×
Масҷид ибодатгоҳи мусалмонон аст, ки рафтан ба сӯи он барои баҷо овардани ибодати Аллоҳ таъоло савоб ва фазилати бузурге дорад.

    Фазилати рафтан ба масҷид

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдураҳмони. А

    2014 - 1436

    فضل الذهاب إلى المسجد

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الرحمن. أ

    2014 - 1436

    Фазилати рафтан ба сӯи масҷид

    Масҷид ибодатгоҳи мусалмонон аст, ки рафтан ба сӯи он барои баҷо овардани ибодати Аллоҳ таъоло савоб ва фазилати бузурге дорад.

    Дар ҳадисе ки ҳазрати Абуҳурайра (р) онро ривоят карда аст Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن النبي – صلى الله عليه وسلم - قال:"من غدا إلى المسجد أو راح, أعد الله له في الجنة نزلا كلما غدا أو راح" متفق عليه .

    “Касе ки аввали рӯз ё аввали шаб ба сӯи масҷид равад, ҳар субҳ ё ҳар бегоҳе ки меравад Худованд барояш дар биҳишт меҳмонсарое омода месозад”. (Муттафақун ъалайҳ)

    Мусалмоне ки ба сӯи масҷид барои баҷо овардани ибодати Парвардигораш меравад аз ҷониби Аллоҳ таъоло ваъда аст, ки гуноҳонашро мебахшад ва қадру манзилаташро дар наздаш баланд месозад.

    Дар ҳадиси дигаре ки Абуҳурайра (р) онро ривоят карда аст, Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    وعنه (أبي هريرة) أن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "من تطهر في بيته, ثم مضى إلى بيت من بيوت الله, ليقضي فريضة من فرائض الله كانت خطواته إحداها تحط خطيئة والأخرى ترفع درجة". رواه مسلم.

    “Касе ки дар хонаи худ таҳорат намуда ва ба хонае аз хонаҳои Худо(масҷид) биравад, ба хотири адо кардани фарзе аз фароизи Худо, ҳар яке аз қадамҳояш гуноҳеро кам намуда ва қадами дигараш манзилат ва ҷойгоҳашро баланд месозад”. (Муслим)

    Асҳоби Паёмбари Худо барои қадам задан ба суӣ масҷид бо ҳамдигар сабқат мекарданд ва ҳар қадар ки роҳи хонаашон аз масҷид дур мебуд ҳамон қадар хурсанд мешуданд, то инки қадами зиёд ба суӣ масҷид бизананд ва савоби бисёр гиранд.

    Убай ибни Каъб (р) дар ҳадисе ривоят карда мефармояд:

    عن أبي بن كعب – رضي الله عنه – قال: كان رجل من الأنصار لا أعلم أحدا أبعد من المسجد منه, وكانت لا تخطئه صلاة. فقيل له: لو اشتريت حمارا تركبه في الظلماء وفي الرمضاء. قال: ما يسرني أن منزلي إلى جنب المسجد, إني أريد أن يكتب لي ممشاي إلى المسجد, ورجوعي إذا رجعت إلى أهلي, فقال رسول الله - صلى الله عليه وسلم -: "فقد جمع الله لك ذلك كله" رواه مسلم.

    Убай ибни Каъб гуфт: Марди ансорие буд, ки хонаи касе чун хонааш аз масҷид дуртар набуд ва ҳеҷ намозе аз ӯ фавт намешуд. Ба ӯ гуфта шуд: Чи мешуд агар харе мехариди, ки дар торики ва гармии сахт ба он савор мешуди ва ба суӣ масҷид меомади? Гуфт: Ман намехоҳам ки хонаам паҳлуи масҷид бошад. Ман мехоҳам савоби рафтан ба масҷид ва баргаштан ба хонаам дар номаи аъмолам навишта шавад. Сипас расули Худо гуфт: "Ҳароина Аллоҳ таъоло ҳамаи онро бароят ато карда аст" (Муслим)

    Пас инсони мусалмон ба қадри қадамҳои зиёде ки ба суӣ масҷид мегузорад барои баҷо овардани ибодати Парвардигораш ҳамон қадар манзилат ва шарафи ӯ назди Парвардигораш зиёд мешавад.

    Аммо агар бар ҳоли имрӯзаи мо мусалмонон нигоҳ кунем мебинем, ки агар масҷид аз хонаҳоямон дур бошад инро ҳамчун барои худ узр дониста ва ба суӣ масҷид намеравем ба баҳонаи инки масҷид аз хонаамон дур аст.

    Ҳазрати Абумӯсо (р) дар ҳадиси дигаре аз Паёмбари Худо (с) ривоят карда мефармояд:

    عن أبي موسى – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم – "إن أعظم الناس أجرا في الصلاة أبعدهم إليها ممشى, فأبعدهم, والذي ينتظر الصلاة حتى يصليها مع الإمام أعظم أجرا من الذي يصلي ثم ينام" متفق عليه.

    “Бузургтарин мардум аз рӯи савоб дар намоз дуртарашон аз рӯи рафтан аст, Ва боз дуртарашон ва касе ки интизории намозро мекашад, то онро бо имом адо кунад савобаш бузургтар аст аз касе ки намозро хонда хоб мекунад” (Муттафақун ъалайҳ)

    Хушо бар ҳоле касонеки дар торикии дунё ба сӯи масҷидҳо қадам мезананд ва торикиҳои рӯзи қиёматро барои худ равшан месозанд.

    Бурайда (р) дар ҳадисе аз Паёмбари Худо (с) ривоят карда мефармояд:

    عن بريدة – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم قال: "بشروا المشائين في الظلام إلى المساجد بالنور التام يوم القيامة" رواه أبوداود والترمذي.

    Паёмбари Худо фармуд: “Касонеро ки дар торикиҳо ба масҷидҳо мераванд ба нури комиле дар рӯзи қиёмат мужда диҳед”. (Абудовуд ва Тирмизӣ)

    Пас эй бандаи мусалмон! Агар бахшиши гуноҳон мехоҳи, манзилати баланд дар назди Парвардигорат мехоҳи, ба сӯи хонаи Парвардигорат бишитоб, то инки Аллоҳ таъоло ин хоҳишатро бароят ато намояд.

    Паёмбари Худо ки суханҳояш аз ҷониби Аллоҳ таъоло мебошад, ин ваъдаро бароят дода аст.

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال:" ألا أدلكم على ما يمحو الله به الخطايا, ويرفع به الدرجات؟" قالوا: بلى يا رسول الله, قال:" إسباغ الوضوء على المكاره, وكثرة الخطا إلى المساجد, وانتظار الصلاة بعد الصلاة, فذلكم الرباط, فذلكم الرباط" رواه مسلم.

    Абуҳурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуд: "Оё шуморо ба чизе роҳнамои накунам, ки бо он гуноҳон бахшида шавад ва мартаба баланд шавад? Гуфтанд: Бале ё расули Худо. Фармуд: "Пурра сохтани таҳорат дар сахтиҳо (монанди хунукиҳо ва гармиҳо), ва қадам задани бисёр ба сӯи масҷидҳо, ва мунтазир мондан барои намоз баъд аз адои намоз. Пас ин аст сангар, онро маҳкам гиред, ин аст сангар, онро маҳкам гиред" (Муслим)

    Кадамгузории инсон ба сӯи масҷид далолат ба имондории ӯ ба Парвардигораш мекунад, чун масҷидро бино намекунад ва ба сӯяш намеравард, магар касе ки имон ба Худо ва рӯзи охират дорад.

    Паёмбари Худо дар ҳадисе ки Абусаъиди Худри онро ривоят карда мефармояд:

    عن أبي سعيد الخدري – رضي الله عنه - عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "إذا رأيتم الرجل يعتاد المساجد فاشهدوا له بالإيمان, قال الله – عز و جل – "إنما يعمر مساجد الله من آمن بالله واليوم الآخر" (التوبة 8) . رواه الترمذي وقال حديث حسن.

    “Агар шахсеро дидед ки ба пайваста ба сӯи масҷид меояд, ба имон доштани ӯ гувоҳи диҳед, Аллоҳ таъоло фармуд: (Ҳамоно обод мекунад масҷидҳои Худоро касеки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад” (Тавба) (Тирмизи, ва ин ҳадисро ҳасан гуфтааст)

    Инчунин фазилати бузург барои касоне аст, ки намози худро хонда ва дар ҷояшон то намози дигар менишинанд, яъне вақти намози дигарро мунтазир мешаванд, ва пайваста дар масҷид ҳастанд.

    Ва малоикаҳо барои инчунин шахс аз Парвардигорашон талаби мағфират ва раҳмат мекунанд.

    Дар ҳадисе Паёмбари Худо мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم قال:" الملائكة تصلي على أحدكم مادام في مصلاه الذي صلى فيه, ما لم يحدث, تقول: اللهم اغفر له, اللهم ارحمه" رواه البخاري.

    Абуҳурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки гуфт: "Малоикаҳо барои яке аз шумо дуъо мекунанд, модоме ки вай дар ҷои намозаш ки дар он намоз гузоштааст, қарор дошта бошад то лаҳзае ки бетаҳорат нашавад, малоика мегуяд: Худоё ӯро бибахш ва ӯро мавриди раҳматат қарор деҳ" (Бухорӣ)

    Касеки ба масҷид пайваст бошад албатта аз савоби намози ҷамоъат, ки фазилат ва савобаш аз намози танҳоги хеле зиёд аст, бенасиб намемонад.

    Паёмбари Худо дар фазилати намози ҷамоъат мефармояд:

    عن ابن عمر – رضي الله عنهما – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم –قال:"صلاة الجماعة أفضل من صلاة الفذ بسبع وعشرين درجة" متفق عليه.

    Инби Умар (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуд: "Савоби намози ҷамоъат бар намози танҳои бисту ҳафт баробар аст". (Муттафақун ъалайҳ)

    Пас инсони мусалмон рафтан ба сӯи масҷид ва хондани намозро бо мусалмонон дар ҷамоъат дар ҳама вақт намегузорад, хусусан дар вақтҳои торики ва хунукиҳо ки душвор аст, аммо савоби бузурге дорад.

    Ҳазрати Усмон (р) дар инбора ҳадисеро аз Паёмбари Худо (с) ривоят карда мефармояд:

    عن عثمان بن عفان – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله - صلى الله عليه وسلم – يقول: "من صلى العشاء في جماعة فكأنما قام نصف الليل, ومن صلى الصبح في جماعة فكأنما صلى الليل كله" رواه مسلم.

    “Касе ки намози хуфтанро бо ҷамоъат бихонад гуё инки ними шабро дар намозхони гузаронида аст, ва касе ки намози бомдодро дар ҷамоъат бихонад гуё инки ҳамаи шабро дар намозхони гузаронида аст”. (Муслим)

    Боро Худоё дилҳои моро пайваста ба сӯи хонаҳоят бигардон ва хондани намозҳоро бо ҷамоъат бароямон осон бигардон ва аз савобу фазилати намози ҷамоъат бенасибамон нагардон.