×
Имон бузургтарин хислат, шарифтарин мартаба ва комилтарин дараҷа мебошад, ки ҳеҷ бартари ва подоше бидуни вуҷуди имон ва риояти ҳуқуқи он дода намешавад.

    Ҳақиқати имон ва сифатҳои муъминон

    Гирифташуда аз китоби “Аслҳои имон ва сифатҳои муъминон”

    حقيقة الإيمان و صفات المؤمنين

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Талиф: Шайх Абдураҳмон ас-Саъдӣ

    تأليف: الشيخ عبد الرحمن السعدي

    —™

    Тарҷума: Саъид Ҳусайни

    Таҳия ба забони тоҷикӣ: Мусъаби Ҳамза

    الترجمة: سعيد حسيني

    إعداد: مصعب حمزة

    Ҳақиқати имон ва сифатҳои муъминон

    Имон бузургтарин хислат, шарифтарин мартаба ва комилтарин дараҷа мебошад, ки ҳеҷ бартари ва подоше бидуни вуҷуди имон ва риояти ҳуқуқи он дода намешавад.

    Ба ҳамин далил аст, ки Худованд мутаъол дар мавриди бандагони беҳтарин ва баргузидатарини худ, ҳамчун Нуҳ, Иброҳим, Мусо, Ҳорун, Илёс, ва дигар паёмбарон мадҳу таъриф намуда мефармояд:

    ﴿إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٨١﴾ [الصافات : ٨١]

    “Ӯ аз бандагони муъмин ва бо имони мо буд”.

    Сураи Соффот, ояти 81

    Бинобарин натиҷаи имонашон, ба даст овардани некиҳо ва зудудани бадиҳо ва дури аз онҳо буд.

    Худованди мутаъол дар оятҳои зер растагори аз дӯзах ва дохил шудан ба биҳиштро ба вуҷуди имон рабт додааст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُونَ ١٠ ٱلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡفِرۡدَوۡسَ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ١١ ﴾ [المؤمنون : ١٠، ١١]

    “Ононанд ки худ ворисонанд, ҳамонон ки биҳиштро ба мерос мебаранд ва дар онҷо ҷовидон мемонанд”.

    Сураи Муъминун, оятҳои 10-11

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢٢٣﴾ [البقرة: ٢٢٣]

    “Муъминонро мужда деҳ”.

    Сураи Бақара, ояти 223

    Боз Худованд мефармояд:

    ﴿أَلَآ إِنَّ أَوۡلِيَآءَ ٱللَّهِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٦٢ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ٦٣﴾ [يونس: ٦٢، ٦٣]

    “Огоҳ бошед, ки бар дӯстони Худо на биме аст ва на онон андуҳгин мешаванд, ҳамонон ки имон оварда ва парҳезгори варзидаанд”.

    Сураи Юнус, оятҳои 62-63

    Боз Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ يُدَٰفِعُ عَنِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٖ كَفُورٍ ٣٨﴾ [الحج : ٣٨]

    “Қатъан Худованд аз касоне ки имон овардаанд дифоъ мекунад, Зеро Худо ҳеҷ хиёнаткори носипосро дӯст надорад”.

    Сураи Ҳаҷ, ояти 38

    Ва дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿وَأَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٩﴾ [الانفال: ١٩]

    “Ва Худо бо муъминон аст”.

    Сураи Анфол, ояти 19

    Матнҳои дигаре дар Қуръон ва суннат вуҷуд дорад, ки ба бартарии имон ва муъминон ва инки тамоми хайру неки дар имон вуҷуд дорад, далолат мекунанд. Пас бар бандае ки мехоҳад худро наҷот диҳад ва ба камол бирасад ва растагор шавад, воҷиб аст, ки тамоми тавоноии худро барои ба даст овардани имон анҷом диҳад. Ба гунае ки онро дар илму амалу шинохт ва дар тамоми авсофу аҳволи он ба даст оварад.

    Чигунае ки Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд:

    «الإيمان بضع وسبعون شعبة، أعلاها قول لا إله إلّا الله وأدناها إماطة الأذى عن الطريق والحياء شعبة من الإيمان» ( صحيح مسلم 47, 54)

    “Имон ҳафтодучанд шуъба аст, ки болотарини он гуфтани ло илоҳа илло Аллоҳ, ва поинтарини он бардоштани чизе аст аз роҳи мардум, ки сабаби азияти онҳо мешавад, Ва шарму ҳаё шуъбае аз имон аст”.

    Ривояти Муслим 47 ва 54

    Пас имонро (дар инҷо) суханҳое аз забон васф намуда, ки Худованди мутаъол ва расулаш онро дӯст доранд, Ва ба дунболи он неки ва эҳсони бандагони Худоро зикр намудааст, Эҳсоне ки ҳатто метавонад бардоштани монеъае аз роҳ бошад ва сипас аъмоли қулубро ки аслу асосаш шарму ҳаё аст, зикр кардааст. Ҳар кас ба хосияти ҳаё аз Худованд музайяну ороста бошад, қалбаш ранги муҳаббату тарс ва умеду изҳори дӯсти нисбат ба Худованди мутаъол ро ба худ мегирад.

    Ҳақиқат ин аст, ки Имон исми ҷомеъу комиле барои ҳамаи қисмҳо ва шароиъи дин мебошад. Ҳоло чи амрҳои зоҳири ва чи ботини, ба ибораи содатар имон дар баргирандаи: 1- амали ҷавореҳ(ҷисмони) мисли ҷиҳод, 2- амали забон, мисли дуъоҳо ва зикрҳоро хондан, 3- қавли қалб, мисли шинохт ва маърифати Худованд, 4 – амали қалб мисли шарму ҳаё, мебошад. Ва ҳаркас ин маворидро дар худ дошта бошад ва онҳоро ба таври хубтар анҷом диҳад, аз ҷумлаи касоне аст, ки комилтарин имонро дорад. Аммо ҳаркасе ки аз лиҳози илми, амали ва маърифати дар имонаш ноқиси бошад, ингуна нахоҳад буд.

    Мардум аз нигоҳи имон дар дараҷаҳои гуногун ҳастанд. Комилтарини онҳо касе аст, ки дар илмҳои имон ба дараҷаи илми яқин ва ҳаққи яқин ва дар амалҳои худ ба дараҷаи эҳсон расида аст. Ва онгуна бандагии Худоро ба ҷой меорад, ки ҳузри Худо ва инки касе муроқиби ӯстро дарк мекунад.

    Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд:

    «أکمل المؤمنين إيماناً أحسنهم خلقاً» ( أحمد, أبو داود, و صححه الألباني)

    “Комилтарини муъминон аз назари имон, беҳтарини онҳо аз назари доштани ахлоқи неку аст”.

    Ривояти Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ ва Албони онро саҳеҳ гуфтааст

    Пас агар муъмин ҳангоме ки дар рӯбарӯи рафторҳои бад, мисли шаҳватҳо ва ниятҳои бад ва анҷоми коре мухолифи имон ва мувофиқи нафс қарор мегирад ва имонаш тағйир намеёбад, пас ӯ муъмини воқеъи аст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ ١٥﴾ [الحجرات: ١٥]

    “Дар ҳақиқат муъминон касонеанд, ки ба Худо ва паёмбари Ӯ имон овардаанд ва сипас ҳаргиз шакку шубҳае бар худ роҳ надоданд ва бо молу ҷонашон дар роҳи Худо ҷиҳод карданд, Онон (дар имони худ) дуруст ва ростгуянд”.

    Сураи Ҳуҷурот, ояти 15

    Бинобарин аз нишонаҳои камоли имон ин аст, ки бо касе ки бо ту қатъи алоқа кардааст силаи раҳм куни ва ба касе ки ба ту зулм раво дидааст гузашт куни. Ҳамчунин чизҳои дӯстдоштаро (пул, мол, нафс) дар роҳи Худо додан далиле бар вуҷуди имон аст.

    Чигунае ки расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд: “Садақа далел ва бурҳон (бар вуҷуди имон) аст”[1]

    Инчунин ҷойгоҳи сабр дар имон монанди ҷойгоҳи сар дар бадан аст.

    Аз дигар аломатҳои имон мавориде аст, ки Худованд дар ин оятҳо зикр мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَإِذَا تُلِيَتۡ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُهُۥ زَادَتۡهُمۡ إِيمَٰنٗا وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٢ ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ حَقّٗاۚ لَّهُمۡ دَرَجَٰتٌ عِندَ رَبِّهِمۡ وَمَغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ ٤﴾ [الانفال: ٢، ٤]

    “Муъминон ҳамон касонеанд, ки чун Худо ёд шавад дилҳояшон битарсад ва чун оятҳои Ӯ бар онон хонда шавад бар имонашон биафзояд, Ва бар Парвардигори худ таваккал мекунанд, Ҳамонон ки намозро барпо медоранд ва аз ончи барояшон рӯзи додаем инфоқ мекунанд, Онон муъминони ҳақиқи ҳастанд, Ва дорои дараҷаҳои оли, мағфирати Илоҳӣ ва ризқи поку фаровон дар дар пешгоҳи худои худ мебошанд”.

    Сураи Анфол, оятҳои 2 -4

    Дар ин оятҳо муъминон ингуна васф шудаанд, ки вақте зикре аз Худованди мутаъол бурда мешавад дилҳои онҳо меларзад ва дучори хушуъу хузуъ ва зиллат дар баробари Худованд мегарданд, Ва дилҳояшон дар баробари бузургии Худованд мешиканад ва аз азоби Ӯ метарсанд ва гуноҳонро тарк мекунанд, Ва дилҳояшон бо шунидани зикри Ӯ ором мегадад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَطۡمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكۡرِ ٱللَّهِۗ أَلَا بِذِكۡرِ ٱللَّهِ تَطۡمَئِنُّ ٱلۡقُلُوبُ ٢٨﴾ [الرعد: ٢٨]

    “Ҳамон касоне ки имон овардаанд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад, Огоҳ бош ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд”.

    Сураи Раъд, ояти 28

    Боз Худованд мефармояд:

    “Чун оятҳои Ӯ бар онҳо хонда шавад бар имонашон биафзояд, Ва бар Парвардигори худ таваккал мекунанд”.

    Сураи Анфол, ояти 2

    Инчунин имони онҳо аз лиҳози илму биниш, огоҳию тамоюл ва рағбат ба корҳои хайру нек ва дури аз шарру бадиҳо пешрафт ва тараққи мекунад. Бинобарин имон дар қалбашон рушд мекунад ва ин имон аз бузургтарин ва мустаҳкамтарин далилҳои ва бурҳонҳо шакл гирифтааст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ إِنَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ١٦﴾ [ال عمران: ١٦]

    “Парвардигоро мо имон овардем, пас гуноҳони моро бар мо бибахш ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор”.

    Сураи Оли Имрон, ояти 16

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿رَّبَّنَآ إِنَّنَا سَمِعۡنَا مُنَادِيٗا يُنَادِي لِلۡإِيمَٰنِ أَنۡ ءَامِنُواْ بِرَبِّكُمۡ فَ‍َٔامَنَّاۚ رَبَّنَا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرۡ عَنَّا سَيِّ‍َٔاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ ٱلۡأَبۡرَارِ ١٩٣﴾ [ال عمران: ١٩٣]

    “Парвардигоро мо шунидем ки даъватгаре ба имон фаро мехонд, ки ба парвардигори худ имон оваред, пас имон овардем”.

    Сураи Оли Имрон, ояти 193

    Боз Худованд мефармояд:

    ﴿وَأَنَّهُۥ لَمَّا قَامَ عَبۡدُ ٱللَّهِ يَدۡعُوهُ كَادُواْ يَكُونُونَ عَلَيۡهِ لِبَدٗا ١٩﴾ [الجن: ١٩]

    “Ва мо чун ҳидоятро шунидем бадон гаравидем”.

    Сураи Ҷин, ояти 13

    Мувофиқи имони фард ҳангоми тиловати Қуръон ва ҳикмат (суннат) ин имон зиёд мешавад, Ва ин бузургтарин натиҷаи имон аст. Чаро ки ин имон бунёдшуда аз бузургтарин далилҳо ва бурҳонҳо аст, ки ҳамроҳ бо илму донои аст, на мисли имони афроди заъифул-имон ки имонашон бунёдшуда аз одатҳо ва тақлиду тобеъият аст. Чунин имон, имоне аст, ки шубҳаҳо ва хаёлоти гуногуну мухталиф онро ба ларза намеандозад, балки бо пешрафту рушд ёфтани рӯзафзун ҳамроҳ аст.

    Чунин имон бо муҳаққақ шудани таваккали бар Худо ҳамроҳ аст, барои ҳамин бо имонтарини мардум касе аст, ки бештар аз ҳама бар Худо таваккал мекунад, Хусусан таваккали олӣ ва комиле ки боиси эътимоди комил ба Худованди мутаъол дар ба даст овардани муҳаббату ризогии Ӯ ва дур кардани хашму ғазаби Худованд мешавад, Ва ба ҳамин хотир аст ки Худованди мутаъол таваккалро лозимаи имон медонад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَعَلَى ٱللَّهِ فَتَوَكَّلُوٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ٢٣﴾ [المائ‍دة: ٢٣]

    “Ва агар муъминед ба Худо таваккал кунед”.

    Сураи Моида, ояти 23

    Бинобарин муъмини воқеъиро дар ҳоле меёбӣ ки иҷрокунандаи амрҳои Худованд аст, ки Худованд ба он амр кардааст, Ва бар кори худ итмиънон ва бар парвардигори худ эътимод дорад, ошуфтаги ва ба ҳам хурдани кораш ӯро дучори изтиробу ларзиш намегардонад, Ва агар ба муроду мақсади худ - онгунае ки мехоҳад- нарасад, нороҳат намешавад.

    Худованд дар ҳақиқат дили ингуна одамро ҳидоят кардааст ва ӯ низ бо ёди парвардигораш ором, рози ба розигии Ӯст ва умури худро ба Ӯ супурдааст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ يَهۡدِ قَلۡبَهُۥۚ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ١١﴾ [التغابن : ١١]

    “Ва ҳар кас ки ба Худо имон дошта бошад, Худо дили ӯро (ба суботу оромиш ва хушнуди ба қазо ва қадари Илоҳӣ мерасонад ва) раҳнамуд мегардонад”.

    Сураи Тағобун, ояти 11

    Ва ӯ ин сухани Худои таъолоро муҳаққақ намудааст:

    ﴿أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ٧٠﴾ [الحج : ٧٠]

    “Оё надонистаи ки Худованд ончиро дар осмон ва замин аст, медонад, Инҳо (ҳама) дар китобе (навишташуда) аст. Қатъан ин бар Худо осон аст”.

    Сураи Ҳаҷ, ояти 70

    Худованд мефармояд:

    ﴿لِّكَيۡلَا تَأۡسَوۡاْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا تَفۡرَحُواْ بِمَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٍ ٢٣﴾ [الحديد: ٢٣]

    “То бар ончи аз дасти шумо рафтааст андуҳгин нашавед, Ва ба (сабаби) ончи ба шумо додааст, шодмони накунед”.

    Сураи Ҳадид, ояти 23

    Ва ба инки парвардигораш ӯро кифоят мекунад, розӣ шуда ва умури худро таслими Ӯ мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ ٣﴾ [الطلاق : ٣]

    “Ҳар кас ба Худованд таваккал кунад (корубори худро ба Ӯ вогузорад) Худо ӯро басанда аст”.

    Сураи Талоқ, ояти 3

    Дар ояти дигаре муъминони воқеъи ба ин васф шудаанд, ки намозро пурра ба ҷой меоранд,( ﴿ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ ٥٥[المائ‍دة: ٥٥]) Яъне чи аз лиҳози зоҳир ва чи аз лиҳози ботин онро барпо медоранд, Ва закотро пардохт мекунанд, ( ﴿وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ ٥٥[المائ‍دة: ٥٥] ) Закоте ки дар он неки нисбат ба бандагони Худо вуҷуд дорад. Пас фарди бо таваҷҷуҳ ба дараҷаи имонаш, намозу закотро барпо медорад, ки ҳардуи онҳо аз назари подошу фоида аз бузургтарин ва муҳимтарину азимтарини ибодатҳо мебошанд. Ҳамчунин Худованди мутаъол дар оятҳои зер муъминонро ингуна васф кардааст.

    ﴿قَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ١ ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي صَلَاتِهِمۡ خَٰشِعُونَ ٢ وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَنِ ٱللَّغۡوِ مُعۡرِضُونَ ٣ وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِلزَّكَوٰةِ فَٰعِلُونَ ٤ وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ ٥ إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ ٦ فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ ٧ وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ ٨ وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٩ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُونَ ١٠﴾ [المؤمنون : ١، ١٠]

    “Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон, онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд, ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд, ва онон, ки закотро мепардозанд, ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд, ҷуз ба ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд, ва касоне, ки ғайр аз ин (ду роҳи машрӯъро) биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд, ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худ риоя мекунанд, ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд (пойдоранд), инҳо меросбарон ҳастанд (ба даст оварандагони хушбахти ва биҳишт ҳастанд).

    Сураи Муъминун, оятҳои 1-10

    Ин сифатҳои бузург, ки дар ин оятҳо омада аст боиси комил шудан ва муҳаққақ шудани имон мешавад, Ва ин тарозуе барои дараҷабандии мардум аст. Бинобарин мумъминони растагоре ки аҳли фирдавсанд (биҳишт) касоне ҳастанд, ки зоҳиру ботини намозро бо муроъоти ҳуқуқи он ва хушуъе ки аслу мағзи он аст барпо медоранд ва закот медиҳанд ва забони худро аз сухани гуноҳу носазо ва сухани беҳудаву ботил ҳифз мекунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд дар аввал нисбат ба сухани бекору беҳуда ки кам аҳамияттар аст ва сипас ҳолатҳои дигарро ҳушдор медиҳад.

    Бинобарин ин каломи Худованди мутаъол , ки онҳо аз сухани беҳуда ки ҳеҷ фоидае надорад рӯйгардонанд, Бар ин далолат мекунад, ки онҳо сухани ҳаромро тарк ва аз андоми ҷинсияшон ҳифозат кардаанд ва онро аз иртикоби гуноҳ ҳифз кардаанд. Ҳифзи чашмҳо ва тамома наздик нашудан ба амалҳои зишту муқаддимаҳои он мунҷар ба ҳифзи ин андому ҷисм аз иртикоби гуноҳ мешавад.

    Чигунае ки Худованди мутаъол мефармояд:

    ﴿قُل لِّلۡمُؤۡمِنِينَ يَغُضُّواْ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِمۡ وَيَحۡفَظُواْ فُرُوجَهُمۡۚ ذَٰلِكَ أَزۡكَىٰ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا يَصۡنَعُونَ ٣٠﴾ [النور : ٣٠]

    “Ба мардони боимон бигу! Дида фуру ниҳанд ва покдомани варзанд, ки ин барои онон покизатар аст, зеро Худованд ба ончи мекунанд огоҳ аст”.

    Сураи Нур, ояти 30

    Ва онҳоро ба пойбанд будан ба аҳду паймону амонатдори сифат кардааст, ки шомили тамоми паймонҳо ва амонатҳое аст, ки байни бандагон бо парвардигорашон аст. Бинобарин онҳо байни худ ва парвардигорашон паймони самъ (гуш ба фармон будан) ва итоату илтизом бастаанд, Ва бинобарин Худованди мутаъол онҳоро бо ин аҳду паймон ингуна сифат кардааст:

    ﴿وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَمِيثَٰقَهُ ٱلَّذِي وَاثَقَكُم بِهِۦٓ إِذۡ قُلۡتُمۡ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ٧﴾ [المائ‍دة: ٧]

    “Ва неъматеро, ки Худованд бар шумо арзони дошта ва (низ) паймонеро ки шуморо ба (анҷоми) он мутаъаҳид гардонида ба ёд оваред, Онгоҳ ки гуфтед: шунидем ва итоъат кардем”.

    Сураи Моида, ояти 7

    Ҳамчунин дар мавриди аҳду амонатҳое ки байни худашон ва мардум аст, паймон бастаанд, ки амонатҳоро бар соҳибонаш баргардонанд, Ва бинобарин Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд, ки аломати имон ин аст ки бандаи муъмин нисбат ба хуну ҷону моли мардум амин ва мавриди эътимод бошад.

    Расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд:

    «المسلم من سلم المسلمون من لسانه ويده والمؤمن من أمنه الناس علی دمائهم وأموالهم» (الترمذي 1651, النسائي 7/3, 105, و صححه الألباني)

    “Мусулмон касе аст, ки мардум аз дасту забонаш дар саломат (ва дур аз зарараш) бошанд, ва муъмин касе аст, ки мардум онро нисбат ба ҷону молашон амин ва мавриди эътимод бидоананд”.

    Ривояти Тирмизӣ 1651, Насои 7/3 ва 105, Албони мегуяд: Ҳадис саҳеҳ аст

    Инчунин мефармояд:

    «لايؤمن من لا يأمن جاره بوائقه» (البخاري 10/443, مسلم 46)

    “Касе ки ҳамсояаш аз озору азияташ дар амон набошад, имон надорад”.

    Ривояти Бухорӣ 10/443 ва Муслим 460

    Ва мунофиқро зидди он хусусиятҳо тавсиф намудааст.

    Худованди мутаъол муъминонро ингуна тавсиф мекунад, ки онҳо бо тамоми ҳаққе ки Худованди мутаъол аз тариқи расулонаш нозил фармудааст имон меоваранд:

    ﴿ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ ٢٨٥﴾ [البقرة: ٢٨٥]

    “Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки саранҷоми ҳама ба сӯи туст!».

    Сураи Бақара, ояти 285

    Пас муъмин чигунае ки тавсиф шуд, касе аст ки хоҳони ризогии Худованди мутаъол аст, Ва дунболарави ҳидоят ӯ дар ҳарҷое аст. Ва ба тамоми китобҳои илоҳӣ ва паёмбарон имон овардааст, Ва худро мултазим ба итоъат аз Худованд ва паёмбаронаш дар тамоми корҳо медонад, Ва аз Худованди мутаъол мехоҳад, ки ӯро дар мавриди кутоҳиҳое ки кардааст бибахшад ва ҳаргоҳ гуноҳе аз у сар зад, ӯро мавриди афв қарор дода аз ӯ даргузарад.

    Инчунин аз сифатҳои муъминон он аст, ки Худованд ва расулашро дар ҳама корҳои худ ҳоким мекунанд:

    ﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥﴾ [النساء : ٦٥]

    “На, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ дилтанг нашаванд ва саросар таслими он гарданд”.

    Сураи Нисо, ояти 65

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَإِذَا كَانُواْ مَعَهُۥ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ جَامِعٖ لَّمۡ يَذۡهَبُواْ حَتَّىٰ يَسۡتَ‍ٔۡذِنُوهُۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَ‍ٔۡذِنُونَكَ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ فَإِذَا ٱسۡتَ‍ٔۡذَنُوكَ لِبَعۡضِ شَأۡنِهِمۡ فَأۡذَن لِّمَن شِئۡتَ مِنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمُ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ٦٢﴾ [النور : ٦٢]

    “Мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту рухсат металабанд, ҳаройна, касоне ҳастанд, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд. Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Худо омурзиш бихоҳ, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!”.

    Сураи Нур, ояти 62

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا كَانَ قَوۡلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذَا دُعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَهُمۡ أَن يَقُولُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٥١﴾ [النور : ٥١]

    “Чун мӯъминонро ба Худову паёмбараш фаро хонанд, то миёнашон ҳукм кунад (Худо), суханашон ҷуз ин нест, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоъат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд”.

    Сураи Нур, ояти 51

    Боз Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَأُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنكُمۡۖ فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا ٥٩﴾ [النساء: ٥٩]

    “Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва аз расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худову паёмбар руҷӯъ кунед, дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад”.

    Сураи Нисо, ояти 59

    Пас муъмин динашро барои Худованди мутаъол холис мегардонад ва талош мекунад то аз расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) пайрави кунад, Ва дар қавлу сухан ва ҳукм кардан назари касеро муқаддам бар назари эшон қарор намедиҳад, Балки ҳаргоҳ суннати расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) бар ӯ мушаххас шуд, ҳаргиз онро бо чизи дигаре иваз намекунад, Ва бо таваҷҷуҳ ба дараҷаи расидан ба ин ду асл (Қуръон ва суннат) яқину ирфон ва шинохти ӯ низ комил ва қавӣ мешавад.

    Инчунин аз вижагиҳои муъминон ин аст, ки нисбат ба ҳамдигар муҳаббат, дӯсти ва муволоту раҳму отифа доранд.

    Ҳамонгуна ки Худованд мефармояд:

    “Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!”.

    Сураи Тавба, ояти 71

    Боз Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا وَلِيُّكُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُمۡ رَٰكِعُونَ ٥٥﴾ [المائ‍دة: ٥٥]

    “Ҷуз ин нест, ки дӯсти шумо Худост ва расули ӯ ва мӯъминоне, ки бар по медоранд намозро ва медиҳанд закотро ва онҳо пайваста фурӯтананд”.

    Сураи Моида, ояти 55

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ جَآءُو مِنۢ بَعۡدِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا وَلِإِخۡوَٰنِنَا ٱلَّذِينَ سَبَقُونَا بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَا تَجۡعَلۡ فِي قُلُوبِنَا غِلّٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ رَبَّنَآ إِنَّكَ رَءُوفٞ رَّحِيمٌ ١٠﴾ [الحشر: ١٠]

    “Касоне, ки аз паси онҳо (муҳоҷирон ва ансор) омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!».

    Сураи Ҳашр, ояти 10

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд:

    «لايؤمن أحدکم حتی يحب لأخيه ما يحب لنفسه» (البخاري 1/56, 57, مسلم 45)

    “Имони ҳеҷ яки аз шумо комил нест то инки ончиро барои худ дӯст медорад, барои бародараш низ дӯст дошта бошад”.

    Ривояти Бухорӣ 1/56, 57, Муслим 45

    Ҳарчиқадар илова бар бародар будан, нисбатҳои дигаре ҳамчун хешованди, ҳамсояги, ва ё ҳақу ҳуқуқе дар миён бошад, ин мафҳум низ мавриди таъкиди бештаре (аз сӯи ислом) қарор мегирад, То дар он эҳсону некӯкории бештаре сурат гирад.

    Чигунае ки расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) дар ҳадиси саҳеҳ мефармояд:

    «من کان يؤمن بالله واليوم الآخر فليکرم جاره ومن کان يؤمن بالله واليوم الآخر فليکرم ضيفه ومن کان يؤمن بالله واليوم الآخر فليقل خيراً أو ليصمت» ( البخاري 10/ 445, مسلم 48)

    “Ҳар кас ки ба Худо ва (рӯзи) охират имон дорад, бояд ҳамсояашро гироми дорад, Ҳар кас ки ба Худо ва (рӯзи) охират имон дорад, бояд меҳмонашро гироми дорад, Ва ҳар кас ки ба Худо ва (рӯзи) охират имон дорад, бояд сухани нек бигӯяд ё хомуш бимонад”.

    Ривояти Бухорӣ 10/445 ва Муслим 48

    Дар ҷои дигар низ мефармояд:

    «من غشنا فليس منّا» ( مسلم 101)

    “Ҳар кас бо мо дар муъомала ғишшу фиребгари кунад, аз мо нест”.

    Ривояти Муслим 101

    Боз мефармояд:

    «الدين النصيحة .. لله ولکتابه ولرسوله ولأئمة المسلمين وعامتهم» ( مسلم 55)

    “Дин насиҳат ва хайрхоҳи аст ... нисбат ба Худованди мутаъол ва расулаш ва имомони (ҳокимони) мусулмонон ва ҳамаи мусулмонон”.

    Ривояти Муслим 55

    Насиҳат барои Худованди мутаъол дар бандаги ва ибодати Ӯст. Ва насиҳат барои китоби Ӯ дар хондан, фаҳмидан, ва амалу даъват кардан ба он мебошад. Ва насиҳат барои Расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) дар талош барои пайрави кардан аз суханон ва афъолу тамоми аҳволи он ҳазрат мебошад. Ва насиҳат барои имомони (ҳокимони) мусулмонон ва оммаи мардум дар иршоду роҳнамоии онҳо ба масолеҳи дини ва дунявиашон, ва ёри додани онҳо бар анҷоми корҳои хайр ва Худовандро дар ёд доштан ва дар ҳадди имкон боздоштани онҳо аз зулму ситамгори мебошад. Чигунае Худованди мутаъол дар ояти гузашта онҳоро тавсиф намуд, ки ба корҳои нек амр карда ва аз мункар наҳйи мекунанд.

    Аз хусусиятҳои писандида ва фахри бузурги муъминон ҳамон аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) дар ҳадиси саҳеҳ фармудаанд:

    «ثلاث من کن فيه وجد فيهن حلاوة الإيمان أن يکون الله ورسوله أحب إليه مما سواهما وأن يحب المرء لايحبه إلا لله وأن يکره أن يعود في الکفر بعد أن أنقذه الله منه کما يکره أن يقذف في النار» ( البخاري 1/72, مسلم 43)

    “Се чиз вуҷуд дорад, ки агар дар ҳар касе мавҷуд бошанд, ширинии имонро мечашад: Инки Худованди мутаъол ва расулашро аз ҳар каси дигаре бештар дӯст дошта бошад. Ва инки фақат ба хотири Худованди мутаъол касеро дӯст дошта бошад ва ба андозае ки аз рафтан ба даруни оташ кароҳат дорад, ба ҳамон андоза аз баргаштан ба куфр пас аз инки Худованд ӯро ҳидоят ва наҷот дод, кароҳат ва танаффур дошта бошад”.

    Ривояти Бухорӣ 1/72 ва Муслим 43

    Пас расидан ба имон ва ширинии он дар муҳаббати Худованди мутаъол ва расулаш (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мебошад, ва бояд ин муҳаббат нисбат ба ҳарчи ғайри он аст, муқаддам дониста шавад ва дигар муҳаббатҳо низ бояд тобеъи ин (навъ) муҳаббат бошанд.

    Бинобарин инсони муъмин бояд ончиро ки Худованд дӯст медорад, дӯст дошта бошад, Ва ҳаргоҳ ин навъ муҳаббат дар инсони муъмин ба вуҷуд омад, (метавон гуфт) муҳаббати ӯ дар атрофи муҳаббати Худованд мечархад.

    Пас Худованд ва расулаш ва амалҳо ва шахсонеро ки онҳо дӯст дошта бошанд, дӯст медорад, ва танаффури ӯ аз куфр, ки зидди имон аст бештар аз танаффури ӯ нисбат ба рафтан дар оташ мебошад.

    Ва ин монанди ҳамон ҳадиси Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) аст, ки мефармояд:

    «ذاق طعم الإيمان من رضي بالله رباً وبالإسلام ديناً وبمحمد عليه الصلاة والسلام نبياً» (مسلم 34)

    “Касе ки ба Худованд ба унвони Парвардигораш, ва ба Ислом ба унвони динаш ва ба Муҳаммад ба унвони паёмбараш розӣ шуд, таъму лаззати имонро мечашад”.

    Ривояти Муслим 34

    Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) мефармояд:

    «يا معشر من آمن بلسانه ولم يدخل الإيمان قلبه لا تغتابوا المسلمين ولا تتبعوا عوراتهم، فإنه من يتبع عورة أخيه يتبع الله عورته ومن يتبع الله عورته يفضحه ولو في جوف بيته» ( أحمد, أبو داود, و صححه الألباني)

    “Эй касоне ки бо забон имон овардаед ва имон дар дилатон ҷой нагирифтааст! Ғайбати мусулмононро накунед, ва ба дунболи айбҳои ва нуқтаҳои заъфи онон набошед, Чаро ки ҳаркас ба дунболи айби баробари худ бошад, Худованд дунболи айбҳои ӯ хоҳад буд, Ва ҳаркас ки Худованд ба дунболи айбҳояш бошад, расвояш мекунад, ҳарчанд, ки дар кунҷи хонаи худ бошад”.

    Ривояти Аҳмад, Абудовуд, ва Албони онро саҳеҳ гуфтааст

    Аз аломатҳои дигари аҳли имон ин аст, ки Худованди мутаъол дилҳои онҳоро нисбат ба қабули ислом кушода мекунад, то аз руи ихтиёр ва бо алоқа ва фармонбардори ба дастурҳои дин гардан ниҳанд. Нафси онҳо бо ин имон ором мегирад ва корҳои худро бо далоили муҳкам ва ошкор анҷом медиҳанд, Ва дар байни мардум рафту омад мекунанд, дар ҳоле ки нӯрони ҳастанд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿أَفَمَن شَرَحَ ٱللَّهُ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِ فَهُوَ عَلَىٰ نُورٖ مِّن رَّبِّهِۦۚ فَوَيۡلٞ لِّلۡقَٰسِيَةِ قُلُوبُهُم مِّن ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ٢٢﴾ [الزمر: ٢٢]

    “Пас оё касе ки Худованд синаашро барои (пазириши) ислом кушода ва (дар натиҷа) бархурдор аз нуре аз ҷониби парвардигораш мебошад (ҳам-монанди шахси торикдил аст?).

    Сураи Зумар, ояти 22

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿فَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يَهۡدِيَهُۥ يَشۡرَحۡ صَدۡرَهُۥ لِلۡإِسۡلَٰمِۖ ١٢٥﴾ [الانعام: ١٢٥]

    “Пас касеро ки Худо бихоҳад ҳидоят намояд, дилашро барои пазириши ислом мекушояд”.

    Сураи Анъом, ояти 125

    Аломати расидан ба имон, роҳат ва осон шудани анҷоми ибодатҳо ва лаззат бурдан аз таҳаммули машаққатҳо ва сахтиҳо ба хотири розигии парвардигори замину осмонҳо ва тасдиқу қабули комили ҷузъиёт ва амал ба муқтазиёти он яқин аст.

    Ба ҳамин хотир аст, ки эмом Ҳасани Басрӣ мефармояд: Имон орзу кардан ва таманнои он нест, Балки чизе аст, ки дар дил қарор мегирад ва амалҳои ҷавориҳ (ҷисми инсон, дасту по ...) онро тасдиқ мекунад, Бинобарин аз ошкортарин аломатҳои имон ин аст ки соҳибони имонро ба ҳадди яқин ва дараҷаи сиддиқин мерасонад.

    Ҳамонгунае, ки Худованди мутаъол мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصِّدِّيقُونَۖ ١٩﴾ [الحديد: ١٩]

    “Ва касоне ки ба Худо ва паёмбарони Ӯ имон овардаанд, онон ростгуёну росткоронанд”.

    Сураи Ҳадид, ояти 19

    Ҳангоме ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) баландии ҳуҷраҳои биҳиштро зикр мекард ва мақоми бузургу волои оноҳоро баён мефармуд, (ёрони Ӯ) гуфтанд: Эй расули Худо (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод)! Оё инҳо манзилҳое ҳастанд, ки фақат паёмбарон ба онҳо роҳ меёбанд ва касе дигаре ба он намерасад? Паёмбар (Салому дуруди Худованд бар Ӯ бод) фармуданд: “Не балки қасам ба касе ки ҷонам дар дасти ӯст, касоне ки ба Худованд имон биёваранд ва расулони Ӯро тасдиқ кунанд, ба ин манзилҳо мераванд”.

    Ривояти Бухорӣ 6/320 ва Муслим 5831

    Бинобарин ин дараҷаи аз сиддиқ будан, ки Худованд ба воситаи он бандагони хосси худро меситояд, Дар воқеъ комил кардани мартабаҳои имон, дар илму амал ва даъват ба суи он аст.

    Инчунин аз нишонаҳои таҳқиқ ёфтани имон дар фард, анҷоми корҳои неке аст, ки тасдиқкунандаи он имон аст, Ва низ фард аз фисқу фуҷур ва анвоъи гуноҳоне ки дар оятҳои зер омада аст, пок мешавад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يَلۡبِسُوٓاْ إِيمَٰنَهُم بِظُلۡمٍ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡأَمۡنُ وَهُم مُّهۡتَدُونَ ٨٢﴾ [الانعام: ٨٢]

    “Касоне, ки имон овардаанд ва имони худро ба ширк намеолоянд, эминӣ аз эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд”.

    Сураи Анъом, ояти 82

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَذَرُواْ مَا بَقِيَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ٢٧٨﴾ [البقرة: ٢٧٨]

    “Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар имон овардаед, аз рибо ҳар чӣ боқӣ мондааст, тарк кунед”.

    Сураи Бақара, ояти 278

    Аз муҷиботи имон сарф кардани амволу дороиҳо дар масорифи шаръӣ ва ҷои дурусти худ ва дар роҳи барпо намудани ҳудуде аст, ки Худованд ва паёмбараш муайян намудаанд.

    Худованди мутаъол мефармояд:

    ﴿وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا غَنِمۡتُم مِّن شَيۡءٖ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُۥ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ إِن كُنتُمۡ ءَامَنتُم بِٱللَّهِ وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَىٰ عَبۡدِنَا يَوۡمَ ٱلۡفُرۡقَانِ يَوۡمَ ٱلۡتَقَى ٱلۡجَمۡعَانِۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ٤١﴾ [الانفال: ٤١]

    “Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи Худ дар рӯзи фурқон, ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд (мӯъминон ва кофирон), нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, аз панҷ як ҳиссаи он аз они Худову паёмбар ва хешовандон ва ятимон ва мискинону дар роҳ мондагон аст. Ва Худо ба ҳар чизе тавоност!”.

    Сураи Анфол, ояти 41

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلزَّانِيَةُ وَٱلزَّانِي فَٱجۡلِدُواْ كُلَّ وَٰحِدٖ مِّنۡهُمَا مِاْئَةَ جَلۡدَةٖۖ وَلَا تَأۡخُذۡكُم بِهِمَا رَأۡفَةٞ فِي دِينِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۖ وَلۡيَشۡهَدۡ عَذَابَهُمَا طَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢﴾ [النور : ٢]

    “Зану марди зинокорро ҳар якро сад зарба бизанед. Ва агар ба Худову рӯзи қиёмат имон доред, мабод, ки дар ҳукми Худо нисбат ба он ду раҳмдил гардед. Ва бояд, ки ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд”.

    Сураи Нур, ояти 2

    Дар давоми ин сура Худованд мефармояд:

    ﴿وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٣﴾ [النور: ٣]

    “Бар муъминон ин (амр) ҳаром гардидааст”.

    Сураи Нур, ояти 3

    Ғайр аз ин оятҳо дар китобу суннат далилҳои дигаре барои тавсифи муъминон вуҷуд дорад, Ва банда ба ҳақиқати имон намерасад, магар замоне ки ба ин сифатҳо муттасиф ва ороста шавад.

    Дар умум ҳаргоҳ ки Худованд мефармояд, эй касоне ки имон овардаед! Ин корҳоро анҷом диҳед ва аз ин корҳо парҳез кунед, Дар воқеъ анҷом ба ин амр ва дури аз он мавриде ки аз он наҳйи шудааст, аз ҷумлаи имон аст, ва бояд риъоят шавад, то имон комил гардад. Пас аз ин тариқ ва мавориди дигар, имон шинохта мешавад, Ҳамон имоне ки Худованд онро саъодат ном ниҳода ва воситаи наҷоту растагори ва расидан ба матлуб медонад.

    Бинобарин мо ҳам аз Худованди мутаъол ин имони комилро ки боиси ҳидояти дилҳои мо ба суи шинохт ва муҳаббат ба суи Ӯ дар тамоми умур мешавад ва боиси зикри Ӯ бо забон ва ситоиши Ӯ ва анҷоми амалҳои ҷисмони дар тоъати Худованд мешавад, хосторем.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ يَهۡدِيهِمۡ رَبُّهُم بِإِيمَٰنِهِمۡۖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ٩﴾ [يونس: ٩]

    “Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳиштҳое пурнеъмат, ки наҳрҳои об дар зери пояшон ҷорист, ҳидоят мекунад”.

    Сураи Юнус, ояти 9

    [1]- Қисме аз ҳадисе аст, ки имом Муслим аз Абумолики Ашъари ривоят кардааст, ва матни пуррааш ингуна аст:

    "الطهور شطر الإيمان والحمد لله تملأ الميزان وسبحان الله والحمد لله تملآن أو تملأ ما بين السموات والأرض والصلاة نور والصدقة برهان والصبر ضياء والقرآن حجة لک أو عليک، کل الناس يغدو فبائع نفسه فمعتقها أو موبقها"

    “Таҳорат ва поки аз имон аст Алҳамдулиллоҳ тарозуи амалҳоро пур мекунад, Ва Суҳоналлоҳу Алҳамдулиллоҳ миёни осмону заминро пур мекунад, Намоз нур аст, Ва садақа бурҳон (далил) ва сабр рушнои (Зиёъ: Нуре аст, ки ҳамроҳаш ҳарорату гарми аст, зеро сабр неруи зиёдро талаб мекунад), Ва Қуръон далиле ба фоида ё бар зарари туст, Ҳамаи мардум, ки рӯзи худро оғоз мекунанд худро дар баробари (Худо ва подошу азоби Ӯ) мавриди муъомила қарор медиҳанд, Ҳоло ё худро аз оташи дӯзах наҷот медиҳанд, ё худро ба ҳалокат мебаранд”.