×
Мақола дар муждаи шодӣ барои волидайн, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми шашум:

    Муждаи шодӣ барои волидайн

    سلسلة تربية الأولاد, القسم السادس: بشارة الفرح للوالدين

    < الطاجيكية >

    Ҳақназаров Тоҳир

    حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми шашум:

    Муждаи шодӣ барои волидайн

    Ҳафтумин боби ин фасл дар баёни як муждаи дурусту комил мебошад барои падарону модарон. Ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:

    «Вақте инсон бимирад, амали ӯ дар рӯи замин қатъ меша­вад, ба ҷуз се амал: садақаи ҷория, амале, ки мавриди исти­фодаи машрӯъ қарор гирад, фарзанди солеҳ ва некӯкоре, ки барои ӯ дуои хайр кунад».[1]

    Ибни Абуҳотим аз Абудардо (р) ривоят карда, ки гуф­тааст: «Рӯзе дар назди Расули Худо (с) мавзӯи умри тӯлониро матраҳ намудем, Расули Худо (с) фармуданд:

    «Вақте аҷали касе фаро расад, Худованд марги ӯро ба таъхир намеандозад, аммо фузунии умр ва тӯлонӣ будани он ин аст, ки Худованд фарзандони солеҳу некӯкореро насиби яке аз бандагони худ гардонад, ки баъд аз маргаш барои ӯ дуои хайр кунанд ва Худованд дуои хайри эшонро дар қабраш ба ӯ мерасонад».[2]

    Бухорӣ дар Ал-адабу-л-муфрад аз Абуҳурайра (р) овар­да, ки гуфт: «Мақоми шахс баъд аз маргаш баланд гардонида мешавад ва мегӯяд: «Парвардигоро! Ин чӣ чизе аст?» Ба ӯ ме­гӯяд: «Фарзандат барои ту талаби мағфират кардааст».[3]

    Фарзандон дар дунё ҳам зиннат ва ҳам фитнаанд

    Фарзандон барои инсонҳо ҳадяи Худованданд, ки воли­дайнашон бо мушоҳидаи онон қалбашон шоду масрур ва чашмонашон равшан мегарданд, ҳамчунин ҳангоми сӯҳбат кардан бо эшон ба ҳаяҷон меафтанд. Бинобар ин, фарзан­дон шукуфаҳои зиндагии дунявӣ ҳастанд ва ин чизе аст, ки оятҳои каримаи Қуръон бар он таъкид намудаанд. Аз он ҷумла:

    ﴿زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ ٱلشَّهَوَٰتِ مِنَ ٱلنِّسَآءِ وَٱلۡبَنِينَ وَٱلۡقَنَٰطِيرِ ٱلۡمُقَنطَرَةِ مِنَ ٱلذَّهَبِ وَٱلۡفِضَّةِ وَٱلۡخَيۡلِ ٱلۡمُسَوَّمَةِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ وَٱلۡحَرۡثِۗ ذَٰلِكَ مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلۡمَ‍َٔابِ ١٤﴾ [ال عمران: ١٤]

    «Муҳаббати хостаниҳо аз занон ва фарзандон ва амво­ли фаровон аз зару сим ва аспони нишонадор ва чаҳорпоён ва киштзорон дар чашми мардум ороста шудааст. (Вале) инҳо баҳраи зиндагонии дунё ҳастанд ва саранҷоми нек назди Худо аст».[4]

    Ва мефармояд:

    ﴿ٱلۡمَالُ وَٱلۡبَنُونَ زِينَةُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابٗا وَخَيۡرٌ أَمَلٗا ٤٦﴾ [الكهف: ٤٦]

    «Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунёанд ва ҳаса­ноти пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз ҷиҳати савоб беҳтар ва аз ҷиҳати умед доштан хубтаранд».[5]

    ﴿ٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا لَعِبٞ وَلَهۡوٞ وَزِينَةٞ وَتَفَاخُرُۢ بَيۡنَكُمۡ وَتَكَاثُرٞ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِۖ ٢٠﴾ [الحديد: ٢٠]

    «Бидонед, ки зиндагонии дунё бозӣ ва беҳудагӣ ва оро­иш ва дар миёнатон худситоӣ ва дар молҳову фарзандон зиёдаталабист».[6]

    Дар ин сурат, бояд дар баробари ин афкори пусидаву тафохури ҷоҳилӣ ба василаи оятҳои Қуръон бо онон рӯ ба рӯ шуд ва бар эшон фаҳмонид, то барои мӯъминон собиту муқаррар гардад, ки ин зиёдатии амволу фарзандон ба эшон суде намерасонад ва аз чизе бениёз намесозад. Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَن تُغۡنِيَ عَنۡهُمۡ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيۡ‍ٔٗاۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ١١٦﴾ [ال عمران: ١١٦]

    «Ба дурустӣ, аз касоне, ки кофир шудаанд, амволашон ва фарзандонашон чизеро аз азоби Худо дафъ намекунад ва онҳо бошандагони дӯзаханд, эшон дар он ҷо ба таври ҳамешагӣ мондагоранд».[7]

    Боз мефармояд:

    «Пас, фузунии амвол ва фарзандони эшон туро ба ши­гифт наорад, ҷуз ин нест, ки Худо мехоҳад онҳоро дар зин­дагии дунё ба ин васила азоб диҳад[8] ва дар ҳоли куфр ҷон диҳанд».[9]

    Ва мефармояд:

    «(Шумо эй мунофиқон) монанди касоне ҳастед, ки пеш аз шумо буданд. Онҳо аз шумо нерӯмандтар ва дар амвол ва фарзандон бештар буданд. Онҳо аз насибаи хеш хеле баҳраманд шуданд[10] ва шумо низ аз насибаи хеш баҳра­манд шудаед, ҳамон гуна ки касони пеш аз шумо буда баҳраи худро бурданд ва шумо ба ҳамон чизе (аз зиштиҳо) фурӯ рафтаед, ки онҳо ба он фурӯ рафта буданд. Амалҳои он ҷамоа дар дунёву охират пучу бесуд гашт шуд ва зиён­кор шуданд».[11]

    Ва мефармояд:

    ﴿أَيَحۡسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُم بِهِۦ مِن مَّالٖ وَبَنِينَ ٥٥ نُسَارِعُ لَهُمۡ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ بَل لَّا يَشۡعُرُونَ ٥٦﴾ [المؤمنون : ٥٥، ٥٦]

    «Оё (ин кофирон ва саркашон) гумон мекунанд амво­лу фарзандоне, ки (ба эшон медиҳем ва) бо он ёриашон мекунем, (барои ин аст, ки) барояшон дар некӯиҳо саъй мекунем? Балки намефаҳманд ва дарнамеёбанд[12]».[13]

    Боз мефармояд:

    ﴿وَقَالُواْ نَحۡنُ أَكۡثَرُ أَمۡوَٰلٗا وَأَوۡلَٰدٗا وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ٣٥ قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٣٦ وَمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُم بِٱلَّتِي تُقَرِّبُكُمۡ عِندَنَا زُلۡفَىٰٓ إِلَّا مَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ جَزَآءُ ٱلضِّعۡفِ بِمَا عَمِلُواْ وَهُمۡ فِي ٱلۡغُرُفَٰتِ ءَامِنُونَ ٣٧﴾ [سبا: ٣٥، ٣٧]

    «Ва гуфтанд: «Мо, ки (дар дунё ) амвол ва авлоди беш­таре дорем, (дар охират ҳам) ҳаргиз азоб намебинем ва шиканҷа намешавем». Бигӯ: «Ба дурустӣ, Парвардигори ман рӯзиро барои ҳар кӣ хоҳад, фарох ва танг мегардонад, валекин аксари мардум намедонанд». Ва амвол ва авлоди шумо он чизҳое нестанд, ки шуморо ба Мо наздик ва му­қарраб созанд, балки касоне, ки имон биёранд ва корҳои шоиста кунанд, онон (муқарраби даргоҳи илоҳӣ буда ва) дар баробари аъмоле, ки анҷом додаанд, подоши дучанд доранд ва онҳо дар ғурфаҳои баланд дар амну амон ба сар мебаранд».[14]

    Бегумон, оятҳои зиёде дар Қуръон одамонро барҳазар доштааст аз ин, ки муҳаббати фарзандон ва дилбастагӣ ба амвол ба дараҷаи эҷоди фитна ва шикастани ҳурмати амр­ҳои илоҳӣ нарасад, ки дар натиҷа сабаби душмании сахт ва хашми зиёди Худованд гардад. Ба ҳамин хотир, ин гуна оятҳо мо одамонро мавриди хитоб қарор доданд:

    ﴿وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَأَوۡلَٰدُكُمۡ فِتۡنَةٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ ٢٨﴾ [الانفال: ٢٨]

    «Ва бидонед, ки молҳои шумо ва фарзандони шумо ва­силаи озмоишанд ва (бидонед, ки) подоши бузург дар пешгоҳи Худованд аст».[15]

    Ва мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ مِنۡ أَزۡوَٰجِكُمۡ وَأَوۡلَٰدِكُمۡ عَدُوّٗا لَّكُمۡ فَٱحۡذَرُوهُمۡۚ وَإِن تَعۡفُواْ وَتَصۡفَحُواْ وَتَغۡفِرُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ١٤ إِنَّمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَأَوۡلَٰدُكُمۡ فِتۡنَةٞۚ وَٱللَّهُ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ ١٥﴾ [التغابن : ١٤، ١٥]

    «Эй мӯъминон! Бегумон баъзе аз ҳамсарон ва фарзан­донатон душманони шумоанд, (шуморо аз роҳи Худо боз­медоранд), пас аз онҳо хештанро барҳазар доред. Ва агар афв кунед ва даргузаред ва биомурзед, пас ҳамоно Худо омурзандаи меҳрубон аст. Ҷуз ин нест, ки амвол ва авлоди шумо имтиҳон аст ва аҷри бузург назди Худост».[16]

    Ва мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱتَّقُواْ رَبَّكُمۡ وَٱخۡشَوۡاْ يَوۡمٗا لَّا يَجۡزِي وَالِدٌ عَن وَلَدِهِۦ وَلَا مَوۡلُودٌ هُوَ جَازٍ عَن وَالِدِهِۦ شَيۡ‍ًٔاۚ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُم بِٱللَّهِ ٱلۡغَرُورُ ٣٣﴾ [لقمان: ٣٣]

    «Эй мардум! Аз (гирифтор шудан ба хашму азоби) Парвардигори хеш эҳтиёт кунед ва аз рӯзе битарсед, ки на падаре масъулияти аъмоли фарзандашро мепазирад ва коре барои ӯ бароварда мекунад ва на фарзанде масъулия­ти аъмоли падари худро мепазирад ва коре барои ӯ баро­варда месозад. Ба дурустӣ ки ваъдаи Худо (ба фаро раси­дани қиёмат) ҳақ аст. Пас, зиндагонии дунё шуморо мағ­рур насозад ва фиребдиҳанда (шайтон) шуморо аз Худо нафиребад».[17]

    Илова бар матолиби зикршуда, аз ҷиҳати дигар низ Ху­дованд инсонро бо навъҳои таҳдидҳову ваъдаҳои сахт мав­риди хитоб қарор медиҳад, аз он ҷумла мефармояд:

    «Бигӯ: «Агар падарони шумо ва писарони шумо ва занони шумо ва хешовандони шумо ва он молҳое, ки онро касб кардаед ва тиҷорате, ки аз касоди он метарсед ва манзилҳое, ки мавриди писанди шумо аст, назди шумо аз Худову Расули Ӯ ва аз ҷиҳод дар роҳи Худо дӯстдоштатар бошанд, пас мунтазир бошед, то он ки Худо уқубати Худ­ро биёрад ва Худованд фосиқонро ҳидоят намекунад».[18]

    Агар фарзанд роҳи бединиву тариқаи фисқу фуҷурро пеш гирифт, василаи наҷот чист ва чӣ бояд кард? Худованд мефармояд:

    ﴿لَّا تَجِدُ قَوۡمٗا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ يُوَآدُّونَ مَنۡ حَآدَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَوۡ كَانُوٓاْ ءَابَآءَهُمۡ أَوۡ أَبۡنَآءَهُمۡ أَوۡ إِخۡوَٰنَهُمۡ أَوۡ عَشِيرَتَهُمۡۚ أُوْلَٰٓئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡإِيمَٰنَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٖ مِّنۡهُۖ وَيُدۡخِلُهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ رَضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُۚ أُوْلَٰٓئِكَ حِزۡبُ ٱللَّهِۚ أَلَآ إِنَّ حِزۡبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٢٢﴾ [المجادلة: ٢٢]

    «Қавмеро нахоҳӣ ёфт, ки ба Худо ва рӯзи охир имон дошта бошанд ва бо касоне дӯстӣ кунанд, ки бо Худо ва Расули Ӯ душманӣ меварзанд, агарчи он касон падарон ё писарон ё бародарон, ё хешовандони онҳо бошанд. Онҳо касонеанд, ки Худо дар дили эшон имонро навиштааст ва ба онҳо ба файзи ғайбӣ аз ҷониби Худ қувват додааст ва онҳоро ба бӯстонҳое дохил мекунад, ки аз зери дарахтони он наҳрҳо мераванд, дар ҳоле ки дар он ҷо ҷовидонанд. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онҳо аз Худо хушнуданд. Онон ҳизби Худованданд, огоҳ бош, ҳамоно ҳизби Худо растагоронанд!».[19]

    Ногуфта намонад, ки илова бар нақши тарбиявии воли­дайн, аз ҷумла омилҳое, ки фарзандонро аз фитнаву гумро­ҳӣ нигаҳ медорад ва намегузорад аз роҳ берун раванд, ҳа­мон намоз, рӯза, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Чу­нончи дар ривоят омадааст, Ҳузайфа (р) гуфт: Аз Расули Ху­до (с) шунидам, ки фармуданд:

    «Фитна ва гумроҳии шахс, ки дар миёни хонавода ва бар асари сарват, фарзанд ва ҳамсояаш барои ӯҳосил мешавад, намоз, рӯза, садақаву закот, амри ба маъруф ва наҳйи аз мун­кар онро мепӯшонад ва аз байн мебарад».[20]

    Худованд ба лутфу карами худ ба ҳамаи мусалмонон фарзандони солеҳу некӯкоре, ки эшонро бар тоату ибодати Худо кӯмак кунанд ва аз зикру ёди Худо дур насозанд, ато бифармояд.

    [1]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).

    [2]. Ба ривояти Ҳоким, метавон ба «Канзул-уммол, 16/281 низ муроҷиат кард.

    [3]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ал-Авсат, ҳадис заъиф аст.

    [4]. Сураи Оли Имрон, 3: 14.

    [5]. Сураи Каҳф, 18: 46.

    [6]. Сураи Ҳадид, 57: 20.

    [7]. Сураи Оли Имрон, 3: 116.

    [8]. Яъне: машаққати ҷамъи мол ва ҳифзи фарзандон ва таассуф бар он чӣ аз даст равад.

    [9]. Сураи Тавба, 9: 55.

    [10]. Яъне: аз дунё.

    [11]. Сураи Тавба, 9: 69.

    [12]. Яъне: неъмат нест, балки ба тадриҷ ба азоб наздик кардан аст.

    [13]. Сураи Мӯъминон, 23: 55-56.

    [14]. Сураи Сабаъ, 34: 35-37.

    [15]. Сураи Анфол, 8: 28.

    [16]. Сураи Тағобун, 64: 14-15.

    [17]. Сураи Луқмон, 31: 33.

    [18]. Сураи Тавба, 9: 24.

    [19]. Сураи Муҷодала, 58: 22.

    [20]. Ба ривояти Шайхон ва Тирмизӣ. Тавзеҳ: фитнаву гумроҳӣ дар миёни хонавода иборат аст аз зулм ва набудани риояи ҳуқуқи онҳо дар молу сарват, ҳамчунин ҷамъ намудани он аз роҳи касби ҳаром ё масраф намудани он дар корҳои номашрӯъ ё пардохт нанамудани закоти он ва фитна нисбат ба фар­зандон иборат аст аз ёд надодан ба онон он чиро, ки дар дунёву охират барои эшон лозиму зарурӣ мебошад ва фитнаву гумроҳӣ нисбат ба ҳамсоя иборат аст аз риоя накардани ҳуқуқ ва раво доштани зулму ситам ба ӯ. «Тоҷу-л-усул». – Ҷ. 1. – С. 136.