Мусалмон ҳамеша ростгӯ мебошад
Дастабандиҳо
Full Description
Мусалмон ҳамеша ростгӯ мебошад
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Нависанда: Абдураҳмони . А
2014 - 1435
المسلم يصدق دائما
«باللغة الطاجيكية»
تأليف : عبد الرحمن . ا.
2014 - 1435
Мусалмон ҳамеша ростгӯ мебошад
Мусалмони бо имон дар гуфтору рафтораш ҳамеша бо бандагони Аллоҳ таъоло ростгӯ ва амин мебошад, чун Аллоҳ таъоло ӯро аз осмони ҳафтум дар китоби покаш ба ин ахлоқи нек амр карда аст, чуноне мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَكُونُواْ مَعَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١١٩﴾ [التوبة: ١١٩]
“Эй касоне, ки имон овардаед аз Худо битарсед ва бо ҳамроҳи ростгуён бошед”.
Сураи Тавба 119
Инчунин мусалмон бояд бо Парвардигораш содиқ, Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿فَلَوۡ صَدَقُواْ ٱللَّهَ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ ٢١﴾ [محمد : ٢١]
“Ҳамоно агар бо Худо ростӣ мекарданд, ҳаққо ки барояшон беҳтар буд”.
Сураи Муҳаммад 21
Ростгуйи сабаби оромиши дилҳо, ва хушбахтии инсонҳоҳо дар миёни бандагон мебошад, Паёмбари Худо дар ҳадиси шариф мефармояд:
عن أبي محمد الحسن بن علي – رضي الله عنه – قال: حفظت من رسول الله – صلى الله عليه وسلم -:"دع ما يريبك إلى ما لا يريبك, فإن الصدق طمأنينة, والكذب ريبة" (رواه الترمذي)
Аз Абумуҳаммад Ҳасан ибни Али (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Худо ёд дорам, ки фармуд: “Тарк кун ончиро ки туро ба шак меандозад, ва чанг бизан ба чизе ки туро ба шак намеандозад, чунки рости итмиънону оромиши хотир аст ва дуруғ шак аст”.
Тирмизӣ
Инчунин рости сабаби роҳнамои басуи некиҳост, ки инсонро басуи ҷаннат далолат мекунад, Паёмбари Худо мефармояд:
عن أبي مسعود – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "إن الصدق يهدي إلى البر, وإن البر يهدي إلى الجنة, وإن الرجل ليصدق حتى يكتب عند الله صديقا, وإن الكذب يهدي إلى الفجور, وإن الفجور يهدي إلى النار, وإن الرجل ليكذب حتى يكتب عند الله كذابا" (متفق عليه)
Аз Абумасъуд (р.з) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некӯкорӣ роҳнамоӣ мекунад ва некӯкорӣ инсонро ба сӯи биҳишт раҳнамун мегардонад ва ҳамоно банда рост мегӯяд, то инки дар назди Аллоҳ таъоло бисёр ростгӯ ва сиддиқ навишта мешавад. Ва дурӯғ инсонро ба сӯи дӯзах мекашад ва инсон ҳамоно дурӯғ мегӯяд, то ки дар назди Аллоҳ таъоло каззоб ва бисёр дуруғгӯ навишта мешавад”.
Муттафақун алайҳи
Инсони ростгӯро Аллоҳ таъоло ҳамеша ба роҳи ҳақ муваффақ мегардонад, ва дарвозаҳои хайрро барояш боз мегардонад, ва дохил шудан ба биҳиштро барояш муяссар ва осон мегардонад, ва ҳарчизе, ки аз Аллоҳ таъоло содиқона талаб кунад, Аллоҳ таъоло талабашро барояш ато мекунад, дар ҳадиси дигаре Паёмбари Худо мефармояд:
عن سهل بن حنيف – رضي الله عنه – أن النبي – صلى الله عليه وسلم قال:"من سأل الله تعالى الشهادة بصدق بلغه منازل الشهداء , وإن مات على فراشه" (رواه مسلم)
Саҳл ибни Ҳаниф (р.з) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуд: “Касе, ки аз рӯи сидқу ростӣ аз Аллоҳ таъоло шаҳодатро талаб кунад Аллоҳ таъоло ӯро аз дараҷоти шаҳидҳо баҳраманд месозад, агар чи дар ҷойгаҳаш бимирад”.
Муслим
Мусалмон дар ҳамагуна рафтору кирдораш ростгӯ мебошад, дар корҳои хонаводагияш бо зану фарзандаш, дар вазифае ки ба душ гирифта аст бо мардум содиқона рафтор кунад ва ҳақи мардумро сидқу ростӣ бигардонад, дар хариду фуруш ва тиҷораташ бояд ростгӯ ва амин бошад то инки Аллоҳ таъоло дар тиҷораташ баркат диҳад ва моли ҳалолро насибаш гардонад.
Расули акрам (с) мефармояд:
عن حكيم بن حزام – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم :"البيعان بالخيار ما لم يتفرقا, فإن صدقا وبينا بورك لهما في بيعهما, وإن كتما وكذبا محقت بركة بيعهما" (متفق عليه)
Аз Ҳаким ибни Ҳизом ривоят аст ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳарду муомилакунандагон (фурӯшанда ва харидор) ихтиёр доранд то замонеки аз ҳам ҷудо нашаванд. Агар рост гуфтанд ва баён намуданд дар муомилаашон баракат дода мешавад ва агар пушониданд (айбҳои молашонро) ва дурӯғ гуфтанд баракати муомилаашон аз миён меравад”.
Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо дар ин ҳадис ростгуёнро ба баракат ваъда дода ва дуруғгӯёнро ба хасорат ва бебаракати дар корҳояшон хабар медиҳад.
Чун дуруғгуӣ сабаби дур шудани муҳаббат ва дустӣ аз миёни мардум мегардад, инчунин сабаби аз байн рафтани адолату баракат мегардад.
Дар айни ҳол сабаби паҳн шудани зулму ситам миёни мардум, ва фиребу найранг бо ҳамдигар мешавад.
Дини ислом ҳар гуфтору кирдоре ки сабаби зулму ситам, ва аз байн рафтани ҳуқуқи ҳамдигар мегардад, шадидан аз он манъ карда ва асҳобашро ба уқубатҳои сахт ва ҳалокат ваъид мекунад.
Аллоҳ таъоло моро аз ҷумлаи ростгӯён ва росткорон гардонда, ва роҳи дохил шудан бар биҳиштро бароямон осон бигардонад.