×
Асли ин силсила-дарсҳо аз китоби «Усули даъват», таълифи доктор АбдулКарим Зайдон аст, ва дарси дувуми ин силсила дар бораи рукни аввали Ислом аст.

    Силсилаи «Шинохти Ислом». Дарси дуввум: Дар аркони Ислом (рукни аввал)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    سلسلة التعريف بالإسلام الدرس الثاني: الركن الأول من أركان الإسلام

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد وترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Силсилаи «Шинохти Ислом». Дарси дуввум: Дар аркони Ислом (рукни аввал)

    Дарси дуввум: Дар аркони Ислом (рукни аввал)

    Муқаддима:

    Ҳадиси Ҷибрил (алайҳис-салом)-ро зикр карда будем, ки дар он ҷавоби Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар мавриди Ислом аст. Яъне:

    «Ислом он аст, ки шаҳодат ва гувоҳӣ бидиҳӣ, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде барҳақ нест, ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ ҳаст, ва намозро барпо дорӣ, ва закотро адо намоӣ, ва рӯзаи моҳи Рамазонро бидорӣ, ва ҳаҷҷи Байтуллоҳро бикунӣ, агар бар он имкон дорӣ».

    Пас бино бар ин, дар партави ин ҳадис аркони Ислом сето ҳаст:

    Аввал: Гувоҳӣ (шаҳодат) додан ба инки маъбуде шоистаи ибодат нест, магар Аллоҳ!

    Дуввум: Гувоҳӣ (шаҳодат) додан ба инки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ ҳаст!

    Саввум: Амали солеҳ. Ва дар раъси аъмоли солеҳ намозу закот ва рӯзаву ҳаҷҷ мебошад.

    Ва ин чаҳор амал ба хотири аҳамияти он ва ёдрас кардани зарурати амали солеҳ барои мусалмон зикр шудааст. Ва ба хотири инки муҷарради талаффуз ба шаҳодатайн кофӣ нест, балки амал кардан ба мазмуни он ҳатмӣ ҳаст.

    Пас, бояд ки дар бораи ин аркони сегона сухан кард, ва аз ин лиҳоз ин фаслро (ин дарсро) ба се бахш тақсим хоҳем кард, ва ҳар рукни сегонаро дар алоҳидагӣ баррасӣ хоҳем кард.

    *(Тақсими сегонае ки шайх ба кор бурдаанд, мутобиқи ҳамон «тақсими усули даъват» назди баъзе аз аҳли илм аст, монанди: Тавҳид ва иттибоъ( пайрави аз Паёмбар) ва тазкияи нафс. Яъне ки шаҳодат ба ягонагии Аллоҳ ҳамон Тавҳид аст, ва шаҳодат ба рисолати Паёмбар ҳамон рукни Иттибоъ ва пайравист, ва амали солеҳ (ки боқимонда аркони ислом дар он аст) ҳамон рукни Тазкияи нафс мебошад, ки амали солеҳ асли Тазкияи нафс ҳаст – АбуМарям Раҷабӣ).

    Рукни аввал:

    Шаҳодат (гувоҳӣ) ба онки маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ нест.

    (Тавҳид ва яктопарастӣ).

    Маънои шаҳодат (гувоҳӣ)

    Шаҳодат, — маънои илм, эълом, хабар додан, ва баён карданро дорад. Ва ба ҳамин хотир шоҳидро шоҳид гуфтаанд, ба хотири инки ӯ хабар медиҳад ончиро ки медонад.

    Ва баёну ихбор, ҳамчуноне ки бо қавлу гуфтор аст, бо феълу рафтор низ ҳаст. Ва аз намунаҳои шаҳодат бо рафтори хеш ин аст:

    ﴿مَا كَانَ لِلۡمُشۡرِكِينَ أَن يَعۡمُرُواْ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ شَٰهِدِينَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِم بِٱلۡكُفۡرِۚ أُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ وَفِي ٱلنَّارِ هُمۡ خَٰلِدُونَ ١٧﴾ [التوبة: 17]

    «Мушриконро нарасад, ки масоҷиди Аллоҳро обод кунанд, дар ҳоле ки ба куфри хеш гувоҳӣ медиҳанд…».

    (Сураи Тавба 17)

    Ин шаҳодати амалии мушрикон аст бар алайҳи хеш, яъне ки рафтори эшон баёнгар ва равшангари он аст, ки онҳо кофиранд.

    Ва ҳамчунин калимаи шаҳодат дарбар мегирад иқрор ва эътирофу эътиқодро. Зеро ки шоҳид (шаҳодатдиҳанда) ба сиҳҳат ва дурустии шаҳодат ва хабари худ эътиқод дорад. Аммо агар ба ончӣ, ки худ эътиқод надорад шаҳодат диҳад, пас шаҳодати бардурӯғ додааст.

    Зеро ки хабари додаи ӯ мутобиқи эътиқодаш нест.

    Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ قَالُواْ نَشۡهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُۥ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ ١﴾ [المنافقون: ١]

    «Ҳангоме ки мунофиқон назди ту меоянд, савганд мехӯранд ва мегӯянд: Мо гувоҳӣ медиҳем, ки ту ҳатман фиристодаи Аллоҳ ҳастӣ!

    Худованд медонад, ки ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ, вале Худованд гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон дар гуфтаи худ дурӯғгӯй ҳастанд (зеро ки ба суханони худ имон ва боварӣ надоранд)».

    (Сураи Мунофиқун 1)

    Онҳо дурӯғгӯёнанд, зеро ки ба сиҳҳат ва дурустии гуфтори хеш эътироф ва эътиқод надоранд. Ва ончӣ, ки мегӯянд ба он муътақид нестанд.

    Пас калимаи (АШҲАДУ) далолат мекунад ба маънои ИЛМ, МАЪРИФАТ, БАЁН ва дарбар мегирад маънои ИҚРОР, ЭЪТИҚОД, ва ТАСЛИМ-ро.

    Маънои калимаи «Илоҳ»

    Аммо калимаи «Илоҳ», мурод аз он «маъбуд» аст. Ин калима ба маънои умуман маъбуд (хоҳ ҳақ бошад ва хоҳ ботил) истифода мешавад, ва бо чунин маънои ом дар ин оят ворид шудааст:

    ﴿أَفَرَءَيۡتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ ٢٣﴾ [الجاثية: ٢٣]

    «Ҳеҷ дидаӣ касеро ки ҳавову ҳаваси худро ба худоии худ гирифтааст?..».

    (Сураи Ҷосия 23)

    Ва ҳамчунин ба маънои маъбуди ҳақ истифода мешавад, ки дар ин оят омадааст:

    ﴿فَٱعۡلَمۡ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لِذَنۢبِكَ ١٩﴾ [محمد: ١٩]

    «Бидон, ки қатъан ҳеҷ худое (маъбуде) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад. Барои гуноҳони худ ва мардону занони муъмин омурзиш бихоҳ…».

    (Сураи Муҳаммад 19)

    Ва низ бо ҳамин маънои маъбуди ҳақ дар ин ҳадиси набавӣ ривоят шудааст: «Ва шаҳодат бидиҳӣ, ки маъбуде ҳақ, ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад».

    Маънои «Калимаи Тавҳид»

    Пас дар чунин сурат маънои «Калимаи Тавҳид», -Ашҳаду анла илаҳа иллалЛоҳ- чунин мешавад: Ман медонам ва иқрор кардаву эътироф мекунам, ва муътақид ҳастам, ки маъбуди ҳақе, ки танҳо Ӯ ибодатро шоиста ҳаст, Аллоҳ таъоло мебошад. Ва бояд ин шаҳодати худро баён созам ва онро бо забону рафтору кирдори хеш зоҳир намоям.

    Ва ин «Ифродуллоҳи бил-ъибодат» — яъне ягона сохтани Аллоҳ ба ибодат, Тавҳиди улуҳият ном дорад, ва Тавҳиди рубубиятро низ шомил аст.

    Яъне эътиқод бар инки танҳо Аллоҳ таъоло парвардигори оламиён аст.

    Пас ду навъ тавҳид вуҷуд дорад: Тавҳиди улуҳият (ё ки тавҳиди ибодат), ва Тавҳиди рубубият (ё ки тавҳиди хабарӣ ва илмӣ, ки тавҳиди номҳо ва сифатҳо дар зимни он аст).

    Аввалан: Тавҳиди улуҳият

    Тавҳиди улуҳият ҳамон чизе ҳаст, ки Аллоҳ таъоло тамоми паёмбаронашро ба хотири он фиристодааст.

    Ӯ таъоло мефармояд:

    ﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ ٢٥﴾ [الانبياء: ٢٥]

    «Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодаем, магар инки ба ӯ ваҳй кардаем, ки: Маъбуде ҷуз Ман нест, пас фақат маро парастиш кунед».

    (Сураи Анбиё 25)

    Ва низ мефармояд:

    ﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]

    «Мо ба миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем (ва муҳтавои даъвати ҳамаи паёмбарон ин будааст), ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут (шайтон, бутҳо, ситамгарон, ва ғайра) дурӣ кунед».

    (Сураи Наҳл 36)

    Ва низ фармудааст:

    ﴿وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٢٣﴾ [المؤمنون : ٢٣]

    «(Эй муъминон! Дар достони паёмбарон ибрат ва дарси зиндагӣ ҳаст). Мо Нуҳро ба сӯйи қавми худаш фиристодем. Ӯ бад-эшон гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро бипарастед, зеро ки маъбуде ҷуз Ӯ надоред. Оё (аз азоби Худованд ва заволи неъмате ки ба шумо додааст) наметарсед?».

    (Сураи Муъминун 23)

    Ва низ фармуда:

    ﴿وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٦٥﴾ [الاعراف: ٦٤]

    «(Ҳамон гуна, ки Нуҳро барои даъват ба тавҳид ба сӯйи қавми худ фиристодем), Ҳудро ҳам ба сӯйи қавми Ъод, ки худаш аз онон буд равона кардем. Ҳуд ба қавми Ъод гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро бипарастед ва (бидонед) ҷуз Ӯ маъбуде надоред. Оё парҳезгорӣ намеварзед? (Ва намехоҳед, ки бо яктопарастӣ хештанро аз шарру фасод дар амон доред?)».

    (Сураи Аъроф 64)

    Ва ибодату бандагии Аллоҳ таъоло қоим аст бар муҳаббати холис ва зиллату фурӯтании комил ба Аллоҳ таъоло. Ва нишонаи он, таваҷҷуҳи банда ба Аллоҳ таъоло ҳаст дар таваккул ба Ӯ ва боварӣ ба Ӯ, ва хавфу ҳарос аз Ӯ, ва руҷуъу бозгашт ба сӯяш, ва талаб аз Ӯ, ва унс гирифтан ба зикру ёдаш, ва фирору гурез ба сӯяш, ва чолокии ҷавориҳ ба амалисозии фармудаҳояш ва барпосозии динаш, ва ранг гирифтан (музайян шудан) ба зинату зевари Ӯ (яъне дини Ӯ), ва исору тақдими муҳаббат ва тоъати Ӯ бар ҳама чиз, ва мутобиқ сохтани гуфтору кирдор, ва соири аҳвол ва сулуки хеш ба ризои Ӯ.

    Бо ин роҳ мусалмон метавонад, ки маънои шаҳодатро таҳқиқ бахшад, бо қавлу амал, ва дар шаҳодату гувоҳии хеш содиқ бошад!

    Ва ба қадри илму дарки банда ба андозаи фақру ҳоҷати ӯ ба Аллоҳ ва адами истиғнояш аз Ӯ ба турфатулайне, ба маъонии ъубудият ва бандагияш афзуда мешавад ва ба он таҳкиму устуворӣ бахшида мешавад ва осори он азим мегардад.

    Ва ба қадри маърифат ва огоҳии банда ба камоли Аллоҳ ва азими нафъ ва неъматҳояш бар ӯ, ва тафаккур дар неъматҳои бешумораш ва андеша дар сифатҳояш ва маъонии асмои ҳуснояш, ба муҳаббати банда ба Аллоҳ таъоло ва таслиму фурутанияш ба Ӯ зиёда хоҳад шуд.

    «Ҳар ончӣ, ки неъмат доред, аз ҷониби Аллоҳ аст».

    (Сураи Наҳл 53)

    Ва ба андозаи саршории қалб аз маъонии ъубудият, аз ъубудият ва бардагии ғайруллоҳ наҷот меёбад, ба ҳадде ки бандаи холиси Аллоҳ таъоло гардад.

    Ва ин баландтарин мақоме ҳаст, ки инсон метавонад ноил шавад, ва ба ҳамин хотир Аллоҳ таъоло расули карими хеш Муҳаммадро дар баландтарин манзалати ӯ ба сифати ъубудият ва бандагӣ васф кардааст.

    Ӯро бо ин сифат дар мақоми нузули ваҳй бар ӯ, ва дар мақоми дуъову тазарруъи ба Аллоҳ, ва мақоми Исрову Меъроҷ, васф кардааст!

    «Пас ваҳй кард ба бандааш ончиро ки ваҳй кард».

    (Сураи Наҷм 10)

    «Ва онгоҳ ки бандаи Аллоҳ бархосту Ӯро дуъо кард…».

    (Сураи Ҷин 19)

    «Поку муназзаҳ ҳаст, оне ки бандаи худро дар шабонгоҳ аз Масҷидулҳаром ба Масҷиди Ақсо бурд».

    (Сураи Исроъ 1)

    Сониян: Тавҳиди рубубият

    Калимаи Рабб ба маъниҳои зиёде далолат мекунад, аз ҷумла: Саййид, Молики чизе, ва ба вуҷудовардандаи он, ва соҳиби тасарруф дар он чиз. Мураббӣ ва парваришгар, кафили масолеҳи инсон, соҳиби султон ва сиёдат.

    Ва ин маъонии рубубият ва ғайра аз ин қабил маъонӣ, ки шомили он аст, танҳо шоистаи Аллоҳ таъоло мебошад, ва танҳо Ӯст, ки бар ваҷҳи ҳақиқат ва камол мавсуф ба ин сифот аст.

    Ва аммо ғайри Ӯ таъоло «Марбуб» мебошад, ва агар чизе аз маъонии рубубиятро доро бошад, пас бар ваҷҳи маҷоз ва орият аст. Ҳар чӣ, ки ғайри Аллоҳ таъолост, махлуқи Ӯ мебошад, ва вуҷуду бақои хешро аз Ӯ таъоло мегирад…

    Аллоҳ таъоло парвардигори оламиён аст ҳақиқатан, ва раббу парвардигоре ғайри Ӯ нест. Ӯст офаридгор ва ҳаётбахшандаву миронанда, ва амру фармони Ӯ дар ҷамиъи махлуқоташ нофиз аст.

    Ба дасти Ӯст мулк, ва Ӯ ба ҳар чизе қодиру тавоност.

    Дар ин ҷаҳони ҳастӣ ҳар гуна ки хоҳад, тасарруф хоҳад кард ва ҳеҷ касе ба ҳукму тасарруфи Ӯ хӯрда нахоҳад гирифт. Ӯст, ки қоим ба идораи умури махлуқот ва кафили масолиҳи эшон аст. Ва Ӯст қодир ба нафъу зиён. Агар бихоҳад, ки ба касе нафъ расонад, касе фазли ӯро манъ натавонад кард. Ва низ агар ба касе ғайри онро бихоҳад, пас қазои ӯро монеъе нест.

    Чӣ тавре ки фармуда:

    ﴿وَإِن يَمۡسَسۡكَ ٱللَّهُ بِضُرّٖ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَۖ وَإِن يَمۡسَسۡكَ بِخَيۡرٖ فَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ١٧﴾ [الانعام: ١٧]

    «Агар Худованд зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ касе ҷуз Ӯ наметавонад онро бартараф созад, ва агар хайре ба ту бирасонад (ҳеҷ касе наметавонад онро боз дорад), зеро ки Ӯ бар ҳар чизе қодиру тавоно ҳаст».

    (Сураи Анъом 17)

    Пас Аллоҳ таъоло ҳаст мутафаррид ва ягона дар атову бахшиши неъматҳо ва ҳамчунин боздоштани он, ва нафъу зарар.

    Ва ҳарчӣ ки ғайри Аллоҳ ҳаст, муҳтоҷу фақир ба фазлу раҳмати Ӯст.

    Чун фақру эҳтиёҷ васфи зотии махлуқ аст, ҳамчуноне ки бениёзӣ ва ғино васфи зотии Аллоҳ таъоло – парвардигори оламиён аст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ أَنتُمُ ٱلۡفُقَرَآءُ إِلَى ٱللَّهِۖ وَٱللَّهُ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ ١٥﴾ [فاطر: ١٥]

    «Эй мардум! Шумо (дар ҳар чизе муҳтоҷу) ниёзманди Худовандед, ва Худовандаст бениёз ва сутуда».

    (Сураи Фотир 15)

    Далоили «Тавҳиди рубубият»

    Далоили рубубияти Худованд ва ягонагии ӯ дар ин васф бешумор аст, ба ҳадде ки аз хурдтарин зарра то ба бузургтарин коинот шаҳодат ба парвардигории Аллоҳ таъоло дорад, …

    Ин кавни аҷибу ғариб, муназзам ва мураттаб бо забони ҳоли хеш мегӯяд: Ман офаридгори бузурге дорам, ки Аллоҳ таъолост!

    Ва ин ақли салим имкони чунин тасаввурро надорад, ки ин ҳастӣ бидуни пайдокунанда ва офаридгоре пайдо шудааст. Қабули чунин тасаввур мухолифи ақли салим аст!

    Ақли мо қабул надорад, ки борон боридаву дар кӯҳҳо асар кардааст ва кӯҳро шикофтаву ба хонаҳо ва қасрҳо табдил додааст…

    Ақли мо қабул надорад, ки оҳанпорае ҷамъ гашт ва ҳарфҳоро пайдо намуд, ва ин ҳарфҳо бо ранг олуда гаштаву ба қоғаз афтоданд. Ва он қоғаз аслан аз сабаби афтодани дарахтон ба асари боду борон буда, ки афтидаасту реза-реза гаштааст ва хамирае гаштааст, ва боде омадаву онро дар шакли саҳифаҳо хушк кардааст. Ва дар натиҷа он ҳарфҳо омадаву ба ин саҳифаҳо бархӯрдаанд ва ҷумлаву ибораҳои муназзам ва маънидорро табъ кардаанд, ки ниҳоятан рисолае гаштааст…

    Ин чизро ҳеҷ оқиле қабул нахоҳад кард.

    Пас чӣ тавр қабул мекунӣ, ки ин кавни бузург ва ин инсони аҷиб, ва ин махлуқоти ғариб аз ҳайвоноту наботот бидуни пайдокунанда ва мудаббиру муназзиме, тасодуфан пайдо шудаанд?!

    Инро наметавон қабул кард!

    Дар ёд дорам, ки донишҷӯе аз ман суол кард: Чаро имкон надорад, ки ин олам тасодуфан бо феълу асари модда (материя) пайдо шуда бошад?

    Гуфтам: Ба ин тахта (тахтаи синф) нигар, ки пеши рӯйи ту ҳаст (ва онгоҳ дар он тахта чанд навишторе буд), агар инсоне биёяд ва гӯяд, ки ин сатрҳоро, ки дар тахта ҳаст инсоне нанавиштааст, балки тасодуфан пайдо шудааст. Боде зарраҳои хоку ғуборро бардошту аз равзанаи синфхона ворид шуд ва онро рӯйи тахта рехт, ки дар натиҷа ин ҷумлаву ибораҳо бо шакли муназзам ва бо маъно пайдо гашт.

    Оё ҳеҷ оқиле ҳаст, ки чунин чизро қабул кунад?

    Гуфт: не!

    Гуфтам: Агар чунин амри ночиз ва соддаро қабул кардан имкон надорад, пас чӣ тавр ақли салим қабул мекунад, ки моддаи (материяи) куру каре ин ҳама кавни азимро пайдо кардааст, ва ё инки ин ҳастӣ бо ин ҳама мавҷудоташ аз ин модда пайдо шудааст?!

    Аз ин лиҳоз, иқрор ва эътироф ба рубубияти Аллоҳ таъоло амри машҳур ва маъруф назди башар аст ва мустақарр дар фитрати ҳар инсоне ҳаст. Ҳатто мушрик ба он эътироф дорад.

    Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٨٧﴾ [الزخرف: ٨٧]

    «Агар аз мушрикон бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офаридааст, муаккадона мегӯянд: Аллоҳ!

    Пас чӣ гуна (аз ибодати Аллоҳ таъоло) мунҳариф мешаванд (ва ба парастиши чизҳои дигар рӯй меоранд)?».

    (Сураи Зухруф 87)

    Ва низ фармуда:

    ﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ ٩﴾ [الزخرف: ٩]

    «Агар аз мушрикон бипурсӣ, ки чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст, қатъан хоҳанд гуфт: Худованди азизу огоҳ (зеро ки худашон ҳам медонанд, ки бутҳои эшон чунин коре карда наметавонанд, ва онҳо ба маъбудони худ ҳаққи холиқият намедиҳанд)».

    (Сураи Зухруф 9)

    Қуръони карим ва тавҳиди рубубият дар нуфуси башар

    Қуръон дар оёти хеш инсонро ба он чизе тазаккур медиҳад, ки дар фитраташ нуҳуфтааст. Ва он, ин ҳақиқат аст, ки танҳо Аллоҳ парвардигори оламиён аст:

    ﴿قَالَتۡ رُسُلُهُمۡ أَفِي ٱللَّهِ شَكّٞ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ ١٠﴾ [ابراهيم: ١٠]

    «Паёмбаронашон бад-эшон гуфтанд: Магар дар бораи вуҷуди Аллоҳ офаринандаи осмонҳову замин (бидуни улгу ва намунаи пешин) шакку тардиде ҳаст? (магар ақли шумо китоби кушодаи ҳастиро наменигарад ва ба муаллифи он роҳ намебарад?)».

    (Сураи Иброҳим 10)

    Ва аммо он касе, ки бо забони хеш вуҷуди офаридгорро инкор кард, ҳатман дар ботини хеш вуҷуди Ӯро яқин дорад! Худованд дар бораи ин гуна мункирон хабар медиҳад:

    ﴿وَجَحَدُواْ بِهَا وَٱسۡتَيۡقَنَتۡهَآ أَنفُسُهُمۡ ظُلۡمٗا وَعُلُوّٗاۚ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ١٤﴾ [النمل: ١٤]

    «Ситамгарона ва мустакбирона муъҷизотро инкор карданд, ҳар чанд ки дар дил ба онҳо яқину итминон доштанд. Бингар, ки саранҷому сарнавишти табаҳкорон чигуна шуд! (магар дар дарё ғарқ нагаштанд ва ба дӯзах восил нагаштанд?)».

    (Сураи Намл 14).

    Пас инкори баъзеҳо вуҷуди Худовандро, инкори маҳз бар асоси такаббур ва саркашӣ ҳаст, ва ҳеҷ гоҳ ба ин маъно нест, ки фитрати эшон аз эҳсоси амиқи иқрор ба вуҷуди Офаридгор холӣ бошад.

    Ба ҳамин хотир, агар пардаҳои гумроҳӣ аз фитрати инсон (ки фитраташро олуда кардаанд) бардошта шавад ва аз такаббур ва саркашиву иноди худ даст кашад, мебинад ки беихтиёр ба сӯйи Офаридгори хеш мутаваҷҷеҳ ҳаст ва бо тамоми ҳастии хеш ба Ӯ рӯй овардааст.

    Дар ёд дорам, ки дар маҷаллае (ки рӯзҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ нашр мешуд) мусоҳибае хонда будам. Мусоҳиба бо лётчике буд, аз ӯ суол кардаанд, ки ногувортарин ва шадидтарин соъатҳои ҳаёти ӯ дар рӯзҳои ҷангӣ кадом будааст, ва он лаҳзаҳо чӣ эҳсосе доштааст.

    Лётчик гуфта, ки дар оилаи мулҳид ва бехудое ба воя расидааст ва танҳо ба ончӣ, ки дида мешавад ва ламс карда мешавад боварӣ дошта, вале дар яке аз амалиёти ҷангии хеш эҳсос карда ки суқут мекунад ва ҳалокаташ ҳатмӣ ҳаст, ва ҳатто агар ҳалок нашавад ҳам, аз дасти душман раҳо нахоҳад ёфт.

    Лётчик мегӯяд: Дар он соъати ногувор ҳеҷ касе аз аҳлу наздикон ва ёру дӯстон ба ёдам наёмад, балки дидам, ки беихтиёр мутаваҷҷеҳ ба сӯйи Худованд ҳастам ва аз Ӯ ёри талаб дорам…

    Ва дар ҳақиқат ҳам ба сурати аҷибе наҷот ёфтам, ки танҳо аз фазли Худованд буда… Худое ки муддати 30 сол инҷониб ёдаш накардаам!

    Ин қисса ба назарам дуруст аст, зеро ки ҳоҷате ба ифтиро ва ҷаъли он нест. Ва балки ҳар рӯз чунин ҳодиса садҳо маротиба бо суратҳои мухталиф такрор мешавад.

    Инсони ғофил ва саргардон, ки аз ёди Худованд ғофил гаштааст, ҳар гоҳ ки ба душворӣ ва мусибате гирифтор шавад, ҳатман нафси хешро дар таваҷҷуҳ ба сӯи Худованд меёбад. Беморе ки дар бистари беморӣ хобидааст, ва ё савораи ҳавопаймо, ки агар аз вуқуъи мушкиле дар ҳавопаймо хабар дода шавад, инҳо ҳама дар чунин соъати ногувор танҳо ба Худованд рӯй меоранд ва чизи дигаре ёдашон нахоҳад омад. Балки ошкор ба дуъову тазарруъи Ӯ таъоло мепардозанд.

    Дуруст гуфтааст Аллоҳи бузургвор, он гоҳ ки дар бораи мушрикон ин хабарро додааст:

    ﴿وَإِذَا غَشِيَهُم مَّوۡجٞ كَٱلظُّلَلِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ فَمِنۡهُم مُّقۡتَصِدٞۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِ‍َٔايَٰتِنَآ إِلَّا كُلُّ خَتَّارٖ كَفُورٖ ٣٢﴾ [لقمان: ٣٢]

    «(Мункирони Аллоҳ таъоло) ҳангоме ки (савори киштӣ мешаванд ва) мавҷҳое ҳамчун кӯҳ ононро фаро мегирад, холисона Аллоҳро ба фарёд мехонанд ва ибодатро хосси Ӯ медонанд. Вале ҳангоме ки ононро наҷот додаву солим ба хушкӣ расонидем, бархе аз эшон миёнаравиро дар пеш мегиранд (ва бар имони худ вафодор ва пойдор мемонанд, ва теъдоди зиёде дубора Аллоҳро фаромӯш кардаву роҳи куфр дар пеш мегиранд). Нишона ва ояҳои моро ҳеҷ касе ҷуз хиёнатпешагони носипос инкор намекунад».

    (Сураи Луқмон 32)

    Масъалаи вуҷуди офаридгор, аз бадиҳиёт ва мусалламот аст, ки ҳеҷ бадиҳиёте мисли он равшану возеҳ нест.

    Балки мегӯем: Агар масъалаи вуҷуди Худованд дар ақлҳо пазируфта ва дуруст нагардад, пас ҳеҷ масъалаи дигаре мутлақан имкони пазиришаш нест. Зеро ки ҳеҷ масъалае аз ҷиҳати касрат ва танаввуъи далоил мисли ин масъала нест!

    Тавҳиди рубубият мусталзими тавҳиди улуҳият аст

    (Истилзом – яъне тақозо кардан).

    Тавҳиди рубубият ва ягона донистани Аллоҳ таъоло ба тамоми маъонии рубубият, ҳатман мусталзими тавҳиди улуҳият аст. Яъне ки ягона сохтани Худованд дар ибодат аст, ва инки танҳо Ӯ шоистаи ибодат ва парастиш аст.

    Барои ҳамин ҳам, Қуръони карим мушриконро ба тавҳиди рубубият тазаккур додаву мусталзими тавҳиди улуҳият буданашро зикр мекунад. Ва ин тариқаи қуръонӣ, тариқаи коргар ва ҳакимонаву нишонрасе ҳаст, ки набояд аз он ғофил будаву нодида гирифт ва ба ҷойи он асолиби пурпечутоби бефоидаро истифода кард.

    Ва аз он нусуси сариҳе, ки дар Қуръон омадааст, ин аст:

    ﴿أَيُشۡرِكُونَ مَا لَا يَخۡلُقُ شَيۡ‍ٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ ١٩١﴾ [الاعراف: ١٩٠]

    «Оё чизҳоеро шарику анбози Худованд қарор медиҳанд, ки чизеро офарида наметавонанд, ва балки худашон ҳам офарида мешаванд?!».

    (Сураи Аъроф 191)

    Ва низ:

    ﴿أَفَمَن يَخۡلُقُ كَمَن لَّا يَخۡلُقُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ١٧﴾ [النحل: ١٧]

    «Пас (Эй виҷдонҳои бедор! Аз назари ақл) касе ки (ин ҳама чизҳои аҷибу ғариб ва неъматҳои бузургро) меофаринад, ҳамчун касе ҳаст ки (чизе) намеофаринад? (Оё бояд бути ҳақир ва инсони фақирро шарики Худованди ҷалил кард?)

    Оё ёдовар намешавед?!

    (То ба иштибоҳи худ пай бибаред ва аз парастиши бутҳо ва инсонҳо даст бардоред ва танҳову танҳо Аллоҳи ягонаро бипарастед ва сипосгузорӣ кунед)».

    (Сураи Наҳл 17)

    Ва низ:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ضُرِبَ مَثَلٞ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَن يَخۡلُقُواْ ذُبَابٗا وَلَوِ ٱجۡتَمَعُواْ لَهُۥۖ وَإِن يَسۡلُبۡهُمُ ٱلذُّبَابُ شَيۡ‍ٔٗا لَّا يَسۡتَنقِذُوهُ مِنۡهُۚ ضَعُفَ ٱلطَّالِبُ وَٱلۡمَطۡلُوبُ ٧٣﴾ [الحج : ٧٣]

    «Эй мардум! Масале зада шудааст (бо диққат) бад-он гӯш фаро диҳед. Он касонеро ки ба ғайр аз Аллоҳ ба кӯмак мехонед ва парастиш мекунед, ҳаргиз наметавонанд магасеро биёфаринанд, агар ҳатто ҳамагон (барои ин кор – яъне офаридани магас) даст ба дасти якдигар диҳанд.

    Ва агар магас чизеро аз онон биситонад ва баргирад, наметавонанд онро аз ӯ бозпас гиранд.

    Ҳам толиб (ки магаси ночиз аст) ва ҳам матлуб (ки бутони сангин ва ё маъбудони дурӯғинанд) дармонда ва нотавонанд».

    (Сураи Ҳаҷ 73).

    Ин ҳама оёти қуръонӣ мушриконро ба як ҳақиқати возеҳ фаро мехонад, ва он инки худову маъбудоти ботилашон оҷиз ҳасту қудрати офариниши ҳатто магасе надорад,..

    Пас чӣ тавр, ва бо кадом ақл он маъбудоти ботил ва оҷизу нотавонро бо Аллоҳ таъоло, ки ягона офаридгор ва парвардигори оламиён аст, баробар кардаву ҳамроҳаш мепарастанд?!

    Ва ҳамчунин Қуръон мушриконро ёдоварӣ мекунад ба онки маъбудҳои ботилашон чизеро дар ин ҳастӣ соҳиб нестанд, ҳатто мисқоли зарра! Ва дар ҳеҷ кӯчактарин амре (дар идораи ин кавн) бо Аллоҳ таъоло мушоракат надоранд. Ва Худованд ҳам ба ин маъбудоти ботил муҳтоҷ ва ниёзманд нест!

    Пас агар чунин аст, ва худи мушрикон ҳам инро медонанд, пас воҷиб аст, ки ибодат ва парастиш холисона танҳо ба Аллоҳ таъоло сарф карда шавад:

    ﴿قُلِ ٱدۡعُواْ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا لَهُمۡ فِيهِمَا مِن شِرۡكٖ وَمَا لَهُۥ مِنۡهُم مِّن ظَهِيرٖ ٢٢﴾ [سبا: ٢٢]

    «(Эй Паёмбар! Ба мушрикон) бигӯ: Касонеро ки ба ҷуз Аллоҳ (маъбуди худ) мепиндоред, фарёд кунед. (Аммо бидонед, ки онҳо ҳаргиз гиреҳе аз коратон намекушоянд ва суду зиёне ба шумо намерасонанд, зеро ки) онҳо дар осмонҳову замин ба андозаи заррае молики чизе нестанд ва дар осмонҳову замин камтарин ҳаққи мушоракат (дар офариниш ва моликият ва идораи ҷаҳон) надошта (ва шарику анбози Аллоҳ намебошанд), ва Аллоҳ дар миёни онҳо ёвар ва пуштибоне надорад (то дар идораи коинот ба ӯ ниёзманд ва муҳтоҷ бошад)».

    (Сураи Сабаъ 22)

    Ва Қуръони карим баъзе аз ҳақоиқро таъкид мекунад, ки худи мушрикин ба он эътироф доранд, мисли инки танҳо Аллоҳ таъоло молику соҳиби замину осмонҳост, ва мудаббиру мутасарриф дар онҳост, ва Ӯст, ки додраси бандагон аст. Пас воҷиб аст, ки танҳо Ӯ ибодат карда шавад!

    ﴿قُل لِّمَنِ ٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهَآ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٨٤ سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ٨٥ قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلسَّبۡعِ وَرَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ ٨٦ سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٨٧ قُلۡ مَنۢ بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيۡهِ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٨٨ سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ فَأَنَّىٰ تُسۡحَرُونَ ٨٩ بَلۡ أَتَيۡنَٰهُم بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ ٩٠﴾ [المؤمنون : ٨٤، ٩٠]

    «Бигӯ: замин ва касоне ки дар замин ҳастанд, аз они кистанд, агар доно ва фарзона ҳастед? (Бар асоси нидои фитрат ва бадоҳати ақл) хоҳанд гуфт: (ҳама коинот, ва аз ҷумла замин ва сокинони он) аз они Аллоҳанд! Бигӯ: Пас чаро намеандешед, ва ёдовар намегардед (ки танҳо молики коинот ва соҳиби он шоистаи парастиш асту бас?!).

    Бигӯ: Чӣ касе соҳиби осмонҳои ҳафтгона ва соҳиби арши азим аст?

    Хоҳанд гуфт: Аз они Аллоҳ ҳаст! Бигӯ: Пас чаро парҳезгорӣ пеш намегиред?!

    Бигӯ: Оё чӣ касе фармондиҳии ҳама чизро дар даст дорад (ва мулки фарохи коинот ва ҳукумати мутлақа бар мавҷудот аз они ӯст?). Ва ӯ касе ҳаст, ки паноҳ медиҳад (ҳаркиро бихоҳад) ва касеро наметавон аз (азоби) ӯ паноҳ дод, агар фаҳмидаву огоҳед?! Хоҳанд гуфт: Аз они Аллоҳ ҳаст! Бигӯ: Пас чӣ гуна фиреби (ҳавову ҳавас ва васвасаи шаётинро) мехӯред (аз ҳақ канорагирӣ мекунед) ва ҷоду мешавед?!

    (Чунин нест, ки эшон меангоранд ва Қуръонро афсонасароӣ ва дурӯғгӯиҳои пешиниён қаламдод мекунанд) балки барои онҳо ҳақро овардем (ки Қуръон аст ва қонуни дине ҳаст, ки василаи саъодати дунё ва охирати ҳамагон аст) ва онон қатъан дурӯғгӯянд (дар ин ки Қуръонро асотир ва акозиби гузаштагон мегӯянд)».

    (Сураи Муъминун 84-90)

    Тавҳиди Асмо ва Сифот

    Шайх Абдулкарим Зайдон (раҳимаҳуллоҳ) дар рисолаи хеш дар мавриди тавҳиди ному сифатҳо чизе зикр накардаанд, зеро чӣ тавре ки дар муқаддима қайд кардаанд, ихтисор ва иҷмолро ирода кардаанд. Вале банда ин қисматро ба хотири пурра гаштани матлаб ва фоидаи хонанда изофа намудам – АбуМарям Раҷабӣ.

    Ва аз ҷумлаи имон ба Аллоҳ, имон ба Номҳои Ҳусно (зебо) ва Сифатҳои Ъулё (олӣ) – и Аллоҳ таъоло ҳаст. Бидуни таҳриф, таътил ва такйифу тамсил.

    Ва инро ба иборати дигар «Тавҳиди асмо ва сифот» гӯянд.

    Тавҳиди асмо ва сифот – ин яъне имон овардан ва иқрор кардан ба номҳо ва сифатҳои Аллоҳ таъоло ҳамчуноне, ки худи Ӯ ва расулаш Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) барои Ӯ собит кардааст.

    Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ мегӯяд:

    «Тасдиқ ва боварии ҳақиқӣ ба калимаи «Ла илаҳа илла-Лоҳу» тақозо мекунад, ки ба тамоми шохаҳо ва фуруъи ин калима бовар карда шавад. Ва тамоми усул ва фуруъи дин аз шохаҳои ин калима ҳаст. Ва тасдиқу боварии банда ба ин калима, дурусту ҳақиқӣ намешавад, то он даме ки ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва дидори Ӯ имон наёварад. Ва муъмин ба Худованд нахоҳад шуд, то ин ки ба сифоти ҷалол ва нуъути камолаш имон наёварад.

    Ва мӯъмин намешавад ба: «Нест маъбуди барҳаққе магар Аллоҳ», то он даме ки вижагиҳо ва хусусиёти улуҳиятро аз ғайри Аллоҳ нафй (инкор) нанамояд…

    Ва ҳар касе ки сифоти олии Худовандро радд кардааст, ба калимаи «Ла илаҳа иллал-Лоҳ» имон наёвардааст. Ва ҳамчунин он касе ки калому таклим (сухан гуфтан)-и Худовандро инкор кардааст. Ва низ оне ки истивои Худовандро радд кардааст… ва ғайра аз он авсофе ки Аллоҳ таъоло худро васф кардаву ва паёмбараш Ӯро васф намудааст». (ат-Тибён фи ақсомил-Қуръон 1\36).

    Ва низ мегӯяд:

    «Қуръон ҳамагӣ дар баёни сифоти Аллоҳ таъолост – Ё инки хабар аст аз зоти илоҳӣ ва сифатҳои Ӯ, ё инки чӣ кардааст бо дӯстон ва авлиёи хеш аз расулон ва муъминон, ва ин баёни афъол ва икрому эҳсони Ӯст.

    Ва ё инки бо душманони худ чӣ кардааст, ва ин ҳам аз сифоти Ӯст.

    Пас Қуръон аз аввали «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» то ба «Минал-ҷиннати ван-Нос» ҳамагӣ дар баёни сифоти Аллоҳ аст (субҳонаҳу ва таъоло)». (Тариқул-ҳиҷратайн, саҳ. 211).

    Ва ҳеҷ ояте аз Қуръони карим аз сифот ва ё номҳои Худованд холӣ нест.

    Ва шайхул Ислом Ибни Таймия мегӯяд:

    «Дар Қуръон зикри номҳо ва сифоту афъоли Худованд бештар аз зикри хӯрдан ва нӯшидан ва никоҳ дар Биҳишт аст. Ва оятҳое ки дар он зикри номҳои Худованд ва сифатҳояш ҳаст, қадру манзалати он азимтар аз оёти маъод (оёте ки дар робита ба охират мебошад) аст.

    Ва бузургтарин оят, ояти Курсӣ ҳаст, ки мутазаммини ному сифатҳои Аллоҳ таъоло мебошад. Ва беҳтарин сура, сураи Модари Қуръон аст, ки зикри ному сифатҳои Худованд дар он сура, азимтар аз зикри маъод аст». (Даръу таъорузил ақли ван-нақли, 5/310).

    Ва низ имом Ибн Қаййим мегӯяд:

    «Ӯ (таъоло) муҳсин аст, муҳсинонро дӯст медорад, Шакур аст ва шокиронро дӯст медорад, Ҷамил аст ва зебоёнро дӯст медорад, Поку некӯ ҳаст ва ҳар покизагиро дӯст медорад, Алим аст ва бандагони олими худро дӯст медорад, Кариму сахӣ ҳаст ва саховатмандонро дӯст медорад, Қавӣ ҳаст ва муъмини қавӣ, назди Ӯ маҳбубтар аст аз муъмини заъиф, Барру накӯкор аст ва аброрро дӯст медорад, Адл аст ва аҳли адлро дӯст медорад, Ҳайий ва Ситтир (бо ҳаёву пӯшонанда) аст ва аҳли шарму ҳаё ва сатру пӯшиш бар дигаронро дӯст медорад, Бахшандаву гузашткунанда ҳаст ва дӯст медорад онеро ки аз бандагони Ӯ гузашт кардаву онҳоро мебахшад, Содиқ аст ва содиқонро дӯст медорад, Рафиқ аст ва рифқу нармиро дӯст медорад, Ҷавод аст ва ҷуду сахоро дӯст медорад, Раҳим аст ва раҳиму меҳрубононро дӯст медорад, Витр (тоқу якто) ҳаст ва витро дӯст медорад, Ӯ таъоло ному сифатҳои хешро дӯст медорад ва ба ҳамин хотир бандаеро ки ба василаи он ному сифатҳо Ӯро бандагӣ ва ниёиш мекунад дӯст медорад, ва дӯст медорад онеро ки бо он ному сифатҳо Ӯро дуъо кардаву суол мекунад.

    Ва дӯст медорад он бандаеро ки ному сифатҳои Ӯро медонад ва таъаққул мекунад ва ба василаи он Ӯро ҳамду сано мехонад, ҳамчуноне ки дар саҳеҳ омадааст:

    «Ҳеҷ касе аз Аллоҳ таъоло дида дӯстдортари мадҳу сано нест, ба ин хотир худро мадҳу сано хондааст. Ва касе аз Аллоҳ таъоло дида ғаюртар нест, ба ҳамин хотир фавоҳиш ва разолатро ҳаром кардааст. Ва касе ҳам аз Аллоҳ таъоло дида дӯстдортар ва қабулкунандатари узр нест, пас ба ҳамин хотир китобҳо нозил кардаву паёмбарон фиристода аст».

    (ривояти Имом Муслим 4958).

    Ва дар ҳадисе дигар мегӯяд:

    «Ҳеҷ касе аз Аллоҳ таъоло дида сабркунандатар ба азият нест, ба Ӯ таъоло фарзанд нисбат медиҳанд ва Ӯ ба эшон ризқ додаву офият мебахшад».

    (ривояти Имом Бухорӣ 5634 ва Имом Муслим 5016).

    Пас ба хотири муҳаббаташ он ному сифатҳоро, бандагони хешро ба муҷиботи он амр кардааст – амр кардааст ба адлу эҳсон, некӯиву афву гузаштагӣ, ҷуду саховат ва сабру таҳаммул, бахшандагиву меҳрубонӣ, сидқ ва илму дониш, шукргузорӣ ва ҳилму бурдборӣ, шикебоӣ ва рифқу нармӣ.

    Ва з-ин лиҳоз маҳбубтарин банда ҳамоне ҳаст, ки ба сифоти маҳбуби Худованд муттасиф гаштааст. Ва мабғузтарин (баддидатарин) банда ҳамоне ҳаст, ки ба сифоти макруҳа (нописанд) муттасиф гаштааст.

    Бад мебинад онеро ки ба кибру ҷабарут ва улувву азамат муттасиф шудаст, зеро ки иттисофи банда ба ин сифатҳо зулм аст, зеро ки ин сифатҳо лоиқи ӯ нест ва ба барояш накӯ нест, зеро ин сифот мухолифи сифоти банда ҳаст.

    Ба хотири он ки иттисоф ба ин сифатҳо хуруҷ аз убудият ва бандагӣ ҳаст ва тарки мартаба ва мансаби воқеъияш будаву, таҷовуз аз тавру ҳадди ӯст. Ва ин хилофи он сифатҳои лоиқ ба ӯст, мисли: Илм, адолат, меҳрубонӣ, эҳсон, сабр, шукр, ки ин инҳо мухолиф ва мунофии убудият нест. Балки иттисофи банда ба инҳо аз камоли бандагӣ ва убудият аст…». (Мифтоҳи дори Саъодат, 1/137).

    Ин буд чанд изофае ба асли рисолаи шайх то каме ҳам бошад, дар боби тавҳиди асмо ва сифот тавзиҳ дода шавад. Ва тафсилоти дигари ин мавзуъро ки дар робита бо «қавоъиди аҳли суннат дар фаҳми асмо ва сифоти Худованд» ва «баёни иштибоҳоти аҳли бидъат дар мавзуъи тавҳиди асмо ва сифот» мебошад, дар мақолаҳои алоҳида ва ҷойи худаш баррасӣ хоҳем кард, биизниллоҳ – АбуМарям Раҷабӣ.

    Илму дониши муъосир ва ақидаи тавҳид

    Ва улуми муъосири мутааллиқ ба кавну ҳастӣ, атом ва инсону наботот ва саноъат ва кашфиёту ихтироъоти навин, инҳо ҳама ақидаи тавҳид ва имони бандаро қувват мебахшанд.

    Зеро ки ин дастовардҳо диққат ва нозукии низоми ҳастӣ, ва аҷоиби офариниш, ва латофати сунъи Худовандро ошкор кардааст, ки далолат ба азамат ва қудрату илми бекарони Офаридгор дорад. Шакке нест, ки диққат ва латофати махлуқот далолат ба азамати Холиқ дорад, ва инки пушти ин ҳама мавҷудоти бадиъ ва низоми дақиқ Холиқи азиме ҳаст!

    Ҳақ гуфтааст Аллоҳ таъоло, он гоҳ ки мефармояд:

    ﴿سَنُرِيهِمۡ ءَايَٰتِنَا فِي ٱلۡأٓفَاقِ وَفِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمۡ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّۗ أَوَ لَمۡ يَكۡفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ٥٣﴾ [فصلت: ٥٣]

    «Мо ба онон (ки мункири Ислом ва Қуръонанд) ҳарчӣ зудтар далоил ва нишонаҳои худро дар ақтору навоҳии (осмонҳову замин, ки ҷаҳони кабир аст) ва дар дохилу даруни худашон (ки ҷаҳони сағир аст) ба онон нишон хоҳем дод, то барои эшон рӯшан ва ошкор гардад, ки ислом ва Қур’он ҳақ аст».

    (Сураи Фуссилат 53).

    Ва фармуда:

    ﴿وَفِيٓ أَنفُسِكُمۡۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ ٢١﴾ [الذاريات: ٢١]

    «Ва дар худи вуҷуди шумо (инсонҳо, нишонаҳои равшан ва далоили мутқан барои шинохти Аллоҳ ва пай бурдан ба қудрати Ӯ) ҳаст. Магар намебинед?!».

    (Сураи Зориёт 21).

    Ҷойгоҳи тавҳид дар Ислом

    Тавҳид дар Ислом – ин кулли ислом аст, ва Қуръон ҳамагӣ дар атрофи ҳамин тавҳид чарх мезанад…

    (Чӣ тавре ки Имом Ибни Қаййими Ҷавзӣ мегӯяд:

    1) Қуръон хабар аст дар бораи Аллоҳ ва номҳову сифатҳояш ва гуфтору афъолаш. Ва ин тавҳиди хабариву илмӣ ҳаст, ки бароят дар бораи он зоти Ягона маълумот медиҳад. То ки ба дурустӣ шинохта шавад.

    2) Қуръон даъват аст ба сӯйи яктопарастӣ ва дур шудан аз ибодати ғайрул-Лоҳ. Ва ин тавҳиди хостан ва талаб кардан аст, ки бояд танҳо Ӯро талаб дошта бошӣ ва дар талаби ризои танҳо Ӯ бошӣ. Ва тамоми намудҳои ибодатро танҳо барои Ӯ сарф намоӣ.

    3) Қуръон амру фармон аст ба тоъатҳову боздоштан аст аз маъсиятҳо. Ва даъват аст ба таслим шудан. Ва инҳо ҳама аз ҳуқуқҳо ва мукаммилоти Тавҳид ҳастанд, ки бидуни пойбандӣ ба ин амру наҳйи илоҳӣ тавҳиди инсон комил намешавад.

    4) Қуръон хабар аст аз ҳоли аҳли Тавҳид. Хабар аст аз ҳоли онҳое, ки пойбанди ҳуқуқҳои тавҳид ҳастанд, ки дар ин дунё ва охират чӣ саъодате ба даст овардаанд. Ва ин ҷазову подоши Тавҳид аст.

    5) Ва ахиран, Қуръон хабар аст аз ҳоли душманони Тавҳид (аҳли Ширк). Хабар аст, ки бо онҳо дар ин дунё чӣ кардаву ва дар охират чӣ интизор аст. Ва ин ҷазову подоши руй гардонидан аз Тавҳид аст.).

    Пас тавҳид – мағзу асоси Ислом аст, ки соири аҳком ва амру наҳй ва низому равишҳо ҳама аз он ҷӯш мезанад. Ва ин ибодот ва аҳком онро тақвият бахшидаву онро дар қалби муъмин собит месозад.