×
Нависанда дар ин мақола як чанд соаволеро матраҳ кардааст ва ба онҳо ҷавоб додааст ки : • Чаро «Қуръон»-у «Инҷил» хӯрдани гӯшти хукро манъ кардаанд? • Олимони ҳангомаҷӯйи америкоӣ чӣ мегӯянд? • Зукоми хук ба мо ҳам таҳдид мекунад? • «Ватан»-и зуком куҷост? • Вазъият дар «хона»-и зуком чӣ гуна аст? • Мо бояд чӣ кор кунем? Ва ба ин саволҳо бо таври возеҳ ва пурра ҷавоб додаастю Нависанда : Ҳотами ҲОМИД Нашриёт : Чархи Гардун

    «ЗУКОМИ ХУК» ТОҶИКИСТОНРО ҲАМ ТАҲДИД МЕКУНАД?

    هل يهدد أنفلونزا الخنازير طاجيكستان ؟

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи: Ҳотами ҲОМИД

    2009 - 1430

    هل يهدد أنفلونزا الخنازير طاجيكستان ؟

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : حاتم حاميد

    2009 - 1430

    «ЗУКОМИ ХУК» ТОҶИКИСТОНРО ҲАМ ТАҲДИД МЕКУНАД?



    * Чаро «Қуръон»«Инҷил» хӯрдани гӯшти хукро манъ кардаанд?

    * 21 миллион нафар аз зукоми хук дунёро падруд гуфт!
    Ҳазораи сеюм инсониятро бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ сохт: обхезӣ, заминҷунбӣ, садамаҳо… дар қиболи худ фалокати ҷонию молиро ба бор овард. Ин гуна ҳодисаҳо қариб тамоми сайёраро фаро гирифта, дар як идда давлатҳо муддати дароз ҳолатҳои фавқулодда эълон мегарданд. Бемориҳои гуногун, ки тайи даҳсолаи охир барои «ворид гардидан»-ашон ба ҷисми инсоният «навбат мепоянд», бе пушт – пушт хатари маргро ҳушдор медиҳанд. Акнун дар баробари ҳушдорҳо аз эпидемияи нав ва хабарҳои нохуш аз «ҷабҳаи ҷанг» бо зукоми хук садоҳое низ ба гӯш мерасанд, ки ҳамаи ин маъракаи ба наздикӣ доиршударо аз воҳимаангезие барои ба даст овардани даромадҳои азим беш арзёбӣ намекунанд. Тарафдорони ин ақида бар онанд, ки вируси зуком дар асл мунтазам тағйир меёбад ва пайдо шудани нусхаи нави он ҳаргиз набояд боиси ин қадар сару садоҳо бошад. Зиёда аз ин, онҳо исрор мекунанд, ки дар асл аз зукоми хук касе намурдааст. Ҳадаф аз ин фишори иттилоотӣ бошад, танҳо ба даст овардани даромадҳои калон аст. Ин гуна маъракаҳо замони охир дар ҳар ду сол анқариб такрор ёфта истодаанд. Маъракаи аввалин аз ин қатор ба бемории ҳорӣ («корове бешенство») бахшида шуда буд. Ҳангомаи барпонамудаи олимон якҷоя бо ходимони Созмони ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ бобати он ки садҳо миллион нафар метавонанд ба ин беморӣ гирифтор шаванд, ҳукуматҳои баъзе кишварҳоро маҷбур кард, ки саршумори чорвоашонро қариб батамом нест намуда, ба фермерҳо миллиардҳо доллар ҷубронпулӣ тақсим кунанд.

    Аммо бо вуҷуди ин…

    Зукоми хук акнун ба қиттъаи Осиё таҳдид мекунад. Аллакай дар кишвари Туркия нахустин мавриди гирифторӣ ба зукоми хук мушоҳида шудааст. Ин беморӣ дар як нафар сайёҳе мушоҳида шудааст, ки аз сафари Амрико баргаштааст. Дар ин бора як шабакаи телевизионии ин кишвар таҳти унвони NTV иттилоъ додааст. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Туркия, дар ҳоли ҳозир Вазорати тандурустии ин кишвар ҳодисаи мазкурро таҳқиқ намуда, хулосаашонро ба таври пурра пахш карданист.
    Зукоми хук, ки вақтҳои охир ҷаҳонро нигарон кардаю ба ташвиш овардааст, ҳудуди фарогириаш дар миқёси давлатҳо ва гирифторонашро васеътар мекунад. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемории хавфнок ба 8.500 нафар дар 41 кишвари ҷаҳон сироят кардааст. То имрӯз 180 нафар дар Мексика, 20 нафар дар Амрико, 6 нафар дар Канада ва як тани дигар дар Коста – Рика (ҷумҳурӣ дар Америка, ки пойтахташ Сан-Хосе аст), ҳалок шудаанд. Ҳамчунин, дар кишварҳои дигари осиёӣ Япония ва Чин нахустин маротиба ҳодисаи гирифторӣ ба зукоми хук ба қайд гирифта шуд.

    Олимони ҳангомаҷӯйи америкоӣ чӣ мегӯянд?

    Мутахассисони соҳаи тибби америкоӣ пас аз тадқиқоти доманадори хеш нисбат ба ҷасадҳои аз қабристони Аляска омӯхтаашон ба хулосае омаданд, ки аз соли 1918 то аввали садаи ҳозира аз эпидемияи зукоми хук дар дунё 21 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба ақидаи Агентии иттилоотии «Ассоши эйтед Пресс», олимони Институти потологияи Қувваҳои мусаллаҳи ИМА сабабҳои сар задани чунин бемориро таҳқиқ намуда истодаанд. Олимони ҳайратзада дар шигифт мондаанд, ки чӣ гуна ин вирус метавонад бо як суръати хеле зиёд зуд паҳн гардида, дар шаклҳои мухталиф ба ҷисми инсон гузарад. Дар баробари ин, суоли калидӣ ва мақсади ниҳоияшон ҳам ихтироъи зудамали позаҳре муқобили ин вирус аст. Ҳатто профессори шинохта Джеффри К.Топенбергер ҳам аз шиддати ин барангезанда ба ҳайрат афтода, мулзам мондааст, ки чӣ гуна метавонад ин вирус зуд ба ҷисми инсон таъсири марговар расондаю чаро маҳз зукоми хук номгузорӣ шудааст. Ҳол он ки пеш аз ин, онро зукоми испанӣ меномиданд. Бо вуҷуди ин, аллакай боз собит шудааст, ки барангезандаи аввалини ин беморӣ хук аст. Дар бораи зукоми мурғ аксарият маълумоти муфассал доранд. Олимони амрикоӣ ҳам ба ин ақидаанд, ки вируси марговар тавассути паррандаи вабозада ба хук сироят намуда будааст. Мубталоёни зукоми хук, ки ҳанӯз аз соли 1918 худро «муаррифӣ» карда буданд, дар маҷмӯъ, дар ИМА ҷони 700 ҳазор нафарро аз байн бурд. Он вақт қушунҳои сарҳадии ИМА, ки барои ҷойивазкунӣ ва иштирок дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тайёрӣ медиданд, аз барангезандагони ин вирус маҳсуб мешаванд. Барангезандагони дигар, ки ба таври рамзӣ «осиёӣ» ва «гонконгӣ» ёд мешаванд, дар солҳои 1957 ва 1968 низ аз расонандаҳои ин зуком ба шумор мераванд.

    Зукоми хук ба мо ҳам таҳдид мекунад?

    Ба ақидаи муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Мирзоев пайдоиши ин беморӣ ба аҳолии Тоҷикистон бехавф аст. Номбурда ба он такя дорад, ки маводи ғизоии бо истифода аз маҳсулоти хукӣ ба ҶТ аз хориҷ, бахусус аз Мексика, ворид намегардад, зеро Мексикаро «ватан»-и ин вирус медонанд. А.Мирзоев мутмаин аст, ки мардуми Тоҷикистон, ки қариб ҳама мусулмону аҳли тақвоянд, гӯшти хукро истеъмол наменамоянд ва бинобар он, сироят нахоҳанд ёфт. Ин вирусро шартан «А» (H1N1) номгузорӣ кардаанд. Ӯ ҳамчун сардухтури эпидемиологии ҷумҳурӣ қайд менамояд, ки фаразан, шахсе бо ин тамға, яъне ҳамчун гирифтори вирус тахмин гардад, боиси нигаронӣ нест, зеро кормандони шӯъбаҳои санитарӣ дар фурудгоҳу стансияҳои Роҳи Оҳан зуд ин гунаҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронда, зери назорати минбаъдаю қатъӣ қарор хоҳанд дод. Агар мизоҷони ин ду муассиса дар худ пеш аз сафар ё ворид шуданашон ба пойтахт таби баландро ҳис кунанд, мутахассисони соҳаи тиб онҳоро муоина карда аз роҳашон бозпас мегардонанду зери назорат мегиранд. Ин гуна амал дар асоси чорчӯбаи барнома ба муқобили зукоми мурғ анҷом дода мешавад.
    Чунонки аз иттилои хадамоти гумруки ҶТ ба хабаргузории «АП» бармеояд, ғизоҳое ки бо гӯшти хук таҳия шудаанд, аз Мексикаю ИМА ба ҷумҳурии мо ворид нагардидаанд. Ҳатто аниқ аст, ки аз аввали сол шурӯъ карда то имрӯз на бо роҳи қонунию на ғайриқонунӣ ин гуна мавод, хушбахтона, ба қайд гирифта нашудааст.

    «Ватан»-и зуком куҷост?

    Зукоми хук марговар буда, дар Мексика пайдо шудааст. Расонаҳои олам иттилоъ додаанд, ки он ба тадриҷ оламро забт мекунад. Дар ин кишвар 506 ҳодисаи расман тасдиқёфтаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди фавтидагонро (дар Мексика) аз зуком то 180 нафар эълон доштаанд. Хисороти аз ин эпидемия баамаломада миллиардҳо долларро ташкил додааст. Аз ин, махсусан, соҳаи туризми кишвар рӯ ба таназзул ниҳодааст.
    Губернатори штати Колифорнияи ба Мексика ҳамсарҳади ИМА Арнолд Швартснеггер дар муқобили бемории паҳнгардидаистода оҷизу музтар монданашро эътироф намуда дар кишвараш вазъи фавқулодда эълон кардааст . Дар Колифорния дар муддати кӯтоҳ 70 ҳодисаи исботшудаи зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Созмони ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ 898 ҳодисаи дақиқан тасдиқёфтаи зукоми навро ҷамъ дар 19 кишвари олам эълон медорад. Беморӣ дар Авруосиё роҳ ёфта, аз Испания ва Британия сар карда, то худи Гонконгу Кореяи Ҷанубӣ панҷаи гулӯфишори худро аллакай дароз намудааст. Дар Миср қарори ҳукуматдорон дар бораи нобуд кардани тамоми саршумори хукҳо (сесад ҳазор сар) сабаби нооромиҳо гардид, ки дар рафти онҳо 7 полис ва 8 намояндаи халқияти коптҳо (дар ин кишвари мусулмонӣ танҳо онҳо хук парвариш мекунанд), ҷароҳат бардоштаанд.
    Ҳукуматдорони АМА (Аморати Муттаҳидаи Араб) аз чораҳои бар зидди зукоми хук андешидаашон хабар паҳн карда, иброз медоранд, ки ворид сохтани гӯшти хукро ба кишварашон манъ кардаанд. Дар ИМА онро дар шӯъбаҳои махсуси мағозаҳо мефурӯхтанд.


    Иқдоми пешгирифтаи Чин

    Ҳукумати Чин бошад, ҳар нафареро, ки аз Мексика ба қаламрави кишвар ворид мешавад, бидуни ягон нишонаи беморӣ ба карантини қатъӣ гирифтор менамояд. Роҳбарони Мексика ба шаҳрвандонашон эътироз баён менамоянд ва омодаанд, ки барои ба Ватан пас гардондани онҳо тайёраи махсус фиристанд.

    Вазъият дар «хона»-и зуком чӣ гуна аст?

    Вазири тандурустии Мексика Хосе Анхел Кордова ба наздикӣ иброз доштааст, ки авҷи эпидемияи зукоми хук дар кишвар ба рӯзҳои аз 23 то 28 апрел рост омада, акнун поён фуромада истодааст. Аммо дарҳол ходимони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ огоҳ карданд: «Соли 1918 эпидемияи зукоми испанӣ баҳор авҷашро паси сар карда, тобистон қариб аз байн рафта буд, вале тирамоҳ аз сари нав бо нерӯи дучанд хурӯҷ ёфта, ҷони аз 40 то 50 миллион нафарро рабуд.
    Зарарҳои зукоми мурғ аз зукоми оддӣ қариб, ки фарқ надоранд. Аҷаб аст, ки дар баъзе кишварҳо нишонаҳои зукоми В (вируси Н1N1) ҳатто дар одамҳое мушоҳида мешаванд, ки дар хориҷа набудаанду бо хориҷиён алоқа надоштанд. Шояд он бо ягон роҳи дигар ҳам паҳн шавад? Ба ҳар ҳол, суръати паҳншавии беморӣ сахт нигаронкунанда аст. Мутаассифона, бинобар маълумоти мутахассисони соҳа, алҳол бар зидди вируси зукоми хук ваксина коркард наёфтааст, вале барои кӯмак ба организм аз воситаҳои маъмулии муолиҷаи грипп истифода карда мешавад. Барои пешгирии беморӣ бошад, аз препаратҳои арбидол, амиксин, иммунал ва монанди инҳо истеъмол намудан ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

    Мо бояд чӣ кор кунем?

    Албатта, ин ҳама ахборе, ки мо дар назар дорем, хабарҳои иттилоотианд, ки ин рӯзҳо атрофи ин мавзӯъ гуфтаю навишта мешаванд. Умуман, мо бояд чӣ кор кунем, ки ба он мубтало нашавем? Модом, ки барангезандаи он хук аст, пас муносибати мо, мусулмонон, бо хук ҳеҷ иртиботе надорад. Дар замонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) совхози хукпарварие буд бо номи «Шайнак». Хайрият, бо мурури замон аз байн рафт. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон парваришгоҳ ё фермаи хукпарварие вуҷуд дорад, ки ба қисми низомии дивизияи 201–уми ФР мутааллиқ аст.
    Ҳама медонанд, ки «Қуръон»-и карим ҳам истеъмоли гӯшти хукро ҳаром шумурдааст: «Ҷуз ин нест, ки (Худо) ба шумо мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки дар (забҳи) вай ба ғайри ( номи ) Худо овоз баланд карда шавад, ҳаром кардааст» (Сураи Бақара, ояти 173). Ҳатто ин масъала дар Инҷил низ таъкид шудааст: «Хук барои шумо тоза нест, зеро нухшоркунанда нест, гӯшташро нахӯред ва ба лос (ҷасад)-и он наздик нашавед» (Инҷил, 14; 8).
    Барои мусулмонон Худованд гов, буз, уштур, асп, мурғ, моҳӣ, мурғобиро ҳалол ва хук, гурба, саг, харро ҳаром шуморидааст. Ҳатто бо сабаби забҳи нодурусти ҳайвоноти ҳалол шуморидашуда метавонад он дар ҳолате ҳаром гардад, ки мувофиқи аҳкоми шариат забҳ нашуда бошад. Яъне он бояд рӯзона забҳ гардад, ҳангоми кордро ба ҳалқ молидан ҳайвон ба тарафи чап хобонда шуда, чашмаш ба сӯйи (самти) Каъба нигаронда шуда бошад. Забҳгар бояд Ояти «Амантубиллоҳи»-ро бихонад.

    «Сар ба полезат дарорад хук агар…»

    Хук ҳайвони ҳамеша мазамматшаванда аст. Агар касеро бадгӯӣ кунем, сифатҳои бадашро ёд оварданӣ шавем, мегӯем: «Хук барин аст». Ё фарбеҳиро, ки аксарият аз он дурӣ меҷӯянд, ба хук нисбат медиҳем: «Хук барин фарбеҳ аст». Ҳамчунин миҷозро муайян карданӣ шавем, мегӯем: «Хукмиҷоз». Шахсе дар ниҳояти дармондагию бечорагӣ ҳолати рӯҳии худро аз забони шоир баён кардааст:


    Аз тақозои замона заҳрро гуфтам намак,
    Хирсро гуфта тағойӣ, хукро гуфтам амак.


    Устод Мирзо Турсунзода душмани советӣ -Гитлерро ба хук ташбеҳ дода буд:
    Сар ба полезат дарорад хук агар, сар мезанам

    Умуман, хук дар ҳама ҳолат мазамматшавандаю манфур аст. Ҳамеша ба хоку обу лой ҷӯлида, ҳар чӣ пеш ояд, мехӯрад. Ҳатто новобаста ба он ки яке аз номҳои дувоздаҳгонаи солшуморӣ бо ин ном ёд мешавад, ин ҳайвон боз ҳам ҳамеша ба бадӣ ёд мешавад. Албатта, ҳама беморию шифо бо амри Худованд аст. Боварӣ дорем, ба ҳар ҳол, мардуми мо аз ҳар гуна ғизо бо оҳистагию андеша истеъмол намуда, саломатии худу атрофиёнро эмин нигоҳ медоранд, зеро саломатӣ неъмати бебаҳост. Соиби Табрезӣ ҳам фармудаанд:

    Дар ҷаҳон ҳарчӣ ҳаст, орият аст,

    Беҳтарин неъматаш офият аст.


    Таҳияи Ҳотами ҲОМИД