×
Мақола дар мавзӯъи ҳадафҳои издивоҷи исломӣ аст, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми чаҳорум:

    Ҳадафҳои издивоҷи исломӣ

    سلسلة تربية الأولاد، القسم الرابع: الأهداف من الزواج في الإسلام

    < الطاجيكية - Tajik - Тоҷикӣ >

    Ҳақназаров Тоҳир

    حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми чаҳорум:

    Ҳадафҳои издивоҷи исломӣ

    Панҷумин боби ин фасл баёни ҳадафҳои олии издивоҷи исломӣ мебошад ба ин маъно, ки ҳадаф аз издивоҷи машрӯъ танҳо ба хотири масъалаи ҷинсӣ ва фурӯ нишондани умури шаҳвонии тарафайни издивоҷ нест, балки ин як ҳадафи дувуминдараҷа ва ҳошиявӣ аст, зеро издивоҷ дар асл дорои ҳадафҳои аз ин асоситар ва олитар мебошад, ки муҳимта­ри­ни онҳо дар поён баён хоҳанд шуд.

    Афзун намудани шумораи мусалмонон

    Яке аз ҳадафҳои олии издивоҷи исломӣ афзунгардонии теъдоди мусалмонон ва шод намудани қалби Паёмбари Ху­до (с) аст ба василаи фузунии мусалмонон, чунончи аз Маъ­қил ибни Ясор (р) ривоят шуда, ки марде назди Паёмбари Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ман зани зебову боаслу насаберо суроғ дорам, аммо ақим (нозо) аст, оё бо ӯ издивоҷ кунам ё не?» Расули Худо (с) фармуданд: «Не, бо ӯ издивоҷ макун». Сипас, он мард бори дуюм омад, аммо он ҳазрат (с) ӯро аз ин кор манъ карданд. Он мард бори сеюм омад ва саволро такрор кард. Он ҳазрат (с) дар ҷавоб фар­муданд: «Бо заноне издивоҷ кунед, ки ҳам шавҳарони худро дӯст доранд ва ҳам фарзанд таваллуд кунанд, чун ман ба зиёдии шумо уммати мусалмон бар дигар умматҳо ифтихор мекунам».[1]

    Дар ривояти дигаре омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:

    «Издивоҷ яке аз суннатҳои ман аст ва касе, ки ба сун­на­ти ман амал накунад, аз пайравони ман нест, пас издивоҷ кунед, (то насли уммати мусалмон зиёд шавад),чун ман дар рӯзи қиёмат ба зиёдии шумо ифтихор мекунам».[2]

    Иффат ва покдоманӣ

    Дуюмин ҳадафи издивоҷ иффату покдоманӣ ва тақар­руб ҷустан ба Худованд аст, чунонки Расули Худо (с) ме­фармоянд:

    «Дар ком баргирифтани шумо (аз ҳамсари машрӯъи худ ба қасди хушнуд сохтани ӯ ва ба нияти таваллуди фарзанди солеҳ) садақа аст». Гуфтанд: «Эй Расули Худо (с)! Вақте яке аз мо бо ҳамсари худ наздикӣ кунад, дар ин сурат аҷру по­дош дорад?» Фармуданд: «Оре, оё намедонед, ки агар яке аз шумо бо зани номаҳраме муртакиби чунин амале гардад, гу­ноҳи (кабирае)-ро анҷом додааст? Пас, ҳамин тавр, вақте он амалро бо ҳамсари шаръии худ анҷом диҳад, аҷру подоши хуб меёбад».[3]

    Ба вуҷуд омадани насли мусалмон

    Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар «Фатҳу-л-борӣ» дар «Бобу тала­би-л-валади ли-л-ҷиҳод» мегӯяд: «Ҳар кӣ ҳангоми наздикӣ бо ҳамсари шаръии худ нияти таваллуди фарзандеро намояд, ки дар роҳи Худо ҷиҳод кунад, ба воситаи ҳамин нияти худ аҷру подоши онро меёбад, агарчи фарзанде ҳам барои ӯ ба вуҷуд наояд.

    Абулҳасани Мовардӣ таъкид бар ин дорад, ки мард бо­яд пайваста ҳангоми ҳамбистарӣ бо ҳамсари машрӯъи худ нияти ба дунё омадани фарзанди солеҳ ва ҷиҳодгар дошта бошад ва «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим» низ би­гӯяд ва чунон нияту умеде дошта бошад, ки Худованд фар­зандеро насиби ӯ бигардонад, ки фақат Худовандро парас­тиш кунад ва ӯро танҳову бешарик бидонад ва фарде бо­шад, ки ҳаққу ҳақиқатро иҷро кунад, садоқату дуруст­кори­ро пешаи худ созад, ба соири бандагони Худо нафъ расонад ва ба ибодату ободонӣ бипардозад.[4]

    Бақо ва истимрори насли инсон

    Яке аз фоидаҳои издивоҷ идомаёбӣ ва бардавомии нас­ли инсон дар рӯи замин мебошад, чунонки дар ривоят ома­дааст: Расули Худо (с) фармуданд:

    «Ҳеҷ як аз шумо хостани фарзандро тарк накунад, зеро ҳар гоҳ мард бимирад ва аз худ фарзанде ба боқӣ нагузорад, номи ӯ (дар рӯи замин барои ҳамеша)қатъ ва нобуд ме­шавад».[5]

    Он чи, ки дар асри ҳозир бар касе пӯшида намебошад, ин аст, ки мулҳидону худонобоварони Шарқу Ғарб ва тамо­ми пайравони онон дар кишварҳои исломӣ андешаи маҳдуд сохтани насли мусалмонро дар сар мепарваронанд ва дар садади коҳиш додани нерӯи инсонии онон мебошанд, то ин ки мусалмононро заифу пароканда намоянд ва худро рӯз ба рӯз бештару нерӯмандтар созанд. Пас, ба ҳамин хотир аст, ки Пайғамбари акрам (с) мусалмононро аз заъиф шудану пароканда гардидан барҳазар медорад ва ононро ташвиқ мекунад, ки пайваста дар ҳоли афзоишу сарҷамъии хеш бо­шанд, то иззату қудрати онон пойдор бимонад. Чунонки аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд:

    «Дар ҳар хонаводае, ки писаре таваллуд шавад, мӯҷиби иззату сарфарозии ҷадиде дар миёни онон мегардад».[6]

    [1]. Ба ривояти Абудовуд, Насоӣ ва Ҳоким.

    [2]. Ба ривояти Ибни Моҷа аз ҳадиси Оиша (р).

    [3]. Ба ривояти Муслим, Насоӣ ва Аҳмад.

    [4]. Нақл аз «Насиҳату-л-мулук (Мовардӣ, таҳқиқи Хизр Муҳаммад Хизр). – С. 166.

    [5]. Ба ривояти Табаронӣ аз Ҳафса (р).

    [6]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Авсат».