БАРОЪ ИБНИ МОЛИКИ АНСОРИ
Дастабандиҳо
Full Description
БАРОЪ ИБНИ МОЛИКИ АНСОРИ
البراء بن مالك الأنصاري
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО
Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи
2009 - 1430
البراء بن مالك الأنصاري
« باللغة الطاجيكية »
د. عبد الرحمن رأفت باشا
ترجمة : عبد الحليم عارفي
2009 - 1430
Бароъ ибни Молики марди жулидамўй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамони ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмони ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар саҳнаи набард зиндаги худро аз даст додаанд.
Ин қаҳрамони номовар ва шуҷоъ он қадар дар саҳнаи набард бебокона меразмид, ки ҳазрати Умари Форуқ ба кордорони худ дар гўшаву канори қаламрави Ислом дар хусуси вай навишта ирсол намудааст, ки ба вай вазифаи қумандонии лашкари мусалмононро надиҳанд, ки мабодо бо иқдоми хеш ҳамаро дар вартаи ҳалокат ва нобуди андозад.
Вай бародари Анас ибни Молик ходими ҳазрати Расулуллоҳ (с) аст. Мо агар бихоҳем ҳама ҷониби зиндагии Бароъ ва қаҳрамониҳову диловариҳои вайро ба риштаи таҳрир дарорем ин амр аз тавони мо берун аст. Ва фақат ба зикри як ҳодиса аз қаҳрамониҳои вай дар ин ҷо иктифо мекунем ва ин қисса худ боқи дигар ҳама саргузашт ва қаҳрамониҳои вайро дар ихтиёри мо хоҳад гузошт.
Ин достон аз давраи вафоти Ҳазрати Расули Худо (с) ва пайвастанаш ба рафиқи аъло оғоз мешавад. Тавре ки қабилаҳои араб баъд аз вафоти он ҳазрат тасмим гирифтанд, ки ҳама дастаҷамъи аз дини Хордо берун шаванд ҳамон тавре, ки ҳама дастҷамъи дар ибтидо ба дини Худо дохил шуда буданд, то он ки аз Ислом ному нишоне намонад ва ба ҷуз аҳли Макка ва Мадина ва Тоиф ва ҷамъиятҳои маъдуде, ки ба суратҳои пароканда дар ин ҷо дар Ислом боқи монданд, боқи ҳама аз дини Худо саркаши карданд.
Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) дар баробари ин фитнаи бузург мардонавор истодаги намуд ва бемуҳобот бо он ҷангид. Ва аз муҳоҷирин ва Ансор ёздаҳ сипоҳ омода сохт.
Ва барои қумандони ҳар як аз ин ёздаҳ сипоҳ парчамеро барафрошт ва ишонро дар саросари Ҷазиратул Араб гумошт то муртадинро ба роҳи ҳақ ва ҳидоят баргардонад ва бо зўри шамшер мунҳарифонро бо ҷодаи рост ва мустақим маҷбур созад. Аз нерўмандтарини ин гурўҳи муртадин Бани Ҳанифа буд, ки ба эътибори ҷанговар ва теъдод қавитар буд ва роҳбарии ононро Мусайлимаи каззоб ба ўҳда дошт. Мусайлима аз қавми худ ба теъдоди чиҳил ҳазор нафар ҷанговарро муттаҳид намуд ва ин теъдод ҳама ба ҳукми нажодпарасти ва қавмият дар гирди вай ҷамъ шуда буданд на ба ҳукми ин ки ишон ба вай имон оварда бошанд. Чунончи баъзе аз ишон ин матлабро изҳор намуда мегуфтанд:
Мо медонем, ки Мусайлима каззоб ва дуруғгў ва Муҳаммад содиқ ва ростгў аст. Аммо каззоби (қабилаи) Рабеъ (Мусайлима) назди мо аз содиқи (қабилаи) Музар (Ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтар аст.
Нерўҳои Мусайлима нахустин даста аз сипоҳиёни исломро, ки сарварии онро Икрама ибни Абуҷаҳл ба дўш дошт, шикаст дод ва ишонро ба ақибнишини маҷбур сохт.
Ҳарду лашкар дар сарзамини Ямома дар Наҷд бо ҳам рў ба рў шуданд. Дере нагузашт, ки паллаи мизони Мусайлима гарон шуд ва замин дар зери пои мусалмонон ба ларза афтод ва тасмим ба он гирифтанд, ки ақибнишини кунанд. Лашкариёни Мусайлима дохили хаймаи Холид ибни Валид гардида ва хаймаашро аз замин бардоштанд ва наздик буд, ки ҳамсарашро ба қатл расонанд. Аммо як тан аз мусалмонони бомаҳорат вайро наҷот дод. Дар чунин фурсате мусалмонон дарёфтанд, ки хатари бузурге ба онҳо таҳдид мекунад ва донистанд, ки агар лашкари мусалмонон ин бор дар баробари Мусайлима шикаст бихўранд, дигар Ислом дар азиратул Араб бапо нахоҳад истод ва дигар ҳеҷ яке дар ин сарзамин ба парастиши Худованди ягона нахоҳад пардохт.
Дар гирудори ин хатар бузург буд, ки Холид мутаваҷеҳи лашкари худ шуд ва онро аз сар танзим кард ба тавре, ки муҳоҷиринро аз Ансор ва бадавиро аз шаҳри як тараф намуд.
Ва фарзандони ҳар қабиларо ба таври алоҳида дар таҳти як байрақ қарор дод, то бубинад, ки кадом як аз ин қабилаҳо ҷанговартар аст ва дарёбад, ки омили шикасти мусалмонон аз кадом ноҳия аст.
Ҷанги хунин дар миёни ду тараф сурат гирифт, ки мусалмонон қаблан ба чунин як ҷанги табоҳкунанда рў ба рў нашуда буданд. Ва ҷанговарони Мусайлима бо субот нопойдории аҷибе ба набард идома доданд ва шумораи зиёди кушташудагон онҳоро аз идомаи ҷанг боз надошт ва чун кўҳ истодаги намуданд. Ва мусалмонон аз худ қаҳрамониҳои аҷибе нишон доданд, ки агар шоире дар васфи онҳо месуруд шояд аз маъруфтарин ва дилангезтарин қасидаҳои шеъри мебуд.
Собит ибни Қайс, парчамдори гурўҳи Ансор кафан пўшида ва барои худ қабр меканад ва то нисфи бадани худ дар он фурў наравад ва дар мавқифи худ собит ва устувор мемонад, ва бо дифоъ аз парчами қавми худ, то сарҳади марг меразмад, то он ки ҷоми шаҳодат ба сар мекашад.
Ва Зайд ибни Хаттоб - бародари ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) дар миёни лашкар фарёд мезанад, ки эй мусалмонон, собитқадам бошед ва бо матонат ҳамлаи душманро саркўб кунед ва қадам ба пеш ниҳед.
Эй мардум, қасам ба Худо, баъд аз ин калима, дигар ҳаргиз ҳарфе бар забон нахоҳам овард, то онки Мусайлима шикаст бихўрад ва ё он ки Худовандро бо хуни худ мулоқот кунам ва онро далел ва ҳуҷҷати худ бидонам. Ва баъд бар лашкариёни Мусайлима ҳамла бурд ва пайваста меҷангид то ин ки ба шаҳодат расид.
Солим ғулом Абуҳузайфа парчами муҳоҷиринро ба даст дорад қавмаш аз он бим намуд, ки дар ҷанг заиф гардад ва ё субот ва пойдориро аз даст диҳад, лизо ба ў гуфтанд: Аз он бим дорем, ки дар натиҷаи заъфи ту душман бар мо даст ёбад.
Вай дар ҷавоб гуфт: Агар дар натиҷаи заъфи ман душман бар шумо даст ёбад, ман ба ҳақ ҳофизи Қуръон нахоҳам буд.
Баъд ба душман ҳамлаи шуҷоона намуд, то ин ки мавриди исобат қарор гирифт.
Аммо ин ҳама қаҳрамониҳо дар баробари қаҳрамони ва шуҷоате, ки Бароъ ибни Молик (р) анҷом додааст чизе нахоҳад буд ва он ин ки: Вақте Холид дид, ки оташи ҷанг шўълавар гардид ва шиддати он ба авҷи худ расид, рў ба сўи Бароъ ибни Молик овард ва гуфт: Эй ҷавони Ансори ба сўи ишон бишитоб. Бароъ ба сўи қавми худ рўй гардонид ва гуфт: Эй ҷамъи Ансор, набояд ҳеҷ яке аз шумо дар фикри бозгашт ба Мадина бошад. Шуморо баъд аз ин рўз Мадина нахоҳад буд... Балки шуморо Худои ягона аст ва баъд биҳишт…
Баъд бар мушрикин ҳамла намуд ва ёронаш низ аз ақиби ў рафтанд. Ва шурўъ ба рахна кардани сафи душман намуд ва бо шамшер гарданҳои душманони Худоро аз тан ҷудо месохт, то ин ки қадамҳои Мусайлима ва лашкариёнашро мутазалзил сохт ва онҳоро маҷбур ба фирор намуда ва дар бўстоне, ки баъдан ба номи бўстони марг шўҳрат ёфт, ҳамла бурданд ва теъдоди куштагон дар он бўстон аз шумор берун гардид.
Ин бўстони марг дорои майдони васеъ ва девори баланде буд. Мусайлима ва ҳазорон тан аз мудофеъонаш вақте дохили ин бўстон шуданд, дарвозаҳои онро ба рўи худ бастанд ва аз баланди деворҳои он барои дифоъ аз худ истифода намуда ва мусалмононро аз дохили он ҳадафи тирҳои худ қарор доданд. Дар чунин фурсате ин қаҳрамони диловар Бароъ ибни Молик омад ва гуфт:
Эй қавм, маро бо ин сипар бигзоред ва баъд онро ба нўки найзаҳо бардошта дар наздикии дарвозаи боғ бияндозед, ё шаҳид мешавам ва ё он ки дарвозаро ба рўятон мекушоям. Бароъ ибни Молик бо суръат дар миёни сипар нишаст ва ёронаш бо нўги найзаҳо ўро ба дохили боғ андохтанд.
Ҳазорон тан аз лашкариёни Мусайлима ба сари вай рехтанд ва даргирии шадиде дар миёни вай ва душманонаш даргирифт ва баъд аз бархўрде, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт тавонист, ки дарвозаро бикшояд ва беш аз ҳаштод ҷои аз баданаш захми шамшер ва найза дида буд. Мусалмонон чун сел дохили бўстон шуданд ва чунон ба куштани муртаддин пардохтанд, ки аз тавсиф берун аст. Ва дар ҳудуди беш аз бист ҳазор нафар аз лашкариёни Мусайлимаро аз теғ гузарониданд ва ахиран худи Мусайлимаро низ ба қатл расониданд.
Бароъ ибни Моликро бардошта ба қароргоҳаш бурданд, то ўро муолиҷа намоянд. Ҳазрати Холид ҳудуди як моҳро назди вай сипари кард, то он ки Худованд ўро шифо бахшид ва тавассути вай лашкари мусалмононро пирўзи насиб фармуд.
Бароъ ибни Молики Ансори орзўи шаҳодатро менамуд, ки дар рўзи корзори бўстони марг насибаш нашуд…
Баъд аз он дар ҷангҳо яке паи дигар ширкат кард то орзўи деринаи худро дарёбад ва бо Паёмбари гиромии худ бипайвандад, то он ки рўзи фатҳи шаҳр. Тўстар яке аз шаҳрҳои Форс фаро расид. Форсҳо дар яке аз қалъаҳои мустаҳками ин шаҳр сангар гирифта буданд. Мусалмонон ин қалъаро дар муҳосираи шадиди худ гирифтанд. Чун муддати замони тўлони бар ин ҳисор сипари шуд, ва форсҳо дар он ба танг омаданд. Бинобар ин нишон барои дифоъ аз хеш ҳалқаҳои оҳанинеро, ки бар нўки он чангакҳои фулоди, ки дар оташ доғ шуда буд, насб намуда ва аз фарози деворҳои қалъа поин карда дар ҷисми мусалмонон онро фурў бурда ва ба сўи худ онхоро мекашиданд, ки дар ин ҷараён мусалмонон ё ҳаёти худро аз даст медоданд ва ё он ки ба марг онҳоро наздик месохтанд.
Яке аз ин чангакҳо дар тани Анас ибни Молик бародари Бароъ хўрд ва ўро ба сўи худ кашиданд. Ҳамин ки чашми Бароъ ба вай афтод ва дид, ки бародараш ҳадафи шикори душман қарор гирифта ба суръат ба сўи вай давид ва худро ба девори қалъа расонд ва занҷирро, ки бародараш ба он овезон буд, ба даст гирифт ва бо ҳама тавони худ саъй намуд, то бародашаро аз он халос кунад ва ахиран тавонист, ки бо сўзондани дасти худ ба тасмимаш ноил гардид. Дар ин ҷанг Бароъ ибни Молики Ансори аз Худованд хост, ки ўро шаҳодат насиб фармояд. Ҳамон буд, ки дуъои ўро иҷобат намуд ва ба мартабаи олии шаҳодат ноил гардид ва ба лиқоуллоҳ пайваст.
Худованд Бароъ ибни Моликро дар биҳишти барин ҷой диҳад ва мақому манзалаташ баланд дорад ва орзўяшро дар пайвастан ба ҳазрат Расули Худо бароварда созад.