Чи касоне авлиёи Аллоҳ ҳастанд ва чи касоне авлиёи шайтон?
Дастабандиҳо
Full Description
Чи касоне авлиёи Аллоҳ ҳастанд ва чи касоне авлиёи шайтон?
من هم أولياء الله و أولياء الشيطان؟
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия ва тарҷума: сомонаи "Дорул-ислом" тоҷикӣ
إعداد و ترجمة: دار الإسلام الطاجيكي
Чи касоне авлиёи Аллоҳ ҳастанд ва чи касоне авлиёи шайтон?
Чи касоне авлиёи Аллоҳ ҳастанд ва чи касоне авлиёи шайтон?
Суол: Чи касоне авлиёи Аллоҳ ҳастанд ва чи касоне авлиёи шайтон ҳастанд.
Ҷавоб: Авлиёи Аллоҳ ҳамон муъминони ботақво ва парҳезгоранд, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿أَلَآ إِنَّ أَوۡلِيَآءَ ٱللَّهِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٦٢ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ٦٣﴾ [يونس : ٦٢، ٦٣]
“Огоҳ бошед! (дӯстон ва ) авлиёи Худо на тарсе доранд ва на ғамгин мешаванд, ононе ки имон оварданд ва тақвои Худоро пеша кардаанд”. (Юнус 62-63)
Ва имону тақво ҳарду: амал ба амрҳои Худованд ва Расулаш (с) ва парҳезу дури аз ончи ки Худо ва Расулаш (с) аз онҳо наҳйи кардаанд, мисли бидъатҳо, хурофот ва ширкиёт аст.
Ва авлиёи шайтон ҳам дар ҳақиқат пайравони шайтон ҳастанд, монанди мушрикон хурофотиён ва мубтадиъон, он касоне ки суннатҳои Паёмбар (с)-ро аз байн мебаранд ва ба ҷои онҳо бидъатҳо ва мухолифати онро зинда мекунанд.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا سُلۡطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوۡنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشۡرِكُونَ ١٠٠﴾ [النحل: ١٠٠]
“Балки танҳо тасаллути шайтон бар касоне аст, ки ӯро ба дӯсти мегиранд ва ба воситаи ӯ ширк меварзанд”. (Наҳл 100)
Пас ҳар касе иддиъои авлиё будани Худо кунад, ё иддиъо шавад, ки он шахс аз ҷумлаи авлиёи Аллоҳ аст. Ин иддиъо пазируфта намешавад, то инки муваҳҳид (ва аҳ ширкиёту хурофотҳо дур бошад) бошад. Ва ба китоби Худованд ва суннати паёмбараш амал кунад, Ва аз ширку бидъат дури карда бошад.
Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва дуруду саломи Худованд бар Паёмбар (с) ва олу асҳобаш бод.
Фатовои лаҷнаи доими, маҷмуъаи дуввум, рақами фатво: 16301.