×
Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ў расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ўро ба номи Тўшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин қасди диёри ў менамуданд, ҳамроҳ бо худ тўша намегирифтанд.

    УММИ САЛАМА

    أم سلمة رضي الله عنها

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО

    Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи

    2009 - 1430

    أم سلمة رضي الله عنها

    « باللغة الطاجيكية »

    د. عبد الرحمن رأفت باشا

    ترجمة : عبد الحليم عارفي

    2009 - 1430

    Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ў расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ўро ба номи Тўшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин қасди диёри ў менамуданд, ҳамроҳ бо худ тўша намегирифтанд.

    Ва шавҳари Умми Салама Абдуллоҳ ибни Абдуласад яке аз даҳ ёри биҳиштии собиқадорони ислом аст. Чун қабл аз вай ҷуз иддаи маҳдуде амсоли Абубакр ва ғайра, ки теъдоди ишон аз шумори ангуштони зиёд набуд, ба ислом сар нагузошта буданд.

    Номи аслии Умми Салама Ҳинд аст. Аммо кунияаш, ки Умми Салама аст, шўҳрат ёфтааст. Умми Салама ҳамроҳ бо шавҳараш имон овард ва дар радифи собиқадорони ислом қарор гирифтааст.

    Ҳамин ки хабари имон овардани Умми Салама ҳамроҳ бо шавҳараш дар миёни мардум паҳн шуд, хашму ғазаби Қурайш ба ҷўш омад ва оташи интиқом ва азоби худро ба онҳо фурў рехтанд. Вале бо васфи ин ҳама қасоват ва бераҳмие, ки дар бораи ин ду анҷом доданд, азму тасмими ишон дар идомаи ин роҳ тағйир наёфт ва бо истиқомат ва пойдори ба ин оин вафодор ва собитқадам монданд ва шакку тардид ҳаргиз дар хаёли онҳо нагузашт.

    Вақте азобу шиканҷаи Қурайш ба авҷи худ расид ва ҳазрати Расулуллоҳ (с) ба ёрони худ иҷозаи ҳиҷрат ба диёри Ҳабашаро дод, ин ду дар пешопеши онҳо қарор гирифтанд.

    Умми Салама ва ҳамсараш Абдуллоҳ Маккаро ба қасди диёри ҳиҷрат пушти сар ниҳоданд ва ҳама ному нишони зиндаги ва кошонаро ба қасди ризои Аллоҳ тарк гуфтанд ва роҳи худ ба сўи Ҳабаша дар пеш гирифтанд.

    Бо васфи он ки Умми Салама ва ҳамроҳонашон аз ҳимоят ва пуштибони Наҷоши, подшоҳи Ҳабаша бархурдор буданд ва дар паноҳи вай зиндагии ором ва осуда доштанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама оромиши дилаш ба қасди диёри маҳбубаш Макка сарзамини нузули ваҳй метапид ва аз набудани худ дар канори ҳазрати Расули Худо ин сарчашма ҳидоёти инсонҳо дар худ эҳсоси нороҳати менамуданд.

    Баъди хабарҳои мутавотири мабни бар ин, ки ба теъдоди мусалмонон дар Макка афзуда шуда ва ислом овардани Ҳамза ибни Абдумуталлиб ва Умар ибни Хаттоб бо шаъну шавкати мусалмонон афзуда ва андаке аз зулм ва истибдоди Қурайш коста шудааст, ба муҳоҷирине, ки Ҳабаша буданд, расид. Биноан бар ин дастаи аз онон қасди бозгашт ба Маккаро намуданд. Умми Салама ва ҳамсараш дар пешопеши ин ҷамъи бозгашткунандагон қарор доштанд. Аммо вақте ишон ба меҳани худ бозгаштанд, дарёфтанд, ки хабарҳое, ки дар ин хусус шунидаанд, чандон асосе надошта ва дар он муболиға карда шудааст ва зулму таъаддии Қурайш ба ҳамон паймонаи аввалиаш ҷараён дошта ва Ислом овардани Ҳамза ва Умар якбора ба душмании ин оин ва иноди Қурайш афзудааст.

    Аз ин рў, мушрикин дар азобу шиканҷаи мусалмонон ҳунарнамои намуданд ва бо шеваҳои аҷибе онҳоро дар динашон мавриди азияту озор қарор доданд, ки қаблан назири онро надида буданд.

    Дар чунин фурсат буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) барои асҳоб ва ёронаш иҷоза дод, то ба Мадина ҳиҷрат кунанд. Ва Умми Салама ва ҳамсараш тасмим гирифтанд, ки дар сафи аввалин ҳиҷраткунандагон қарор гиранд, то аз азияту озори Қурайшиён худро халос намоянд.

    Аммо ҳиҷрати Умми Салама, он тавре ки фикр мекард, кори саҳлу осон набуд. Балки ҳиҷрати вай аз сахттарин ҳиҷратҳо буд, ки шояд камтар кас чунин мусибат ва аламро дар ҳиҷрати худ дида бошад.

    Ва мо акнун риштаи суханро ба худи Умми Салама мегузорем, то худ саргузашти талху ногувори хешро, ки аз ғаму андўҳ аст ба мо ҳикоят намояд. Чун асос худаш нисбат ба ҳар асоси дигар дақиқтар ва балеғтар аст ва метавонад мавзўъро ҳамон тавре, ки буда, аст ба мо бозгў ва ҳикоят намояд.

    Умми Салама гуфт: Вақте Абу Салама – шавҳараш азми ҳиҷрат ба Мадина намуд, шутуреро ба ў омода сохт ва маро бар он савор намуд ва фарзандам Саламаро, ки тифли хурдсол буд, дар бағалам гузошт ва худ ҷилави шутур бигрифт ва бидуни кадом маътале ба роҳ афтод ва саъй бар он дошт, ки ҳарчи зудтар худро аз ин диёр берун созад.

    Ва қабл аз он ки аз Макка берун шавем, касоне аз Бани Махзум, ки ман худ аз он қабила будам, сари роҳамонро гирифта ва ба Абу Cалама гуфтанд: Агар ту худро аз дасти мо наҷот медиҳи, ин занро, ки марбути қабилаи мост, ба куҷо мебари? Ва мо ба чи далел туро иҷоза диҳем, ки ин занро бо худ гирифта ва ба диёри дур ва бегона бибари?!

    Баъд ишон бар вай ҳамла намуда ману тифламро ба шиддат аз дасти вай кашида гирифтанд.

    Вақте касон аз қабилаи ҳамсарам Бани Абдуласад ин ҳолатро диданд, ки қавм ману тифламро аз шавҳарам ҷудо сохтанд, ишонро ба ин ҳолат рашк омад ва сахт барошуфтанд ва гуфтанд: Қасам ба Худо, мо нахоҳем гузошт, ки ин тифл дар дасти шумо буда бошад, аз он ҷойе, ки падараш аз қабилаи мост, лизо тифлаш ба мо тааллуқ мегирад. Ва ин фарзанд азони мост ва мо ба гирифтани вай нисбат ба ҳар каси дигар

    ҳақдортарем.

    Баъд ба ман ҳамла бурда ва тифлам Саламаро аз дастам рабуданд ва бо худ бурданд ва дар тайи чанд лаҳза дидам, ки мо се танро ба ин тартиб аз ҳам ҷудо сохта ва чун саҳме дар ҷиҳати ҳар як аз онон тақсим шудем. Ва ман худро якка ва танҳо ёфтам. Ҳамсарам сўи Мадина фирор намуд. Ва фарзандам Бани Абдуласадро базўр аз ман рабуданд ва ман худ дар қабилаи хеш мисли асир мондам. Ва дар тайи чанд лаҳза дар миёни ману ҳамсарам ва фарзандам ҷудои афганданд.

    Аз ҳамин рўз сар карда ҳар субҳ ба ин саҳро мебаромадам ва дар он ҷое, ки ин ҳодиса сурат гирифта буд, ба шигифт меомадам ва ҳодисаи он рўзро пайваста ба хаёлам мегузаронидам. Ва ба рўзи сиёҳ ва бахти вожгуни худ ашк мерехтам, ки чи гуна дар зарфи чанд дақиқа дар миёни ману фарзандам ва ҳамсарам ҷудои афганданд. Ва пайваста дар он ҷо рўзи худро сипари мекардам, то онки сиёҳии шаб хайма мезад ва баъд ба ҷойгоҳи худ бармегаштам.

    Бо ин ҳол тақрибан як солро сипари кардам, то он ки рўзе гузари яке аз амакзодаҳоям бар ман афтод. Ва ин ҳолати зори маро дид, дилаш бароям сўхт ва бар ҳолам тараҳҳум намуд ва ба наздиконам гуфт: Чаро ин зани бечораро раҳо намекунед, ўро аз ҳамсар ва фаразандаш ҷудо кардед ва ин вазъро то чи вақт дар бораи вай раво медоре? Вай пайваста эҳсосот ва тараҳҳуми ононро нисбат ба ман ҷалб менамуд ва дилҳои ононро бо ҳарфҳои муассири хеш нарм месохт, то он ки бароям гуфтанд: Агар хоҳи, ки бо шавҳарат бипайванди,

    монеъе дар сари роҳи ту вуҷуд надорад.

    Аммо чи гуна бароям мумкин буд, ки ба шавҳарам бипайвандам, дар ҳоле, ки фарзандам дар Макка дар қабилаи Бани Абдуласад ба сар бибарад?!

    Бароям чи гуна мумкин аст, ки ғаму андўҳамро хомўш созам ва чашмамро аз ашк боз дорам ва ҷигаргўшаам дар Макка бошад ва аз аҳволи вай чизе надонам?

    Баъзе мардум чун ин ҳоли зори маро диданд, дилашон сўхт ва дар бораи фарзандам бо Бани Абдуласад хайрхоҳи карданд ва тараҳҳуми ононро нисбат ба ман ҷалб намуданд.

    Ҳамон буд, ки ишон фарзандам Саламаро ба ман доданд.

    Нахостам, ки дар Макка ба қасди ёфтани ҳамсафар ба сўи Мадина зиёд интизори бикашам ва аз он тарсидам, ки мабодо ҳодисаи тоза иҷод шавад, ки маро аз пайвастан ба шавҳарам дар Мадина боздоранд ва ба ин лиҳоз саъй намудам, ки ҳар чи зудтар худро барои сафар омода кунам. Ҳамон буд, ки бар шутури худ савор шудам ва тифламро дар оғўш гирифтам ва ба қасди Мадина аз Макка берун шудам. Ва аз ҳеҷ кас ҷуз Худованд дар ин сафар бо ман ҳамроҳ набуд ва якка ва танҳо ба роҳ афтодам.

    Ва чун ба Танъим расидам, бо Усмон ибни Талҳа рў ба рў шудам. Вай бароям гуфт:

    - Эй духтар, бетўша ба куҷо мехоҳи сафар куни?!

    Гуфтам: Мехоҳам назди шавҳарам, ба Мадина сафар кунам.

    Гуфт: Оё касе туро дар ин сафар ҳамроҳи мекунад?

    Гуфтам: На, ҷуз Худованд ва ин тифл, ки дар оғўшам дорам, дигар ҳеҷ яке бо ман ҳамсафар нест.

    Гуфт: Қасам ба Худо, ҳаргиз туро танҳо нахоҳам гузошт, то он ки туро дар Мадина нарасонам. Баъд зимоми шутурамро бигирифт ва ба роҳ афтод.

    Қасам ба Худо, ҳаргиз ба ҳеҷ яке аз мардони Араб ҳамроҳ нашудаам, ки каримтару шарифтар аз вай буда бошад. Вай вақте ба ҷое мерасидем шутурро мехобонд ва баъд худ ба гўшае мерафт, то он ки ман аз шутур фуруд меомадам, вакте аз шутур дуртар мерафтам, вай меомад ва борро аз шутур поён мекард ва шутурро дар дарахте мебаст. Ва баъд худ дур мерафт ва дар зери дарахте дуртар аз ман мехобид.

    Ва чун вакти сафар фаро мерасид, аз ҷой бармехост ва шутурамро барои ҳаракат омода месохт ва онро барои савориам мефиристод ва худ аз ман дур мешуд ва мегуфт:

    Шутурро савор шав ва чун бар шутур савор мешудам ва худро бар он баробар месохтам, меомад ва ҷилави шутурро мегирифт ва ба роҳ меафтод.

    Вай то вақте ки ба Мадина расидем, чунин мекард ва чун ба наздикии Мадина расидем ва қаряии Қубо, ки бани Амру ибни Авф дар он ба сар мебурд, ба чашмамон хўрд ва гуфт:

    Шавҳарат дар ин қария аст ва бо баракати Аллоҳ дар ин қария дохил шав ва баъд худ ба сўи Макка баргашт.

    Ин хонаводаи аз ҳам пошида баъд аз як фироқи тўлони дубора гирди ҳам ҷамъ омаданд ва чашмони Умми Салама бо дидани шавҳараш равшан шуд ва Абу Салама ба ёфтани зан ва фарзандаш хушҳол ва масрур гардид… ва рўзҳо пушти ҳам мегузашт ва ҳаводис пайи ҳам иҷод мешуд.

    Ҳодиса ва набарди рўзи Бадр фаро мерасид ва Абу Салама дар он ширкат мекунад ва солиму пирўзманд ҳамроҳ ба соири мусалмонон бармегардад.

    Ва баъд ҷанги Ухуд ба вуқуъ мепайвандад ва АбуСалама қаҳрамониҳои беназире аз худ нишон медиҳад, вале сахт маҷрўҳ мешавад. Ба табобати ҷароҳати худ мепардозад то он ки зоҳиран захмҳояш беҳбуди меёбанд, аммо аз дохил захмҳояш чирк мекунанд, саранҷом бар бистар меафтад.

    Ва дар асное, ки АбуСалама захмҳои худро муолаҷа мекунад, бар ҳамсараш мегўяд! Эй Умми Салама аз ҳазрати Расули Худо шунидам, ки мегуфт: Ҳеҷ якеро мусибате намерасад ва инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъунро дар вақти ин дуъо (Аллоҳума индака иҳтасабту мусибати ҳозиҳи, алллоҳума халифни минҳо хайран минҳо) намехонад, магар он ки Худованд дуъои вайро иҷобат намуда, барояш ивази беҳтар медиҳад… Яъне, эй Парвардигори ман, аҷри ин мусибати худро аз ту мехоҳам. Худоё, дар бадали ин мусибат ивази беҳтар аз он бароям бидеҳ.

    Абу Салама чанд рўзе дар бистари бемориаш сипари намуд ва дар яке аз рўзҳо ҳазрати Расули Худо (с) ба аёдати вай омад. Ҳанўз аз аёдати вай фориғ нашуда ва ба дарвозаи хонааш нарасида буд, ки Абу Салама падруди ҳаёт гуфт:

    Ҳазрати Расули Худо (с) бо ҳарду дастони муборакаш чашмони ўро бубаст ва чашми худ ба осмон баланд намуда гуфт:

    - Худоё, Абу Саламаро мағфират кун ва дараҷаи ўро дар зумраи муқарраб он баланд соз ва дар миёни бозмондагон дар аҳл ва фарзандаш ҷонишини беҳтар гузор.

    Ва ману ўро бибахшой, эй Парвардигори оламиён. Худоё, қабрашро васеъ ва мунаввар гардон.

    Аммо Умми Салама ин ҳадисро, ки Абу Салама аз ҳазрати Расули Худо (с) ривоят намуда буд, ба ёд овард ва гуфт: Аллоҳумма индака иҳтасабту мусибати ҳозиҳи.

    Аммо Умми Саламаро хуш наомад, ки ин дуоро комилан бихонад…

    Яъне, Худоё беҳтар аз онро бароям иваз деҳ. Зеро вай аз худ савол мекард, ки чи кас барои вай беҳтар аз Абу Салама шуда метавонад?

    Аммо дере бар вай сипари нашуда буд, ки Худованд такмили дуоро дар ҳаққи вай бидуни он ки ба он дуо кунад, ба вай ато намуд…

    Мусалмонон ба мусибати Умми Салама чунон ғамгин ва афсурда шуданд, ки то он дам ба мусибати ҳеҷ яке чунон ғамгин ва афсурда нашуда буданд. Ва бар вай лақаби беваи Араб гузоштанд.

    Чун мисли вай дар Мадина ҳеҷ яке чунин набуд, ки тифлҳои кўчаки бидуни сарпараст дар канор дошта бошад.

    Муҳоҷирин ва Ансор ҳар ду ҳаққи Умми Саламаро бар худ эҳсос намуданд. Вақте иддаои Умми Салама поён ёфт, ҳазрати Абубакри Сидиқ аз ў хостгори кард. Умми Салама

    хостгории ўро напазируфт…

    Баъд ҳазрати Умар ибни Хаттоб ба хостгории вай рафт. Вай хостгории Умарро низ рад кард.

    Сипас ҳазрати Расули Худо (с.) ба хостгории вай рафт.

    Умми Салама дар ҷавоб гуфт: Эй Расули Худо (с), дар ман се хислат ҷамъ аст. Ман зане ҳастам, ки сахт барошуфта мешавам. Аз он тарсам, ки аз ман чизеро бубини, ки хашми туро барорад ва Худованд маро ба он азоб кунад.

    Матлаби дуввум ин, ки ман дар синни миёнсоли қадам гузоштам.

    Ва матлаби саввум ин, ки ман зане ҳастам, ки фарзанд ва авлод дорам.

    Ҳазрати Расули Худо (с) фармуданд.

    - Аммо он чи, ки дар бораи қаҳр ва хашмат ёдовар шуди, аз Худованди азза ва ҷалла мехоҳам, ки онро аз ту дур кунад.

    Аммо он чи, ки аз солхўрдагии худ ёдовар намуди, ман низ чун ту солхўрда шудаам. Ва аммо он чи, ки аз фарзанд ва авлоди худ ёдовари намуди, масориф ва нафақаи онҳо бар дўши ман бод. Баъд Расули Аллоҳ (с.) бо Уми Салама издивоҷ намуд. Ва Худованд дуои он ҳазратро иҷобат кард. Ва Худованд ивази беҳтар аз шавҳарашро насиби вай сохт.

    Аз он рўз сар карда Ҳинди Махзуми дигар танҳо Салама набуда, балки модари ҳамаи мусалмонон шуд. Худованд рўҳи Умми Саламаро дар биҳишт шодобтар ва тозатар созад ва аз вай рози бод.