Ҷорҷ ва иди (Қурбон)
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҷорҷ ва иди (Қурбон)
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Абдулмалик ал-Қосим
Эъдод ва тарҷумаи: Мусъаби Ҳамза
2011 - 1433
﴿ بين عيدين جورج والعيد ﴾
«باللغة الطاجيكية»
تأليف: عبد الملك القاسم
ترجمة: مصعب حمزة
2011 - 1433
Ҷорҷ ва иди (Қурбон)
Ҷорҷ марди амрикоие аст, ки синнаш аз 50 солаги гузаштааст, ҷисми бузурге дорад ва саломатиаш шикоят надорад.
Ӯ дар шимоли Вашингтон дар як шаҳраки хурде зиндаги мекунад.
Бо вуҷуди инки шаҳр барои худ зебогиҳо ва хубиҳои зиёде дорад, вале Ҷорҷ ба ҳамон шаҳраки хурди худ одат кардааст ва он муғриёти шаҳрро ба ин шаҳраки худ иваз намекунад. Агарчанде ӯ тақрибан рӯзашро дар шаҳр мегузаронад, зеро ӯ машғул ба тиҷорат аст, вале бегоҳ ки шуд рӯ ба хонаи худ ва шаҳраки худ меорад. Ва онҷо оромона ва бо роҳат ҳамроҳи оилааш вақташро мегузаронад.
Оилаи Ҷорҷ иборат аз 5 нафар аст, худаш ва ҳамсару ду духтар ва як писараш, ки мактаби миёнаро хатм намуда, дар фикри дохил шудан ба ягон донишгоҳи пешрафта аст.
Вақто ки моҳи зилҳиҷҷа омад... Ҷорҷ бо ҳамсару фарзандонаш ба радиоҳои исломи гуш медоданд , то аз даромадани моҳи зулҳиҷҷа бо хабар шаванд. Ҳатто орзу карданд, ки кош рақами телефони ягон сафорати давлати исломи наздашон мебуд ки аз даромадани моҳи зулҳиҷҷа ва рӯзи иду рӯзи арафа аз онҳо маълумот мегирифтанд.
Ин хеле онҳоро машғул сохта буд, Шавҳар ҳама гушу ҳушаш ба радиёи исломи буд, ҳамсар дар ҷустуҷуи каналҳои исломи буд, ки шояд онҷо чизе бишнавад, писар бошад дар ҷустуҷуи сомонаҳои исломии интернети буд. Оилаи Ҷорҷ ба пурраги дар ин амри муҳим гирифтор буд.
Ҷорҷ ба радио гуш андохта буд. Вақто ки даромадани моҳи зулҳиҷҷаро шунид изҳори хушҳоли намуда рӯ ба ҳамсару фарзандонаш оварда гуфт: Овози радио бисёр тоза аст, дар ин вақт рӯзи истодан дар арафот ва рӯзи иди қурбон эълон шуд ва овози такбиру хушҳолии мусулмонон баланд шуд, Ҷорҷ ҳам аз ин хушҳол шуданд. Онҳо ҳам мунтазири ин эълон буданд.
Саҳари рӯзи дигар Ҷорҷ маблағе ки дар давоми сол барои ин иди фархунда ҷамъ карда буд бардошт ва гуфт: Ман бозори калон, ки дар шарқи шаҳр ҷойгир аст, меравам, зеро гусфанди зиндаро фақат дар онҷо пайдо мекунам.
Вақте ки Ҷорҷ ба бозор расид, тамошо карда як қушқори миёнаи хуб, ки муноси қурбони кардан буд, пайдо кард. Бо соҳиби қушқор савдо кард вале дид ки пули дар даст доштааш ками мекунад, рафта аз сандуқи бонки боз пул гирифт ва омада он қушқорро харидори кард. Зеро ӯ мехост қушқорро бо дасти худаш қурбони кунад , то инки ин шиъори исломиро, ки дар қурбони кардани гусфанд аст, бо дасти худаш ба ҷой биёрад.
Ҷорҷ пушти қушқорро молиш дода уро бо ёрии фарзандонаш ба мошини сабукраваш бор кард.
Овози қушқор баланд шуд, духтари панҷсолаи Ҷорҷ овози қушқорро бо лаҳҷаи ширинаш такрор мекард, ва рӯй ба сӯи падараш оварда: Падарҷон! Иди қурбон аҷаб иди зебое аст, дур аз писарбачаҳо бо духтаракон бози мекунем, доира мезанем ва овозхони мекунем.
Падарҷон куртаи наву зебоямро пушида сарамро бо рӯймол мепушонам ва ҳамроҳи шумо намози идро мехонам.
Падарҷон дар ин ид рӯймоли калон мепушам, ман акнун калон шудаам...
Аҷаб зебо аст иди қурбон, гӯшти гусфандро майда мекунем, ба ҳамсоягону наздикон таъом медиҳем ва ба зиёрати аммааму духтаронаш меравем.
Падарҷон кошки ҳама рӯзҳои сол мисли рӯзи ид мешуд.
Ҳама аҳли оила бо хушбахтӣ ва саодатмандӣ ба суханони гунҷишкак гуш меандохтанд, чигунае ки ӯро меномиданд.
Вақто ки падар ба сӯи қушқор назар меандохт дилаш гум мезад, зеро гусфанди хубу муносибе барои қурбони харида буд, ки ҳама сифатҳои гусфанди қурбониро дошт, на кӯр буду на чулоқу накасали...
Вақто ки ба хона наздик шуд ва мошин дар назди хона қарор гирифт, ҳамсар рӯй ба сӯӣ шавҳар оварда гуфт: Ҷорҷ! Ман маълумоти дигаре дар бораи гусфанди қурбони ёфтам. Шавҳар гуфт: Он чи маълумот аст ҳамсари азиз? Ҳамсар гуфт: Гусфанди қурбони се тақсим мешавад: Як қисмашро барои камбағалон ва мискинон садақа мекунем, қисми дуюмиро ба ҳамсояҳо Девид, Элизабет ва Моника ҳадя мекунем ва қисми севумро барои худ боқи мегузорем, аз гушти тоза таъом мепазем ва боқияшро барои рӯзҳои оянда мегузорем.
Ҳангоме ки вақти қурбони наздик мешуд рӯзи ид Ҷорҷу ҳамсараш ҳайрон буданд, ки қибла кадом тараф бошад, то инки қурбонияшонро ба тарафи қибла гардонида забҳ намоянд.
Онҳо тахминан иттиҷоҳи қибларо ба тарафи Арабистони Саъудӣ муайян карданд ва ин басанда аст.
Ҷорҷ кордро тез намуда қушқорро рӯ ба қибла гардонид ва "Бисмиллоҳ" гуфта забҳ намуд.
Баъди онки қушқор кушта, пуст карда ва майда карда шуд, ҳамсари Ҷорҷ онро бо суръат мувофиқи суннати Паёмбар (с) ба се маҷмуъа тақсим кард, зеро Ҷорҷ бо овози баланд ва ғазабнок онҳоро нидо кард, ки: Шитоб кунед, шитоб кунед имрӯз якшанбе аст ба калисо меравем!!!
Ҷорҷ ҳеҷ вақт калисо рафтанро тарк намекард ва ҳар вақт ки мерафт ҳамсару фарзандонашро ҳамроҳаш мебурд.
Дар инҷо он нафаре ки қиссаи Ҷорҷро нақл мекард суханашро ба охир расонд.
Яке аз шунавандагон рӯй ба сӯӣ ӯ оварда пурсид: Ман нафаҳмидам ту бо ин ҳикоя моро дар ҳайрат гузошти ин Ҷорҷ мусулмон буд ё насрони?
Сухангу оромона ҷавоб дода гуфт: На балки Ҷорҷ бо ҳамсару фарзандонаш насрони, кофир буданд, ба Худои ягона имон, ва Паёмбарии Муҳаммад (с) бовари надоштанд, ва Худоро сеюми сегона медонанд (Худованд пок ва бешарик аст) ва Муҳаммад (с)-ро ҳамчун Паёмбар ва расули охирзамон қабул надоранд.
Дар байни нишастагон ҳолати ғайриоддие рух дод, овозҳо баланд шуданд, баъзеҳо беадабӣ карданд.
Яке аз ҳозирин гуфт: Аҳмад ту барои мо дуруғ нагуй! Ки бовар мекунад, ки Ҷорҷ бо оилааш ин корро мекунад?
Ҳама ба сӯи Аҳмад нигоҳ мекарданд, бо забонҳои тезу хандаҳои пай дар пай аз у суол мекарданд.
То инки бо ақлтарини онҳо ба сӯи Аҳмад хитоб карда гуфт: Ончизе ки ту мегӯи дуруст нест, мо бовар надорем, ки як кофир ин ибодатҳои исломиро чихеле ки гуфти ба ҷой биёрад, ва ба радио гуш дода рӯзи идро муайян кунад, ва пул дода гусфанд харида қурбони кунад, ва уро мувофиқи суннати Пайғамбар (с) тақсим карда барои худ ва камбағалону ҳамсоягон туҳфа кунад, ин боварнокарданист.
Аҳмад кушиш кард ки аз худ дифоъ кунад ва худро аз туҳматҳои онҳо пок созад, вале онҳо сухани Аҳмадро қабул надоштанд.
Дар охир бо таъаҷҷуб ва табассуми зебое Аҳмад ба онҳо гуфт:
Бародарони гироми! Дӯстони азиз! Барои чи шумо ин қиссаи гуфтаи манро бовар намекунед, чаро бовар намекунед, ки як кофир ин корҳоро анҷом диҳад?
Оё дар байни мо Абдуллоҳ ва Абдураҳмону Хадиҷа ва Оиша нестанд, ки идҳои кофиронро пешвоз мегиранду хушҳоли мекунанд? Пас чаро шумо бовар намекунед ва инкор мекунед, ки як кофир идҳои исломиро пешвоз мегираду хурсанди мекунад? Барои чи аз ин кори кофир таъаҷҷуб мекунед?
Воқеъият ин чизро собит мекунад ва мо ин чизро дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мебинем.
Оё баъзе аз моён касоне нестанд, ки гулҳои садбарги сурхро ҷамъ намуда барои иди муҳаббат тайёр мекунанд? Ва дигарон иди соли нав, иди милоди масеҳ, иди... ва иди... ва иди ва ҳамаи ин идҳои кофиронанд.
Барои чи ин тасарруф аз Ҷорҷ мустаҳил аст, вале барои писарону духтарони мо мумкин аст?
Агар шумо аз ин амали Ҷорҷ дар таъаҷҷуб ҳастед ман аз амали духтарону писарони мусулмон дар таъаҷҷубам, чигуна онҳо ба ин амал роҳ медиҳанд?
Вақто ки овозҳо баланд шуданд ва ҳама ба тарафи Аҳмад нигоҳ доштанд, Ӯ гуфт: Бори дигар ба ман гуш диҳед.
Хомуш бошед то ин қиссаро бароятон гӯям ва нагуед, ки дуруғ мегӯӣ.
Оиша духтараке аз ин шаҳр аст, Падару модараш ӯро мувофиқи номи модари муъминон Оиша (р.з) ҳамсари Расули Худо (с) номгузори кардааст.
Вақте ки Оиша аз иди муҳаббат бохабар шуд- ин иди Румониҳои бутпараст аст- Ин идро кофирон пешвоз мегиранд ва ба ҳамдигар гулҳои садбарги сурх туҳфа мекунанд. Ин рӯз рӯзи фасод ва амалҳои ибоҳи ва бебандубори аст.
Оиша бо шитоб ба фурушгоҳи гулфуруши рафта як даста гули сурхи қиммат харидори кард, Ӯ донишҷӯ аст, ва пули зиёде ҳам надорад, вале бо вуҷуди ин ӯ пули зиёде дода ин гулҳоро барои иди муҳаббат, ки иди кофирону бутпарастон аст харидори кардааст. Ва дар тан либоси сурх пушида гули сурхи садбаргро ба пешаш овезон карда буд, ҳатто попуши сурх ва сумкачаи сурх ба даст гирифта буд ва ҳаминхел....
Ин Оиша духтари мусулмон ин корро кардааст, оё бовар мекунед?
Бо таъаҷҷуби дарднок гуфтанд: Бале баъзе духтарони мо ҳам ин корро карданд, ин бисёр дар байни мардум паҳн шудааст.
Аҳмад дасташро таккон дода баланд карда гуфт: Даҳ сол дар Амрико зиндаги кардам, қасам ба Худо ягон кофиреро надидам ки ягон иди мусулмониро пешвоз гирифта бошад, ва на касеро дидам ки аз хурсандиҳо ва идҳои мо бипурсад!
Ҳатто иди хурдакаке ки баъди рамазон дар ҳуҷраам гузаронидам, вақте фаҳмиданд ки иди исломӣ аст касе даъватамро напазируфт ва аз дарам надаромад.
Муддати дарозе дар ғарб зиндаги кардам ва ин ҳолатҳоро бо чашми сарам дидам, вале ҳангоме ки ба ватанам баргаштам, дидам ки мо ҳама идҳои оҳоро пешвоз мегирем ва хушҳоли мекунем, дар ҳоле ки ҳамаи онҳо иборат аз фаҳшу фасоду куфру бебандубори аст.
Баъзе аз аҳли ислом ҳастанд, ки бисёри аз шаъоири исломиро барбод додаанд ва барояш сар ҳам набароварданд. Ҳатто дар соли гузашта баъзе ҷавонони мусулмон намози идро нахонданд! Аммо идҳои модару муҳаббату... чиқадар туҳфаҳо харида шуд, ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки кӯдакон иди модарро аз идҳои исломӣ зиёдтар дӯст медоранд.
Дар ҳоле ки идҳо аз ҷумлаи ибодатҳо ва нишонаҳои ислом ва хусусиятҳои уммати исломӣ ба шумор мераванд.
Ибодатеро ки ба воситаи он ба Худо наздик мешавем фаромуш кардем ва аз он дур шудем, дар ҳоле ки дар байни идҳои кофирон ва душманони миллати ислом бо як пайрави ва худфурухтаги ғарқ шудаем.
Аҳмад ибни Абдулҳалим (р.ҳ) мегӯяд: «Барои мусулмонон ҳалол нест, дар чизе ки аз хусусиятҳои идҳои кофирон аст мисли таъом, либос, шустушуй, оташ афрӯхтан, манъ кардани ягон одат ё ибодат ё дигар чизҳо ба кофирон монанди кунанд.
Инчунин дар ин рӯз таъом пухтан, (барои иди кофирон) туҳфа додан, хариду фуруши чизҳое ки барои он ид аст, ҳалол нест.
Инчунин иштироки кудакон дар бозиҳои идонаи кофирон ва пушидани зебу зиннат барои он идҳо манъ аст.
Дар умум бояд мусулмонон барои иди кофирон ягон амали хосси онҳоро иҷро накунанд, балки рӯзи иди кофирон назди мусулмонон мисли дигар рӯзҳои муқарари назди мусулмонон бошад».
Ибни Қайим (р.ҳ) мегуяд: «Ва аммо табрику таҳният гуфтан дар шаъоир ва идҳои кофирон , ки хосс барои онҳо аст, бо иттифоқ ҳаром аст. Мисли: табрик намудани онҳо дар идҳояшон ва рӯза гирифтанашон. Гуфтани: Идатон муборак, ё ба ин ид туро табрик мегуям.
Гуяндаи ин табрикот агарчанде кофир намешавад вале ин амалаш аз ҷумлаи муҳаррамот аст, (дини ислом онро ҳаром гардонидааст) Ва ин амалаш ба монанди он аст ки ӯро барои ба салиб (крест) саҷда карданаш табрик намудааст, балки ин дар назди Худо бузургтар (дар гуноҳ) ва нафратовартар аст аз таҳнияти ба арақнуши, куштан ва зинокори ва ғайра.
Ва бисёри касоне ки дин дар назди онҳо қадр надорад дар хатоиҳо воқеъ мешаванд, вале намедонанд , ки ин корашон чиқадар қабеҳу ҳақир аст.
Пас касе нафареро барои гуноҳе ё бидъате ё амали куфри табрику таҳният гӯяд , худро бар ғазабу азоби Худованд ва нафраташ гирифтор намудааст».
Аҳмад дар ҳоле ки ҳамаро хомуши фаро гирифта буд, гуфт: Ман аз мусулмон ва мусулмонзане таъаҷҷуб мекунам, ки ин ҳадиси Расули худоро мешунавад вале дар дили у ҷойгир намешавад. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе ба қавме (қавми кофир ё оташпараст ё ҳар қавме бошад) ташаббуҳ ва монанди кунад, пас ӯ аз он қавм аст».
Ибни Таймия дар шарҳи ин ҳадис мегуяд: Камтарин далолат дар ин ҳадис маънои ҳаром будани ташаббуҳ ва монанди кардан ба кофиронро дорад, агарчанде зоҳири ҳадис далолати куфри ташаббуҳ ва монандикунандаро дорад. Чигунае ки Худованд мефармояд: «Ҳар кас аз шумо, ки эшонро дӯст гирад, дар зумраи онҳост» Моида 51
Дар охир Аҳмад бо ғаму андуҳ ва ҳиссиёти талх рӯй ба ҳозирин оварда гуфт: Ҷавоб диҳед! Оё Ҷорҷ қурбони кард ва онро мувофиқи суннат се тақсим кард? Ё инки ин маҳзи хаёл аст ва ҳеҷгоҳ рӯйи ҳақиқатро намебинад?