×
Майл бар ороиш ва зебоги дар асли хилқати инсон нақш ёфтааст, ва ҳар инсоне ин амалро табиатан дӯст медорад ва дини Ислом ин ҷанбаи табиати инсонро ба назар гирифта оростагиро ҳам барои занон ва ҳам барои мардон ҷоиз донистааст.

    Ороишдиҳии занон дар чаҳорчубаи шариъат

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи:

    Дорул Ислом\Тоҷикӣ

    2013 - 1435

    زينة النساء في الشريعة الإسلامية

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

    2013 - 1435

    Ороишдиҳии занон дар чаҳорчубаи шариъат

    Майл бар ороиш ва зебоги дар асли хилқати инсон нақш ёфтааст, ва ҳар инсоне ин амалро табиатан дӯст медорад ва дини Ислом ин ҷанбаи табиати инсонро ба назар гирифта оростагиро ҳам барои занон ва ҳам барои мардон ҷоиз донистааст. Ва дар айни ҳол ба табиати занон низ зиёдтар аҳамият додааст, ба ҳамин хотир баъзе зинатҳоеро барои онон ҳалол донистааст, ки барои мардон онро ҳаром қарор додааст, мисли либосҳои абрешими ва тилло, ки онҳоро барои мардон ҳаром гардонидааст.

    Албатта дини Ислом баъзе аз навъҳои ороиширо, ки берун аз фитрати инсони аст ва сабаби тағийр дар хилқати Худованди мегардад, ҳаром гардонидааст, зеро чунин ороишҳо пайрави аз ваъдаҳои шайтон аст, чуноне, ки Худованд ваъдаи шайтонро дар Қуръон зикр кардааст:

    ﴿وَلَأٓمُرَنَّهُمۡ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلۡقَ ٱللَّهِۚ ١١٩﴾ [النساء : ١١٩]

    «Ба инсонҳо дастур медиҳам то офариниши Худовандро дигаргун кунанд». Сураи Нисо 119

    Шартҳои куллии ороиши занон аз нигоҳи шариат

    1- Пинҳон намудани зиннат аз назари номаҳрамон

    Чуноне, ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَقُل لِّلۡمُؤۡمِنَٰتِ يَغۡضُضۡنَ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِنَّ وَيَحۡفَظۡنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنۡهَاۖ ٣١﴾ [النور: ٣١]

    “Ба занони муъмина бигу: Чашмонатонро аз нигоҳ кардан ба номаҳрамон нигоҳ доред ва покдоманиро пеша созед ва зиннати худро ошкор накунед магар ончи ки худ ошкор аст”.

    Сураи Нур 31

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَقَرۡنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجۡنَ تَبَرُّجَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ ٱلۡأُولَىٰۖ ٣٣﴾ [الاحزاب: ٣٣]

    “Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун ҷоҳилони гузашта дар миёни мардум зоҳир нашавед ва худнамои накунед”.

    Сураи Аҳзоб 33

    Дар сурате, ки зиннату ороиш посухе бар ниёзи фитрати зан ва иброзе барои ҷалб намудани таваҷҷуҳ ва муҳаббати шавҳар аст, пас набояд он зиннату ороиш дар маърази нигоҳи бегонагон қарор бигирад.

    2- Мақсад аз зинат ва ороиш додани зан худро набояд ба хотири ҷалб намудани таваҷуҳи мардони бегона ва номаҳрам бошад

    Чуноне Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَا يَضۡرِبۡنَ بِأَرۡجُلِهِنَّ لِيُعۡلَمَ مَا يُخۡفِينَ مِن زِينَتِهِنَّۚ ٣١﴾ [النور: ٣١]

    “Ва пойҳои худро (ҳангоми роҳ рафтан) бар замин назананд то зиннате, ки пинҳонаш медоранд ҷалби таваҷҷуҳи дигарон созанд”.

    Сураи Нур 31

    Дар ин оят занони муъминро аз пайрави ба занони замони ҷоҳилият манъ шудааст, чун занон дар асри ҷоҳилият ҳангоми роҳ рафтан пойҳои худро ба замин мекубиданд, то ки бо садои роҳравияшон дигаронро ба худ ҷалб намоянд, ва бо ин корашон он зиннате, ки худро бо он ороиш додаанд пешкаши нигоҳи мардони бегона қарор бидиҳанд.

    3- Худдори аз монанди кардан ба мардон

    Ороиш ва зиннати занон бояд он гунае бошад, ки бо мардон монанди накунад, чун аз ибни Аббос ривоят шудааст ки фармуд:

    «لعن رسول ‌الله - صلّی‌الله‌علیه ‌وسلّم‌- المتشبّهین من الرّجال بالنّساء و المتشّبهات من النّساء بالرّجال».

    صحیح ‌البخاری

    «Паёмбар (с) лаънат гуфт занонеро, ки худро ба мардон монанд месозанд ё мардонеро, ки худро ба занон монанд месозанд».

    Саҳеҳ Бухорӣ

    Аз манзури ин ривоят фаҳмида мешавад, ки ҳар як зан ва ё ҳар як мард вазифадор аст, ки дар ороиш худро бо ҳамдигар монанд насозанд.

    4- Зинату ороиши зан набояд амалҳои ҳаромро дар бар гирифта бошад

    Ороиши зан ҳатто дар дохили хона ба хотири шавҳараш бояд дар чорчубаи қонуни шариат сурат бигирад, ба ҳамин хотир ҳар намуд зиннату ороишро намешавад барои зан ҷоиз донист, чун аз ҳазрати Оиша (р.з) ривоят шудааст, ки зане аз қабилаҳои Ансор духтарашро ба шавҳар дод, дар ҳоле ки муйҳои сараш мерехт, он зан ба назди Паёмбар (с) расид ва Паёмбар (с) ро аз воқеа хабардор намуд ва ба у гуфт: Шавҳараш ба ман дастур дод, ки ба муйҳои вай муй бипайвандам, Паёмбар (с) фармуд:

    «أنّ إمراة من الأنصار زوجّت ابنتها فتمعط شعر رأسها، فجاءت إلی النبّی صلّی‌الله‌علیه‌وسلّم‌، فذكرت ذلك له فقالت: إنّ زوجها أمرنی أن أصل فی شعرها، فقال: «لا إنّه قد لعن الموصلات».

    صحیح‌ البخاری

    “На: Зеро инки занҳои мӯйпайвасткунанда лаънат кардашудаанд”.

    Саҳеҳ Бухорӣ

    5- Худдори аз ташбеҳ ба занони ғайри мусулмон

    Ин яке аз шартҳои муҳимме ба шумор меравад чун, ки зани мусулмон бояд дар фарҳангу сару либос аз занони ғайри мусулмон фарқ кунад ва аз сару либоси исломияш бояд эҳсоси сарбаландию иззат ва ифтихор кунад, чун Паёмбар (с) мефармояд:

    «من تشبّه بقوم فهو منهم».

    سنن أبی ‌داود

    «Ҳар ки худро ба қавме монанд намояд, пас ӯ аз онҳост».

    Сунани Абудовуд

    6- Худдори аз исроф дар ороишу зиннат

    Ороиш ва зиннати занон бояд аз ҳад зиёд набошад, то мабодо ки сабаби такаббури гардад, чун Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلۡمُبَذِّرِينَ كَانُوٓاْ إِخۡوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِۖ ٢٧﴾ [الاسراء: ٢٧]

    “Исроф кунандагон бародарони шайтонанд”.

    Сураи Исро 27

    7- Худдори аз ороишу зиннате, ки барои саломатии инсон зарар мерасонад

    Ҳар ороиш ва зиннате, ки сабаби зарар бар инсон мегардад ҷоиз нест, чун Паёмбар (с) мефармояд:

    «لاضرر و لاضرار».

    سنن ابن ‌ماجه

    «Осебу зарар расонидан нафси худ ва дигарон ҷоиз нест».

    Сунани ибни Моҷа

    Бе шаку шубҳа ҳар чиро ки шариъат манъ намудааст, дар он барои инсон ҳам фоидаи дунёи ва охирати аст, агар чи мо аз ҳикмати манъшуда бохабар набошем.

    8- Ороишу зиннат додани зан худро бояд ба хотири ҷалб намудани ризоят ва хушнудии шавҳар ва пешгирии ӯ аз каҷрави бошад

    Зан бояд бо ин роҳ чашми шавҳарашро бо ороишу зиннаташ сер намояд, то ки ӯ муртакиби амалҳои ғайри ахлоқи нашавад ва иффату покдоманияшро ҳифз намояд, ва дар айни ҳол зан бо ин амалаш соҳиби аҷру савоби зиёде мегардад, чуноне Паёмбар (с) мефармояд:

    «إنّما الأعمال بالنیات».

    صحیح ‌البخاری

    «Ҳар як амал вобаста ба нияти инсон аст».

    Саҳеҳ Бухорӣ

    Пас вақтоки нияти ӯ холис барои Худо бошад соҳиби подошу аҷри зиёд мешавад.

    Анвоъи ҷоизи ороиши занон ба таври муфассал аз нигоҳи шариъат

    Ороишу зиннат бо либос:

    Зани мусулмон ҳақ дорад аз зоҳири зебо ва ороста баҳраманд бошад, вале ҳақи нимбараҳнаги ва худнамои дар назари мардони бегонаро надорад.

    Либоси бонуи мусулмон набояд он гунае нозук бошад, ки баданаш аз он намоён бошад, ё ин ки либосаш чунон танге бошад, ки аъзоҳои бадани ӯро васф намояд.

    Дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст, ки аз нишонаҳои занони дузахи он аст ки:

    «نساء كاسیات عاریات»

    صحيح مسلم

    «Онҳо заноне ҳастанд, ки бар тан либос доранд вале дар ҳақиқат урён ҳастанд».

    Саҳеҳ Муслим

    Либосҳоеро, ки шариъат барои зан ихтиёр намудааст бояд дорои чанд сифат бошад:

    1) Либоси зан бояд ҳамаи баданро бипушонад, ба ҷуз он аъзоҳое, ки истисно шудаанд.

    2) Либоси зан набояд онқадар шаффоф бошад, ки андоми ӯро намоён созад.

    3) Либоси зан набояд он қадар танг бошад, ки аъзоҳои ҳассоси ӯро васф намояд.

    4) Либоси зан набояд аз навъи либосе бошад, ки махсус барои мардон бошад.

    Ногуфта намонад, ки пушидани либосҳои зикр шуда барои занон аз нигоҳи шариъат қатъан ҳаром аст, магар дар назди шавҳар боке надорад.

    Аммо аз нигоҳи рангҳо бошад, агар дар урфияти мардум ранге махсус барои мардон машҳур шуда бошад, дар ин ҳолат низ барои занон ҷоиз нест, ки аз он ранг дар либосҳояшон истифода баранд то, ки худро монанди мардон насозанд.

    Истифода намудан аз зару зевар барои ороишу зиннат

    Тилло ва нуқра аз маъданҳои гаронбаҳое ҳастанд, ки аз замонҳои қадим то имруз ба хотири зиннату ороиш истифода мешаванд, Аз ҳазрати Алӣ (р.з) ривоят аст, ки Паёмбар (с) порчае аз абрешимро дар дасти чап ва қитъаи тиллоеро дар дасти рост гирифту фармуд:

    «أخذ رسول‌الله حریراً بشماله و ذهباً بیمینه، ثم رفع یدیه، فقال: إن هذین حرام علی ذكــور أمّتی حلّ لإناثهم».

    سنن ابن ‌ماجه

    «Ин ду барои мардони умматам ҳаром ва барои занони умматам ҳалол ҳастанд».

    Сунани ибни Моҷа

    Тартиб намудани муй сар ва абрӯҳо (қошҳо)

    Имрӯзҳо зиннат додани рӯй ва қошчини дар миёни занон бисёр ривоҷ ёфтааст ва мардум онро аз намудҳои зиннату ороиш медонанд.

    «Фақиҳони чаҳор мазҳаб бар ҳаром будани тағйири шакли рӯй (амали полистики) ба шакли комил, фатво додаанд, магар ин ки агар дар рӯй зан ягон иллате бошад, ки сабаби нафрати шавҳар гардад, дар ин сурат барои зан ҷоиз аст, ки ба хотири дур намудани он иллат рӯяшро аз тариқи амалиёти тибби, ки бо истилоҳи имруза ба (амали полистики) машҳур аст дур намояд, аммо чидани абруҳоро (қошҳоро) қатъиян ҳаром гуфтаанд».

    Фатовои Маҳмуди

    Ислоҳи мӯйҳои рӯй ва қошҳо ва пайванд намудани мӯйи сар

    Пайванд намудани мӯйи сар:

    Мӯйи сар дар зебои нақши калонеро мебозад, аз ин лиҳоз занон кушиш мекунанд, ки роҳҳои гунонгунеро ба хотири ороишу зиннати мӯйҳои худ истифода баранд, ба монанди ин ки бо мӯйҳои худ мӯй пайванд мекунанд ва мӯйҳояшонро ранг мекунанд ва онҳоро бо чанд шакл шона мезананд, аммо пайванд намудани мӯй аз лиҳози шариъат аҳкоме дорад, ки бояд ҳар як зани мусулмон онҳоро пеш аз ин ки ба ин иқдом даст мезанад ошно шаванд.

    Аз Фотима бинти Мунзир ривоят шудааст, ки гуфт:

    «سمعت أسماء قالت:‌ سألت إمراة النبی صلّی ‌الله‌ علیه ‌وسلّم‌ فقالت یا رسول‌الله، إن بنتی أصابتها الحصبة فامرّق شعرها و إنّی زوجتّها أفأصل فیه؟ فقال: لعن الله الواصلة و الموصولة».

    صحیح ‌البخاری

    «Аз Асмо шунидам ки гуфт: Зане аз Паёмбари Худо пурсид: эй расули Худо! Духтарам ба маризии Ҳасба гирифтор шудааст ва мӯйҳои сараш рехтааст, акнун уро ба шавҳар медиҳам, оё ба мӯй сараш мӯй пайванд намоям? Паёмбар (с) фармуд: Худованд пайванд кунандаи мӯйро ва касеро, ки барои ӯ мӯй пайванд мекунад, лаънат гуфтааст».

    Саҳеҳ Бухорӣ

    «Олимон бо такя бо ин ҳадис ва дигар ҳадисҳое, ки сароҳатан пайванди мӯйро ноҷоиз гуфтаанд, пайванди онро ҳаром гуфтаанд».

    Ҳошияи ибни Обидин

    Аммо агар мӯйҳои зане бо сабаби маризи бирезанд коштани мӯй барои чунин зан бо роҳи амалиёти тибби ишколе надорад, ва ин чунин агар "пайванди мӯй аз мӯй одамизод набошад мисли ин ки аз ришта ё ин ки нилон бошад ишколе надорад".

    Ҳошияи ибни Обидин

    Ранг кардани мӯйи сар

    Ранг намудани мӯйи сар аз қадим то имруз аз намудҳои ороишу зиннат машҳур аст, албатта дар гузашта тағйри мӯйи сиёҳ ба дигар рангҳо ривоҷ набуд, балки мардум аз истифода ба ҳино ва дигар намуд рангҳо мӯйҳои сафеди худро ранг медоданд.

    Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р.з) ривоят мекунад, ки Абуқуҳофа падари Абубакрро дар рӯзи фатҳи Макка ба назди Паёмбар (с) оварданд, дар ҳоле, ки мӯйҳои сару рӯй ӯ комилан сафед шуда буданд Паёмбар (с) фармуд:

    «غیروا هذا بشیء و اجتنبوا السواد». صحیح ‌المسلم

    “Сафедии мӯйҳои ӯро тағйр бидиҳед вале аз ранги сиёҳ истифода набаред”.

    Саҳеҳ Муслим

    Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд:

    «إن الیهود و النصاری لایصبغون فخالفوهم».

    صحیح ‌المسلم

    “Яҳудиён ва Насрониҳо мӯйҳояшонро ранг намекунанд, шумо бар хилофи онон амал кунед”.

    Саҳеҳ Муслим

    “Бо такя бар ин ҳадис ва дигар ҳадисҳо олимони мазҳабҳои аҳли суннат ранг кардани мӯйҳоро бо ҳар гуна рангҳо ба ҷуз ранги сиёҳ барои занону мардон иҷозат додаанд, Бинобар ин ранг намудани мӯйҳо барои занон ҷоиз аст, чун аз боби зиннат ба ҳисоб меравад агар чи бо истифода аз рангҳои химияви бошад, ба шарте ки ба саломати зараре надошта бошад”.

    Такмилату фатҳул мулҳим

    Кутоҳ намудани мӯй сар

    Дар асрҳои ҳозира худороии занон шаклҳои навине ба худ гирифтааст, ки дар замонҳои гузашта аз он истифода намешуд, ё ин ки дар он замон зиннат ба ҳисоб намерафт, яке аз ин падидаҳои навине, ки занон барои худорои ба он рӯй овардаанд, кутоҳ кардани мӯй сар аст.

    Асосан занон дар асрҳои аввали Ислом мӯйҳои худро кутоҳ намекарданд, "албатта ногуфта намонад, ки кутоҳ кардани миқдори муъайяне аз мӯйи сар дар маносики ҳаҷу умра дар он замон ва то ба имрӯз ривоҷ дошт ва ба иттифоқи мазҳабҳои чаҳоргона занон барои хориҷ шудан аз эҳром бояд ба андозаи як банд ангушт аз мӯйҳояшонро кутоҳ менамоянд".

    Бадоеъу саноеъ

    Ин дидгоҳи фақиҳон далолат бар он мекунад, ки кутоҳ кардани мӯй барои занон ба андозаи муайяне ва дар ҳолати хоссе аст, Аммо дар ривояти дигаре омадааст, ки ҳамсарони Паёмбар (с) пас аз вафоташ мӯйҳояшонро кутоҳ карданд.

    Ҳоло суоли асоси он аст, ки кутоҳ намудани мӯйҳо ба хотири зиннат аз як миқдор ангушт аз нигоҳи шариъат чи ҳукме дорад?

    Олимон дар ин бора бар ду гуруҳ мебошанд:

    Гуруҳи аввали аз онон бар ин фикранд, ки такя бар амалкарди ҳамсарони Паёмбар (с) кутоҳ намудани мӯйи сар барои занон ҷоиз аст. Имом Навави (р.ҳ) дар шарҳи Муслим мефармояд:

    «فی فعل زوجات الرسول -صلّی‌الله‌علیه ‌وسلّم‌- دلیل علی جواز تخفیف الشعور للنساء».

    شرح صحیح ‌المسلم

    «Аз амалкарди ҳамсарони Паёмбар (с) барои ҷоиз будани кутоҳ намудани мӯй сар барои занон метавон далил гирифт».

    Шарҳи саҳеҳ Муслим

    «Аммо гуруҳи дигаре аз олимон, аз ҷумла фақиҳони мазҳаби ҳанафӣ бар ин фикранд, ки кутоҳ намудани мӯйи сар барои занон ҷоиз нест, ва амалкарди ҳамсарони Паёмбар (с) ро махсуси худи онҳо медонанд ва дигар занони умматро ба онҳо қиёс намекунанд, Чунки баъди вафоти Паёмбар (с) издивоҷи ҳамсарони Паёмбар (с) қатъан ҳаром аст, ва онон ин амалро ҳаргиз ба хотири зиннат анҷом надодаанд».

    Азвоул баён

    «Ба ҳар сурате, ки набошад кутоҳ намудани мӯйи сар ба намудҳои имрӯза барои занон ҷоиз нест, чун ин амал ташабуҳ ба занони ғайри мусулмон ва мардон мегардад».

    Фатовои Маҳмуди

    Ва зани мусулмон ҳамон гунае, ки аз ҷиҳати дину эътиқод аз дигар занон фарқ мекунад, пас бояд аз ҷиҳати шаклу манзар низ фарқ кунад.

    Оё аз зане ки бо тақлид аз бегонагон ҳар рӯз шакли мӯйҳои худро тағйр медиҳад то худро фарди пешрафта ҷилва бидиҳад бовари аст, ки фардо фарзандони худро дар пайрави аз роҳи писандидаи Худованд тарбият кунад ва онҳоро бо арзишҳои исломи ошно бисозад?

    Оё чунин зан метавонад фарзандонеро тарбият намуда барои ҷамъият пешкаш кунад, ки ба фарҳангҳои бегона ва ғайри дини мутаасир нагардад ва барои пешрафти фарҳангу тамаддуни исломи кушишу талош биварзанд?

    Албатта агар мӯйҳои зан бо ҳам печида дарозу кутоҳ бошанд ё он қадар дарозе шаванд, ки боъиси ранҷу заҳмат гарданд кутоҳ кардани миқдоре аз он ишколе надорад.

    Сурма

    Занон аз сурма ба унвони яке аз васоили ороиши истифода мекунанд, ки аз ҷиҳати шаръи дар ҷоиз будани он шубҳае вуҷуд надорад.

    Аз ибни Аббос (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо фармуд:

    «اكتحلوا بالإثمد فانّه یجلو البصر و ینبت الشعر و زعم أنّ النبی صلّی‌الله‌علیه‌وسلّم‌ كانت له مكحلة یكتحل منها كل لیلة ثلثة فی هذه و ثلاثة فی هذه».

    شمائل ‌الترمذی

    «Чашмони худро бо Исмид (яке аз навъҳои сурма) сурма бикашед чун ки чашмро нури ҷило диҳандае мебахшад ва мӯй мижаро рушд мебахшад. Ва иддиъо кард, ки дар назди Паёмбар (с) сурмадоне буд, ки ҳар як чашми худро ҳангоми шаб се бори сурма мекашид».

    Шамоили Тирмизӣ

    Баъзе бонувон ба ҷои сурма аз рангҳои мижа истифода мекунанд, ин намуд рангҳо агар монеъаи расидани оби таҳорат ба пусти чашмон нагардад аз нигоҳи шариъат ишколе надорад.

    Гавҳараки сунъи

    Гавҳараки сунъи қитъае аз пластикаи шаффофе мебошад, ки онро табибон дар асл ба хотири дармони чашм истифода мебаранд, Аммо имрӯзҳо баъзе занон онро барои зиннату ороиш истифода мебаранд, дар ҳоле ки ин кори онҳо гоҳе мешавад, ки боиси зарар бар чашм гардад, мисли ин ки чашмро захми месозад ё ин ки гирди сафедии чашм хун мепечад ва ё ин ки имкони пайдо гардидани дигар намуди зарарҳоро мегардад.

    Истифода намудан аз гавҳараки сунъи дар ҳолати зарурат тибқи қоидаи шаръи, ки "Зарурат ноҷоизро ҷоиз мегардонад" ишколе надорад.

    Аммо дар мавриди гавҳаракҳои сунъие, ки махсус барои зиннат ҳастанд олимон бар ду гуруҳ мебошанд: Гуруҳе аз олимон мегуянд, ки ин амал боиси тағйри хилқат мегардад бо ҳамин сабаб ин амал ҷоиз нест.

    Ва гуруҳи дигаре аз олимон мегуянд, ки ин амал мисли он аст, ки зан мӯйяшро ранг менамояд ва агар барои саломатияш зараре надошта бошад боке надорад.

    Вале агар мунсифона бингарем чунин менамояд, ки ин амал ҷоиз нест, чун ки ин амал дорои чанд чизи ноҷоиз мебошад, мисли исроф ва зарар ба саломати ва вақтгузаронии беҳуда ва фиреб додани чашми мардум ва ғайраҳо.

    Сурох намудани гушу бини ва оростани онҳо бо зару зевар

    Аз намунаҳои зиннату ороиш ҳам дар замонҳои гузашта ва ҳам дар имрӯза сурох намудани гуш ва зиннат додани он бо зеварҳо мебошад. Чуноне ки дар ҳадиси тулонии Умми Заръ ҳазрати Оиша ривоят мекунад:

    «...قالت الحادیة عشرة: زوجی أبوزرع فما أبوزرع؟! أناس من حُلی اُذنی و ملأ من شحم عضدی و بحَّجنی فبحجت إلی نفسی».

    صحیح ‌المسلم

    “…..Ёздаҳумин зан гуфт: шавҳарам Абузаръ аст, ҳамон фарде, ки гушҳоямро бо зару зевар ороиш дод ва манро гироми дошт ва ман дар канори ӯ хӯшбахт ҳастам”.

    Саҳеҳ Муслим

    Дар ин ривоят дар бораи оростани гӯш бо зару зевар сухан ба миён омадааст, ба ҳамин хотир "фақиҳони мазҳаби Ҳанафӣ сурох намудани гушро ба хотири ороиш иҷозат додаанд, ҳамчунин сурох намудани бини ба хотири ороишу зиннат додани у бо зару зевар ҷоиз медонанд".

    Раддул Муҳтор

    Ороиш бо ҳино ва лаки нохун

    Ҳино аз замонҳои қадим то имруз яке аз василаҳои ороиш ва зиннат шинохта шудааст ва занон барои ороиши дасту по аз он истифода мекунанд.

    Истифода аз ҳино барои занон на танҳо ишколе надорад балки бинобар ривояте аз ҳазрати Оиша (р.з) "Ҳино барои занон бисёр писандида аст".

    Сунани Насои

    Лаки нохун низ яке аз намудҳои ороиш мебошад, ки баъзеҳо онро аз ҳино хубтар мешуморанд, Аммо ба хотири он ки дар истифода аз лак болои нохун пушише ба вуҷуд меояд, ки сабаби нарасидани об ба нохун мегардад ва бонувони мусулмон бошанд дар тули шабу рӯз эҳтиёҷ ба таҳорат доранд ва барои ҳар таҳорат тоза намудани нохун аз лак душвор буда ва боиси беҳуда сипари шудани вақти зиёд мегардад, ба ҳамин хотир набояд бонувони мусулмон аз ин навъ лакҳо истифода намоянд.

    Ороиш бо нохунҳои баланд ё сунъи

    Яке аз падидаҳои ҳайратоваре, ки бонувон ба он рӯй овардаанд гузоштани нохунҳои баланд аст.

    Гузоштани нохунҳои баланд бар дуқисм ҳастанд: Яке нохунҳои худро кутоҳ намекунанд то ки баланд мешаванд, Ва дигаре болои нохунҳои худ нохунҳои сунъи мегузоранд.

    Дар назди мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоъат ин гуна амал бе шаку шубҳа ташбиҳ ба занҳои ғайри мусулмон ва бегона аст; чаро ки дар суннати Набави кутоҳ намудани нохун аз одоби фитри ва инсони ба ҳисоб меравад, чуноне ки Абуҳурайра аз Пайёмбар (с) ривоят мекунад:

    «الفطرة خمس ـ أو خمس من الفطرة ـ الختان و الإستحداد و نتف الإبط و تقلیم الأظافر و قص الشارب». صحیح ‌البخاری

    “Панҷ чиз аз аслу асоси фитрати инсон аст:

    1) Хатна (барои мардон).

    2) Тарошидан ё чидани мӯйҳои зери ноф (барои занону мардон).

    3) Чидани мӯйҳои зери бағал (барои занону мардон).

    4) Кутоҳ намудани нохунҳо (барои занону мардон).

    5) Кутоҳ намудани мӯйҳои мӯйлабҳо (барои мардон)".

    Саҳеҳ Бухорӣ

    Бинобар ин набояд занҳои мусулмон бо тақлиди занҳои бегона худро ба монанди ҳайвонҳои ваҳши намояд ва нохунҳояшро дароз кунад ё ин ки нохунҳои сунъи бигзорад.

    Бо ягон роҳ наметавон нохунҳои баланд ё сунъиро аз намудҳои ороиш донист, зеро ин амал бо тарозуи шариъат ва фитрати инсони мувофиқ намеояд.

    Ҷарроҳи намудан ба хотири зебогии андом

    Ин гуна ҷарроҳиро метавон ба ду қисм тақсим кард:

    Яке ин ки инсон бо ҳодисае мисли сухтан ё маризие дучор мешавад ё ин ки бо иллате дар ҷисми худ тавалуд мешавад, ки ҳар куҷое биравад дучори таваҷуҳи мардум мегардад, ва ба хотири он иллат азоби руҳони мекашад, дар чунин ҳолатҳо ишколе надорад, ки инсон худро ҷарроҳии зебоги кунад, зеро ҳадаф аз ин ҷароҳи бартараф намудани айбҳои ҷисмоние аст, ки мақсад аз он тағйр додани хилқати Худованди нест.

    Арфаҷа ибни Саъд (р.з) мегуяд:

    «أصیب أنفی یوم الكلاب فی الجاهلیة، فاتخذت أنفا من ورق، فأنتن علی، فأمرنی رسول ‌الله صلّی‌الله‌علیه ‌وسلّم‌ أن أتخذ أنفاً من ذهب».

    جامع ‌الترمذی

    «Биниям дар ҷанги Килоб дар замони ҷоҳилият қатъ гардид ман биние аз нуқра сохтам аммо биниям пусида гардид, пас Паёмбар (с) бароям дастур дод то биние аз тилло бисозам».

    Ҷомеъ Тирмизӣ

    Навъи дувуми ҷароҳи барои зебои: Бартараф намудани айбе ки он мавриди таваҷуҳи мардум нест, балки инсон баъзе қиёфаҳои бадани худро намеписандад ва мехоҳад онро бо шакли ҷаззобтар ва зеботаре бисозад, мисли ҷарроҳии бини ва пешони ва ё лабҳо ва қисме аз пустҳои бадани худ, ва ҳамчунин баъзе пиронсолон мехоҳанд аз тариқи чунин ҷарроҳи манзари пирии худро дур кунанд, то дар чашм ҷавонтар бинамоянд.

    Асари чунин ҷарроҳиҳо аз чаҳор то ҳафт сол боқи мемонад.

    Фақиҳони муосир ин гуна ҷарроҳиро бо далилҳои зерин ҳаром медонанд:

    1) Тағйир додани сурате ки Худованд инсонро бо он халқ намудааст, чунонеки Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَأٓمُرَنَّهُمۡ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلۡقَ ٱللَّهِۚ ١١٩﴾ [النساء : ١١٩]

    (Шайтон пас аз ронда шудан аз даргоҳи илоҳи гуфт): «Ба эшон (инсонҳо) дастур медиҳам то офариниши Худовандро дигаргун кунанд».

    Сураи Нисо 119

    Дар ин оят касоне мазаммат шудаанд, ки сурате ки Худованд инсонро бо он офаридааст дигаргун мекунад.

    2) Дар суннати Набави гуруҳе аз занон лаънат шудаанд, ки аз ҷумлаи авсофашон ин аст:

    «المتفلجات للحسن، المغیرات خلق الله» فتح الباري شرح صحيح البخاري

    «Ононе, ки миёни дандонҳояшон фосила андохта хилқати Худовандиро дигаргун месозанд».

    Фатҳул бори шарҳ саҳеҳ Бухорӣ

    Дар ин ҳадис Паёмбар (с) миёни зебоги ва тағйири хилқати Худованди ҷамъ намудаанд ва ин ду мафҳум дар ҷароҳии зебогии андом вуҷуд дорад, ки шахс ба хотири зебои ё афзоиши зебои худ даст ба тағйри хилқати Худованди мезанад.

    3) Пулҳои бе андоза зиёд исроф мегардад.

    4) Бинобар гуфтаҳои мутахасисони ҷароҳии зебогии андом бисёре аз ин гуна амалиётҳо паёмадҳои ногуворе доранд, ки инсонро ба ҳалокат мерасонад, аз ин сабаб уламои ислом ин гуна ҷароҳиро ҳаром ва ноҷоиз медонанд.

    Худороии зан барои бегонагон

    Албатта ончи ки дар бораи зиннату ороиш матраҳ шуд ҳадаф аз он ин нест, ки зан бисёри вақти гаронбаҳояшро дар назди ойна ё дар ороишгоҳ сипари намояд ва мафтуни зебогии худ гашта ба фахру худнамои бипардозад, чунин амал далолат ба заиф будани ақлу равиш мекунад.

    Дар шариати исломи ороиши зан бояд дар ҳадди миёна ва дар хона дар назди шавҳар ва ба хотири ӯ бошад, дар ин сурат ҷуйи оби зиндаги зулолу пок ва дар масири худ ҳаракат карда гулу райҳон меруёнад, вале агар ороиши зан барои мардони бегона ва барои худнамои дар кучаву бозор бошад, ҷуйи оби зиндаги нопок ва олуда шуда аз масири худ мунҳариф гашта ва пояҳои хонаводаро сусту осебпазир мекунад ва буҳронҳову талафоти бузургеро ба миён меорад.