Фурсатҳои тиллои барои бахшиши гуноҳон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Фурсатҳои тиллои барои бахшиши гуноҳон
فرص ذهبية لمغفرة الذنوب
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия ва тарҷума: Абдураҳмон. А
إعداد و ترجمة: عبد الرحمن. أ
Фурсатҳои тиллои барои бахшиши гуноҳон
Фурсатҳои тиллои барои бахшиши гуноҳон.
Оё то ҳол шудааст ки дуъо карда бошед ва мустаҷоб нашуда бошад?
Қатъан чунин иттифоқе афтодааст, чун мо бо ин ҳама гуноҳ шояд дуъоҳоямон мустаҷоб нашавад, вале бо ин ҳол набояд ноумед шуд. Тибқи ривояти воридшуда мешавад фаҳмид, ки Худованд бисёр тавба пазир аст чуноне, ки дар ҳадис чунин ворид шудааст:
Иршоди Паёмбар (с) аст, ки Худованд фармуд: «Агар қавме тамоми аҳкоми Худовандро бидуни ками ва кости анҷом диҳанд ман ин қавмро ҳалок мекунам ва аз саҳнаи рузгор маҳв мекунам ва қавмеро меоварам, ки гуноҳ кунанд ва аз кардаи худ пушаймон шуда ва тавба кунанд».
Албатта ин ба маънои иҷозаи анҷоми гуноҳ нест балки умед ва фурсати воқеъан тиллои аст барои гунаҳкорон.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا ٱلتَّوۡبَةُ عَلَى ٱللَّهِ لِلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِن قَرِيبٖ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَتُوبُ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا ١٧﴾ [النساء : ١٧]
«Бегумон Худованд тавбаи касонеро мепазирад, ки аз руи нодони (ва сафоҳат ва ҳамоқат ноши аз шиддати хашм ва ғалабаи шаҳват бар нафс) ба кори зишт даст мезананд сипас ҳарчи зудтар (пеш аз марг басӯи Худованд ) бармегарданд (ва аз кардаи худ пушаймон мегарданд) Худованд тавба ва баргашти ононро мепазирад. Ва Худованд огоҳ (аз масолиҳ бандагон ва сидқи нияти тавбакунандагон аст) ва ҳаким аст.»
Сураи Нисо 17
Ва бояд ба ин нуктаи муҳим дар Қуръони Карим таваҷҷуҳ намоем.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَيۡسَتِ ٱلتَّوۡبَةُ لِلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّئَِّاتِ حَتَّىٰٓ إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ إِنِّي تُبۡتُ ٱلۡـَٰٔنَ وَلَا ٱلَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمۡ كُفَّارٌۚ أُوْلَٰٓئِكَ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا ١٨﴾ [النساء : ١٨]
«Тавбаи касоне пазируфта нест, ки муртакиби гуноҳон мегарданд (ва ба дунболи анҷоми онҳо мубодират ба тавба наменамоянд ва бар кардаи хеш пушаймон намегарданд) то он гоҳ, ки марги яке аз онон фаро мерасад ва мегуяд: Ҳам инки тавба мекунам (ва пушаймонии хешро эълом медорам).
Ҳамчунин тавбаи касоне пазируфта нест, ки бар куфр мемиранд (ва ҷаҳонро кофирона тарк мегуянд). Ҳам барои инон ва ҳам онон азоби дарднокеро таҳия кардаем».
Сураи Нисо 18
Пас бо таваҷҷуҳ бо ин ояти карима бояд фаҳмид, ки тавба бидуни пушаймони пазируфта намешавад ва ин мавзуъ воқеъан нуктаи зариф ва қобили аҳамият аст.
Мо бояд Худовандро нозир ва шоҳид бар аъмол ва кирдори худ бидонем ва бо ёрии Худованди бузург даст аз гуноҳ ва маъсият бикашем.
Намози панҷгонаи шабонарӯзи ва намози ҷумъа
"الصَّلَوَاتُ الْخَمْسُ وَالْجُمْعَةُ إِلَى الْجُمْعَةِ وَرَمَضَانُ إِلَى رَمَضَانَ مُکَفِّرَاتٌ مَا بَیْنَهُنَّ إِذَا اجْتَنَبَ الْکَبَائِرَ». «مَا مِنْ امْرِئٍ مُسْلِمٍ تَحْضُرُهُ صَلَاةٌ مَکْتُوبَةٌ فَیُحْسِنُ وُضُوءَهَا وَخُشُوعَهَا وَرُکُوعَهَا إِلَّا کَانَتْ کَفَّارَةً لِمَا قَبْلَهَا مِنْ الذُّنُوبِ مَا لَمْ یُؤْتِ کَبِیرَةً وَذَلِکَ الدَّهْرَ کُلَّهُ". (مسلم)
Расули акрам (с) мефармояд:
“Адои намозҳои панҷгона ва намози ҷумъа то ҷумъаи баъд ва рӯзаи рамазон то рамазони баъд каффораи гуноҳон (гуноҳони сағира) фосила байни худ мебошанд ба шарте, ки аз гуноҳони кабира парҳез шавад. Ҳар мусалмоне, ки ба ҳангоми омадани вақти намоз мураттаб вузу бигирад ва рукуъ ва суҷудро неку баҷо оварад ва хошиъ ва хозиъ бошад. Башарте, ки басуи гуноҳони кабира наравад намозҳояш барои ҳамеша каффораи гуноҳони гузаштаи ӯ хоҳанд буд”. Муслим
Рӯзаи рӯзи Арафа “як рӯз қабл аз иди қурбон”
"صِیَامُ یَوْمِ عَرَفَةَ أَحْتَسِبُ عَلَى اللَّهِ أَنْ یُکَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِی قَبْلَهُ وَالسَّنَةَ الَّتِی بَعْدَهُ". (مسلم)
Паёмбар (с) мефармояд:
«Рӯзаи рӯзи Арафа каффораи гуноҳони соли қабл ва соли баъд аз худ мебошад».
Муслим, Тирмизӣ, ва Ибни Моҷа ва Ҳоким
Рӯзаи рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам “Ошуро”
"وَصِیَامُ یَوْمِ عَاشُورَاءَ أَحْتَسِبُ عَلَى اللَّهِ أَنْ یُکَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِی قَبْلَهُ". (مسلم)
“Рӯзаи Ошуро “Рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам” каффораи гуноҳони соли қабл аз худ аст”.
Муслим, Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким
Омин гуфтан
"إِذَا أَمَّنَ الْإِمَامُ فَأَمِّنُوا فَإِنَّهُ مَنْ وَافَقَ تَأْمِینُهُ تَأْمِینَ الْمَلَائِکَةِ غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ".(البخاري و مسلم)
Паёмбар (с) мефармояд:
“Ҳаргоҳ имом “дар намози ҷамоъат” омин гуфт шумоҳам омин бигуед ҳамоно касе, ки омин гуфт ӯ бо омини малоика ҳамзамон бошад “гуноҳони сағира” гузаштааш бахшида мешавад”.
Бухорӣ Муслим
Таб (ба ҳамроҳи сабр бар он)
"لاَ تَسُبِّی الْحُمَّى، فَإِنَّهَا تُذْهِبُ خَطَایَا بَنِی آدَمَ کَمَا یُذْهِبُ الْکِیرُ خَبَثَ الْحَدِیدِ".(مسلم)
Паёмбар (с) мефармояд:
“Табро дашном надиҳед чун ки бемории таб сабаби тоза шудани гуноҳон мегардад ҳамчуноне ки кураи оҳангаре, занги оҳанро тоза месозад”.
Муслим
Таҳорати хуб ва комил
"من توضأ فأحسن الوضوء خرجت خطایاه من جسده حتی تخرج من تحت أظفاره". (مسلم)
Паёмбар (с) фармуд:
“Ҳар касе вузу бигирад ва вузуяш комил ва хуб бошад Худованд гуноҳони ӯро маҳв менамояд. “гуноҳонаш аз тани ӯ ҳатто аз зери нохунҳояш хориҷ мешавад”.
Муслим
Азон
"المؤذن یغفر له بمد صوته ویشهد له کل رطب ویابس". (النسائي)
Паёмбар (с) фармуд:
“Муаззин, ки азон гуфт ҳар тару хушке “ҳар чиз” барояш шаҳодат медиҳад ва гуноҳонаш омурзида мешаванд”.
Насои
Хондани ин зикри азим
Касе, ки дар шаб аз хоб бедор шавад ва азкори зеринро бихонад ва баъд аз он бигуяд:
"اللّهم اغْفِر لی"
"Парвардигоро! Манро мавриди авф ва бахшиши худ қарор деҳ."
Ё дуъое бикунад Худованд ҷавобашро медиҳад ва агар вузу бигирад ва намоз бихонад намозаш қабул мешавад.
Дуъо инаст.
"لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِیْکَ لَهُ، لَهُ الْمُلْکُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیْرٌ. سُبْحَانَ اللهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، وَاللهُ أَکْبَرُ. ولاَ حَوْلَ وَلاَ قُوَّةَ إِلاَّ بِاللهِ".
"Ҳеҷ маъбуде баҷуз Худованд нест, танҳо ва бешарик аст ва азамат ва ситоиш барои Ӯст ва бар ҳар чиз тавоност ситоиш ва поки барои Худованд аст ва ғайр аз Ӯ Худованде нест. Ҳавл ва қувва ва таваккул танҳо барои Ӯст."
Бухорӣ ва Муслим
Аз Худованд умед дорам, ки бо амал ба ин маворид саҳифаи диламон нурони ва ори аз гуноҳ бошад.
Ва салавоту дуруд бар Паёмбар ва аҳли байту асҳобаш.