×
Мақола дар бораи Нахустин калимае, ки ба кӯдак талқин мешавад, калимаи тавҳид «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуякум: Нахустин калимае, ки ба кӯдак талқин мешавад, калимаи тавҳид «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст

    سلسلة تربية الأولاد، القسم الواحد والعشرون: عن أول كلمة تلقن الطفل، وهي كلمة لا إله إلا الله محمد رسول الله

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуякум: Нахустин калимае, ки ба кӯдак талқин мешавад, калимаи тавҳид «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст

    Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Нахустин калимаеро, ки ба кӯдакони худ меомӯзед, калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» бошад ва ҳангоми марг низ «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро ба онон талқин кунед».[1]

    Абдурраззоқ ривоят намудааст, ки вақте кӯдакони гу­заштагони некӯкори мо гӯё мешуданд, эшон ба онҳо омӯ­зондани калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро мустаҳаб медо­нистанд, то ин ки нахустин калимае, ки кӯдак бо он сӯҳбат мекунад, ҳамин калимаи тавҳид бошад.

    Ибни Қаййим дар «Аҳкомул-мавлуд» гуфтааст: «Ҳанго­ме ки замони забон кушодан ва сухан гуфтани кӯдакон фаро расид «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-расулуллоҳ»-ро ба онон талқин кунед, то ин ки нахустин чизе, ки ба гӯшашон мерасад ва забонашон низ ба он ошно мешавад, калимаи тав­ҳид ва шинохти Худо бошад ва биомӯзанд, ки Худованд пай­васта ва дар ҳар ҳоле назоракунанда бар эшон мебошад, суха­нонашонро мешунавад ва дар ҳар ҷое ки бошанд, Худованд ҳамроҳи эшон аст. Илова бар ин, бани Исроил нахустин кали­маеро, ки ба самъи кӯдакони худ мерасониданд, калимаи «Эмануэл» буд ва маънои ин калима «Худоямон бо мост» ме­бошад. Ба ҳамин хотир аст, ки маҳбубтарин исмҳо назди Худованд Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон мебошад, зеро вақте кӯ­дак ақлу тамиз пайдо кард ва ба тадриҷ бузург шуд ва дорои ақлу шуур гардид, ба хубӣ дармеёбад, ки ӯ бандаи Худост ва Худованд сарвару мавлои ӯст…».

    Абдурраззоқ дар китоби худ «Ал-Мусаннаф» аз Абдул­карими Абуумайя нақл намуда, ки Расули Худо (с) вақте писаре аз бани Ҳошим ба синни забон кушодан ва сухан гуфтан мерасид, ҳафт бор ин оятро барои ӯ мехонд, то онро ёд бигирад:

    ﴿وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي لَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ وَلِيّٞ مِّنَ ٱلذُّلِّۖ وَكَبِّرۡهُ تَكۡبِيرَۢا ١١١﴾ [الاسراء: ١١١]

    «Ва бигӯ: «Ситоиш Худойрост, ки ҳеҷ фарзанд наги­рифтааст ва Ӯро дар подшоҳӣҳеҷ шарике нест ва Ӯро ба сабаби нотавонӣҳеҷ корсозе нест. Ва Ӯро ба бузургӣ ёд кун».[2]

    Ибни Зафари Маккӣ достони зебоеро роҷеъ ба хубии талқини ду калимаи шаҳодатайн ба кӯдак зикр намуда, ме­гӯяд: «Ба ман хабар расид, ки вақте Абусулаймон Довуд ибни Насири Тоӣ ба синни панҷсолагӣ расид, падараш ӯро ба дасти мударрисе супурд, то Қуръон ба ӯ биомӯзад. Пас, шурӯъ ба омӯхтани Қуръон кард ва вақте ки сураи «Ҳал ато алал инсо­ни»-ро ёд гирифта, ҳифз кард, модараш дар рӯзи ҷумъа ӯро дид, ки такя бар девор зада буд ва дар фикр фурӯ рафтаву бо дасти худ низ ишора мекунад! Модараш тарсид, ки Худо на­карда писараш девона шудаву ақли худро аз даст дода бошад! Пас ӯро садо зада гуфт: «Эй Довуд! Бархез ва бо кӯдакон бо­зӣ кун!» Довуд ҷавобашро надод, модараш ӯро гирифту бо ҳо­лати андӯҳу нороҳатӣ афтод, Довуд ба ӯ гуфт: «Чӣ воқеа шудааст, эй модар, оё мушкиле дорӣ? Модараш гуфт: «Эй пи­сарам, фикрат куҷост?» Довуд гуфт: «Фикрам бо бандагони ростини Худост». Модараш гуфт: «Онон куҷоянд?» Гуфт: «Дар биҳиштанд». Модараш гуфт: «Чӣ кор мекунанд?» Гуфт: «Он ҷо бар тахтҳо такя зада бошанд, он ҷо (гар­мии) офтоб ва сармои тундро намебинанд».[3]

    Сипас, дар ҳоле ки аз ҷой бархоста буд, мисли ин ки дар чизе диққату тааммул мекунад, ба хондани ҳамон сура идома дод, то ин ки ба ояти«…ва аз саъю кӯшишатон қадрдонӣ шудааст» расид.[4]Баъд аз он, аз модараш пурсид: «Саъю кӯ­шиши онҳо чист?» Модараш надонист, чӣ ҷавобе ба ӯ биди­ҳад. Довуд ба ӯ гуфт: «Аз назди ман бархез, то соате назди онон бошам ва гардиш кунаму хурсанд шавам». Модараш аз назди ӯ бархоста, назди падараш рафт ва ӯро аз моҷарои пи­сараш бохабар сохт. Падараш рафт ва ба вай гуфт: «Эй До­вуд! Саъйу талоши онон ин аст, ки гуфтаанд:«Ло илоҳа ил­лаллоҳу Муҳаммаду расулуллоҳ». Довуд дар бештари вақт­ҳо ин калимаро мегуфт ва такрор мекард.[5]

    Ба ҳамин хотир буд, ки Расули Худо (с) Муъозро супо­риш менамуданд ва ба ӯ мефармуданд:

    «Аз сарвату дороии худ бар аёлу хонаводаат инфоқу ба­хшиш кун ва асои худро ба хотири адаб намуданаш бармадор (аз тарбият ва адаб намудани онон кӯтоҳӣ макун) ва ононро дар роҳи Худо битарсон ва тарбияту ҳидоят кун».[6]

    Ҳангоме, ки Расули Худо (с) ба пайғамбарӣ мабъус гар­диданд, пайваста кӯдакону навҷавононро дар уфуқи васеъе ба сӯи Ислом даъват ва иршод мекарданд. Чунонки Алӣ иб­ни Абутолиб, ки ҳанӯз ба синни даҳсолагӣ нарасида буд, ба даъвати Расули Худо (с) ба Ислом гаравид ва ба Худову ри­солати Расули Худо (с) имон овард, бидуни ин ки қабилаҳои Макка ва ҳатто падару модараш бидонанд, ҳамроҳи Расули Худо (с) намоз мегузорид, то ин ки рӯзе падараш дид, ки ӯ бо Расули Худо (с) намоз мехонад. Пас, назди Расули Худо (с) рафт ва ба Ӯ гуфт: «Эй бародарзода! Ин чӣ дине аст, ки ба он гаравидаӣ?» Расули Худо (с) фармуданд: «Эй амак! Ин ди­ни Худо, дини фариштагон, дини расулони Худо ва дини пада­рамон Иброҳим (а) аст! Худованд маро мабъус кардааст, то бандагонашро ба сӯи Ӯ даъват кунам ва ту аз ҳар кас шоис­татарӣ ба ин ки ба Ӯ имон орӣ ва маро кӯмак кунӣ, то мар­думро ба сӯи ин ойини илоҳӣ даъват кунӣ ва эшонро насиҳату иршод намоӣ».[7]

    Аввалин ғуломи озодшуда, ки Ислом овард Зайд ибни Ҳориса буд, Зайде, ки Ҳаким ибни Ҳизом, амаки ҳазрати Хадиҷа ӯро ҳамроҳи чанд асири дигар аз Шом овард ва Ха­диҷа аз миёни онҳо Зайдро ба унвони ғуломи худ баргузид ва сипас ба Пайғамбари акрам (с) бахшид ва он ҳазрат (с) ӯро озод карда, ба фарзандӣ пазируфтанд ва дар канори худ тарбияу парвариш намуданд.[8]

    Расули Худо (с) барои эҷоди як ҷомеаи ҷадиди исломӣ даъвати худро шурӯъ карданд ва нисбат ба кӯдакону навҷа­вонон таваҷҷӯҳи хоссе доштанд ва барои ин ки ононро бо тарбияи исломӣ парвариш кунанд ва дар оянда барои пи­рӯзгардонии Ислом афроди ҷонфидо ва таблиғгарони шо­иставу вораста дар майдони ҷиҳоду таблиғ зоҳир гарданд. Яке аз ин навҷавонони тарбияшуда Алӣ ибни Абутолиб (р) буд, ки дар шаби ҳиҷрати Паёмбари гиромӣ аз Макка ба Мадина ба хотири дифоъ аз ҷони поки он ҳазрат (с) ҳозир шуд, дар ҷои хоби Ӯ бихобад (ва худро барои Расули гиро­мӣ (с) дар баробари душманони Ислом сипар созад).

    Оре, дарвоқеъ ин аст тарбияи набавӣ барои кӯдакону навҷавонон, то ин ки дар оянда ҳар як аз онон фармондеҳи хоссе, ҷавони ҷонфидо ва таблиғгари огоҳу шоистае шаванд, барои ҳифзи Ислом ва пирӯзгардонии ойини муҳаммадӣ…

    Пас, эй мусалмонон! Эй пайравони ойини пок ва инсон­сози илоҳӣ! Чаро мо низ дар ин қарне, ки қарор гирифтаем, ба монанди мусалмонони садри Ислом бедор нашавем ва ҷиҳати пирӯзгардонии Ислом ва ҳифзи он накӯшем…

    [1]. Ба ривояти Ҳоким аз Ибни Аббос (р).

    [2]. Сураи Исро, 17: 111. Ба ривояти Аҳмад дар «Муснад».

    [3]. Сураи Инсон, 76: 13.

    [4]. Сураи Инсон, 76: 22.

    [5]. Нақл аз китоби Анбоу нуҷабои-л-абно (Ибни Зафари Маккӣ). – С. 160.

    [6]. Ба ривояти Аҳмад, Ибни Моҷа ва Бухорӣ дар «Адабул-муфрад».

    [7]. Нақл аз «Сирату-н-набийи-л-ҳудо ва-р-раҳмат (Абдуссалом Ҳошими Ҳофиз). – С. 81.

    [8]. Ибни Салоҳ мегӯяд: Беҳтар ва муносибтар он буд, ки гуфта шавад: Аввалин фарде аз мардони озода, ки Ислом овард, Абӯбакр буд, нахустин кӯдак ё навҷавон Алӣ ибни Абутолиб буд, аввалин зане, ки Ислом овард Хадиҷа буд, нахустин маволӣ Зайд ибни Ҳориса ва аввалин ғулом низ Билол буд, ки Ислом оварданд.