×
Мақола дар бораи хусусиятҳои як мураббии муваффақ суҳбат мекунад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми панҷум:

    Хусусиятҳои як мураббии муваффақ

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الخامس: خصائص المربي الموفق

    < الطاجيكية >

    Ҳақназаров Тоҳир

    حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми панҷум:

    Хусусиятҳои як мураббии муваффақ

    Бояд донист, ҳарчанд камоли башарият фақат барои Ра­сули Худост, аммо чанд хусусиятҳои асосӣ ҳастанд, ки ҳар гоҳ шахси мураббӣ худро ба онҳо наздик ва пероста созад, мусалламан дар кори тарбиятӣ барои ӯ кӯмаки муассире хо­ҳанд шуд. Бинобар ин, инсон бо тамоми қудрату тавони худ талош мекунад, то он сифатҳоро дошта бошад ва пайваста дар ҳифзу нигаҳдории онҳо бикӯшад, то ин ки соҳиби ахло­қи хубу писандида ва сифатҳои ситуда бирасад ва саранҷом дар назари насли ҷавон ба унвони як мураббии намуна ва сармашқи мавриди назар ба ҳисоб ояд.

    Инак баёни порае аз ин хусусиятҳое, ки мураббӣ мекӯ­шад онҳоро дошта бошад:

    Ҳилм ва виқор

    Дар ривоятомадааст, ки Расули Худо (с) ба Ашаҷҷи Абдулқайс фармуданд:

    «Бегумон дар вуҷуди ту ду хислат ҳаст, ки Худованд он­ҳоро дӯст дорад ва он ду иборатанд аз ҳилм ва виқор».

    Акнун достони бисёр ҷолиберо баён мекунем, ки аз аҳаммияти ҳилму бурдборӣ ва оромию виқор дар сохтори ахлоқи насли ҷадид ҳикоят мекунад. Ривоят аст, ки Абдул­лоҳ ибни Тоҳир гуфт: «Рӯзе назди Маъмун будам, яке аз хид­матгорони худро нидо кард: «Эй ҷавон!» Аммо касе ҷавобаш­ро надод. Бори дуюм нидо карду фарёд намуд: «Эй ҷавон!» Ногаҳон як ҷавони турк ворид шуд, дар ҳоле ки мегуфт: «Чӣ хабар аст? Оё ғулом ҳақ надорад, чизе бихӯрад ва бинӯшад? Ҳар вақте аз ин ҷо берун меравем, фавран фарёд мекашӣ. «Эй ғулом, эй ғулом!» Охир чӣқадар «эй ғулом, эй ғулом мегӯӣ?» Абдуллоҳ мегӯяд: «Маъмун бо хорӣ муддати зиёд сарашро ба зер афканд ва ман гумон бурдам ҳозир ба ман дастур меди­ҳад, ки гарданашро бизанам. Сипас, ба ман нигоҳ карда, гуфт: «Эй Абдуллоҳ! Вақте ахлоқи мард хуб бошад, ахлоқи хидматгоронаш бад мешавад ва мо наметавонем ба хотири ин, ки ахлоқи хидматгорони худро хуб кунем, ахлоқи хешро бад намоем».[1]

    Мудоро кардан ва дурӣ ҷустан
    аз дуруштиву сахтдилӣ

    Дуюмин хислате, ки шахси мураббӣ мекӯшад ба он даст ёбад, нармиву мудоро кардан бо дигарон ва парҳез аз ду­руштгӯиву сахтдилӣ нисбат ба онон аст.

    Чунонки омадааст, Расули Худо (с) фармуданд:

    «Худованд Меҳрубон аст ва меҳрубониву мадороро дӯст медорад ва он чиро, ки ба лутфу меҳрубонӣ ато мекунад ба хушунату сахтгирӣ ва бо ҳеҷ чизи дигаре ато намекунад».[2]

    Ва мефармоянд: «Бегумон, нармиву меҳрубонӣ дар ҳар чизе бошад, онро зинат медиҳад ва аз ҳар чизе, ки бардошта шавад, онро маъюбу ноқис мегардонад».[3]

    Ҷарир ибни Абдуллоҳ гуфтааст: Аз Расули Худо (с) шу­нидам, ки мефармуданд: «Касе, ки аз нармиву меҳрубонӣ маҳ­рум бошад, аз тамоми хайру баракат маҳруму бенасиб ме­гардад».[4]

    Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ба Оиша (р) фар­муданд:

    «Эй Оиша, меҳрубон бош, зеро Худованд вақте хайри хо­наводаеро бихоҳад, эшонро бар нармиву меҳрубонӣ варзидан раҳнамоӣ мекунад».[5]

    Ва дар ривояти дигар омадааст: «Вақте Худованд барои хонаводае хайру некӣ бихоҳад, нармиву меҳрубониро бар онон ворид мекунад».

    Расули Худо (с) дар ривояти дигар фармуданд:

    «Худованд меҳрубон аст ва аҳли рифқу мадороро дар та­моми корҳо дӯст медорад».[6]

    Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт: Мо ҳамроҳи Расули Худо (с) намози хуфтанро баргузор менамудем ва ҳангоме, ки Расули Худо (с) намоз мехонд, дар вақти саҷда Ҳасану Ҳусайн (р) рӯи пушти муборакашон мепариданд ва вақте сарашро аз саҷда баланд мекард, ононро ором меги­рифт ва бо меҳрубонӣ рӯи замин мегузорид ва ҳангоме ки ба саҷда мерафт, дубора бармегаштанду ҳамон корро такрор мекарданд. Вақте ки намозро мегузорид (ва салом медод) яке аз ононро дар як тарафу дигареро низ дар тарафи дигар мегузошт. Ва ман назди он ҳазрат (с) рафта арз кардам: «Эй Расули Худо (с)! Иҷозат мефармоед эшонро назди мода­рашон барам? Он ҳазрат (с) фармуд: «Не». Ногаҳон мода­рашон аз дур падидор шуд ва Расули Худо (с) фармуд: «Бира­вед назди модаратон». Онон роҳ афтоданд, то ба модарашон расиданд ва ба ӯ ҳамроҳ шуданд.[7]

    Инак достони ҷолиб ва омӯзандаеро аз салафи солеҳ ба­рои шумо хонандагони мӯҳтарам нақл мекунем, то ба раф­тору кирдори онон нисбат ба якдигар пай бубаред: Дар ри­воят омадааст: «Зайнулобидин (р) ғуломе дошт, ки дар як зарфи сафолин об бар дасти ӯ мерехт. Ногаҳон зарф бар рӯи пои Зайнулобидин афтода, шикаст ва пояш захмӣ шуд. Ғулом фавран гуфт: «Эй сарварам! Худованд мефармояд: «Касоне, ки хашми худро фурӯ мехӯранд…».[8] Зайнулобидин низ гуфт: Хашми худро фурӯ бурдам ва аз ту даргузаштам, чун Худованд мефармояд: «…ва аз мардум гузашт мекунанд (дар саффи некӯкорон қарор мегиранд ва) Худованд некӯкоронро дӯст медорад».[9] Пас Зайнулобидин гуфт: Ба хотири ризои Худо туро бахшидам ва ту озод ҳастӣ».[10]

    Қалби меҳрубон ва ғамхор

    Севвумин хусусиятҳое, ки мӯҷиби муваффақияти шахси мураббӣ мешавад, доштани қалбе саршор аз меҳру шафқат нисбат ба афрод аст, чунонки аз Абусулаймон Молик ибни Ҳувайрис нақл шуда, ки гуфт: Мо чанд тан аз ҷавонон, ки бо якдигар ҳамсинну сол будем, назди Расули Худо (с) рафтем ва муддати бист шабонарӯз назди ӯ мондем. Аз он ҷо, ки Ра­сули Худо (с) бисёр меҳрубону дилсӯз буданд, донистанд, ки мо хонаводаи худро тарк кардаем ва муштоқи дидори эшон мебошем. Бинобар ин, иллати тарк намудану баҷогузоштани ононро аз мо савол карданд. Мо низ моҷароро ба арзи эшон расонидем. Сипас фармуданд:

    «Ба назди хонаводаи худ баргардед, дар миёни онон ба иқомаи намоз ва ибодат бипардозед ва аҳкоми исломиро ба эшон биомӯзед ва дар ҳаққи онон некӣ кунед, ба онон ёд диҳед (он тавре, ки аз ман мебинед) намоз бихонанд, дар фалон мавқеъ ва дар фалон вақт чунин ва чунон намоз бигузоранд ва ҳар гоҳ вақти намоз фаро расид, яке аз шумо азон бигӯяд ва бузургтарини шумо (аз назари илму парҳезгорӣ) барои шумо имом шавад».[11]

    Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    «Ҳар дарахте мевае дорад ва меваи қалб низ фарзанд аст. Бегумон Худованд раҳм намекунад ба касе, ки ба фарзанди худ раҳм намекунад. Қасам ба зоте, ки вуҷудам дар дасти ӯст, касе дохили биҳишт мешавад, ки бисёр меҳру­бону бораҳм бошад». Арз кардем: «Эй Расули Худо! Ҳамаи мо раҳм мекунем». Он ҳазрат фармуданд: «Раҳм кардан он нест, ки яке аз шумо ба рафиқаш раҳм кунад, балки раҳм кардан он аст, ки ба ҳамаи мардум раҳм кунад».[12]

    Абуумома гуфтааст: «Расули Худо (с) занеро диданд, ки ҳамроҳи худ ду фарзанд (духтар) дошт, яке аз ононро бар дӯш гирифта буд ва дигареро ба дунболи худ мекашид. Расули Худо (с) фармуданд:

    «Модарон (нисбат ба фарзандони худ) ҳомилон ва бардо­рандагони бисёр хуб ва меҳрубоне ҳастанд. Агар онон дар умури хонаводагӣ ва дар масоили маъруфи динӣ ва шаръии за­ношӯӣ кӯтоҳиву хиёнат наварзанд ва бо шавҳарони худ сари носозгорӣ надошта бошанд ва намозу ибодати Худоро низ ба ҷой биёваранд, албатта дохили биҳишт мешаванд».[13]

    Дар ривояти дигаре аз Абуумома (р) омадааст, ки: «Рӯзе зане назди Расули акрам (с) омад, дар ҳоле ки ҳамроҳи худ ду фарзанд дошт. Пас Расули Худо (с) се адад хурмо ба он зан дод ва ӯ низ ба ҳар як аз фарзандони худ як хурмо дод. Сипас, яке аз он ду гирист ва ӯ хурмои сеюмиро ду нисф кард ва ба ҳар кадом як нисф дод. Расули Худо (с) фармуданд: «Мода­рон нисбат ба фарзандони худ ҳомилон ва бардорандагони ху­бе ҳастанд. Агар онон дар умури хонаводагӣ ва дар масоили маъруфи диниву шаръии заношӯӣ кӯтоҳӣ ва хиёнат навар­занд ва бо шавҳарони худ сари носозгорӣ надошта бошанд ва намозу ибодати Худоро низ ба ҷой биёваранд, албатта дохи­ли биҳишт хоҳанд шуд».[14]

    Интихоби осонтар

    Яке аз хусусиятҳои дигаре, ки боиси муваффақияти му­раббӣ мешавад, ин аст, ки агар дар интихоби ду амр со­ҳибихтиёр шуд, он якеро, ки осонтар мебошад, интихоб ку­над, модоме ки гуноҳеро дарбар надошта бошад. Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки гуфтааст:

    «Ҳар гоҳ Расули Худо (с) барои интихоби яке аз ду амр мухайяр мегардид, албатта осонтари он дуро ихтиёр ме­кард, модоме ки гуноҳ намебуд, аммо агар (амри осонтар) гу­ноҳеро дарбар медошт, аз ҳар касе аз он бештар дурӣ меҷуст ва Расули Худо (с) ҳаргиз аз касе, ки нисбат ба шахси ӯ бе­адабиву беҳурматӣ мекард, интиқом намегирифт, аммо агар нисбат ба маҳорими Худо беҳурматӣ мешуд, ба хотири ри­зои Худо интиқом мегирифт ва тарафи муқобилро адаб медод».[15]

    Мулоимат ва гузашт

    Мураббии муваффақ касе аст, ки дарвоқеъ тавони дарку фаҳми комили дигаронро дошта бошад, зоҳирбин ва танг­назар набошад, то битавонад ҳангоми пайдо шудани масои­ли номатлуб аз худ мулоимату гузашт нишон диҳад. Чунон­ки аз Ибни Масъуд ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фар­муданд:

    «Оё шуморо бохабар созам ба ин, ки чӣ касе дохили ҷа­ҳаннам намешавад ё оташи дӯзах бар ӯ ҳаром мегардад? Оташи дӯзах бар ҳар шахси богузашт, ором ва осонгирҳаром мебошад.[16]

    Дурӣ ҷустан аз хашму асабоният

    Шахси мураббӣ бояд аз хашму асабоният комилан пар­ҳез кунад, зеро хашму асабонияти девонавор яке аз сифат­ҳои бисёр зишт ва боздоранда дар амри тарбиявӣ ва ҳатто дар умури иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ инсон та­вонад бар хашми худ ғолиб шавад ва кинаи хешро фурӯ ба­рад ва онро пинҳон дорад, албатта чунин фарде нисбат ба худ ва фарзандонаш растагор мебошад. Аммо агар натаво­над бар хашми худ ғолиб ояд ва онро фурӯ нишонад, му­сал­ламан худ ва фарзандонаш муваффақу растагор нахоҳанд шуд. Чунонки гӯянд: Марде назди Расули Худо (с) омад, то ӯро ба анҷоми амри хоссе супориш кунад, Расули Худо (с) се бор ба такрор фармуданд:

    «Хашмгин машав!».[17]

    Ҳамчунин касе битавонад хашми худро фурӯ нишонад, Расули Худо (с) онро нишонаи шуҷоату далерии ӯ донис­та­аст. Чунонки аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    «Нерӯмандӣ он нест, ки шахс зӯрозмоӣ кунад ва фардеро ба замин занад, балки нерӯмандӣ он аст, ки шахс ҳангоми хашм бар нафси хеш мусаллат бошад ва онро ба назорати худ дароварад».[18]

    Дар ривояте омадааст: «Зайнулобидин (р) ғуломе дошт, ду бор ӯро садо зад, аммо ҷавобашро надод. Зайнулобидин (р) ба ӯ гуфт: «Магар садои маро нашунидӣ?» Ғулом гуфт: «Чаро не, шунидам». Зайнулобидин (р) гуфт: «Пас чӣ чизе туро водор намуд, ба ин, ки ҷавобамро надиҳӣ?» Ғулом гуфт: «Ба ин хотир, ки ҳам худро аз ту дар амон медидам ва ҳам ахлоқи поку хуби туро мешинохтам, бинобар ин, аз ҷавоб додан таъхир намудам». Зайнулобидин (р) гуфт: «Худоро си­посгузорам, ки ғуломамро аз ман эмин гардонидааст.[19]

    Эътидол ва миёнаравӣ

    Дигар аз хусусиятҳое, ки мӯҷиби муваффақияти шахси мураббӣ мегардад, риояи комили эътидол ва миёнаравӣ аст дар кори таълиму тарбия, зеро дар тамоми корҳо зиёдаравӣ ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ ва маъқул амре аст нопи­сандида. Ба ҳамин хотир аст, ки мебинем Расули Худо (с) ҳатто дар умури динӣ эътидол ва миёнаравиро дӯст медошт, чӣ расад ба соири умури зиндагӣ ва дунявӣ, махсусан дар кори тарбиявӣ.

    Аз Абумасъуд Уқба ибни Умари Бадрӣ (р) ривоят шуда­аст, ки: «Марде назди Паёмбари Худо (с) омада гуфт: «Ман намози субҳро ба таъхир меандозам ва онро бо ҷамоат наме­хонам, ба хотири ин ки фалонӣ ҳангоме ки барои мо имоматӣ мекунад, намозро зиёд тӯл медиҳад. (Абумасъуд мегӯяд): «Ман ҳеҷ вақт Расули Худо (с)-ро дар вақти мавъиза аз он рӯз асабонитар надида будам. Пас рӯ ба мо карда, фар­муданд:

    «Эй мардум! Иддае аз шумо (аз хондани намози бо ҷа­мо­ат ба хотири тӯл додани он) гурезон шудаанд, ҳар кадом аз шумо барои мардум имоматӣ кард, бояд онро сабуку мухта­сар бихонад (ва зиёд тӯл надиҳад), зеро дар миёни афроде, ки пушти сари ӯ ҳастанд, ашхоси пиру ҷавон (ва заъифу нота­вон) ва ҳамчунин афроди ниёзманд ба қазои ҳоҷат вуҷуд доранд».[20]

    Интихоби вақт ва мавқеъи муносиб
    барои мавъизаи ҳасана

    Дигар аз хусусиятҳое, ки мӯҷиби муваффақияти шахси мураббӣ мешавад, парҳез аз пургӯиву ҳошияравии бемав­рид аст, балки бояд фақат ба панду андарзи неку судманд бипардозад. Зеро пургӯӣ ва суханварии худсаронаву ғайри­масъулона хоҳони зиёде надорад ва дар қалби шунаван­да­гон ҷой намегирад, дар ҳоле ки медонем касе, ки бо дар­хости дигарон ба суханронӣ мепардозад ва худро ӯҳдадор ба мавъизаи неку содиқона медонад, дар ҳар замоне тараф­дорони зиёде дорад ва бо иштиёқи фаровон онро мепази­ранд. Ба ҳамин хотир буд, ки Имом Абӯҳанифа (раҳ) шо­гирдони худро насиҳат карда, мегуфт: «Баҳсҳои фиқҳиро бо касе, ки тамоюл надорад ва хоҳони он нест, анҷом надиҳед».

    Ҳамчуноне ки саҳобаи гиромӣ ҳамин мавзӯъро аз амали Расули Худо (с) дарк мекарданд. Чунонки аз Абувоил Ша­қиқ ибни Салама (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Ибни Мас­ъуд дар рӯзҳои панҷшанбе якбор барои мо сӯҳбат мекард. Рӯ­зе як нафар ба ӯ гуфт: «Эй Абоабдурраҳмон[21] дӯст дорем ту ҳар рӯз барои мо сӯҳбат кунӣ». Ибни Масъуд гуфт: «Он чӣ, ки маро аз ин кор боз медорад, ин аст, ки ман дӯст надорам шуморо хаставу малол кунам ва ман ӯҳдадори мавъизаи шумо мешавам ҳамон тавре, ки Расули Худо (с) ба хотири парҳез аз хаста шудани мо (ба навбат) онро анҷом медод.[22]

    [1]. Нақл аз китоби Тарбиятул-авлод (Абдуллоҳ Улвон).

    [2]. Ба ривояти Муслим аз Оиша (р).

    [3]. Ба ривояти Муслим.

    [4]. Ба ривояти Муслим аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (р).

    [5]. Ба ривояти Аҳмад.

    [6]. Ба ривояти Муслим аз Оиша (р).

    [7]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 1.. – С. 167.

    [8]. Сураи Оли Имрон, 3: 134.

    [9]. Сураи Оли Имрон, : 134.

    [10]. Нақл аз китоби Тарбияту-л-авлод (Абдуллоҳ Улвон).

    [11]. Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [12]. Ба ривояти Баззор аз Ибни Умар (р).

    [13]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». ҷ. 4.. – С. 173.

    [14]. Ривояти Ҳоким дар «Мустадрак, Аъмаш онро таъйид кардааст, аммо Ҳоким онро тавзеҳ надодааст.

    [15]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [16]. Ба ривояти Тирмизӣ, Ибни Ҳиббон ва Хароитӣ.

    [17]. Ба ривояти Бухорӣ аз ҳадиси Абӯҳурайра (р).

    [18]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [19]. Нақл аз китоби Тарбияту-л-авлод (Абдуллоҳ Улвон).

    [20]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [21]. Куняи Ибни Масъуд (р) аст.

    [22]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.