×
Яке аз суннатҳои моҳи Рамазон барвақт ифтор намудан аст. Паёмбар (с) мефармояд: «То замоне, ки мардум барвақт ифтор менамоянд, дар хайру хубӣ ҳастанд».Муттафақун алайҳ аст. Ин мақола дар бораи ифтор ва дар кадом вақт ифтор кардан хуб аст сухбат мекунад

    ИФТОРИ МОҲИ

    Р А М А З О Н

    إفطار شهر رمضان

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Муаллиф: Абдушарифи Боқизода

    2009 - 1430

    إفطار شهر رمضان

    « باللغة الطاجيكية »

    مؤلف : عبد الشريف باقي زادة

    2009 - 1430

    ИФТОРИ МОҲИ

    Р А М А З О Н

    Яке аз суннатҳои моҳи Рамазон барвақт ифтор намудан аст. Паёмбар (с) мефармояд: «То замоне, ки мардум барвақт ифтор менамоянд, дар хайру хубӣ ҳастанд».Муттафақун алайҳ аст.

    Таъҷил намудан дар ифтор ва пеш аз намоз кушодани рўза аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад. Барои рўзадор хуб аст, ки бо хурмои тоза (рутаб) ва агар муяссар набошад, бо хурмои хушк (тамр) ифтор намояд. Агар он ҳам муяссар нагардад, бо об ва ё ҳар мева ва нўшобаи дигаре ифтор намояд.

    Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) пеш аз он ки намози шомро бихонад, бо чанд хурмои тозае ифтор мекард. Агар хурмои тозае пайдо намешуд, бо чанд хурмои хушк ва агар он ҳам пайдо намешуд, бо ҷуръаи обе ифтор мекард».Сунани Абудовуд, 2356. Сунани Тирмизӣ, 696.

    Баробари фурў нишастани офтоб кушодани рўза мустаҳаб ва ба таъхир андохтани он макрўҳ мебошад.

    Аз Паёмбар (с) тавсияҳои зиёде дар таъҷили ифтор ворид гардидааст. Саҳобагони киром ва бузургони дин ҳама ба ин суннати Расули Худо (с) амал кардаанд.

    Умар (р) дар даврони хилофати худ ба амирону коргузоронаш менавишт, ки: «Дар бораи ифторатон ба ифрот роҳ надиҳед ва намозатонро то чашмак задани ситораҳо ба таъхир наандозед».

    Муҷоҳид мегўяд: «Ман вақте ифтори Ибни Умар (р)-ро меовардам, аз мардум шарм медоштам ва рўи онро мепўшондам».

    Алӣ (р) ба Ибни Нубоҳ мегуфт: Офтоб нишаст? Ў мегуфт: Шитоб накун. Боз мепурсид: Офтоб нишаст? Ҳамин, ки мегуфт: Оре, дарҳол ифтор мекард, он гоҳ фаромада, намози шомро мегузошт.

    Дуъои ифтор

    Аз Расули Худо (с) дуъоҳое ба ҳангоми ифтор ривоят шудааст, ки шахси рўзадор хуб аст рўзаашро бо баракоти онҳо пурбор намояд. Ибни Умар (р) мегўяд, вақте Паёмбар (с) ифтор мекард, мефармуд: «Заҳабаззамаъу вабталлатил ъуруқ ва сабатал аҷру ин шоаллоҳ», (Ташнагӣ аз байн рафт, рагҳо сероб шуданд ва ин шоаллоҳ, аҷр ҳам собит шуд). Сунани Абудовуд, 2357. Мустадраки Ҳоким, 1576, љ. 2, с

    Аз он Ҳазрат (с) боз ривоят шудааст, ки мегуфт: «Дуъои рўзадор ҳангоми ифтор (рад карда намешавад): Аллоҳумма иннӣ асъалука бираҳматика-л-латӣ васиъат кулла шайъин ан тағфира лӣ зунубӣ», (Худоё, Туро ба он раҳматат, ки тамоми чизро фаро гирифтааст, мепурсам, ки гуноҳонамро барояммағфират намоӣ). Сунани Ибни Моҷа, 1753. Мустадраки Ҳоким, 1575, љ. 2, с.

    Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) ҳангоми ифтор мегуфт:

    «Аллоҳумма лака сумту ва ъало ризқика афтарту», (Худоё, барои Ту рўза доштам ва бар ризқи Ту ифтор менамоям). Сунани Абудовуд, 2358.

    Расули Худо (с) агар дар хонаи касе ифтор мекард, барои соҳиби таъом ва аҳли он хона дуъо мекард: «Афтара ъиндакуму-с-соимун ва акала таъомакумул аброр ва саллат ъалайкумул малоика» (Ҳамеша дар назди шумо рўзадорон ифтор намоянд, таъоматонро

    некон ва покон бихўранд ва бар шумо фариштагон дуруд фиристанд) Сунани Абудовуд 3854.