Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ёздаҳум: Раҳнамоиҳои набавӣ барои шахси нозо, Ва азоби касе, ки аз фарзанд ё волидайнаш канорагирӣ кунад
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ёздаҳум:
Раҳнамоиҳои набавӣ барои шахси нозо, Ва азоби касе, ки аз фарзанд ё волидайнаш канорагирӣ кунад
سلسلة تربية الأولاد, القسم الحادي عشر: ارشادات نبوية للعقيم, و عقاب من يترك والديه و ولده
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ёздаҳум:
Раҳнамоиҳои набавӣ барои шахси нозо, Ва азоби касе, ки аз фарзанд ё волидайнаш канорагирӣ кунад
Абуҳанифа (раҳ) дар «Муснад»-и худ аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят намуда, ки гуфт: «Марде аз Ансор назди Расули Худо (с) омада, гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ман аз неъмати фарзанд маҳрумам ва ҳеҷ фарзанде надорам. Расули Худо (с) фармуданд: «Чаро ба василаи тавбаву истиғфори зиёд ва зиёдатии садақаву хайр дар пешгоҳи Ҳақ Таъоло хоҳони фарзанд намешавӣ?». Мегӯянд, он мард ба василаи садақаву хайроти фаровон ва дар асари тавбаву истиғфори зиёд дорои нӯҳ писар шуд.
Аллома мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳе, ки бар ин ҳадис навиштааст, мегӯяд: «Шояд ин ривоят аз ин фармудаи Худованд иқтибос шуда бошад, ки аз қавли Нӯҳ (а) мефармояд:
﴿فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارٗا ١٠ يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا ١١ وَيُمۡدِدۡكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ جَنَّٰتٖ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ أَنۡهَٰرٗا ١٢﴾ [نوح: ١٠، ١٢]
«Ба эшон гуфтам: аз Парвардигори хеш талаби омурзиш кунед, ҳамоно, ки Ӯ бисёр омурзанда аст, то бар шумо аз осмон боронҳои пурхайру баракатро паё пай фиристад ва бо амвол ва фарзандон шуморо мадад кунад…».[1]
Дар ривояте омадааст: «Касе ки холисона дар пешгоҳи Ҳақ таъоло тавбаву истиғфор зиёд кунад, Худованд рӯзии ӯро аз ҷое ки тасаввурашро намекунад, мерасонад».[2]
Азоби касе, ки аз фарзанд ё аз волидайнаш канорагирӣ кунад
Аз Ибни Умар (р.з) ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Касе ки аз фарзанди худ канора бигирад ва ӯро аз худ дур кунад, то дар дунё расвояш намояд, Худованд дар рӯзи Қиёмат ӯро дар назари шоҳидон ба унвони муқобалаи ба мисл расво месозад».[3]
Аз Муъоз ибни Анас (р.з) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:
«Дар рӯзи Қиёмат Худованд бо иддае аз бандагони худ сухан намегӯяд ва ононро тазкия наменамояд ва ба эшон наменигарад! Арз шуд: «Эй Расули Худо онон чӣ касоне ҳастанд?». Фармуданд: «Онон афроде ҳастанд, ки аз волидайни худ канора гирифта, рӯйгардон шудаанд ва ҳам волидайне ҳастанд, ки аз фарзандони худ дурӣҷуста, онҳоро аз худ дур гардонидаанд». Дар ривояти дигар омадааст: «Инҳо дорои азоби сахте ҳастанд».[4]
Дар ривояте омадааст: Хашхашоси Анбарӣ (р) гуфтааст: «Ҳамроҳи писарам назди Расули Худо (с) рафтам». Расули Худо (с) фармуданд: «Ин писари ту аст?». Арз кардам: «Оре». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ӯро ба сӯи гуноҳ ва бадӣ накашон, ӯ низ туро ба сӯи гуноҳва бадӣ намекашонад (чун дар рӯзи қиёмат на ту масъулияти аъмоли бади ӯро мепазирӣ ва на ӯ масъулияти аъмоли бади туро)».[5]
Дар ривояте омада, ки Абурамса (р) гуфта: «Ҳамроҳи падарам назди Расули Худо (с) рафтем ва падарам бар Ӯ салом кард ва соате низ нишастем. Пайғамбар (с) аз падарам пурсид: «Оё ин писари ту аст?». Дар ҷавоб гуфт: «Оре, қасам ба Парвардигори Каъба!». Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳақиқат дорад ва ба он гувоҳӣ медиҳам». Абӯрамса (р) мегӯяд: сипас, Пайғамбар (с) дар асари шабеҳ будани ман ба падарам ва қасаме, ки падарам дар он робита хӯрд, лабханде зад ва баъд бо ҳолати ханда фармуданд: «Бидон, ки на ин писари ту масъулияти аъмоли туро ба дӯш мегирад ва на ту масъулияти аъмоли ӯро». Сипас, ин оятҳоро қироат фармуд: «Алло тазиру возират(ун) визра ухро…».[6] «- ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро намебардорад…». (то ояти 56).
[1]. Сураи Нӯҳ, 71: 10-12.
[2]. Ба ривояти Аҳмад ва Ҳоким аз Ибни Аббос (р).
[3]. Ба ривояти Аҳмад ва Табаронӣ дар «Ал-Кабир» ва «Ал-Авсат».
[4]. Ба ривояти Аҳмад ва Табаронӣ.
[5]. Ба ривояти Аҳмад бо санади саҳеҳ ва ба ривояти Ибни Моҷа, Абуяъло, Бағавӣ, Ибни Қонеъ, Ибни Манда, Табаронӣ ва Саъид ибни Мансур.
[6]. Сураи Наҷм, 53: 38 то 56.