×
Пурсиш: Агар Паёмбар кулли бидъат залолат гуфта бошад, пас ин навовариҳои дунявӣ ҳам залолат аст?

    Бидъат ва таърифи он

    البدعة, تعريفها وفتاوى العلماء فيها

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    إعداد: محمد عزيز رجب

    —™

    Бидъат ва таърифи он

    Пурсиш: Агар Паёмбар кулли бидъат залолат гуфта бошад, пас ин навовариҳои дунявӣ ҳам залолат аст?

    Посух: Бисмиллоҳ, вал-ҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ.

    Аз сабаби надонистани таърифи дуруст ва дақиқи истилоҳи бидъат, ин ҳама ихтилоф дар баррасии масъалаҳо сар мезанад. Агар ба таърифи бидъат ва маънои истилоҳии он баргардем, ҳама ин ишколот аз байн хоҳад рафт. Барои ҳамин ҳам баёни ҳақиқати ашё ва таърифи онҳо бисёр муҳим аст.

    Яке аз маъонии калимаи бидъат (дар забони арабӣ) – ин сохтани чизе ва эҷод ва падид овардан аст.

    Ва дар Қуръон ба ин маъно омадааст:

    ﴿قُلۡ مَا كُنتُ بِدۡعٗا مِّنَ ٱلرُّسُلِ ٩﴾ [الاحقاف: ٩]

    “Эй Паёмбар! Бигӯ: Ман аввалин фиристода ва паёмбар нестам”. (Сураи Аҳқоф 9).

    Яъне, ки фиристодани паёмбарон аз ҷониби Худованд амри ҷадид ва бидъате нест, балки ман низ мисли дигар паёмбарони илоҳӣ ба сӯйи мардум фиристода шудаам.

    Ва аммо дар истилоҳи шаръӣ маънои бидъат чунин аст:

    “Бидъат – ба маънои навоварӣ дар дин, пас аз комил шудани дин аст”. (“Сиҳоҳ”-и Ҷавҳарӣ, 3/1184).

    “Бидъат – кору амали мухолифи суннат ва амри навпайдо дар дин аст”. (“Таърифот”-и Ҷурҷонӣ, с.43).

    “… ба амале ки ҳеҷ далели шаръӣ надорад, бидъат мегӯянд”. (“Эътисом”-и Шотибӣ 1/36).

    Ва далели шаръие ки далолаткунанда ба инки навоварӣ дар дин бидъат мебошад, ин ҳадис аст:

    "وشر الأمور محدثاتها وکل بدعة ضلالة"

    “Ва бадтарини корҳо навовариҳо ҳастанд, ва кулли бидъат ва навовариҳо гумроҳӣ аст”.

    Ва ҳамчунин ба чунин тавзиҳе омадааст:

    إذا تَرَكَ الرسول صلى الله عليه وسلم فعل عبادة من العبادات مع كون موجبها وسببها المقتضي لها قائمًا ثابتًا، والمانع منها منتفيًا، فإن فعلها بدعة.

    «Ҳарчӣ аз ибодот, ки Паёмбар (ва ёронаш) имкони карданашро доштанд ва сабабу муқтазои он барояшон фароҳам буд ва монеъае барояшон вуҷуд надошт, вале онро анҷом надодаанд, пас анҷом додани он имрӯз бидъат аст».

    Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:

    (من عمل عملاً ليس عليه أمرنا فهو رد)

    “Ҳар шахсе амалеро анҷом диҳад, ки мо амр накардаем, пас он амал мардуд аст”. (Саҳеҳи Муслим 3243).

    Имом Шотибӣ мегӯяд:

    (وَالْعَامِلُ بِغَيْرِ السُّنَّةِ تَدَيُّنًا هُوَ الْمُبْتَدِعُ بِعَيْنِهِ)

    “Ҳар касе ки амале мекунад ки аз суннат нест, ба нияти тадайюн, бидъаткор аст”. (Эътисом 1/58).

    Ҳофиз Ибни Раҷаби ҳанбалӣ мегӯяд:

    "البدعة ما أحدث ممّا لا أصل له في الشريعة يدلّ عليه، أمّا ما کان له أصل من الشرع يدلّ عليه فليس ببدعة شرعاً، وإن کان بدعة لغة".

    “Бидъат – амри навпайдое ҳаст, ки барои он дар шариъат далеле нест то бар он далолат кунад. Аммо ончӣ ки асли шаръӣ дорад, пас он бидъатӣ шаръӣ нест (яъне ба маънои истилоҳии бидъат), гарчӣ дар луғат онро бидъат гӯянд”. (Ҷомиъул-улуми вал-Ҳикам, саҳ. 160).

    Дар ин таъриф ва сухани Ҳофиз Ибни Раҷаб радде ҳаст ба онҳое ки нуқтагузории Қуръон ва меҳробу мадраса ва дигар васоилро, ки дар ҳақиқат бидъат нест, бидъати ҳасана ҳукм кардаву бо ин тариқа дигар бидъатҳои мавҷударо бидъати ҳасана ҷилва доданӣ мешаванд.

    Яке таърифоти бисёр ҷолибу муҳкам, аз уламои ҳанафӣ ҳаст, ки дар ҳақиқат бисёре аз ишколотро аз байн мебарад:

    (وَمَعْنَى شَرْعِيٌّ) مَأْخُوذٌ مِنْ الْكِتَابِ وَالسُّنَّةِ… (خَاصٌّ) بِالدِّينِ وَالْعِبَادَةِ (وَ هُوَ الزِّيَادَةُ فِي الدِّينِ أَوْ النُّقْصَانُ مِنْهُ الْحَادِثَانِ بَعْدَ الصَّحَابَةِ بِغَيْرِ إذْنٍ الشَّارِعِ)

    ( فَلَا تَتَنَاوَلُ) الْبِدْعَةُ بِهَذَا الْمَعْنَى الشَّرْعِيِّ (الْعَادَاتِ أَصْلًا) الْعَادَةُ مَا يُقْصَدُ فِيهِ غَرَضٌ دُنْيَوِيٌّ كَالْمَلَابِسِ وَالْمَسَاكِنِ وَالْمَآكِلِ وَالْمَشَارِبِ الْمُخْتَرَعَةِ الْآنَ.

    “Ва бидъат маънои шаръие дорад (ки аз Китобу Суннат гирифта мешавад), ки хосс аст (ба умури дин ва ибодат). Ва он зиёдат ва афзудан ё коҳишу нуқсон кардан дар дин мебошад, ки баъди ёрони Паёмбар пайдо шудааст. Бе иҷозаву изни соҳиби шариъат.

    (Ва бидъат ба ин маънои шаръӣ) аслан одатҳоро дар бар намегирад (ва одат он чизе ҳаст, ки ғарази дунявӣ дорад, мисли пушокиҳо ва ҷойи зист ва хӯрокаву нушокиҳое ки имрӯзҳо ихтироъ шудаанд)”.

    (“Бариқаи Маҳмудия”-и АбуСаъид Ходимии Ҳанафӣ ваф. 1156ҳ., дар шарҳи “Тариқаи Муҳаммадия”-и Баркавии ҳанафии румӣ, 1/90-95).

    Ҷойи дигар мегӯяд:

    "كُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ"

    وَفُهِمَ مِنْ الْفُقَهَاءِ أَنَّ بَعْضَ الْبِدْعَةِ لَيْسَ بِضَلَالَةٍ فَتَنَاقَضَا وَحَاصِلُ الْجَوَابِ الْبِدْعَةُ فِي الْحَدِيثِ شَرْعِيَّةٌ وَفِي كَلَامِ الْفُقَهَاءِ لُغَوِيَّةٌ

    (Ҳама бидъатҳо гумроҳӣ аст), ва аз фуқаҳо чунин фаҳмидаанд, ки баъзе аз бидъатҳо гумроҳӣ нест. Пас ин сухани фуқаҳо бо ҳадиси набавӣ таноқуз ва зиддият дорад. Ва хулосаи ҷавоб ин аст, ки бидъат дар ҳадиси набавӣ ба маънои шаръияш ҳаст ва дар каломи фуқаҳо ба маънои луғавияш”. (“Бариқаи Маҳмудия”-и АбуСаъид Ходимии Ҳанафӣ (ваф. 1156 ҳ.), 1/90-95).

    Ва машҳуртарин таърифи бидъат, ин таърифи АбуИсҳоқи Шотибӣ мебошад, ки бо чунин тафсил аст:

    "طَرِيقَةٍ فِي الدِّينِ مُخْتَرَعَةٍ، تُضَاهِي الشَّرْعِيَّةَ، يُقْصَدُ بِالسُّلُوكِ عَلَيْهَا الْمُبَالَغَةُ فِي التَّعَبُّدِ لِلَّهِ سُبْحَانَهُ"

    “Бидъат – роҳу равише ҳаст дар дин (ба хотири диндорӣ) ихтироъшуда ва сохтагӣ, ки бо роҳу равиши шаръӣ монандӣ дорад. Амал кардан ба он ба нияти тақарруб ба Худованд ва муболаға дар бандагӣ мебошад”. (“Эътисом”-и Шотибӣ 1/47).

    Ва ҳамчунин бо ибораи дигаре чунин овардааст:

    الْبِدْعَةُ طَرِيقَةٌ فِي الدِّينِ مُخْتَرَعَةٌ، تُضَاهِي الشَّرْعِيَّةَ، يُقْصَدُ بِالسُّلُوكِ عَلَيْهَا مَا يُقْصَدُ بِالطَّرِيقَةِ الشَّرْعِيَّةِ.

    “Бидъат – тариқа (роҳу равише) ҳаст дар дин, ки сохтагӣ мебошад. Ва бо тариқаи шаръӣ мушобаҳат ва монандӣ дорад. Ва ҳадаф аз амал кардан ва паймудани он тариқа, ҳамон ҳадафе ҳаст, ки аз тариқаи шаръӣ доранд”. (“Эътисом”-и Шотибӣ 1/47).

    Шарҳу тавзеҳи муфрадот ва ибораҳои таърифи имом Шотибӣ (бо истифода аз рисолаи шайх Ҳайдари Алмосӣ):

    Тариқа: —

    Яъне роҳ ва суннат ва тамоми он чизе ҳаст, ки барои амал кардан ва таъаббуду бандагӣ сохта мешавад…

    Дар дин (ба хотири диндорӣ ва ибодат): —

    Яъне ончӣ ки дар таърифи бидъат омадааст, марбут ба умури динӣ ва ибодату бандагӣ ҳаст. Ва аммо ихтироъ дар умури дунявӣ ва ғайришаръӣ хориҷ аз ин мавзуъ мебошад. Ва дар ҳадиси набавӣ низ ишора ҳаст бар ин:

    "من أحدث فی أمرنا هذا، ما لیس منه فهو رد"

    “Ҳар кас, ки дар ин кори мо (яъне шариъат ва роҳи мо) чизеро падид оварад, ки аз он нест, пас мардуд аст”.

    Вале мутаассифона тарафдорони бидъат ва бидъатгузорон, ҳар гоҳ майдонро танг бубинанд (ва дар муқобили мухолифони бидъат тоб наёранд) ба чунин як муғолатае даст мезананд, ки гӯё: “пешрафти илму технолоҷӣ низ бидъат ҳаст ва ин мошину телефон ва ғайраҳо низ бидъат мебошад. Пас чаро аз онҳо истифода мекунед?!”.

    Сохташуда: —

    Яъне ончӣ ки бидъатгузорон ва бидъатсозон анҷом медиҳанд, ихтироъ ва овардани чизи наве ҳаст, ки дар асл вуҷуд надоштааст. Яъне сохтану пардохтани ақоид ва ақвол ва аъмолу рафторҳое ҳаст ба номи дин, ки ҳеҷ далели шаръӣ надорад.

    Ва ин корашон, навъе истидрок бар Худованд ва расулаш аст, гӯё ки бидъаткор бо забони ҳол мегӯяд: Ончиро ки Худову расулаш надонистанд ва ё фаромӯш карда ва ё иштибоҳ намудаанд, сохтаму зикр кардаму ислоҳ намудам.

    Ва аз тарафи дигар, бидъатгузор дар воқеъ ба худ ҳаққи ташриъ додааст, дар ҳоле ки ин ҳаққ фақат хосси Худованд аст.

    Мушобаҳат ва монандӣ: —

    Яъне касе ки чизи тақаллубие месозад, бояд ки колои худро зиракона ва бо фиребу найранг аслӣ вонамуд кунад, то ки бинандаро фиреб диҳад. Дар ҳақиқат бидъаткор монанди касе ҳаст, ки пули тақаллубӣ месозад ва содаангорону зудбоваронро фиреб медиҳад, дар ҳоле ки пули ӯ ҷуз қоғази беэътибор чизе нест.

    Музоҳот ва мушобаҳат метавонад чунин бошад:

    Тахсиси замон ва ё макон ва ё ҳайату шакле махсус барои амали шаръӣ, дар ҳоле ки худи шариъат қоил ба ин таҳдиду тахсис нест.

    Ё ки илҳоқи амале навпайдо ба шариъат ва ё костану кам кардани чизе аз аъмол ва тариқаи шаръӣ.

    Тағйири қолабҳо ва завоҳири шариъат ва ё табдили истилоҳоти шаръӣ ва ё ҳазфу изофа кардан ба эътиқодот ва мабонии ақидатӣ ва аҳкоми шариъат.

    Ҳама ин анвоъи монандсозӣ ва бидъатгузорӣ бо истидлоли ғалат ва муғолата сурат мегирад, ки бидъатсоз нассу ишороти шаръиро ба ғалат таъвил ва таҳриф мекунад (барои фоидаи бештар ва таҳқиқ нигаред “Талбиси Иблис”-и Ибни Ҷавзӣ, боби дуввум).

    Ба хотири диндорӣ ибодат: —

    Яъне мубтадиъ бо ин кори хеш мехоҳад ки тарғибу ташвиқ ба итоъату бандагӣ дар худаш ва дигарон биафзояд то тақарруб ба Худованд беҳтар ҳосил шавад.

    Вале мубтадиъ таваҷҷуҳ накарда, ки он қоъидаву қонунҳое ки соҳиби шариъат барои таъаббуд ва ҷалби масолеҳ ва дафъи мафосиди бандагонаш вазъ кардааст, кофӣ аст. Бидъаткор агар ба хотири ибодат ин бидъатҳои хешро сохта бошад, пас бояд бидонад, ки Маъбуди Алим худаш роҳи ибодатро беҳтар мешиносад.

    Ва агар ба хотири растагории дину дунё сохта бошад, бояд бидонад, ки боз ҳам Офаридгор растагориро беҳтар аз ӯ мешиносад, ва роҳи расидан ба онро беҳтар вазъ мекунад.