Мувофиқати суханони Умар (р.з) бо Қуръон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Мувофиқати суханони Умар (р.з) бо Қуръон
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза
2014 - 1435
موافقات عمر بن الخطاب للقرآن الكريم
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: مصعب حمزة
2014 - 1435
Мувофиқати суханони Умар (р) бо Қуръони карим
Имом Бухорӣ ва имом Муслим аз ҳазрати Умар (р.з) ривоят мекунанд, ки гуфт: «Суханони ман бо Қуръон дар се ҷо мувофиқ омаданд».
Аввал ин ки вақте, ба паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфтам, ки чӣ мешавад, ки мақоми Иброҳимро ҷои намозхонӣ таъин кунем? Баъди ин суханам ин оят нозил шуд:
﴿وَٱتَّخِذُواْ مِن مَّقَامِ إِبۡرَٰهِۧمَ مُصَلّٗى١٢٥﴾ [البقرة: ١٢٥]
«Мақоми Иброҳимро ҷои намозгузорӣ таъин кунед».
Бақара 125
Дуввум ин, ки гуфтам. Эй Расули Худо! Ба назди занҳои шумо ҳар намуд одамҳои баду нек медароянд. Чӣ мешавад, ки онҳоро амр кунӣ то ки ҳиҷоб пӯшанд? Баъди ин суханам ояти ҳиҷоб нозил шуд.
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ قُل لِّأَزۡوَٰجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَآءِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ يُدۡنِينَ عَلَيۡهِنَّ مِن جَلَٰبِيبِهِنَّۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن يُعۡرَفۡنَ فَلَا يُؤۡذَيۡنَۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا ٥٩﴾ [الاحزاب : ٥٩]
“Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!”.
Аҳзоб 59
Сеюм ин ки вақте, ки занҳои паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бадрашкӣ карданду паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ғазаб омад, ман ба онҳо гуфтам: «Шояд шуморо талоқ диҳаду Худованд барояш аз шумо ҳам занҳои беҳтар насибаш кунад». Мувофиқи ин суханам оят нозил шуд.
Дар ривояти Муслим омадааст, ки ҳазрати Умар (р) гуфт: «Суханони ман бо оятҳои Қуръони дар се ҷой мувофиқат кардаанд».
Якум: Дар бораи ҳиҷоб.
Дуюм: Дар бораи намоз хондан дар мақоми Иброҳим.
Сеюм: Дар бораи асирҳои ҷанги Бадр.
Дар ин ҳадис чаҳорум мувофиқатияшро низ зикр кардааст, ки он ҳам дар бораи асирони ҷанги Бадр аст.
Умар ибни Хаттоб дар ғазваи Бадр ширкат варзид. Ва баъди ҷанг Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аз асҳоби гиромияш дар бораи асирони ҷанг машварат пурсид. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бо Абубакр (р.з) майл ба он доштанд, ки асиронро дар муқобили фидя бо мол ва таълими мусулмонон раҳо намоянд. Аммо Умар (р.з) раъяаш он буд, ки асирон кушта шаванд.
Қуръони карим мувофиқи раъйи Умар (р.з) нозил шуд.
Худованд мефармояд:
﴿مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَكُونَ لَهُۥٓ أَسۡرَىٰ حَتَّىٰ يُثۡخِنَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ تُرِيدُونَ عَرَضَ ٱلدُّنۡيَا وَٱللَّهُ يُرِيدُ ٱلۡأٓخِرَةَۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٦٧﴾ [الانفال: ٦٧]
“Барои ҳеҷ паёмбаре насазад, ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи ин ҷаҳониро мехоҳед ва Худо маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!”.
Анфол 67
Чаҳорум: Иҷозат хостани кӯдакон.
Раъйи Умар ибни Хатоб (р.з) ин буд, ки кӯдаконе ки наздик ба балоғат расидан ҳастанд пеш аз даромадан ба хона иҷозат бигиранд (бо куфтани дар ё бо овоз иҷозат пурсидан).
Пас Қуръони карим мувофиқи ин раъйи Умар (р.з) нозил шуд.
Ривоят шудааст, ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) рӯзе ғуломеро (ғулом дар инҷо ба маънои навҷавон аст) аз ансор, ки номаш Мудлиҷ буд, дар нисфирӯзи ба назди Умар (р.з) фиристод, то инки ӯро садо намояд. Умар (р.з) дар хоб дарёфт, дарро куфта нидо кард ва ба дохили хона даромад. Дар ин ҳол Умар (р.з) бедор шуда нишаст, ва чизе аз ӯ намоён шуд, (ҷое аз баданаш намудор шуд). Умар (р.з) гуфт: Дӯст дорам, ки Худованд фарзандону ҳамсарон ва ходимони моро дар ин вақт (вақти истироҳат ва хоб рафтан хоҳ нисфирӯзи бошад ё шаб) аз дохил шудан бар мо наҳйи кунад, магар ба иҷозати мо. Баъд аз он ба сӯи Расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) равон шуд.
Вақте ба назди Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) расид ин оят нозил шуда буд, дарҳол худро ба замин андохт ва барои шукри Худованд саҷда намуд.
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِيَسۡتَٔۡذِنكُمُ ٱلَّذِينَ مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ وَٱلَّذِينَ لَمۡ يَبۡلُغُواْ ٱلۡحُلُمَ مِنكُمۡ ثَلَٰثَ مَرَّٰتٖۚ مِّن قَبۡلِ صَلَوٰةِ ٱلۡفَجۡرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُم مِّنَ ٱلظَّهِيرَةِ وَمِنۢ بَعۡدِ صَلَوٰةِ ٱلۡعِشَآءِۚ ثَلَٰثُ عَوۡرَٰتٖ لَّكُمۡۚ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ وَلَا عَلَيۡهِمۡ جُنَاحُۢ بَعۡدَهُنَّۚ طَوَّٰفُونَ عَلَيۡكُم بَعۡضُكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٨﴾ [النور : ٥٨]
“Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва онҳо, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, дар се ҳангом аз шумо барои ворид шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субҳ ва ҳангоми зӯҳр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт, вақти хилвати шумост. Дар ғайри он се ҳангом шумо ва онҳо гуноҳе накардаед, агар бар якдигар бигзаред. Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Худо донову ҳаким аст!”.
Нур 58
Панҷум: Мувофиқатии раъйи Умар (р.з) бо Қуръон дар намоз нахондан (намози ҷаноза) бар мунофиқон.
Умар (р.з) гуфт:
Вақто ки Абдуллоҳ ибни Убай (сардори мунофиқон дар Мадина) вафот кард, Расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) барои намоз хондан бар ӯ даъват карда шуд.
Пас Паёмбари Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба сӯи ӯ бархост. Вақтоки дар назди ӯ барои намоз хондан (намози ҷаноза) истод, пас ба суяш баргаштам тоинки дар баробари синааш истодам ва гуфтам: Эй расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)! Оё бар душмани Худо Абдуллоҳ ибни Убай (намоз мегузорӣ), ки рӯзи фалони дар макони фалони чунину чунон гуфт- ва он рӯзҳоро зикр кард- Гуфт: Ва Расули Худо табассум мекард. То инки ин суханро ба Ӯ бисёр гуфтам. (Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)) Гуфт: Дур ист аз ман эй Умар. Дар ҳақиқат ман ихтиёр дода шудаам (ки бар онҳо (мунофиқон) намоз бигзорам ё нагузорам) пас ман ихтиёр кардам (ки бар онҳо намоз бигзорам. Дар ҳақиқат бароям (чунин) гуфта шуд:
﴿ٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ أَوۡ لَا تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ إِن تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ سَبۡعِينَ مَرَّةٗ فَلَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ ٨٠﴾ [التوبة : 80]
“Мехоҳӣ барояшон омурзиш бихоҳ, мехоҳӣ омурзиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон омурзиш бихоҳӣ, Худояшон нахоҳад омурзид, зеро ба Худову паёмбараш имон надоранд ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!”.
Тавба 80
(Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар давоми суханаш мегуяд) Агар медонистам инки аз ҳафтод маротиба зиёд талаби омурзиш намудам, бахшида мешавад, Пас аз ҳафтод бор зиёд барояш талаби омурзиш менамудам. (То инки бахшида шавад).
(Умар (р.з)) Гуфт: Баъд аз он бар ӯ намоз гузорид ва ҳамроҳаш ба мақбара рафт ва бар қабраш биистод, то инки аз ӯ фориғ шуд.
(Умар (р.з)) Гуфт: Аз худам ва густохиям бар Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) таъаҷуб намудам. Ва Худо ва расулаш донотаранд.
(Умар (р.з)) Гуфт: Қасам ба Худо вақти андаке нагузашт, то инки ин ду оят нозил шуд:
﴿وَلَا تُصَلِّ عَلَىٰٓ أَحَدٖ مِّنۡهُم مَّاتَ أَبَدٗا وَلَا تَقُمۡ عَلَىٰ قَبۡرِهِۦٓۖ إِنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَمَاتُواْ وَهُمۡ فَٰسِقُونَ ٨٤﴾ [التوبة : 84]
“Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун (намози ҷанозаи ӯро нагузор) ва бар сари қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд!”.
Тавба 84
Баъд аз ин воқеъа Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар ягон мунофиқ намоз нахонд ва бар сари қабри онҳо наистод, то инки аз дунё гузашт.
Шашум: Умар (р.з) ва ҳаром гардидани шароб (арақ).
Умар (р.з) мегуяд: Ҳангоме ки ҳаром гардидани шароб нозил шуд. Гуфт (Умар): Бор Илоҳо барои мо баёни шофие дар бораи шароб нозил фармо. (Яъне ҳукми яқин ва муаян дар бораи шароб) Пас ин оят нозил шуд:
Худованд мефармояд:
﴿يَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡخَمۡرِ وَٱلۡمَيۡسِرِۖ قُلۡ فِيهِمَآ إِثۡمٞ كَبِيرٞ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَإِثۡمُهُمَآ أَكۡبَرُ مِن نَّفۡعِهِمَاۗ وَيَسَۡٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَۖ قُلِ ٱلۡعَفۡوَۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَتَفَكَّرُونَ ٢١٩﴾ [البقرة: ٢١٩]
“Туро аз шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар он ду (шароб ва қимор), гуноҳест бузург ва судҳоест барои мардум. Ва гуноҳашон аз судашон бештар аст». Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз нафақа кунанд?» Бигӯ: «Он чӣ афзун ояд». Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад, то ки дар кори дунё ва охират бияндешед”.
Бақара 219
Гуфт: Умар (р.з) нидо карда шуд ва барояш ин оят хонда шуд. Пас гуфт: Бор Илоҳо барои мо баёни шофие дар бораи шароб нозил фармо. Пас ояте ки дар сураи Нисо аст нозил шуд.
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡرَبُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنتُمۡ سُكَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَعۡلَمُواْ مَا تَقُولُونَ ٤٣﴾ [النساء : ٤٣]
“Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, ба намоз (ва ҷои намозхонӣ, яъне масҷид) наздик нашавед, то (он гоҳ ки) бидонед, чӣ мегӯед”.
Нисо 43
Пас мунодии расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳангоме ки намоз иқомат гуфта мешуд, нидо мекард, ки маст ба намоз наздик нашавад.
Пас Умар (р.з) нидо карда шуд ва барояш ин оят хонда шуд. Пас гуфт: Бор Илоҳо барои мо баёни шофие дар бораи шароб нозил фармо. Пас ояте ки дар сураи Моида аст нозил шуд.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا يُرِيدُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَن يُوقِعَ بَيۡنَكُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ فِي ٱلۡخَمۡرِ وَٱلۡمَيۡسِرِ وَيَصُدَّكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَعَنِ ٱلصَّلَوٰةِۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّنتَهُونَ ٩١﴾ [المائدة: ٩١]
“Шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боздорад, пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед?”
Моида 91
Пас Умар (р.з) нидо карда шуд ва барояш ин оят хонда шуд. Пас гуфт: Даст кашидем, даст кашидем (бас кардем, бас кардем)
Ва ҳамингуна ҳаром гардидани шароб ба суннати тадриҷи созгор шуд. (Яъне шароб якбора ҳаром нагардид, балки бо тадриҷ ҳаром гашт)
Умар (р.з) аз ин истифҳоми инкори (пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед?) маънои ҳаром будани шаробро фаҳмид ва дар ҷавоби ин суоли инкори гуфт: Даст кашидем, даст кашидем (бас кардем, бас кардем) Яъне ҳаром будани шаробро қабул кардем ва аз истеъмоли он даст кашидем. Зеро ҳаром гардонидан ё наҳйи кардан аз чизе ба воситаи суол ва истифҳоми инкори сахттару қавитар аст аз наҳйи одди кардан. Ва дар алфозу сиёғати ин оят бисёр таҳдиди сахт ва ошкор мисли офтоб дар таҳрими шароб намоён аст, ки хонанда онро ба осони дарк мекунад.
Ин буд ҳолатҳое ки суханони Умар (р.з) бо Қуръон мувофиқ омадаанд, Ба ин маъно, ки дар ин ҳолатҳо Қуръон мувофиқи гуфтаи Умар (р.з) нозил шуд ва гуфтаи ӯро таъйид кард.