×
1- Ҳукми ҷашн ва маросим гирифтан барои шаби нимаи шаъбон. 2- Ҳукми эҳтифоли шаби исро ва меъроҷ

    Бидъатҳое дар моҳи Шаъбон

    بدع شهر شعبان

    < الطاجيكية >

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    إعداد: محمد عزيز رجب

    —™

    Бидъатҳое дар моҳи Шаъбон

    Ҳукми ҷашн ва маросим гирифтан барои шаби нимаи шаъбон.

    Сипос Худое, ки динро барои уммат такмил намуд ва неъматро бар мо ба итмом расонд ва дуруд ва салом бар паёмбар ва расули Ӯ, паёмбари тавба ва раҳмат.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾ [المائ‍دة: ٣]

    {Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам, неъмати хешро бар шумо ба итмом расонидам ва Исломро ба унвони оини Худо писанд барои шумо бар гузидам}.

    (Сураи Моида:3).

    Ва низ мефармояд:

    ﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ ٢١﴾ [الشورى: ٢١]

    {Шояд барои онон анбозҳо ва маъбудҳоеанд барои эшон динеро падид овардаанд, ки Худо бад-он иҷоза надодааст}.

    (Сураи Шуро:21)

    Ва дар Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (р.з) ривоят шудааст, ки паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:

    «Ҳар кас дар дини мо чизе эҳдос ва ба вуҷуд оварад, ки аз дин набошад, бар ӯ мардуд аст».

    Ва дар саҳеҳи Муслим аз Ҷобир разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки паёмбар дар хутбаи ҷумъа мефармуд:

    «Беҳтарин сухан китоби Худост ва беҳтарин ҳидоят, ҳидояти Муҳаммад аст ва бадтарин умур бидъатҳои он мебошад ва ҳар бидъате залолат ва гумроҳӣ аст».

    Ва дар ин бора ҳадисҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки сароҳатан далолат дорад бар ин, ки Худованд динро барои ин уммат комил ва неъмати хешро бар он такмил намуда ва паёмбарро ба ҷивори худ фаро нахонд, то ин ки паёми расо ва ошкори хешро таблиғ ва адо кард ва тамоми ақвол ва афъоле, ки Худованд барои уммат ташреҳ карда буд, барои уммат баён кард.

    Ва тавзеҳ ва табйин намуд, ки он чӣ мардум баъд аз ӯ ақвол ва ё афъолеро, ки ба вуҷуд меоваранд ва ба дин ва ислом нисбат медиҳанд, ҳама бидъат мебошанд ва бар касе, ки онро ба вуҷуд овардааст радшуда аст, гарчӣ қасди баде надошта бошад. Ва ёрони паёмбар ва низ уламои ислом баъд аз онҳо ин амрро фаҳмиданд, пас бидъатҳоро инкор намудаанд ва аз он дурӣ ҷустанд, ҳамчуноне ки тамоми касоне, ки дар азамати суннат ва инкори бадъат, монанди ибни Ваззоҳ, Тартушӣ ва Абӣ Шома, ғайра даст ба таълиф задаанд, онро зикр намуданд. Ва аз ҷумла бидаътҳое, ки бархе аз мардум ба вуҷуд овардаанд: Бидъати ҷашн ва маросим гирифтани шаби нимаи моҳи шаъбон аст ва ихтисос додани рӯзи нимаи моҳи шаъбон ба рӯза мебошад ва далели қобили эътимоде ҳам бар ҷавози он вуҷуд надорад ва дар фазилати он, аҳодиси заифе ворид гаштааст, ки эътимод ва такя бар онҳо раво нест ҳамчуноне, ки бисёре аз доноён гуфтаанд, ки тамоми аҳодисе ки дар заминаи намози шаби нимаи шаъбон ворид гашта, ҳама мавзӯъ мебошанд ва баъзе аз назариёти онон зикр хоҳад шуд, иншааллоҳ.

    Ва осоре низ аз иддаи уламои салафи Шом ва ғайра дар ин бора вуҷуд дорад он чӣ ки ҷумҳури уламо бар он иҷмоъ кардаанд ин аст, ки эҳтифол ва ҷашни ин шаб бидъат аст ва аҳодиси ворида дар фазилати он ҳама заъиф ва бархе ҳам мавзӯъ мебошанд ва аз ҷумла касоне онро ёдоварӣ намуда ва ба он пардохта аст, ҳофиз ибни Раҷаб дар китоби хеш ба номи (Латоифул маъориф) мебошад: Аҳодиси заиф ҳамоно дар ибодоте бад-онҳо амал мегардад, ки асли онҳо бо адиллаи саҳеҳ собит шуда бошад, аммо ҷашн ва маросим гирифтани шаби нимаи шаъбон дорои асл ва пояи дурусте нест, то ин ки аҳодиси заъиф ба онҳо рабт дода шавад ва бад-онҳо амал гардад.

    Имом Абӯбакри Тартушӣ раҳимаҳуллоҳ дар китоби хеш ба номи (Алҳавадис вал бидаъ) гуфта аст:

    Ибни Ваззоҳ аз Зайд ибни Аслам ривоят кардааст, ки Зайд гуфтааст: Мо бо ҳеҷ кадом аз бузургон ва фуқаҳои хеш, ки ба нимаи шаъбон таваҷҷӯҳ ва илтифот намуда бошанд, бархурд накардаем ва ба ҳадиси Макҳул илтифот наварзидаанд ва барои шаби нимаи шаъбон фазилате бар соири шабҳо қоил нестанд.

    Ба ибни Абималика гуфта шуд, ки Зайди Намирӣ мегӯяд: Савоб ва аҷри шаби нимаи шаъбон монанди аҷр ва савоби шаби қадр мебошад.

    Ибни Абималика гуфт:

    Агар ин суханро аз ӯ мешунидам ва асое дар даст медоштам, ӯро бо асо мезадам ва Зайди Намирӣ қиссагӯ будааст.

    Ва имом Шавконӣ дар (Фавоидул маҷмӯъа) мегӯяд:

    Ҳадиси: «Эй Алӣ ҳар касе дар шаби нимаи шаъбон сад ракъат намозро ба ҷой оварад ва дар ҳар ракъат даҳ бор фотиҳатул китоб ва қул ҳуваллоҳ-ро бихонад, Худованд ҳама ниёзҳоро барои ӯ қазо менамояд… то охир…….».мавзӯъ аст ва дар алфози ҳадис, ки ба миқдори найли фоъили он ба савоб тасреҳ дорад, ҳар инсоне, ки дорои ташхисе бошад дар мавзӯъ бидуни он ба худ шак роҳ намедиҳад ва риҷоли ҳадис низ маҷҳул мебошанд ва аз тариқи дуввум ва саввум низ ривоят шудааст, ки ҳама мавзӯъ ва ровиёни он низ маҷҳуланд.

    Ва Шавконӣ дар (Мухтасар) мегӯяд:

    Ҳадиси намози нимаи шаъбон ботил аст ва ибни Ҳиббон ҳадиси Алӣ: «Агар шаби нимаи шаъбон дарояд, шабашро бо намоз гузаронед ва рӯзашро бо намоз гузаронед»-ро заъиф донистааст.

    Ва дар (Аллаолӣ) мегӯяд:

    «Сад ракъат намоз дар нимаи шаъбон бо сураи ихлос даҳ маротиба».

    (Ин ҳадис) бо тӯлонӣ будани фазилати он мавзӯъ аст ва бештари ровиёни он дар туруқи сегона маҷҳул ва заъифанд.

    Ва гуфтааст ҳадиси «Дувоздаҳ ракъат намоз дар нимаи шаъбон бо сураи ихлос сӣ маротиба» мавзӯъ аст.

    Ва ҳадиси «Чаҳордаҳ ракъат» низ мавзӯъ аст.

    Ва гурӯҳе аз фуқаҳо монанди соҳиби «Эҳёи улумуддин» ва дигар муфассирин бо ин ҳадис иғфол шудаанд.

    Намози шаби нимаи шаъбон ба суратҳои мухталифе ривоят шудааст, ки ҳамаи онҳо ботил ва мавзӯъанд ва ин бор ривояти Тирмизӣ аз ҳадиси Оиша барои рафтани паёмбар ба Бақеъ ва нузули Худованд дар шаби нимаи шаъбон ба осмони дунё ва ин, ки Худованд бештар теъдоди пашм ва мӯи гӯсфандони банӣ Калб меомӯрзад мунофот надорад. (Мабнӣ бар ин, ки ҳадиси Оиша дорои заъф ва инқитоъ аст). Зеро баҳс ва сухан дар мавриди намоз мавзӯъа дар ин шаб мебошад. Ҳамчунон, ки ҳидиси Алӣ, ки баҳси он гузашт, дар мавриди қиёми он шаб аст, бо ин ки дорои заъф мебошад, бинобар он чӣ баён намудем, мунофии мавзӯъ будани ин намоз нест.

    Ва Ҳофизи Ироқӣ гуфтааст:

    Ҳадиси намози нимаи шаби шаъбон бар расули Худо вазъ ва бар ӯ ҷуъл шудааст.

    Ва имом Нававӣ дар китоби Маҷмӯъ мегӯяд:

    Намози маъруф ва машҳур намози рағоиб, ки дувоздаҳ ракъат миёни мағриб ва ъишо, ки дар шаби аввалини ҷумъаи моҳи раҷаб аст ва намози шаби нимаи шаъбон, ки сад ракаъат аст. Ин ду намоз бидъатҳои норавоянд, набояд бо зикри онҳо дар китоби «Қувватул қулуб» ва «Эҳёу улум» ва ҳадиси мазкур дар бораи онҳо иғфол ва фиреб хурд, тамоми инҳо ботиланд ва ба касе аз аимма ҳам, ки ҳукми ин ду намоз бар вай муштабеҳ шуда ва сифаҳотеро истиҳбоби онҳо нигошта аст дучори ғафлат нагардид зеро ӯ дар ин бора иштибоҳ кардааст.

    Ҳукми эҳтифоли шаби исро ва меъроҷ

    Муаллиф: Шайх Абдулазиз ибни Боз раҳматуллоҳи алайҳ.

    Тарҷумон: Абуабдуллоҳ Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммади Дабирӣ раҳматуллоҳи алайҳ .

    Ситоиш хосси Худованд аст ва дуруду салом бар расули Худо ва бар олу ёрони ӯ.

    Аммо баъд: Бегумон исро ва меъроҷ аз нишонаҳои бузурги гувоҳӣ бар сидқи расули Худо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва азамати манзалати вай назди Худованд мебошад. Ҳамчунон ки нишонаҳое бар қудрати бошукӯҳ ва бартарии Худованд бар тамоми офаридаҳои хеш мебошад. Худованд дар ин бора мефармояд:

    ﴿سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١﴾ [الاسراء: ١]

    {Тасбеҳ ва тақдис Худоеро, ки бандаи худро шабе, аз масҷидулҳаром ба масҷидулақсо бурд, ки гирдогирдашро пурбаракот сохтаем. Бархе аз нишонаҳои худро ба ӯ бинамоёнем ва Ӯ шунаво ва биност}.

    (Сураи Исро: 1)

    Ва мукарраран (такроран) аз пайёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки ӯ ба осмонҳо уруҷ дода шуд ва абвоби осмонҳо бар вай кушода шуд, то ин ки аз осмони ҳафтум гузашт ва Худованд бо он чӣ, ки хост бо вай сухан гуфт ва намозҳои панҷгонаро бар вай фарз намуд ва Худованд дар ваҳлаи аввал панҷоҳ намозро бар вай фарз намуд ва пайваста паёмбари мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Ӯ муроҷиат менамуд ва аз Ӯ дархости тахфиф (сабукӣ) мекард, то ин ки онро ба панҷ фарз расонд, аз лиҳози фарз ва воҷиб будан, панҷ фарзанд ва аз лиҳози аҷру подош панҷоҳ мебошанд. Чун кори ҳасана ду баробар подош дода мешавад. Ҳамд ва шукр барои Худованд бар тамоми неъматҳое, ки ба мо ато намудааст.
    Ва ин шаберо, ки исро ва меъроҷ дар он анҷом гирифтааст, дар аҳодиси саҳеҳа муайян ва мушаххас нашудааст ва ҳар он чӣ, ки дар таъйини он ворид шудааст, аз назари аҳли илм ба ҳадис, аз паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам собит нашудааст. Худовандро дар фаромӯшӣ ва нисёни ин шаб фалсафаи ҳикмати амиқе аст ва агар фаразан собит ва муайян ҳам мешуд, ҷоиз набуд, ки мусалмонон ба ибодате махсус намоянд. Зеро паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёрони вай дар он ҷашн ва маросим нагирифтаанд ва онро ба чизе ихтисос надодаанд ва агар чунончӣ эҳтифол ба он чиз машрӯъ мебуд, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро бо суннати қавлӣ ва амалии худ барои умматаш табйин (баён) мекард ва агар маълум мешуд ва шӯҳрат меёфт ва саҳоба, ки тамоми ончиро, ки барои уммат лозим буда, аз паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дар чизе кӯтоҳӣ ва қусур нанамудаанд ва ҳатман онро низ барои уммат нақл мекарданд ва ё худ дар анҷоми он сабқат мегирифтанд ва агар таъзим ва гиромидоштӣ ин шаб ҷузъи дини ислом мебуд, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз он ғафлат намеварзид ва онро китмон наменамуд. Пас чун ҳеҷ кадом аз мавориди мазкур набуда маълум мегардад, ки эҳтифол дар он рабте ба ислом надорад ва Худованд динро барои уммат комил намуда ва неъматро бар онон такмил (комилу пурра) кардааст ва касе, ки ғайри маъзунро дар дин ба вуҷуд оварад, мавриди накӯҳиш қарор додааст ва Худованд дар китоби мубини худ мефармояд:

    ﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾ [المائ‍دة: ٣]

    «Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам, неъмати хешро бар шумо ба итмом расонидам ва Исломро ба унвони оини Худописанд барои шумо баргузидам».

    (Сураи Моида: 3)

    Ва дар сураи Шуро мефармояд:

    ﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةُ ٱلۡفَصۡلِ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ٢١﴾ [الشورى: ٢١]

    {Шояд онон анбозҳо ва маъбудҳое доранд, ки барои эшон динеро падид овардаанд, ки Худо бадон иҷоза надодааст. Агар ин сухан қотиъона ва доварона набуд, миёнашон доваре мегардид қатъан ситамгарон азоби дардноке доранд}.

    (Сураи Шуро: 21)

    Аз паёмбари Худованд дар аҳодиси саҳеҳа дурӣ гузидан аз бидъатҳои мусаллам шудааст ва тасреҳ ба ин, ки гумроҳӣ ва залолат мебошад, то уммат бар хатари бузурги он огоҳ шаванд ва аз иртикоб ба он нафрат намоянд.

    Аз ҷумла дар саҳеҳайн (саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим) аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят шудааст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:

    "من أحدث في أمرنا هذا ما ليس منه, فهو رد" ( أخرجه البخاري و مسلم)

    «Ҳар кас дар дини мо чизе эҳдос ва ба вуҷуд оварад, ки аз дин набошад бар ӯ мардуд аст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
    Ва дар ривояте аз Муслим (омадааст):

    » مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ» (رواه مسلم)

    «Касе амалеро иҷро кунад, ки он амал мувофиқи амри мо нест, пас он амал номақбул аст». (Ривояти Муслим)

    Ва дар саҳеҳи Муслим аз Ҷобир разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки паёмбар дар хутбаи ҷумъа мефармуд:

    "Беҳтарин сухан китоби Худованд аст ва беҳтарин ҳидоят(роҳнамои) ҳидояти Муҳаммад аст ва бадтарин умур бидъатҳои он мебошад ва ҳар бидъате залолат ва гумроҳи аст"

    Ва дар сунан аз Ирбоз ибни Сория разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам маро панди расое дод, ки дилҳо аз он бимнок шуд ва чашмҳо аз он гиристанд, гуфтем: Эй расули Худо мисли ин, ки мавъизаи Худо ҳофизӣ аст, пас моро васият намоед ва фармуд:

    "Шуморо ба тақвои Худо ва гуш фаро додан ва итоъат тавсия менамоям, агарчӣ бардае бар шумо иморат намояд, агар ҳар каси аз шумо зинда бимонад ихтилофи фаровонеро хоҳад дид, пас бар шумост, ки ба суннати ман ва хулафои рошидини ҳидоятёфтагон баъд аз ман чанг занед ва аз бидъатҳо дури кунед, ҳар амали ба вуҷуд омадае бидъат аст ва ҳар бидъат низ гумроҳи аст."

    Бар ҳазар доштан аз бидъатҳо ва тарсондан аз он, аз саҳоба тобеъин ба субут расидааст. Зеро зиёдат дар дин ва эҷоди шаръи ғайри маъзун ва худро ба ранг ва чеҳраи яҳудӣ ва насоро, шох ва барг изофа намудан ба дин аст ва бидъат дар дин ва издиёд дар он ба ин маъно аст, ки дин дорои нуқс аст ва баъд аз камол иттиҳом ба нуқс мегардад.

    Ва маълум аст, чи фасоди бузург ва зиште ба бар меоварад ва чӣ таноқузе бо ояи: (Имрӯз дини шуморо комил гардонидам) ва аҳодиси ошкор ҳазар ва нафрат аз бидъат дорад.

    Ва умедворам далоилеро, ки дар радди ин бидъат (эҳтифоли шаби меъроҷ) зикр кардаем, барои толиби ҳақиқат кофӣ ва қонеъкунанда бошад.

    Ва чун панд ва дилсӯзӣ бар мусалмонон ва баёни оини динӣ ва таҳрими китмони илм аз ҷониби Худованд бар мо воҷиб гаштааст, лозим дидам, то бародарони мусалмонамро бар ин бидъат, ки дар бисёри шаҳрҳо ва мамолик густариш ёфта ва иддае гумон бурдаанд, ки амри динӣ аст, огоҳ ва бедор намоям ва аз Худованд мехоҳам, ки аҳволи тамоми мусалмононро ислоҳ намояд ва дарки динро ба онон арзонӣ бидорад ва мо ва ононро барои тамассук ба ҳақ ва субот бар он ва тарки он чӣ мухолифи ҳақ аст тавфиқ диҳад.