×
Суол: Оё суннат аст, ки моҳи Шаъбонро пурра рӯза бигирам?

    Оё моҳи Шаъбонро пурра рӯза гирифтан мустаҳаб аст?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Сомонаи ислом саволу ҷавоб:

    www.islamqa.info

    Тарҷума: Мусъаб Ҳамза

    2013 - 1434

    هل يستحب صيام شعبان كاملاً

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع الإسلام سؤال وجواب

    www.islamqa.info

    ترجمة: مصعب حمزة

    2013 - 1434

    Оё моҳи Шаъбонро пурра рӯза гирифтан мустаҳаб аст?

    Суол: Оё суннат аст, ки моҳи Шаъбонро пурра рӯза бигирам?

    Ҷавоб: Ҳамду шукр барои Худованд.

    Дар моҳи Шаъбон зиёд рӯза гирифтан мустаҳаб аст.

    Аз паёмбар (с) ривоят аст, ки моҳи Шаъбонро пурра рӯза мегирифт.

    Аз Умми Салама (р.з) ривоят аст, ки гуфт: "Пайғамбар (с)-ро надидам, ки ду моҳро пай дар пай рӯза бигирад, магар инки моҳи Шаъбонро бо Рамазон бо рӯза мепайваст"

    Аҳмад, Абудовуд, Насои

    Ва лафзи воридшуда дар Сунани Абудовуд чунин аст: "Пайғамбари Худо (с) дар сол ягон моҳро пурра рӯза намегирифт, магар инки Шаъбонро бо Рамазон мепайваст"

    Абудовуд, тасҳеҳи Албонӣ

    Зоҳири ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки расули Худо (с) моҳи Шаъбонро пурра рӯза мегирифт, локин боз ривоятҳои дигаре аст, ки расули Худо (с) моҳи Шаъбонро рӯза мегирифт, магар андакеашро рӯза намегирифт.

    Аз Абусалама (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Оиша (р.з)-ро аз рӯзаи Пайғамбар (с) пурсидам. Ӯ гуфт: "Он қадар рӯза мегирифт, ки мегуфтем рӯза гирифтааст (рӯзаи доими) ва онқадар ифтор мекард, ки мегуфтем ифтор кардааст (рӯза нагирифтааст). Дар ягон моҳ Ӯро зиёд рӯзадор надидам, магар дар моҳи Шаъбон. Шаъбонро пурра рӯза мегирифт, Шаъбонро пурра рӯза мегирифт, магар андакашро (рӯза намегирифт)."

    Муслим

    Дар ҷамъи байни ин ду ҳадис олимон ихтилофи назар доранд.

    Баъзе аз олимон инро дар вақтҳои гуногун сурат гирифтааст, мегуянд. Ба ин маъно, ки Пайғамбар (с) баъзе аз солҳо моҳи шаъбонро пурра рӯза гирифтааст, ва баъзе аз солҳо аксари моҳи шаъбонро рӯза гирифтааст. Ин раъйи Абдулазиз ибни Боз мебошад.

    Маҷмуъи фатово 15\416

    Аммо гуруҳи дигари олимон бар ин назаранд, ки Пайғамбар ягон моҳро ғайри моҳи рамазон пурра рӯза намегирифт.

    Ва ҳадиси Умми Саламаро ингуна маънидод карданд, ки дар луғат дуруст аст, ки агар аксари моҳро рӯза гирифта бошад, бигуи ки: моҳро пурра рӯза гирифт.

    Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегуяд: Ҳадиси Оиша баён мекунад: мақсад аз ҳадиси Умми Салама инки мегуяд: "Пайғамбари Худо (с) дар сол ягон моҳро пурра рӯза намегирифт, магар инки Шаъбонро бо Рамазон мепайваст" маънояш ин аст, ки Ӯ аксари ин моҳро рӯза мегирифт.

    Ва Тирмизи аз ибни Муборак нақл кардааст, ки гуфт: Дар забони арабӣ ҷоиз аст, ки агар касе аксари моҳро рӯза гирифта бошад, бигуи, ки ӯ моҳро пурра рӯза гирифт.

    Тайби мегуяд: Ин маънои онро дорад, ки Пайғамбар (с) гоҳо моҳи шаъбонро пурра рӯза мегирифт, ва гоҳо аксарашро, то гумон накунанд, ки рӯза гирифтани моҳи шаъбон мисли моҳи рамазон воҷиб аст.

    Ҳофиз ибни Ҳафар дар давоми суханаш мегуяд: Аввали дуруст аст. (Яъне: Ӯ аксари ин моҳро рӯза мегирифт.)

    Яъне Пайғамбар (с) моҳи шаъбонро пурра рӯза намегирифт. Ва далили ӯ ҳадиси Оиша (р.з), ки Муслим ривоят кардааст мебошад.

    Оиша (р.з) мегуяд: Ва намедонам, ки Пайғамбар дар як шаб Қуръонро пурра хонда бошад, ва шабро то саҳар намоз хонда бошад, ва на ягон моҳро пурра рӯза гирифта бошад, магар моҳи рамазонро.

    Муслим 746

    Инчунин аз ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки фармуд: Пайғамбар (с) ҳаргиз ғайри моҳи рамазон ягон моҳро пурра рӯза нагирифтааст.

    Бухорӣ 1971, Муслим 1157

    Синди дар шарҳи ҳадиси Умми Салама мегуяд: "Шаъбонро бо рамазон мепайваст" Яъне: ҳардуро якҷоя рӯза мегирифт, ва зоҳиран шаъбонро пурра рӯза мегирифт, локин дигар ривоятҳое омадааст, ки мухолифи ин аст, пас барои ҳамин ин назарро ихтиёр карданд, ки маънои ҳадис ин аст, ки Рӯза мегирифт аксари моҳи шаъбонро ва онро бо рамазон мепайваст.

    Агар гӯянд: Дар моҳи шаъбон зиёд рӯза гирифтан чи ҳикмат дорад?

    Ҷавоб: ибни Ҳаҷар мегуяд: Ҷавоби авло ва беҳтар дар ин мавзӯъ ҳадисе аст, ки Насои ва Абудовуд бо тасҳеҳи ибни Хузайма аз Усома ибни Зайд ривоят кардаанд, ки гуфт: Гуфтам: Эй расули Худо, Туро надидам, ки ягон моҳе аз моҳҳоро мисли моҳи шаъбон зиёд рӯза бигирӣ. (Расули худо (с)) гуфт: "Он (моҳи шаъбон) моҳест, ки мардум аз он ғофиланд, байни моҳи раҷаб ва рамазон, ва он (моҳи шаъбон) моҳест, ки дар он амалҳо ба суи парвардигори оламиён бардошта мешаванд, пас дӯст дорам, ки амали ман дар ҳоли рӯзадор буданам бардошта шавад"

    Албони дар саҳеҳи Насои ин ҳадисро ҳасан гуфтааст 2221