×
Садақа додан дар роҳи Худо яке аз бузургтарин аъмоле аст, ки бандаро ба Парвардигораш наздик месозад.

    Фазилати садақа додан дар роҳи Худо

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдураҳмони. А

    2014 - 1435

    فضل الصدقة في سبيل الله

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الرحمن . أ.

    2014 - 1435

    Фазилати садақа додан дар роҳи Худо

    Садақа додан дар роҳи Худо яке аз бузургтарин аъмоле аст, ки бандаро ба Парвардигораш наздик ва балову мусибатро аз банда дур месозад, Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим бандагони садақа диҳандаро фазилатҳои зиёде ваъда карда аст.

    Аллоҳ таъоло дар сураи Бақара мефармояд:

    ﴿مَّثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنۢبَتَتۡ سَبۡعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنۢبُلَةٖ مِّاْئَةُ حَبَّةٖۗ وَٱللَّهُ يُضَٰعِفُ لِمَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ ٢٦١﴾ [البقرة: ٢٦١]

    “Масали онон, ки моли худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд, мисоли донаест, ки ҳафт хӯша бароварад ва дар ҳар хӯшае сад дона бошад. Худо подоши ҳар киро, ки бихоҳад, чанд баробар мекунад. Худо кушоишдиҳанда ва доност!".

    Бақара 261

    Аллоҳ таъоло баъд аз ин оят низ мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتۡبِعُونَ مَآ أَنفَقُواْ مَنّٗا وَلَآ أَذٗى لَّهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٢٦٢﴾ [البقرة: ٢٦٢]

    “Музди касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ (сарф) мекунанд ва пас аз инфоқ миннате намениҳанд ва озоре намерасонанд, бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на андӯҳгин".

    Бақара 262

    Ин ташвиқи бузурге аст аз ҷониби Аллоҳ таъоло ба бандагонаш то молҳояшонро дар роҳи Ӯ сарф намоянд, ва инки сарф кардани амвол роҳи расидан ба Худост, ва сарф кардани амвол чи барои пешрафти илмҳои муфид бошад, ё чи дар омодаги барои ҷиҳод бошад, дар кадом роҳи хайре бошад, ки барои мусалмонон дар он манфиъате бошад, ва нафақа кардан ба муҳтоҷон ва фуқаро ва бенавоён дар маротиби баъди қарор мегирад, Аммо гоҳе инфоқ дар роҳи Худо ҳардуро дарбар мегирад, зеро сабаби дур кардани ҳоҷат аз ниёзмандон мегардад ва инчунин сабаби кори хайр ва тоъати Парвардигор мешавад. Пас подоши ингуна нафақа ҳафтсад баробар ё бештар аз он аст, ва ин ба ҳасби имон ва ихлоси комил аст, ки дар дили нафақа кунанда ва фоидаҳои нафақаи ӯ қарор дорад.

    Сипас подоши дигареро барои касоне ки дар роҳи Худо нафақа мекунанд баён мекунад, агар онҳо баъд аз нафақа касеро миннат накунанд ва неъматҳоро нашуморанд ва касеро бо забон ва кирдор озор надиҳанд, бар асоси нафақае ки мекунанд ва бар асоси фоидае, ки мерасонанд подошашон назди Парвардигорашон маҳфуз аст. Ва онон бар гузашта ғам намехуранд ва нисбат бар оянда тарс ва ваҳме надоранд.

    Инчунин чанд ояте баъд Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿إِن تُبۡدُواْ ٱلصَّدَقَٰتِ فَنِعِمَّا هِيَۖ وَإِن تُخۡفُوهَا وَتُؤۡتُوهَا ٱلۡفُقَرَآءَ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ ٞ ٢٧١﴾ [البقرة: ٢٧١]

    “Агар садақот ва бахшишро ошкор кунед кори хубе аст, ва агар онро пинҳон намоед ва ба ниёзмандон бидиҳед бароятон беҳтар аст".

    Бақара 271

    Худованд дар ин оят хабар дода аст, ки агар садақа кунанда садақаро ошкор бидиҳад хуб аст, ва агар онро пинҳон намояд ва ба муҳтоҷон бидиҳад беҳтар аст, чун додани садақа ба сурати пинҳони бар қуввати ихлос далолат мекунад. Ва касе сақадаро ба пинҳони медиҳад яке аз ҳафт гуруҳе аст, ки Аллоҳ таъоло онҳоро дар зери сояи худ ҷой медиҳад, дар рузеки сояе нест ба ҷуз сояи Аллоҳ таъоло.

    Дар ҳадиси шариф ки онро Абуҳурайра (р) ривоят карда аст мефармояд:

    حديث أبي هريرة – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم قال: "سبعة يظلهم الله في ظله يوم لا ظل إلا ظله: الإمام العادل, وشاب نشأ في عبادة ربه, ورجل قلبه معلق في المساجد, ورجلان تحابا في الله, اجتمعا عليه, وتفرقا عليه, ورجل طلبته امرأة ذات منصب وجمال, فقال: إني أخاف الله, ورجل تصدق أخفى حتى لا تعلم شماله ما تنفق يمينه, ورجل ذكر الله خاليا ففاضت عيناه" أخرجه البخاري في كتاب الزكاة.

    Абуҳурайра (р.з) мегуяд: Паёмбари Худо фармуд: “Дар рӯзе ки сояе ҷуз сояи Аллоҳ вуҷуд надорад Худованд ҳафт гуруҳ аз бандагонашро дар зери сояи худ қарор медиҳад: Роҳбаре ки одил бошад, ҷавоне ки дар тоъати парвардигораш рушд ва намо меёбад, марде ки қалбаш ҳамеша басуй масҷид муаъллақ аст, ду нафаре ки ба хотири Худо якдигарро дӯст доранд ва бахотири Худо бо ҳам наздик мешаванд ва ба он муҳаббат боқи мемонанд, то инки бо марг аз ҳам ҷудо мешаванд, ва марде ки зани соҳибмансаб ва зебо ӯро басуй худ даъват мекунад вале дар ҷавобаш мегуяд: ман аз Худо метарсам ва ба хотири Худо даъваташро қабул намекунад, марде ки садақа ва бахшиши ӯ то ҳадде пинҳон аст, ки дасти чапаш аз ончи ки дасти росташ садақа мекунад хабар надорад, касе ки ба танҳои ва дур аз мардум ёди Аллоҳро мекунад ва аз чашмонаш ашк ҷори мешавад".

    Саҳеҳ Бухорӣ китоби закот

    Чун Аллоҳ таъоло ҳар кореро, ки мо анҷом медиҳем аз он огоҳ ва бо хабар аст, пас агар дар ошкор карданаш фоидае барои бандагон набошад ва мақсад барои ба даст овардани розигии Аллоҳ таъоло бошад, чи ҳоҷатест ки онро ошкор кунем.

    Дар ояти баъди Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ﴿وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلِأَنفُسِكُمۡۚ وَمَا تُنفِقُونَ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ ٱللَّهِۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يُوَفَّ إِلَيۡكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تُظۡلَمُونَ ٢٧٢﴾ [البقرة: ٢٧٢]

    “Ва ҳар ончи ки нафақа мекунед барои худатон аст ва нафақа намекунед магар барои ба даст овардани розигии Аллоҳ, ва ҳар чизи хубе ва некеро ки нафақа мекунед ба таври комил ба шумо боз гардонида мешавад, ва ба шумо зулме намешавад".

    Бақара 272

    Бозҳам Аллоҳ таъоло такрор менамояд ки ба ончи ки бандагон нафақа мекунанд огоҳ аст, агарчанде ба андозаи заррае ҳам бошад назди Аллоҳ таъоло гум намешавад ва аз ҷониби худ барои соҳибаш подоши бузурге медиҳад.

    Дар ҳадиси дигаре ки Асмоа (р.з) онро ривоят карда аст мефармояд:

    حديث أسماء أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم- قال: "أنفقي ولا تحصي فيحصي الله عليك, ولا توعي فيوعي الله عليك". أخرجه البخاري في كتاب الهبة.

    Асмоа (р.з) мегуяд: Паёмбари Худо фармуд: Эй Асмоа! "Садақа кун ва онро нашумор (чун шуморидани садақа сабаби бахили ва манъи он мегардад) онгоҳ Худованд неъматҳояшро аз ту манъ мекунад, молро захира макун (ва онро дар роҳи Худо садақа кун) вагарна Худовандҳам неъматҳояшро аз ту пинҳон мекунад".

    Саҳеҳ Бухорӣ, китоби ҳиба.

    Дар ҳадиси дигаре ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) онро аз Паёмбари Худо ривоят карда аст мефармояд:

    حديث أبي هريرة –رضي الله عنه – قال: جاء رجل إلى النبي – صلى الله عليه وسلم فقال: يا رسول الله أي الصدقة أعظم؟ قال:"أن تصدق وأنت صحيح شحيح تخشى الفقر, وتأمل الغنى, ولا تمهل حتى إذا بلغت الحلقوم, قلت لفلان كذا, ولفلان كذا, وقد كان لفلان" أخرجه البخاري في كتاب الزكاة.

    Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) мегуяд: Марде назди расули Худо омад ва гуфт: Эй расули Худо кадом садақа бузургтар аст? Расули Худо фармуд: "Садақае ки дар ҳоли тандурусти, ва дилбастаги ба дунё ва ҳирси он анҷом бидиҳи дар ҳоле ки тарси камбағали ва умеди бойгари дар дилат бошад, нагузор онро ба таъхир то андозае ки вақти марг наздик шавад ва ҷон ба лаб мерасад, онвақт бигуйи ки инро ба фалон ва онро ба фалон бидиҳед ва фалон кас ҳақеро пеш медорад".

    Саҳеҳ Бухорӣ китоби закот

    Ин буд оятҳо ва аҳодисе аз Қуръон ва суннати Паёмбари Худо дар бораи фазилат садақа дар роҳи Худо, ва ногуфта намонад, ки чуноне ки Аллоҳ таъоло садақа кунандаро дар роҳи худ дӯст медорад, инчунин касе ки худро ба хотири Аллоҳ таъоло аз гирифтани садақа ва талбидани он аз дасти дигарон нигоҳ дорад Аллоҳ ӯро низ дӯст медорад.

    Дар ҳадис шариф омада аст:

    حديث ابن عمر – رضي الله عنه – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم قال: وهو على المنبر, وذكر الصدقة والتعفف والمسألة: "اليد العليا خير من اليد السفلى, فاليد العليا هي المنفقة, والسفلى هي السائلة" أخرجه البخاري في كتاب الزكاة.

    Ибни Умар (р) мегуяд: Паёмбари Худо бар болои минбар дар бораи додани садақа ва қаноъат кардани ва нагирифтани он суҳбат мекард ва фармуд: "Дасти боло беҳтар аст аз дасти поён, дасти боло он аст ки садақа медиҳад ва дасти поён он аст ки садақа мегирад".

    Саҳеҳ Бухорӣ китоби закот.

    Пас ҳар мусалмон бояд кушиш кунанда ва бо ҳиммат бошад ва худро заъиф ва нотавон нагирад ва дасташро пеши дигарон дароз накунад, магар дар ҳолате ки дигар чора ва роҳе барояш набошад.

    Дар ҳадиси дигаре Паёмбари Худо мефармояд:

    حديث حكيم بن حزام – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال:" اليد العليا خير من اليد السفلى, وابدأ بمن تعول, وخير الصدقة عن ظهر غنى, ومن يستعفف يعفه الله, ومن يستغن يغنه الله" أخرجه البخاري في كتاب الزكاة.

    Ҳаким писари Ҳизом мегуяд: Паёмбари Худо фармуд: "Дасти боло беҳтар аст аз дасти поён, ва садақаро пеш аз ҳама ба касоне бидиҳед ки нафақаи онон ба уҳдаи шумост, ва беҳтарини садақа он аст ки бахшандаи ғани ва сарватманд бошад, ва касе ки иффат аз Худованд бихоҳад Худованд ӯро афиф ва маҳфуз мегардонад, ва касе ки худро аз дигарон бениёз созад Худованд ӯро бениёз мегардонад".

    Саҳеҳ Бухорӣ дар китоби закот

    Пас агар инсон чиқадар худро аз дасти дигарон бениёз гардонад ваъдаи Худованд аст, ки ӯро бениёз мегардонад, Агар инсонро ҳоҷате пеш омад, ки тавоноии баҷо овардани онро надошта бошад бояд басуй Парвардигораш рӯй биёрад ва аз Ӯ талаби ёри кунад, ва то ҳадди имкон худро аз моли дигарон бениёз гардонад, иншоаллоҳ ки Аллҳо таъоло ҳоҷати ӯро бароварда ва кумакаш мекунад.

    Аз Аллоҳ таъоло талабгори онам ки ҳар коре ки анҷом медиҳем дар он розигияшро бароямон насиб гардонад, ва мушкилоти ҳамаи мусалмонони ниёзмандро дур кунад, ва аз неъматҳои бузургаш бенасибамон нагардонад.

    Гирифташуда аз Тафсири Саъди ва Луълуъ ва марҷон, аҳодиси муштараки Бухорӣ ва Муслим, тарҷумаи форсӣ.