×
Мақола дар мавзӯъи ихтиёри ҳамсари муносиб, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми дуввум: Издивоҷ бо зани некӯкор ва тарбиякунанда

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الثاني: اختيار الزوجة الصالحة

    < الطاجيكية >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми дуввум: Издивоҷ бо зани некӯкор ва тарбиякунанда

    Ислом дине аст, ки дар мавриди хонавода ва риояи шахси мӯъмин дар робита бо вазифаҳои худ дар хона таъкид намудааст, чун хонаводаи мусалмон ҳамон ҳастии ҷомеаи исломӣ ва муҳите аст, ки улфату ҳамзистии мусолиматомез нахуст аз он ҷо оғоз меёбад, сипас ба фазои хориҷ аз хона кашида мешавад.

    Табиист, танҳо касе, ки битавонад падарро дар идораи хона ва барои тарбияи фарзандон мусоидат кунад, зани некӯкоре аст, ки ҳаракату вазифаи худро бишиносад ва он дуро бо беҳтарин ваҷҳ дар идораи хонаву тарбияи фарзандон ба кор гирад. Зеро зан дар ин кор як рукни асосӣ ба ҳисоб меояд ва ин амали ӯ як ҳаракати таърихӣ дар ҳаёти ҷомеа мебошад, чун дарвоқеъ ин зан аст, ки чунон фарзанди солеҳу некӯкореро дар домани худ барои ҷомеа парвариш мекунад, ки битавонад дар оянда уммати исломиро ба сӯи хайру салоҳ ва ба самти тавонмандиву сарфарозӣ роҳбарӣ кунад. Мусалламан, нахустин қалъа ва пойгоҳи ин ҳаракати таърихӣ ва ақидаи исломӣ хонаву хонавода мебошад. Пас, бояд ин қалъа аз дохил бисёр устувор, муҳити маҳкам ва нуфузнопазир бошад, ба гунае ки ҳар як аз афроди сокини дар он ба манзалаи сарбозони дифоъкунанда бошанд, ки бо эҳсоси масъулият ва бо омодагиву ҳушёрии комил дар ҷои мутмаинне истода, бо тамоми вуҷуд аз он ҳифозат намоянд. Вагарна ҳамаи сарбозоне, ки дар дохили он қарор доранд, ноорому мутазалзил шуда, дар муқобили афроди ҳуҷумкунанда муқовимат карда наметавонанд, ки дар натиҷа ба осонӣ қалъаро забт мекунанд. Бинобар ин, вазифаи шахси мӯъмин он аст, ки бо тамоми вуҷуд дохили ин қалъаро амну амон бидорад ва пеш аз он, ки аз хона хориҷ шуда, ба маҳале ва ё мусофирати дуре биравад, лозим аст дохилу хориҷи онро маҳкам ва боваринок бисозад, то ин ки касе ва ё чизе ба даруни он роҳ наёбад.

    Аз ҷиҳати дигар бояд модари мусалмон низ дар ин мавридҳо марди хонаро кӯмак кунад. Чун табиӣ аст, ки падари мусалмон ба танҳоӣ барои таъмину ҳифозати ҳамаҷонибаи ин қалъа кофӣ намебошад, балки лозим аст падару модар ҳарду дар ҳифзи хона ва тарбияи писарону духтарони худ бикӯшанд ва бо камоли садоқату тавоноӣ якдигарро ёрӣ диҳанд. Илова бар ин, амре аст возеҳ, танҳо мардон наметаво¬нанд ҷомеаи исломиро бисозанд ва ба он тараққиву пешрафт бахшанд. Аз ин рӯ, бояд занон низ дар пешрафти ҷомеаи исломӣ саҳм бигиранд, чунки дарвоқеъ занонанд, ки навниҳолони ояндасози мамлакатро дар оғӯши хеш мепарваронанд ва аз ҳар ҷиҳат ҳифзу ҳиросат менамоянд…

    Ногуфта намонад, яке аз корҳои муҳиме, ки лозим аст афроди даъватгари ба сӯи Ислом онро ба хубӣ дарк кунанд ва комилан ба он таваҷҷӯҳ намоянд ин аст, ки қабл аз ҳар чиз саъю кӯшиши худро ба ҳифзу ҳиросати хонаву кошона, ба зани хона, ба модар, сипас ба фарзандон ва баъд аз он ба мардум ба таври умумӣ матаваҷҷеҳ созанд. Инчунин лозим аст, ба сохтани занони мусалмон талоши зиёде ба амал ояд, то ин ки онон низ хонаводаҳои мусалмонро парвариш кунанд.

    Бинобар ин, касе, ки мехоҳад хонаводаи мусалмонеро ташкил диҳад, бояд нахуст дунболи зани мусулмон ва мутадаййин гардад, то бо ӯ издивоҷ кунад. Вагарна аз сохтори ҷомеаи исломӣ ақиб мемонад ва дере намегузарад, ки бунёди хонаводаи ӯ хору залил мегардад. Беҳтарин хусусиятҳое, ки зан бар мабнои он барои издивоҷ дар назар гирифта мешавад, иборатанд аз дин, салоҳ, тақво ва тавбаву бозгашт ба сӯи Парвардигори олам, зеро чунин зане аст, ки дилу чашм ба он шоду равшан мегардад ва ба хотири осуда метавон ҳам нисбат ба худаш ва ҳам нисбат ба молу тарбияи дурусти фарзандони шавҳараш эътимоду итминони комил дошт ва бо доштани ин гуна хусусиятҳо аст, ки зан метавонад фарзандонро бо ғизои имон таъмин кунад ва ҳамроҳи шир ба эшон беҳтарин усули исломиву инсониро ба онон бинӯшонад, зикру ёди Худо ва фиристодани салавот ба Расули акрам (с)-ро ба гӯшашон бирасонад, ба гунае ки тақвои Худо ва муҳаббати Исломро барои ҳамеша дар вуҷуди онон собиту устувор бидорад. Чун машҳур аст, ки: "Шахс ба ҳамон хислати ҷавонӣ пир мешавад ва хусусиятҳои падару модар ба фарзандон сироят мекунад."

    Чи басо сифатҳои росихи тақво ба пайравӣ аз падару модар ва ё яке аз он ду ва ё ба пайравӣ аз амак, ё даъваткунандае дар вуҷуди фарзанд падидор мегардад. Расули Худо (с) бо ишора ба ин матлаб мусалмононро ин гуна иршод мефармояд:

    "Зани нек ва боаслу насаберо барои ба вуҷуд омадани насли хуб интихоб кунед, зеро занон фарзандонеро шабеҳ ба бародарону хоҳарони худ ба бор меоваранд".

    Дар ривояти дигар омадааст:

    ("Барои таваллуди фарзандони хуб) ҳамхобаи солеҳ ва некӯкор интихоб кунед".

    Ба ростӣ, шоиста аст, ки мард хоҳони издивоҷ бо зани огоҳу бофарҳанг бошад, чун табиӣ аст, ки фарҳангу огоҳӣ занро барои идораи хона ва тарбияи хубу дурусти кӯдакон кӯмак мекунад. Аз ин рӯ, лозим аст зан ҳар навъ илму дони-шеро, ки дилаш мехоҳад ва ба шахсияту камоли ӯ муносиб мебошад, биомӯзад, зеро машҳур аст: Зану мард ба манзалаи як байти шеър мебошанд, ки агар як мисраи он маҳкам ва бомаънӣ бошад, аммо мисраи дигараш номаҳкаму бемаънӣ бошад, ҳеҷ арзише надорад ва ба унвони шеъри дуруст ва боқоида маҳсуб намешавад.

    Дар ривоят омадааст, Расули Худо (с) занони Қурайшро ба хотири бархурдории онон аз сифатҳои хубу писандидае, ки нисбат ба меҳру муҳаббат варзидан ба фарзандон ва риояи ҳоли ҳамсарони худ доштанд, ситуда фармудаанд:

    "Беҳтарин занони араб, занони некӯкори Қурайш ҳастанд, заноне, ки ба фарзандони хурдсол бештар меҳру муҳаббат меварзанд ва нисбат ба риояи молу ҳифзи обрӯи шавҳарони худ алоқамандтаранд".

    Оре, иқдоми зан ба тарбияи кӯдакон ва парвариши фарзандони солеҳу некӯкор ва иқдом ба хидмату риояи ҳоли шавҳар ва ҳифзи молу набудани исроф дар он коре аст, ки ӯро ба болотарин дараҷот мерасонад ва ӯро дар радифи занони бузургу шарофатманд қарор медиҳад ва ин амали ӯ баробар аст бо ҷиҳоди мард дар майдони корзор ва адои намози ҷумъа дар масҷидҳо.

    Нақл аст, Асмо духтари Язид ибни Сакан назди Расули Худо (с) омада, гуфт: «Ман фиристодаи ҷамоате аз занони мусалмон ҳастам, ки ҳама бо иттифоқи назар ин гуфтаи маро мегӯянд, ки Худованд Туро ба сӯи тамоми мардум, чи марду чи зан фиристодааст ва ҳамаи мо низ ба рисолати ту имон овардаем ва аз ту пайравӣ мекунем, вале мо ҷамоати занон дар чорчӯби хона муқайяд ва гӯшанишин шудаем, дар ҳоле ки мардон ба василаи ҳозир шудан дар ҷумъаву ҷамоат ва ба хотири ширкат намудан дар рафтан ба ҷаноза ва рафтан ба-рои ҷиҳод фазлу бартарӣ ёфтаанд. Ва вақте ки онон ба ҷангу ҷиҳод мераванд, мо амволи эшонро ҳифзу ҳиросат мекунем ва фарзандонашонро сарпарастиву парвариш менамоем. Пас, эй Расули Худо (с)! Оё мо дар аҷру подоши ҷиҳод бо эшон шарик ҳастем?». Расули Худо (с) рӯ ба асҳоб карда, фармуданд: «Оё гуфтаи ин занро, ки беҳтарин саволи динӣ дар ин маврид буд, шунидед?». Асҳоб арз карданд: «Оре, эй Расули Худо (с) шунидем!». Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Асмо! Баргард ва ба иттилои заноне, ки туро (ба намояндагии худ назди ман фиристодаанд) бигӯ: «Итоати ҳар яки шумо аз шавҳари худ ва ба ҷой овардани ризоят ва тавофуқу ҳусни ҳамзистӣ бо ӯ баробари савоби ҳар як аз он мавридҳоест, ки баён намудӣ".

    Мовардӣ ихтиёри зани некӯкор ва диндорро ҳаққи фарзанд бар падараш донистааст ва иқтибос аз ин гуфтаи Умар ибни Хаттоб (р) карда, ки мегӯяд: "Нахустин ҳаққи фарзанд бар гардани падараш ин аст, ки зани диндор ва соҳибтадбиреро, ки дар оянда модари ӯ мешавад, интихоб кунад ва бо ӯ издивоҷ намояд ва бикӯшад пеш аз он, ки барои ӯ фарзанде ба дунё ояд, дар миёни занон занеро ба издивоҷи худ дароварад, ки зебо, шариф, диндор, покдоман, огоҳ ба умури зиндагиву масоили заношӯӣ бошад, ҳамчунин соҳиби ахлоқи писандида, дорои ақлу камол ва дар тамоми аҳвол ҳамроҳ ва ёру ёвари шавҳараш бошад."

    Дар як ривояти тӯлонӣ омадааст, ки Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) бо як зани беваи диндору соҳибтадбир издивоҷ кард, то ин ки ҳам фарзандони ояндаи худро ба хубӣ тарбия кунад ва ҳам ба амри муҳимми тарбия ва парвариши ҳамаҷонибаи хоҳарони хурдаш бипардозад. Ривоят чунин аст, ки Ҷобир чигунагии амри издивоҷро ба арзи Расули Худо (с) расонид.Он Ҳазрат (с) аз ӯ пурсид: «Оё бо дӯшиза издивоҷ кардаӣ ё бо бева?». Ҷобир дар ҷавоб гуфт: «Бо як зани бева издивоҷ кардаам». Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Чаро бо дӯшизае издивоҷ накардӣ, ки бо ҳамдигар бозиву шодӣ кунед?». Ҷобир гуфт: «Эй Расули Худо(с)! Падарам вафот кардааст ва чанд хоҳари хурд низ дорам ва ман хушоянд надонистам, ки бо духтари камсинну сол издивоҷ кунам, ки натавонад ба тарбия ва парвариши хоҳаронам бипардозад ва аз ӯҳдаи он бар наояд. Бинобар ин, бо бевае издивоҷ кардам, ки битавонад ононро тарбияи саҳеҳ ва парвариши солим кунад. »

    Бинобар ин, ба таври равшан маълум мешавад, яке аз вазифаҳои зан ин аст, ки барои ҳамсараш зани дилсӯзу фидокор бошад ва барои фарзандонаш низ модаре меҳрубон, ба ин маъно, ки ҳам дар риояи ҳоли шавҳараш ва ҳифзи моли ӯ кӯшову содиқ бошад ва ҳам босабру бурдборӣ, бо шафқату меҳрубонӣ, ба хубӣ ба тарбияи фарзандони худ, ки аз ӯ доро шудааст, бипардозад. Ба гунае ки дар пеши ӯ бар фарзандонаш хашмгину асабонӣ нашавад ва онҳоро мавриди бадгӯӣ ё зарбу лат қарор надиҳад, чун ин кор мӯҷиби азияту озори рӯҳӣ ва фикрии шавҳараш мешавад. Зеро дур нест, дуои бади зан нисбат ба фарзандонаш дар пешгоҳи Ҳақ таъоло мавриди қабул воқеъ шавад ва онон низ дучори шарру бадбахтӣ ва сарнавиште шуму номуборак гарданд.

    Ниҳоятан, бояд донист, ки ҳамсари некӯкор ва покдоман ҳамон ганҷинаи ҳақиқӣ аст, ки мард онро дар дунёву охирати хеш захира мекунад. Чунончи ривоят шудааст, ки Савбон гуфт: «Дар яке аз сафарҳо ҳамроҳи Расули Худо (с) будем, вақте ки ояти: «…ва онҳо, ки зару нуқраро захира ме¬кунанд ва онро дар роҳи Худо харҷ наменамоянд…» нозил шуд, яке аз асҳоб гуфт: Ин оят дар бораи тиллову нуқра нозил шуд, пас кош медонистем, кадом мол беҳтар аст, ки онро баргирем. Расули Худо (с) фармуданд:

    "Беҳтарин мол забони зокир, қалби шокир ва ҳамсари солеҳу покдомане аст, ки шахси мӯъминро бар тақвову устувории имонаш ёрӣ медиҳад"

    Дар ривояти дигар омадааст: Вақте ояти боло нозил шуд, бар мусалмонон гарон омад, Умар (р) гуфт: «Ман ин мавзӯъро барои шумо равшан месозам. Пас назди Расули Худо (с) рафта гуфт: «Эй Пайғамбари Худо (с)! Ин оят бар асҳоби шумо гарон ва амре сангин омадааст.

    Пайғамбари акрам (с) фармуданд:

    "Худованд закотро фарз накардааст, магар ин ки моли боқимондаи шумо пок шавад ва ҳамоно меросро фарз гардонидааст, то моли касе шавад, ки баъд аз сари шумо боқӣ мемонад". Пас, Умар (р) Аллоҳу акбар гуфт. Сипас Расули Худо (с) ба ӯ фармуданд: "Оё туро огоҳ насозам, ба он чи ки мард захира мекунад: Он зани некӯкор ва покдомане аст, ки ҳар гоҳ шавҳараш ба ӯ нигоҳ кунад, хушҳол шавад ва ҳар гоҳ кореро ба ӯ вогузор кунад, итоат намояд ва ҳар вақт мард аз хона хориҷ шавад ва аз ӯ дур гардад, дар набудани ӯ молу обрӯяшро ҳифзу ҳиросат намояд"

    Худоё! Ҳамсарони моро занони солеҳу фармонбардор, афифу покдоман, ҳофизи амвол ва роздори шавҳарони худ бигардон! Омин, ё Раббал-оламин!