×
Намози шаб ва хусусан намоз (таровеҳ) хондан дар моҳи рамазон бисёр аҷру савоби зиёд дорад, инчунин намози шаб аз сабабҳои бахшидани гуноҳони гузашта мебошад.

    Фазилати намози шаб

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Абдураҳмони. А

    2014 - 1435

    فضل قيام الليل

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: عبد الرحمن . أ.

    2014 - 1435

    Фазилати намози шаб

    Аллоҳ таъоло дар сураи Музаммил Паёмбари Худро хитоб намуда фармуд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُزَّمِّلُ ١ قُمِ ٱلَّيۡلَ إِلَّا قَلِيلٗا ٢ نِّصۡفَهُۥٓ أَوِ ٱنقُصۡ مِنۡهُ قَلِيلًا ٣﴾ [المزمل: ١، ٣]

    “Эй ҷома бар худ печида, (хитоб муваҷҷаҳ ба расули Акрам (с) аст) шабро зинда бидор, магар андакеро, нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун”

    Музаммил 1-3

    Хитоб муваҷҷаҳ ба расули акрам (с) буд, ки дар аввали нузули ваҳй ки дар он ҳазрати Ҷибраил (а) паёми илоҳиро ба эшон овард, ва Паёмбари Худо аз ҳайбати ваҳй ва ҳазрати Ҷибраил (ъ) худро дар ҷома мепечиданд, зеро авалинбор буд ки эшон садои малоикаро шуниданд ва басуй вай нигоҳ карданд. Эшонро ларза гирифт ва аз ҳайбати вай назди хонаводаи худ омаданд ва гуфтанд: Манро ба ҷома печонед, манро дар зери ҷома бипушонед.

    Пас Аллоҳ таъоло ӯро дар ояти дигар фармуд ҷомаро дур андоз ва дар шаб барои адои намоз бапохез ва тамоми шабро намоз гузор, ҷуз андаке аз онро.

    Ҷобир писари Абдуллоҳ (р) дар баёни сабаби нузули ин оят ривоят карда аст. Паёмбари Худо фармуд: "Муҷовири Ҳиро гардидам ва чун муддате дар он басар бурдам аз куҳ поён омадам ва ногаҳон садоеро шунидам, ки манро мехонд, пас ба тарафи ростам нигоҳ кардам вале чизеро надидам, ва ба тарафи чапам нигоҳ кардам бозҳам чизеро надидам, ва ба пушти сарам нигоҳ кардам бозҳам чизеро надидам, пас сарамро басуй осмон баланд кардам ногаҳон ҳамон касеро дидам, ки дар Ҳиро наздам омада буд. Ва дидам ки дар миёни замину осмон бар тахте нишаста аст, пас аз ҳайбаташ тарсидам ва ба хона боз гаштам ва гуфтам: манро дар ҷома печонед, манро дар ҷома печонед, баъд аз он Аллоҳ таъоло нозил кард:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُزَّمِّلُ ١﴾ [المزمل: ١، ٣]

    Дар ҳадиси дигаре ки Асвад онро аз ҳазрати Ойша (р.з) ривоят карда аст, чунин мефармояд:

    حديث عائشة – رضي الله عنها عن الأسود قال: سألت عائشة – رضي الله عنها – كيف كان صلاة النبي – صلى الله عليه وسلم – بالليل؟ قالت: "كان ينام أوله, ويقوم آخره, فيصلي ثم يرجع إلى فراشه, فإذا أذن المؤذن وثب, فإن كان به حاجة اغتسل, وإلا توضأ وخرج" أخرجه البخاري في كتاب التهجد .

    Асвад мегуяд: аз Оиша (р) пурсидам: Намози шаби Паёмбари Худо читавр буд? Гуфт: Аввали шаб мехобид, ва дар охири шаб бедор мешуд ва намозро мехонд, сипас ба ҷойгаҳаш бар мегашт, вақто ки муазин азон мегуфт, баланд мешуд, агар ниёз ба ғусл медошт ғусл мекард вагарна таҳорат мекард ва басуй масҷид мерафт”.

    Бухорӣ, китоби таҳаҷҷуд.

    Дар ҳадиси дигаре, ки Масруқ аз ҳазрати Оиша (р.з) ривоят карда аст, мефармояд:

    حديث عائشة عن مسروق قال: سألت عائشة – رضي الله عنها - : أي العمل كان أحب إلى النبي – صلى الله عليه وسلم - ؟ قالت: الدائم. قلت: متى كان يقوم؟ قال: كان يقوم إذا سمع الصارخ". أخرجه البخاري في كتاب التهجد.

    Масруқ мегуяд: Аз ҳазрати Оиша (р) пурсидам: Паёмбари Худо кадом корро аз ҳама бештар дӯст медошт? Ҳазрати Оиша (р.з) гуфт: Давом доштан бар кори хубро. Гуфтам: Паёмбари Худо барои хондани намози шаб кадом вақт баланд мешуд? Гуфт: Вақто ки садои (хурусро) мешунид".

    Бухорӣ, китоби таҳаҷҷуд,

    Инчунин Паёмбари Худо чигуна хондани намози шабро барои умматаш баён карда аст, Дар ҳадисе ки ибни Умар (р.з) онро ривоят карда аст, мефармояд:

    حديث ابن عمر – رضي الله عنه – أن رجلا سأل رسول الله – صلى الله عليه وسلم – عن صلاة الليل, فقال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -:"صلاة الليل مثنى مثنى, فإذا خشي أحدكم الصبح, صلى ركعة واحدة توتر له ما قد صلى". أخرجه البخاري في كتاب الوتر.

    Ибни Умар (р.з) мегуяд: Марде расули Худоро аз намози шаб пурсид, Паёмбари Худо фармуд: “Намози шаб ду ракаъат ду ракаъат мебошад, вақто ки аз фаро расидан субҳ тарс дори пеш аз намози фаҷр як ракаъатро ба танҳоги бихон, ин ракаъат тамоми намозҳои ду ракъати пеш аз худашро ба сурати витр дар меоавард”.

    Бухорӣ, китоби витр.

    Дар ҳадиси дигаре ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят карда аст, мефармояд:

    حديث أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال: "ينزل ربنا تبارك وتعالى كل ليلة إلى سماء الدنيا, حين يبقى ثلث الليل الآخر, يقول: من يدعوني فأستجيب له, من يسألني فأعطيه, من يستغفرني فأغفر له!". أخرجه البخاري في كتاب التهجد.

    Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) мегуяд: Расули Худо фармуд: “Худованд ҳар шаб баъд аз гузаштани аз се ду қисми шаб ба осмони дунё нузул мефармояд ва мегӯяд: Оё касе ҳаст, ки манро бихонад (дуъо кунад), то ӯро иҷобат кунам? Оё касе ҳаст, ки аз ман бихоҳад , то ба ӯ бидиҳам? Оё касе ҳаст, ки аз ман талаби бахшиш кунад, то ӯро бибахшам”.

    Бухорӣ китоб таҳаҷҷуд.

    Ин буд фазилати намози шаб дар ҳама вақт, аммо баъзе вақтҳо Аллоҳ таъоло ин фазилатро чанд баробар зиёд мегардонад, монанди шабҳои рамазон ки савоби намози шаб ба чанд баробар зиёд мегардад, чуноне дар ҳадиси шариф омада аст ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) онро ривоят мекунад:

    حديث أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال: "من قام رمضان إيمانا واحتسابا غفر له ما تقدم من ذنبه" أخرجه البخاري في كتاب الإيمان.

    “Ҳар кас, моҳи мубораки рамазонро аз рӯи имон ва ихлос бо қасди ҳосил намудани савоб дар ибодат гузаронад (дар шабҳои рамазон намози шаб хонад (таровеҳ)), гуноҳони гузаштааш омурзида хоҳад шуд” (Баъзе олимон дар шарҳи ин ҳадис гуфтаанд, ки гуноҳони сағираи гузаштааш мавриди бахшиш қарор мегиранд).

    Бухорӣ китоби имон.

    Аммо ба хотире ки намози шаб ки барои баъзеҳо шояд мушкил бошад ҳолати онҳоро риъоят мекард ва нахост барои ҳама ба монанди намозҳои панҷвақта фарз гардад, барои ҳамин баъзе вақто худашҳам намози шабро тарк мекард(намози таровеҳро бо ҷамоъат дар масҷид), чуноне да ҳадиси Оиша (р.з) омада аст:

    حديث عائشة – رضي الله عنها – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – خرج ذات ليلة من جوف الليل فصلى في المسجد, فصلى رجال بصلاته, فأصبح الناس فتحدثوا, فاجتمع أكثر منهم فصلوا معه, فأصبح الناس فتحدثوا, فكثر أهل المسجد من الليلة الثالثة, فخرج رسول الله – صلى الله عليه وسلم – فصلوا بصلاته, فلما كانت الليلة الرابعة عجز المسجد عن أهله حتى خرج لصلاة الصبح, فلما قضى الفجر أقبل على الناس فتشهد, ثم قال: "أما بعد: فإنه لم يخف عليكم مكانكم, لكني خشيت أن تفرض عليكم فتعجزوا عنها". أخرجه البخاري في كتاب الجمعة.

    “Ҳазрати Ойша (р.з) гуфт: Якбор Паёмбари Худо дар байни шаб аз хона берун рафт ва намозро (таровеҳро) дар масҷид хонд ва баъзе аз мардон ҳам аз пушташ намоз хонданд, субҳи фардо мардум дар бораи намози шаби Паёмбари Худо суҳбат карданд, ва дар шаби дуюм адади зиёде ҷамъ шуданд ва бо Паёмабри Худо намоз хонданд ва субҳи он шаб низ мардум дар бораи намози шаби Паёмбари Худо бо ҳам суҳбат карданд ва дар шаби сеюм мардуми бисёре дар масҷид чамъ шуданд, Паёмбари Худо ба масҷид рафт ва мардум пушти сари ӯ намоз хонданд. Вақте шаби чаҳорум расид масҷид гунҷоиши адади бисёрро надошт. Паёмбари Худо аз хона берун нарафт, ва дар намози субҳ аз хона берун рафт ва вақто ки намози субҳро баҷо овард рӯй ба мардум кард ва баъд аз адои шаҳодатайн фармуд: Аммо баъд: Бояд ба шумо бигуям ки алоқаи шумо (ба намози ҷамоъати таровеҳ) бар ман пушида нест (ва медонам то чи андоза бо он алоқаманд мебошед) вале барои он берун наомадам ва бо шумо намози таровеҳ нахондам, чун тарсидам ки сабаби фарз шудани он аз ҷониби Аллоҳ таъоло бар шумо бишавад ва шумо аз анҷоми он фарз нотавон ва оҷиз бошед (ва ба сабаби тарк карданаш гунаҳгор шавед).

    Бухорӣ китоби ҷумъа.

    Гирифташуда аз китоби Луълуъ ва марҷон, аҳодиси муштараки Бухори ва Муслим, тарҷумаи форсӣ.