×
Мақолаи мухтасар дар бораи амалҳое ки инсонро аз дӯзах наҷот дода бар биҳишт дохил мегардонад.

    Дохил шудан бар ҷаннат ва халоси аз оташи ҷаҳаннам

    الدخول إلى الجنة و النجاة من النار

    <الطاجيكية>

    Абдураҳмон. А

    عبد الرحمن. أ

    —™

    Дохил шудан бар ҷаннат ва халоси аз оташи ҷаҳаннам

    Дар ҳадисе ки Маъоз писари Ҷабал (р) онро ривоят карда аст, мегуяд:

    عن معاذ بن جبل – رضي الله عنه – قال: قلت يا رسول الله أخبرني بعمل يدخلني الجنة ويباعدني عن النار. قال:" لقد سألت عن عظيم وإنه ليسير على من يسره الله تعالى عليه: تعبد الله ولا تشرك به شيئا, وتقيم الصلاة, وتؤتي الزكاة, وتصوم رمضان, وتحج البيت" ثم قال: "ألا أدلك على أبواب الخير؟ الصوم جُنَة, والصدقة تطفئ الخطيئة كما يطفئ الماء النار, وصلاة الرجل في جوف الليل" ثم تلا قول الله تعالى: ﴿تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلمَضَاجِعِ﴾ [السجدة : ١٦] حتى بلغ: ﴿.. يَعمَلُونَ﴾ [السجدة : ١٧] ثم قال: ألا أخبرك برأس الأمر وعموده وذروة سنامه؟

    قلت: بلى يا رسول الله. قال:

    "رأس الأمر الإسلام, وعموده الصلاة, وذروة سنامه الجهاد".

    ثم قال: "ألا أخبرك بملاك ذلك كله؟"

    فقلت: بلى يا رسول الله, فأخذ بلسانه وقال:" كف عليك هذا".

    قلت: يا نبي الله وإنا لمؤاخذون بما نتكلم به؟ فقال: "ثكلتك أمك وهل يكب الناس في النار على وجوههم – أو قال مناخرهم – إلا حصائد ألسنتهم؟". رواه الترمذي وقال حديث حسن صحيح.

    Аз Маъоз писари Ҷабал (р) ривоят шудааст, ки мегуяд: Гуфтам: Эй расули Аллоҳ манро аз корҳое хабар кун, ки манро дохили баҳишт бигардонад ва аз оташи дӯзах халосам кунад.

    Расули Худо (с) фармуданд: "Ҳақиқатан аз кори бузурге пурсиди, ва дар ҳақиқат бар касе ки Аллоҳ таъоло онро осон гардонад, осон аст. Он кор чунин аст: Худои якторо бандаги намои ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ надони ва намозро барпо дори, ва закотро бидиҳи, ва моҳи мубораки рамазонро рӯза бигири, ва ҳаҷҷи хонаи Худоро баҷо биёри.

    Боз гуфт: Оё туро ба ҳамаи дарҳои хайр огоҳ насозам? Рӯза сипаре аст, ки рӯзадорро нигоҳ медорад, ва садақа оташи гуноҳро хомуш месозад, чигунае ки об оташро хомуш месозад, Ва намоз хондан дар дили шабҳо, пас аз он тиловат фармуд:" Барои ибодат паҳлуҳояшон аз ҷойгаҳ ҷудо ва дур мешавад" (Саҷда 16). Ин оятро хонд баъд аз он фармуд: Оё туро ба саромади корҳо ва баландтарини онҳо хабар надиҳам?" Гуфтам: Бале эй расули Аллоҳ. Гуфт: "Саромади корҳо ислом аст, ва сутуни ислом намоз аст, ва баландтарини он кушиш ва талош барои пешрафти дини ислом аст".

    Боз фармуд: "Оё туро хабар надиҳам аз сарриштаи ҳамаи онҳо? Гуфтам: Бале манро хабар кун эй расули Аллоҳ. Пас гуфт: Забони худро бигирифт ва фармуд: "Худат инро нигоҳдор". Гуфтам: Эй расули Аллоҳ оё дар ҳақиқат мо бар сари гуфторҳоямон мавриди бозпурси қарор мегирем? Расули Худо (с) гуфт: "Модарат бар доғат бинишинад. Оё чизе ба ғайр аз гуфтори забонҳояшон мардумро ба руяшон дар оташ меандозад"? Ё инки фармуд: "Бар биниҳояшон".

    Ҳадисро имом Тирмизи ривоят намуд ва гуфт: Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст.

    Дар ин ҳадис Паёмбари Худо (с) барои мо роҳеро баён карданд, ки маром ва орзуи ҳар як шахси мусалмон дар дунё ва охират аст. Роҳи дохил шудан бар биҳишт ва халоси аз оташи ҷаҳаннам. Ва чуноне ки Паёмбари Худо (с) баён карданд. Талош барои ёфтани ин роҳ бисёр бузург аст, аммо касеро ки Аллоҳ таъоло барояш осон гардонад ёфтани ин роҳ барояш осон хоҳад буд.

    Паёмбари Худо (с) барои мо ва шумо чигуна расидан бар инро роҳнамои намуда фармуданд: Бандаги ва ибодати Худо бо ихлос ва бидуни шарик овардан ба ӯ, чуноне ки Аллоҳ таъоло дар сураи Каҳф мефармояд:

    ﴿فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠﴾ [الكهف: ١١٠]

    “Касеки умедвори дидори Аллоҳ таъоло аст, бояд корҳои шойста бикунад ва дар ибодат бо парвадигораш касеро шарик наёрад”.

    Сураи Каҳф 110

    Намозро барпо дор ва закотро бидеҳ ва рӯзаро бигир ва ба ҳаҷ бирав. Зеро ибодати бо ихлос барои Аллоҳ таъоло ва намозу рӯза, закоту ҳаҷ сабаб мешавад, ки инсон ба дини худ ороста ва дар корҳои дини худ бо ихлос шавад.

    Баъд аз он Паёмбар Худо (с) Маъоз ибни Ҷабал (р) пурсид, ки туро бар дарҳои хайр роҳнамои кунам, ва барояш баён намуд, ки рӯза мисли сипар аст, зеро агар сипар барои нигоҳдори бадани инсон бошад, пас рӯза сипарест, ки инсонро аз ғафлат ва фуру рафтан дар шаҳавот нигоҳ медорад, руҳро сафо мебахшад, ва рӯзадорро огоҳ месозад то барои рӯзҳои гуруснаги фикре кунад ва бародарони гуруснаи худро ба ёд биёрад.

    Садақа, ки додани он нишонаи сидқу ростии соҳибаш дар имон мебошад, гарми ва оташи гуноҳро хомуш месозад, чуноне ки об оташро хомуш месозад.

    Одатан анҷом додани кори хуб баъд аз анҷом додани кори бад сабаби аз байн рафтани асари кори бад аст, падаре ки агар барои ҳикмате дар тарбия бар фарзанди худ ғазаб намояд ва баъд аз он кори некеро бар фарзандаш анҷом диҳад, дили фарзандашро ба даст меорад.

    Дар ҳақиқат садақа додан яке аз муҳимтарин масоили асоси дар дини мубини ислом аст, ки дар бисёри ҷойҳо ва бо такрор ба он ташвиқ мешавад. Ва дар ҳар ҷое ки ба кумак ва ёри эҳтиёҷ бошад, мавриди таъкид қарор гирифтааст, тӯҳфа ва садақа, силаи раҳм ва ширкат варзидан дар корҳои нек, мисли чоҳ кандану об расондан, мадраса ва бемористонҳо бино кардан ва дигар корҳои вақфи ва хайри аз дастуроти муаккади дини ислом барои барпо кардани як муҷтамаъи солим ва боҳам иттифоқ мебошад.

    Хулоса сирри инсон аз силсилаи амалҳо ва нишонаи имону далели ростии инсон дар диндори, аз хайрот ва мубодароту садақаҳои ӯ дар корҳое ки фойдааш ба ҳама мерасад, дониста мешавад.

    Аммо бояд донист, ки садақа барои дур кардани фақр ва барои ҳифзи шарафу иззати нафс аст.

    Ҳар шахси боимону доно садақаи барои ризогии Худованд ва муфид барои ҷомеаро метавонад ташхис диҳад, ки аз ҷумлаи он дармони беморон ва сарпарастии ятимон ва дигар корҳои муфид барои ҷомеа мебошад. Ва шариъат ҳам моро бар ин амр намудааст.

    Ислом дин ва дунёро ба ҳам алоқаманд намудааст, ки бояд ҳурдуро бо ҳам дошт, Дунё вақто сабаби хушбахти аст, ки аз роҳбарии дини ислом баҳраманд бошад.

    Паёмбари акрам (с) гуфтанд: "Ва намози шахс дар дили шаб" зеро розу ниёзи шахс дар дили шаб бо Парвардигори худ сабаби тандурусти ва саломатии фикр ва ба даст овардани хурсанди ва илҳом гирифтан аз офаридагори тавоно ба мавриди хоҳад буд. Намоз дар дили шаб сабаби нур ва равшании чеҳра ва сабаби муҳаббат ба навъи василаи некукори ва киштани парҳезгори дар дил аст. Ба ҳамин хотир Худованди тавоно дар бораи мардуми шабхез мефармояд:

    ﴿تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمۡ عَنِ ٱلۡمَضَاجِعِ يَدۡعُونَ رَبَّهُمۡ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ١٦﴾ [السجدة : ١٦]

    “Паҳлуҳояшон аз ҷойгаҳҳо барои дуъо кардан ва розу ниёз бо Парвардигорашон аз тарси иқоби ӯ ва ба умеди руҳмати ӯ дур мешавад, ва дар ин роҳ аз ончи ки барояшон ризқ додаем нафақа мекунанд”.

    Сураи Саҷда 16

    Ибни Касир (р) мегуяд: "Мақсад аз онон ҳамон намозхононе ҳастанд, ки шаб аз ҷойгаҳҳои хобашон мехезанд ва аз тарси азоби Парвардигорашон ва бо умеди раҳмати Ӯ дар тоъати Худованд ҳастанд.."

    Дар ҳадиси дигаре ки онро Асом духтари Язид (р) ривоят карда аст, расули Худо (с) фармуданд: "Онгоҳ ки Аллоҳ таъоло аввалин ва охирини бандагонро боҳам якҷо мекунад (дар рузи ҳашр) садо кунандае меояд ва садо мекунад ки ҳамаи халқ ӯро мешунаванд ва мегуяд: Имрӯз аҳли маҳшар хоҳанд донист, ки кадом кас сазовори эҳтиром ва такрим аст? Сипас боз мегардад ва мегуяд: Касоне ки паҳлуҳояшон аз ҷойгаҳҳои хобашон ҷудо мешуд аз ҷояшон хезанд, пас онҳо ки ададашон кам аст аз ҷояшон мехезанд. Онгоҳ боз садо карда мегуяд: Касоне ки Аллоҳ таъолоро дар ҳама ҳолат (ҳам дар хуши ва ҳам дар нохуши) ситоиш мегуфтанд аз ҷояшон бархезанд. Пас онҳо ки ададашон кам аст аз ҷояшон мехезанд. Онгоҳ ҳамаи онҳо басуй биҳишт қадам мезанад, сипас дигар мардум мавриди ҳисобу китоб қарор мегиранд".

    Тафсири Анворул қуръон, сураи Саҷда, оят 16.

    Садақаҳои давомнок ва некиҳои бисёр ва корҳои фойданокро анҷом медиҳанд ва дар натиҷа:

    ﴿فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٧﴾ [السجدة : ١٧]

    “Пас ҳеҷ кас наметавонад ончиро ки барояшон захира ва пинҳон шуда ва сабаби равшании чашм аст бидонад, дар баробари ҷазои корҳое ки мекарданд”.

    Сураи Саҷда 17

    Дар ҳадиси қудсӣ, ки имом Бухори ва Муслим онро аз Абуҳурайра (р) ривоят карданд омада аст:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال: قال الله تعالى: (أعددت لعبادي الصالحين ما لا عين رأت ولا أذن سمعت ولا خطر على قلب بشر). رواه البخاري ومسلم.

    “Барои бандагони некукори худ чизҳое омода кардаам, ки ҳеҷ чашме надида, ва ҳеҷ гӯше нашунида, ва на дар дили инсоне гузаштааст”. (Бухорӣ ва Муслим)

    Албатта ҳар инсон мехоҳад бо маҳбуби худ хилват намояд, ба хотири ҳамин парҳезгорон дар нимашаб бо Парвардигори худ ки дӯсташ медоранд хилват ва танҳоги мекунанд. Хоби хушро дар ними шаб мегузоранд ва ҷойгаҳҳояшонро тарк мекунанд то сарҳои худро дар баробари азамати Парвардигорашон ба замин гузошта саҷда кунанд. Чиқадар хушиҳо ва неъматҳои зиёде ингуна мардуми ибодат кунро дар назди Парвардигорашон мунтазир аст! Ҳар ончики сабаби равшании чашм дар дунё ва охират аст интизори онҳост, ҳамсарони меҳрубон ва фарзандони фармонбардор дӯстони вафодор ва оқибати нек ва аз ҳама бузургтараш розиги Парвардигорашон аз онҳо дар интизорашон аст. Биҳишти бузург ва хушиҳои бепоён барояшон омода шуда аст.

    Пас Расули Худо фармуд: Оё туро хабар надиҳам аз саромади он кор ки дар бораи он пурсиди, ва туро аз сутун ва баландтарин ҷой ӯ хабардорат накунам? Ҳазрати Маъоз мегуяд: Бале эй расули Худо манро хабар кун. Паёмбари Худо фармуд: Саромади он ислом аст ва сутуни он намоз аст ва баландтарин қуллаи он ҷиҳод аст.

    Ба монади ҷасади инсон ки сари ӯ ислом аст ва баландтарин ҷой дар он ҷасад ҷиҳод аст ва сутуни истодаги барои ҳифзи сар ва бадан ҳамоно намоз аст. Ва ҷасаде ки сар надорад тани бетавон аст, ва ҷасаде ки аз кушиш кардан дар корҳои нек дур шуда бошад монанди сари бемағз ва ҷисми бе мағз ки ба он эътимод карда намешавад, мебошад.

    Боз расули Худо фармуд: Оё туро хабар надиҳам ба сарриштаи он корҳо? Ҳазрати Маъоз мегуяд: Бале хабарам кун эй расули Худо. Пас расули Худо (с) фармуд: Забонатро нигоҳдор. Маъоз мегуяд: Ҳамчун ҳайрат зада гуфтам: Эй расули Худо! Оё дар баробари суханони худҳам бозпурси ва ҳисобу китоб мешавем? Паёмбари Худо (с) фармуд: Оё чизи дигаре ба ғайр аз суханон ва забонҳояшон мардумро бар руйҳояшон ба оташи ҷаҳҳаннам меандозад?!.

    Пас ба чунин хулоса мерасем ки бузургтарин чизе ки сабаби бадбахтии инсон мегардад ин забон аст, чуноне ки базургтарин васила барои расидан ба хушбахтии дунё ва охират низ забон аст, Агар он дар ёди Аллоҳ таъоло истифода бурда шавад.

    Дар ҳадиси дигаре омада аст, ки бо ҳар як тасбиҳ дарахте дар биҳишт барои тасбиҳ гуянда шинонда мешавад. Пас бубин дар як рӯз чиқадар тасбиҳ мегуем! Ва то чи андоза бо худ меҳрубон ҳастем! Аз тасбиҳ гуфтани Аллоҳ таъоло забонҳои худро ба суханони беҳуда ва суханоне ки ягон фоидае надорад машғул месозем!.

    Беҳтарин тасбиҳ ин: Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ, Субҳоналлоҳи ал-азим, ва астағфируллоҳ аст.

    Чуноне ки Паёмбари Худо дар ҳадиси дигаре мефармояд:

    عن أبي هريرة قال: قال الرسول _ صلى الله عليه وسلم _: (كلمتان خفيفتان على اللسان، ثقيلتان في الميزان، حبيبتان إلى الرحمن: سبحان الله وبحمده، سبحان الله العظيم). رواه مسلم في كتاب الذكر والدعاء.

    Абуҳурайра (р) фармуд: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ду калимае аст, ки бар забон (гуфтанаш) сабук аст, ва дар тарозу вазбин аст (аҷру савобаш), ва дар назди Парвардигор дӯстдоштаанд, ки онҳо: Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ, Субҳоналлоҳи ал-азим” аст. Ин ҳадисро имом Муслим дар китоби зикр ва дуъо ривоят карда аст.

    Яъне: ин ду ҷумлае аст, ки гуфтанаш бо забон бисёр осон аст, ва савобаш дар рӯзи қиёмат вақто ки номаи бандагон дар тарозу гузошта мешавад ин ду калима бисёр вазни номаи гуяндаашро вазбин мекунад, ва аллоҳ таъоло ин ду ҷумларо бисёр дӯст медорад.

    Пас хушо бар ҳоли он касе ки забонаш ҳамеша дар ёди Парвардигораш ба ингуна зикрҳо мебошад.