Гирифтани рӯзаи қазои рамазон бо шаш рӯзи шавол, бо як ният
Дастабандиҳо
Full Description
Гирифтани рӯзаи қазои рамазон бо шаш рӯзи шавол, бо як ният
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Сомонаи Лаҷнаи доими барои баҳсҳои илми ва фатво
Таҳия ва тарҷума:
Дорул Ислом\Тоҷикӣ
2014 - 1435
صوم القضاء مع ست من شوال بنية واحدة
«باللغة الطاجيكية»
موقع اللجنة الدائمة للبحوث العلمية و الإفتاء
إعداد و ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي
2014 - 1435
Гирифтани рӯзаи қазои рамазон бо шаш рӯзи шавол, бо як ният
Суол: Мо медонем, ки рӯза гирифтани шаш рӯзи моҳи шавол аҷру савоби зиёд дорад, зане бар гарданаш қазои чанд рӯзе аз рамазон аст, яъне: Ӯ шаш рӯзи рамазонро хурдааст ва дар моҳи шавол мехоҳад қазои он рӯзҳоро ба ҷо орад. Оё ҷоиз аст, ки қазои рамазонро бо шаш рӯзи шавол якҷоя ният кунад, шаш рӯз рӯза гирифта ҳам дар қазои рамазон ва ҳам дар шаш рӯзи шавол ҳисобаш кунад, Ва чигунае ки байни нияти умра ва ҳаҷ ҷамъ мекунад, ҳамонхел байни нияти рӯзаи қазои ва рӯзаи шаш рӯзи шавол ҷамъ кунад?
Ҷавоб: Рӯзаи шаш рӯзи шавол гирифтааш қазои шаш рӯзе аст, ки дар рамазон хурда буд ва он шаш рӯзи шавол (шаш рӯзи рӯзаи нафли дар моҳи шавол) ҳисоб намешавад. Зеро ӯ рӯзаи шаш рӯзи шаволро шуруъ намекунад, магар инки моҳи рамазонро пурра кунад (ва то қазои рамазонро нагирад моҳи рамазон пурра намешавад) зеро паёмбари Худо (с) мефармояд: Касе ки рамазонро рӯза гирифта ва ба таъқиби он шаш рӯзи аз шаволро бо он пайваста кунад, монанди он аст, ки ҳамеша рӯза дошта бошад. (Муслим)
Пас воҷиб бар касе ки аз моҳи рамазон қазои дорад он аст, ки аввал ният карда аз рӯзаи қазои шуруъ кунад ва баъд аз он рӯзаи шаш рӯзи шаволро гирад.
Аммо дохил кардани нияти умра дар ҳаҷ вақти адои он ба нияти қирон (якҷоя) ҷоиз аст, зеро амалҳои умра ҷузъе аз амалҳои ҳаҷ мебошад, ва амалҳои ҳаҷ васеътар аз амалҳои умра мебошад.
Худованд тавфиқ диҳад ва дуруду раҳмати худованд бар паёмбар ва олу асҳобаш бод.
Сомонаи Лаҷнаи доими барои баҳсҳои илми ва фатво.