дар баъзе хабарҳо омада аст, ки инсон вақто, ки дар ягон ҷои холиги бошад бо сангҳо зада мешавад, дар ҳолеки касеро намебинад ва ё овозҳои тарснок мешунавад дар ҷоеки касе аз инсонҳо дар онҷо нест, Ва дигаргуна чизҳое мешавад, ки инсонро метарсонад ва албатта инҳо аз тарафи ҷинҳо мебошад, ки инсонро азият медиҳанд.
Инчунин баъзе вақтҳо ҷин дар дохили ҷасади инсон медарояд, ё ба сабаби ишқ ва ё ба нияти озор додан ва ё ба дигар сабабҳо, чуноне Аллоҳ таъоло дар китоби покаш мефармояд:
قال الله تعالى: ﴿ٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ٢٧٥﴾ [البقرة: ٢٧٥]
“Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба осеби шайтон девона шуда бошанд".
Сураи Бақара, ояти 275
Вақто ки ҷин дар ҷисми инсон дохил шавад баъзе вақтҳо аз дохили инсон гап мезанад ва инсони дуъохонро хитоб мекунад, Ва дар баъзе ҳолатҳо инсони дуъохон аз ӯ аҳд мегирад, ки бори дигар дар ҷинзада дохил нашавад, Ва дигар корҳои зиёдашон, ки дар ахборҳо зикр шуда ва дар миёни мардум паҳн шуда аст.
Пас нигоҳ доштани инсон худро аз ҷин ба воситаи хондани дуъоҳое, ки дар Қуръон ва суннати Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омада аст, монанди хондани (оятул курси) чун агар инсон оятул курсиро дар шаб бихонад, пас Аллоҳ таъоло ӯро то субҳ дар ҳимояти худ нигоҳ медорад ва шайтон ба ӯ наздик намешавад.
Оё ҷинҳо илми ғайбро медонанд?
Пурсиш:
Оё ҷинҳо илми ғайбро медонанд?
Посух:
Ҷинҳо илми ғайбро намедонанд ва инчунин ҳама касоне, ки дар замину осмон ҳастанд илми ғайбро намедонанд. Сухани Аллоҳ таъолоро бихон, ки мефармояд:
﴿فَلَمَّا قَضَيۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَوۡتَ مَا دَلَّهُمۡ عَلَىٰ مَوۡتِهِۦٓ إِلَّا دَآبَّةُ ٱلۡأَرۡضِ تَأۡكُلُ مِنسَأَتَهُۥۖ فَلَمَّا خَرَّ تَبَيَّنَتِ ٱلۡجِنُّ أَن لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٱلۡغَيۡبَ مَا لَبِثُواْ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ ١٤﴾ [سبا: ١٤]
“Чун маргро бар ӯ муқаррар кардем, девҳоро бар маргаш на- огоҳонид, магар кирми чубхорае, ки асояшро (наздики як сол ) мехоид. Пас, вақте ки ӯ (Сулаймон) биафтид, девҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда намемонданд".
Сураи Сабаъ, ояти 14
Ва касе, ки даъвои донистани илми ғайбро кунад кофир мешавад, Инчунин касе даъво кунандаро бовар кунад, кофир мегардад. Чун Аллоҳ таъоло мефармояд:
“Бигу: тамоми онҳое дар осмонҳо ва замин аст ҷуз Аллоҳ таъоло ғайбро намедонанд".
Сураи Намл, ояти 65
Пас касе ба ҷуз Аллоҳи ягона илми ғайбро намедонад ва касоне, ки даъвои донистани илми ғайбро мекунанд аз ҷумлаи ҷодугарону фолбинон мебошанд. Дар ҳадисе собит шуда аст, ки Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
ثبت عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال : "أن من أتى عرافا فسأله لم تقبل له صلاة أربعين يوما" رواه مسلم.
“Касе пеши фолбине биёяд ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил рӯз намозаш қабул намегардад".
Ривояти Муслим
Ва агар ӯро дар суханонаш бовар кунад, кофир мешавад, Чун агар ӯро дар даъвои илми ғайбаш бовар кунад, пас ба ин сухани Аллоҳ таъоло бовар надорад:
قال الله تعالى:"قل لا يعلم من في السموات والأرض الغيب إلا الله" (النمل 65)
“Бигӯ: Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ".
Сураи Намл, ояти 65