×
Насиҳатҳои муфиду зебо барои ҷавонон дар моҳи мубораки рамазон, Ва инки рамазон бисёр фурсати муносибест барои ислоҳ ва тағйир дар ҳаёт, хусусан барои ҷавонон.

    Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Исматуллоҳ Олимӣ

    Сомонаи: Боғи Накӯкорон

    2013 - 1434

    للشباب فقط في رمضان

    «باللغة الطاجيكية»

    اسمت الله عالمي

    موقع: باغ نكوكاران

    2013 - 1434

    Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

    Бародари ҷонам:

    Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва баъд:

    *Чанд рӯзе беш нест, ки ба истиқболи моҳи мубораки рамазон рафтаем ва дар интизори фаро расидани онем. Ва ин бадон маъност, ки мову шумо чизҳои фаровоне барои гуфтану донистан дорем, ва лобуд ту низ монанди соири бародарони мусалмон аз фаро расидани ин моҳи пурбаракат хушҳолӣ.

    *Бародари фозилам, хушҳолам дар ин моҳи бобаракат фурсате пеш омада, ки бо сароҳат ва бепарда чун партави офтоб бо ту ба сухан нишаставу гаронбаҳотарин ва гиромитарин чизҳое, ки дар ихтиёр дорам ба ту тақдим намоям.

    *Ба ростӣ, ки ранги гуфтан ба сароҳат таъми талхе дошта бошад, вале натиҷааш бисёр ширину гуворост. Ва ҳамаамон таъми талхи парда бар айб ниҳоданро чашидаву шумии пинҳон намудани хатоҳоро ба хотири муроъоти дӯстиву таъоруф дарк намудаем.

    Парҳезгорӣ аст валекин!

    *Бародари ҷонам, мунтазириест дар рамазон, ки бисёр шоҳиди онем:

    Ҷавонеро мебинем ғарқ дар манҷалоби шаҳавоту бепарво дар иртикоби бадтарин ва бузургтарин гуноҳон ва беэътино ба асоситарину ошкортарин ибодот.

    Боз ҳамин ҷавонро мебинем дар ин моҳи муборак дар пайи донистани масоили хурд ва зери намозу рӯза аст. Монанди ин, ки: Ҳангоми вузӯъ чанд қатраи хун нохудогоҳ аз бинияш хориҷ шуда, оё ин дар вузуъ асаре дорад? Ва ё дар тарҳи ин суоли худ бисёр ҷиддист ва ҳатто агар бар вай қазо ва каффорае ояд, барои пазируфтани он омодагии комил дорад.

    Бародари азизам! Суол намудан дар бораи масоили ибодат, ки гоҳе инсон бо он бархурд менамояд, кори арзандаест ва касе ҳаққ надорад, ки онро рад намояд. Ва мубтало будани фард ба гуноҳ ҳаққи вайро дар иҳтимом додани пурсишаш дар бораи тоъат салб намояд.

    Валокин!

    Оё ба он мувофиқ нестӣ, ки амсоли ин ҷавон дар таноқузе ба сар мебаранд, ки ба мушкилӣ барои он тафсире ёфт?

    Пас ЧАРО дар бораи пурсиш ва иноят ба ин аҳкоми зуҳду парҳезгорӣ ба харҷ медиҳад, дар ҳоле, ки дониставу амдан муртакиби аъмоли ҳаром ҳатто гуноҳони кабира мешавад?!.

    Назму пойбандии аҷиб.

    Баъзе аз ҷавонон ҳангоме, ки вайро аз анҷоми кори бад наҳй карда ба корҳои нек фаро мехонӣ мегӯяд, ба ончи ба ӯ мегӯӣ қаноъати том дорад, валекин хоҳишоти нафс бар вай чира шуда ва наметавонад худро идора намояд, дар марҳилаи аввал ин узри вай мантиқӣ ба назар мерасад, вале чун ба ҳолати вай дар Рамазон нек назар кунем мантиқе дигар намоён аст. Ба маҳзи ин, ки азони Фаҷр фаро мерасад, мебинӣ даст аз хурдан бармедорад, агарчанд дер аз хоб бедор шуда луқмае дар дасташ бошад. Ва ҳангоми ифтор бари суфра саъй надорад пеш аз он, ки азонро бишнавад даст ба сӯи суфра дароз намояд. Ва ҳангоми рӯз ҳарчанд, ки ташнагиву гуруснагӣ бар ӯ фишор биёварад ҳаргиз ба ин фикр намеафтад, ки девори рӯза бишканад ва ба ҳарими он таҷовуз кунад. Оё ин рафторро намебинӣ? Бегумон рафтори некӯест. Оё далолат бар он надорад, ки ӯ қодир ба контрол ва ғалаба бар шаҳавоти хеш аст?

    Бародари азизам, бешак рӯза ин дарсро ба мо медиҳад, ки ба хости Худованд мо тавоноии чира гаштану ғалаба бар шаҳавоти худро дорем.

    Оё онҳоро дидаӣ? (Корвони некон)

    Оё ҳеҷ шудааст, ки ба масҷиде аз масоҷид биравӣ, ки Худованд имомеро бо овози бисёр зебову гуворо насиб карда ва маҷмуае аз ҷавонони хубро меёбӣ азм бар он бастаанд, ки пеши рӯи Худованд ба намоз биистанд? Агарчӣ то саҳар низ ба дарозо кашад. Дар замоне, ки бархе аз ҷавонон аслан намози ҷамоаро тарк кардаанд.

    Агар дар даҳаи охири Рамазон биёӣ, ба ҷуз андак касе дигар намеёбӣ, зеро барои ҳусули аҷру савоби чандбаробар ва мағфирати гуноҳон ба сӯи хонаи Худованд шитофтаанд, дар ҳоле, ки бархе дигар ин шабҳоро бо чизҳое мегузаронанд, ки бар ту пушида нест.

    Чӣ мешавад агар ҳамин ҷавон, ки коре ҷуз хиёбонгардиву гашту гузор дар бозорҳоро надорад аз худ бипурсад: Магар намешавад, ки ман ҳам яке аз ин ҷавонони бохудо шавам? Онҳо чигуна комёб гаштаанд? Дар ҳоле, ки дар ҳамин муҷтамаъ басар мебаранд? Онҳо низ хоҳишоте доранду боздорандае ва ман низ хоҳишотеву боздорандае?!.

    Оё тавоноии онҳоро надорам?

    Онҳо тавонистанд ва ту чаро …?

    Хостан тавонистан аст.

    *Бародари бузургвор, ҷавонони бисёре дар ҷодаи инҳироф ва роҳи ғафлат будаанд ва муртакиби корҳое шудаанд, ки ба ғайр аз онҳо низ анҷом додаанд. Сипас ба посу миннати Худованд ҳидоят ёфта ва ҳолаташон тағйир кардаву ба қофилаи солеҳону фармонбардорон пайвастаанд.

    Ва шояд баъзе аз онҳо дӯст ва рафиқи ту будаанд. Пас чигуна ин гурӯҳ аз ин монеъ убур кардаанду бақия ноком мондаанд?

    Чаро инҳо тавонистаанд тавба кунанду ғайри инҳо не?

    Назди бисёре аз ҷавонон чизе, ки онҳоро аз тавбаву диндорӣ бозмедорад нобоварӣ ва заъфи имон нест, балки эҳсоси адами тавоноӣ дар тағйир ва таҳвил аст.

    Ва оё ин мисолҳо намунае зинда барои вай нест?

    Ё адами тавоноӣхаёле сохтагӣ нест?

    Пеш аз ин, ки гул пажмурда гардад…

    *Бародари ҷавон! То даме, ки пушти хам карда ва асо пои саввуми вай гардида ва нишонаҳои гузашти замон бар чеҳрааш ҳувайдо шударо дидаӣ, оё гумон мекунӣ, ки чунин ба дунё омада?

    Ё ин, ки рӯзе чун ту нерӯманду чобук будааст? Оё намедонӣ, ки рӯзе ману ту низ агар зинда бимонем ба ин ҳолат хоҳем расид? Ва чӣ сахт аст рӯзе, ки ин таровату зебоӣ рахт барбандад ва ин ҳаяҷону нишот рӯ ба завол ниҳад.

    Пас бародари азизам! Чӣ мешавад агар фурсати гаронбаҳои ҷавониро ғанимат шумурдаву пеш аз он, ки онро аз даст додаву пушаймон гардем, онро дар тоъату ибодот бигзаронем?!

    *Бародари гиромӣ! Бегумон ин гуфтаи Паёмбари акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро шунидаӣ ва ё ба ёд дорӣ, ки фармудаанд:

    «Рӯзи қиёмат ду пои банда аз ҷои худ такон нахоҳад хӯрд, пеш аз он, ки аз чаҳор чиз суол шавад: Аз умраш, ки дар чӣ чиз онро гузарондааст; аз ҷавониаш, ки чигуна онро сарф намуда; аз молаш, ки онро аз куҷо ба даст оварда ва дар чӣ чиз онро харҷ кардааст»

    ривояти Тирмизӣ

    Бародари азиз! Биё дар ҳақиқати имрӯзи худ нек бияндешем. Оё посухе қонеъкунанда ва наҷотдиҳанда барои суоли «Ҷавониро чигуна гузарондаӣ?» дорем? Ва оё бо ин ҳолати кунунии худ ва умри ҷавонӣ омодагии гузарондани ин имтиҳонро дорем? Пас чаро ин фурсати бемислро ғанимат нашмурдаву барои имтиҳони душвори он рӯз омода нашавем?

    Ҳафтумини ҳафт растагор.

    *Паёмбари акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) хабар додаанд:

    «Рӯзи қиёмат хуршед ба андозаи миле ба халоиқ наздик мешавад ва сахтиву машаққат ба болотарин ҳадди худ хоҳад расид ва дар он рӯз касоне ҳастанд, ки аз неъмати сояи худовандӣ ва навозиши вай бархурдор мешаванд. Аз он ҷумла: Ҷавоне, ки дар дар тоъату ибодати худованд ъазза ва ҷалла парвариш ёфта».

    Пас чӣ чизе монеъ аз он аст, ки ту низ яке аз он гурӯҳи растагор шавӣ? Ва чӣ чиз миёни ту ва расидан ба ин шараф ҳоил аст? Пас ба худ биё ва роҳи дурустро ихтиёр кун! Ва аз ин моҳи муборак ва ин фурсати гаронбаҳо василае барои расидан ба ин манзалат бисоз! Чи боарзишу гаронбаҳост ончи, ки дар ин моҳи муборак тақдим мекунӣ!.

    *Бародари ҷавон! Бегумон дида ва ё мебинӣ, ки аҳволи бисёре аз мардум дар ин моҳ тағйир ёфта. Мебинӣ, ки масоҷид аз намозгузорону тиловаткунандагони Қуръони карим пур гашта. Амокини муқаддас мамлӯ аз тавофкунандагон ва муътафикон аст ва амвол дар роҳҳои хайр сарозеранд. Яке ба намоз машғулу яке ба тиловат ва яке даст ба дуъо бардошта, дигарӣ дар роҳи Худованд инфоқ мекунад.

    Пас куҷост ҷойгоҳи ту дар миёни ҳама инҳо? Оё ҳеҷ ҷойгоҳе барои худ дар ин нақша ҷустаӣ? Оё амали афзалтар ва дастоварде беҳтар аз тавбаи насуҳ ва эълони ҳамсафар шудан бо корвони некон суроғ дорӣ? Пеш аз он, ки аҷал фаро расидаву дунёро барои ҳамеша видоъ гӯӣ, дар ҳоле, ки ба хости Худованд тавоноии онро дорӣ.

    Тавба ва мавъиди мавҳум.

    *Бисёре аз ҷавонон ба иштибоҳ будани роҳе, ки мепаймоянд қоиланд ва орзӯ мекунанд, ки онро тағйир диҳанду думболи фурсат мегарданд. То ин, ки яке аз хешовандонаш бимирад ва ё ӯ дучори ҳодисаи ибратнок шавад, ки ӯро такон диҳаду ба тавба водорад.

    Валекин аз куҷо маълум, ки он маййит худи ӯ набошад ва дигарон аз вай ибрат гиранд? Ва ин ҳамон ҳодисае бувад, ки интизорашро мекашид то тавба кунад. Велекин ин ҳодиса худ ба зиндагиаш поён дод.

    Бародари ҷавон, инсон дар дунё як фурсат беш надорад ва набояд худро дар он ба мухотара андозад.

    Пас, оё акнун тасмим гирифтаем, ки тавба карда ва роҳи росту дурустро паймоем???

    Бидуни шак ин тасмим ва ирода бар нафс бисёр душвору сахт меояд ва ниёз ба шикебоиву таҳаммули паёмадҳо ва аз худгузаштагӣ дорад. Лекин ба хости Худованд анҷоме накӯ ва самарабахш дорад…