Сабр ахлоқи бузургест
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Сабр ахлоқи бузургест
الصبر خلق عظيم
<الطاجيكية>
Абдураҳмон. А
عبد الرحمن. أ
Сабр ахлоқи бузургест
Сабр, дар шариъат маънои нигоҳ доштани нафс дар анҷом додани коре ё дури ҷустан аз коре барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ таъолоро дорад.
Коре аст, ки анҷом доданаш мушкил аст, аммо дар анҷом доданаш розигии Аллоҳ таъоло ба даст меояд, пас инсони мусалмон барои ба даст овардани ризогии Парвардигораш дар анҷом додани он сабр мекунад, Ба монанди рӯзадори ки албатта инсони рӯзадор гурусна ва ташна мешавад ва муштоқи обу хурок аст, аммо барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ таъоло нафси худро аз обу хурок нигоҳ медорад, Инро мегӯянд: сабр дар анҷом додани коре барои ризогии Аллоҳ таъоло.
Инчунин коре аст, ки нафси инсон талабгори анҷом додани он аст, дар ҳоле ки Аллоҳ таъоло бандагонашро аз он манъ карда аст, Пас инсони мусалмон хоҳиши нафсашро, ки дар анҷом додани он кор аст барои ба даст овардани ризогии Парвардигораш нигоҳ медорад ва аз анҷом додани он кор худдори мекунад, Инро мегуянд: Сабр дар тарк кардани коре барои ризогии Аллоҳ таъоло.
Аллоҳ таъоло бандагони сабр кунандаашро подошҳои зиёде ваъда дода мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱصۡبِرُواْ وَصَابِرُواْ ٢٠٠﴾ [ال عمران: ٢٠٠]
“Эй касоне, ки имон овардаед, сабр кунед ва пойдорӣ ва истиқомат намоед”.
Сураи Оли Имрон 200
Дар ояти дигаре Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿إِنَّمَا يُوَفَّى ٱلصَّٰبِرُونَ أَجۡرَهُم بِغَيۡرِ حِسَابٖ ١٠﴾ [الزمر: ١٠]
“Ҳамоно музди (савобу аҷри) сабр кунандагон бешумор дода мешавад”.
Сураи Зумар 10
Инчунин дар бораи касоне, ки дар муқобили дигарон сабр мекунанд ва аз гуноҳони дигарон мегузаранд мефармояд:
﴿وَلَمَن صَبَرَ وَغَفَرَ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمِنۡ عَزۡمِ ٱلۡأُمُورِ ٤٣﴾ [الشورى: ٤٣]
“Ҳароина он ки сабр кунад ва биёмурзад, ҳамоно ин кор аз ҷумлаи корҳои писандида аст”.
Сураи Шуро 43
Аллоҳ таъоло дар ояти дигаре муҳаббаташро нисбати сабркунандагон иброз намуда мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱسۡتَعِينُواْ بِٱلصَّبۡرِ وَٱلصَّلَوٰةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٣﴾ [البقرة: ١٥٣]
“Эй касоне, ки имон овардаед ёри биҷӯед (аз Аллоҳ таъоло) ба сабру намоз, ки ҳамоно Аллоҳ таъоло бо сабр кунандагон аст”.
Сураи Бақара 153
Аллоҳ таъоло бандагонашро дар ин дунё ба мусибатҳои гуногун гирифтор мекунад, то инки сабркунандагон аз бесаброн дар роҳи Аллоҳ таъоло маълум шаванд.
Чуноне мефармояд:
﴿وَلَنَبۡلُوَنَّكُمۡ حَتَّىٰ نَعۡلَمَ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ مِنكُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ ٣١﴾ [محمد : ٣١]
“Ҳароина шуморо озмоиш мекунем, то муҷоҳидон ва сабркунандгони шуморо бидонем”.
Сураи Муҳаммад 31
Инчунин мефармояд:
﴿وَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٥﴾ [البقرة: ١٥٥]
“Ҳамоно шуморо ба чизе аз тарсу гуруснаги ва камии молҳо ва ҷонҳо ва меваҳо озмоиш мекунем ва башорат бидеҳ сабркунандагонро”.
Сураи Бақара 155
Сабр яке аз бузургтарин ахлоқи паёмбарони Худо ва бандагони дӯсти Аллоҳ таъоло мебошад, Чун агар ба зиндагиномаи онҳо нигарем мебинем ки ба мусибатҳои зиёде рубару мешуданд, ва ба азобҳои гуногун аз ҷониби душманонашон гирифтор мешуданд, аммо бо сабру таҳаммулашон Аллоҳ таъоло онҳоро дар муқобили душманонашон пирӯз гардонда ва соҳиби иззату шарафашон мегарадонд. Чун ваъдаи Аллоҳ таъолост ки касе барои ба даст овардани ризогии ӯ сабр кунад, ӯро муваффақ гардонида ва роҳи сабрро барояш осон мегардонад.
АбуСаъиди Худри (р) ки яке аз асҳоби бузурги Паёмбари Худо(с) буд дар ҳадисе аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуданд:
عن أبي سعيد سعد بن مالك بن سنان الخدري – رضي الله عنهما - : أن أناسا من الأنصار سألوا رسول الله – صلى الله عليه وسلم – فأعطاهم, ثم سألوه فأعطاهم, حتى نفد ما عنده, فقال لهم حين أنفق كل شيء بيده:" ما يكن عندي من خير فلن أدخره عنكم, ومن يستعفف يعفه الله, ومن يستغن يغنه الله, ومن يتصبر يصبره الله, وما أعطي أحد عطاء خيرا و أوسع من الصبر" متفق عليه .
Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки гуруҳе аз ансор аз Паёмбари Худо чизе дархост карданд, Паёмбари Худо (с) ҳоҷаташонро барояшон дод, боз суол намуданд, боз ҳоҷаташонро бароварданд, то ин ки ҳамаи он чи ки наздашон буд тамом шуд, баъд аз онки ҳама ончики ки дар дасташон буд барояшон доданд фармуд: Агар моле дар дастам бошад онро аз шумо дареғ намедорам ва ҳар касе талаби иффат кунад Аллоҳ таъоло ӯро бо иффат ва парҳезгор мегардонад ва касе ки худашро бениёз нишон бидиҳад Аллоҳ таъоло ӯро доро ва бениёз мегардонад ва ҳаркас, ки худро ба сабр водорад Аллоҳ таъоло ба вай тавфиқи сабр медиҳад ва барои ҳеҷкас бахшиш ва атое беҳтар ва васеътар аз сабр дода нашудааст". Муттафақун алайҳи.
Дар ҳадиси дигаре Паёмбари Худо (с) дар бораи мусалмони бо имон мефармояд:
عن أبي يحي صهيب بن سنان – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -:" عجبا لأمر المؤمن إن أمره كله خير, وليس ذلك لأحد إلا للمؤمن: إن أصابته سراء شكر فكان خيرا له, وإن أصابته ضراء صبر فكان خيرا له" رواه مسلم.
Аз Суҳайб писари Синон ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: "Ҳоли муъмин инсонро ба тааҷҷуб вомедорад, зеро ҳамаи ҳолаташ барои ӯ хайр аст ва ин амр барои ҳеч кас, ҷуз муъмин муяссар нест. Агар ба вай фарохи ва осони руй диҳад, шукр кунад ва ин барояш хайр аст ва агар ба ӯ мушкили пеш ояд, сабр кунад ин ҳам барояш хайр аст". Муслим
Аз меҳрубонии Аллоҳ таъоло барои бандагони дӯстдоштааш ин аст, ки онҳоро ба мушкилоте рубару мегардонад то инки сабр кунанд ва соҳиби аҷру савоб ва ҷаннати Парвардигорашон гарданд.
Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) мефармояд:
عن أبي سعيد و أبي هريرة – رضي الله عنهما – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "ما يصيب المسلم من نصب ولا وصب ولا هم ولا حزن ولا أذى ولا غم, حتى الشوكة يشاكها إلا كفر الله بها من خطاياه" متفق عليه .
Аз Абусаъид ва Абуҳурайра (р) ривоят шуда ки Паёмбари Худо (с) фармуд: "Ҳеҷ хастаги ва касали, ва ғаму андуҳ ва озору шиканҷа ба мусалмон намерасад, ҳатто хоре ки ба пояш мехалад магар инки аллоҳ таъоло дар баробари он гуноҳонашро мебахшад".
Муттафақун аъалайҳи.
Пас ба мусибат гирифтор шудани мусалмон раҳмат ва хайре аз ҷониби Аллоҳ таъоло барои ӯст, то инки сабр кунад ва соҳиби савоби бузурге гардад.
Дар ҳадиси дигаре мефармояд:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "من يرد الله به خيرا يصب منه" رواه البخاري .
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст ки Паёмбари Худо фармуд: "Касе, ки Аллоҳ таъоло ба ӯ хайр бихоҳад ӯро ба мусибате гирифтор месозад". Бухорӣ
Пас ба чунин хулоса мерасем, ки мусалмони бо имон ва инчунин мусалмони қави ҳамон касе аст, ки дар ҳангоми ғазаб ва мусибат сабр карда ва розигии Аллоҳ таъолоро талаб кунад, чуноне Паёмбари Худо (с) мефармояд:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم قال: "ليس الشديد بالصرعة, إنما الشديد الذي يملك نفسه عند الغضب" متفق عليه.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо фармуданд: "Қувватманд касе нест ки зурозмо ва мубориз бошад, балки қувватманд касе аст, ки ҳангоми ғазаб бар нафси хеш зимомдор ва бартари дошта бошад". Муттафақун алайҳи.
Аллоҳ таъоло мо бандагони заъифатро аз ҷумлаи сарбкунандагони дар роҳи худ бигардон.