×
Фатво дар бораи рамазон ва ҳукми тарккунандаи он.

    Ҳукми рӯза ва тарккунандаи он

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи:

    Дорул Ислом\Тоҷикӣ

    “Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1211"

    2013 - 1435

    حكم الصيام وحكم تاركه

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

    "فتاوى علماء الحرمين 1211هـ"

    2014 - 1435

    Ҳукми рӯза ва тарккунандаи он.

    Суол: Рӯза гирифтани моҳи рамазон чи ҳукме дорад?

    Ҷавоб: Рӯзаи моҳи мубораки рамазон ба далили Қуръон, Суннат ва иҷмоъи мусулмонон фарз аст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ ١٨٣﴾ [البقرة: ١٨٣]

    “Эй касонеки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шудааст, Ҳамонгуна ки бар касонеки пеш аз шумо будаанд, фарз будааст, бошад, ки парҳезгор шавед".

    Бақара 183

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿شَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ ١٨٥﴾ [البقرة: ١٨٥]

    “Моҳи Рамазон (моҳест), ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил, Қуръон нозил шудааст, пас ҳар кас, ки моҳро бубинад, бояд, ки дар он (моҳ) рӯза бидорад."

    Бақара 185

    Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: "بني الإسلام على خمس, شهادة أن لا إله إلا الله, و أن محمدا رسول الله, و إقام الصلاة, و إيتاء الزكاة, و صوم رمضان, و حج بيت الله الحرام" (البخاري 8, و مسلم 16, بألفاظ متقاربة.)

    “Ислом бар панҷ поя устувор аст:

    - Гувоҳи бар инки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ таъоло нест. Ва Муҳаммад (с) фирисодаи Ӯст.

    - Барпо доштани намоз.

    - Закот додан (касе ки дороияш ба нисоби закот расида бошад)

    - Рӯза гирифтани моҳи рамазон.

    - Ҳаҷҷи байтуллоҳ (барои касонеки тавоноии онро доранд)"

    Бухорӣ 8, Муслим 16, бо лафзҳои ба ҳам наздик

    Расули Худо (с) дар ҷои дигар мефармоя:

    قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: "إذا رأيتموه فصوموا" (البخاري 1900, ومسلم 1080- 1081)

    “Бо дидани моҳ, моҳи рамазонро рӯза бигиред".

    Бухорӣ 1900, Муслим 1080 -1081

    Бо иҷмоъи мусулмонон рӯзаи моҳи рамазон фарз аст. Ва рӯза аз аркони дини Ислом мебошад. Пас ҳаркас мункири фарз будани он шавад кофир мегардад. Магар афроде ки аз кишварҳои исломи фосила доранд ва аз аҳкоми ислом хабар надоранд. Барои ингуна афрод дар аввал ҳукми рӯза ва дигар аҳкомро хабар карда шавад, Ва агар баъд аз иттилоъ ва огоҳи бар инкори он исрор варзад, ба кофир буданаш ҳукм карда мешавад.

    Аммо касе ки аз рӯи танбали ва саҳлангори онро тарк намояд хатари бузурге дар каминаш нишастааст. То ҷое ки баъзе аз олимон ӯро кофир гуфтаанд, Вале роҷиҳ он аст, ки тарккунандаи рӯза кофир намегардад, балки фосиқ аст.

    Маҷмуъи фатвоҳо ва рисолаҳои шайх Муҳаммад ибни Усаймин 19/11.

    Гирифташуда аз китоби "Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1211" Нухаи форсии сомонаи дорулислом.