Ҳақиқат ва авсофи ҷин
Дастабандиҳо
Full Description
Ҳақиқат ва авсофи ҷин
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия:
Абдулҳаннони Абдурраҳмон
2014 - 1435
حقيقة الجن وأوصافه
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: عبد الحنان عبد الرحمن
2014 - 1435
Ҳақиқат ва авсофи ҷин
Ҷин ҳаммонанди «руҳ» аз умури ғайбӣ аст, ки ҳақиқат ва авсофи он ба ҷуз аз тариқи хабари содиқ (ваҳй) барои мо равшан намешавад. Аз тариқи хабари содиқ – яъне аз Паёмбари Худо (с) – бархе аз ҳақоиқ ва авсофи ҷин ба мо расида ва Қуръони карим сифоте аз ононро барои мо зикр намуда аст, ки хулосавор онҳоро ёдовар мешавем:
1- Аз оташ офарида шудаанд.
﴿وَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجٖ مِّن نَّارٖ ١٥﴾ [الرحمن: ١٥]
“Ва ҷинро аз забонаи шуълавари оташ халқ намудааст”.
Сураи http://www.wasatiyat.org/ - _ftn1Арраҳмон 15
2- Қабл аз инсон офарида шудаанд.
﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ ٢٦ وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ ٢٧﴾ [الحجر: ٢٦، ٢٧]
“Мо инсонро аз гили хушкидае фароҳам омада аз гили тирашудаи гандидае биёфаридем ва ҷинро пеш аз он аз оташи саропо шуъла биёфаридем”http://www.wasatiyat.org/ - _ftn2
Сураи Ҳуҷурот 26 \ 27.
Достони Одам, ки беш аз як дафъа дар Қуръон ворид шуда, баёнгари ин нукта аст, ки иблис аз ҷинси ҷин аст, ў қабл аз Одам вуҷуд доштааст.
3- Тавлиди насл мекунанд ва дорои фарзанд мешаванд.
﴿وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ كَانَ مِنَ ٱلۡجِنِّ فَفَسَقَ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِۦٓۗ أَفَتَتَّخِذُونَهُۥ وَذُرِّيَّتَهُۥٓ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِي وَهُمۡ لَكُمۡ عَدُوُّۢ ۚ بِئۡسَ لِلظَّٰلِمِينَ بَدَلٗا ٥٠﴾ [الكهف: ٥٠]
“Он гоҳро, ки мо ба фариштагон гуфтем: барои одам саҷда кунед. Онҳо ҷумлагӣ саҷда карданд магар иблис, ки аз ҷиниён буд ва аз фармони Парвардигораш тамарруд кард. Оё ў ва фарзандашро бо вуҷуди ин ки эшон душманони шумоянд, ба ҷои ман сарпараст ва мададгори худ мегирад?! Ситамгорон чи ивази баде доранд!”.
Сураи Каҳф 50
4- Мехуранд ва меошоманд
Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд:
عَنْ ابْنِ عُمَرَ ، عَن ِالنَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ : إِذَا أَكَلَ أَحَدُكُمْ فَلْيَأْكُلْ بِيَمِينِهِ ، وَإِذَا شَرِبَ فَلْيَشْرَبْ بِيَمِينِهِ , فَإِنَّ الشَّيْطَانَ يَأْكُلُ بِشِمَالِهِ وَيَشْرَبُ بِشِمَالِهِ".
«Ҳаргоҳ касе аз шумо таом мехурад, бо дасти рост бихурад ва ҳаргоҳ менўшад бо дасти рост бинўшад, зеро шайтон бо дасти чап мехурад ва менўшад»
5- Онҳо инсонро мебинанд вале инсон онҳоро намебинад.
﴿إِنَّهُۥ يَرَىٰكُمۡ هُوَ وَقَبِيلُهُۥ مِنۡ حَيۡثُ لَا تَرَوۡنَهُمۡۗ ٢٧﴾ [الاعراف: ٢٧]
«Шайтон ва ҳамдастонаш шуморо мебинанд, дар сурате, ки шумо онҳоро намебинед».
Сураи Аъроф 27
6- Аз нерўи ирода ва ихтиёр бархурдоранд, бинобар ин ба ду даста: муъмин ва ғайри муъмин тақсим мешаванд.
﴿وَأَنَّا مِنَّا ٱلصَّٰلِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَۖ كُنَّا طَرَآئِقَ قِدَدٗا ١١﴾ [الجن: ١١]
«Бархе аз мо таслими фармони Худо ва парҳезгоранд ва баъзе аз мо ҷуз ин (яъне нофармон ва бедин. Аслан мо фирқаҳо ва гурўҳҳои мутафовит ва гуногуне ҳастем».
Сураи Ҷин11
﴿وَأَنَّا مِنَّا ٱلۡمُسۡلِمُونَ وَمِنَّا ٱلۡقَٰسِطُونَۖ فَمَنۡ أَسۡلَمَ فَأُوْلَٰٓئِكَ تَحَرَّوۡاْ رَشَدٗا ١٤ وَأَمَّا ٱلۡقَٰسِطُونَ فَكَانُواْ لِجَهَنَّمَ حَطَبٗا ١٥﴾ [الجن: ١٤، ١٥]
«Дар миёни мо, фармонбардорон ва мунҳарифон ва бедодгаронанд. Онон, ки фармонбардоранд, ҳидоят ва хайрро баргузидаанд. Ва аммо онон, ки ситамгар ва бедодгаранд ҳезуми дузах ҳастанд».
Сураи Ҷин: 14-15
7- Аз тавоноӣ ва маҳоратҳои фаровоне бархурдоранд.
Худованди муттаъол ҷинро барои Сулаймон (а) мусаххар намуда буд, ки корҳои хориқулодае барои ў анҷом медоданд.
﴿فَسَخَّرۡنَا لَهُ ٱلرِّيحَ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦ رُخَآءً حَيۡثُ أَصَابَ ٣٦ وَٱلشَّيَٰطِينَ كُلَّ بَنَّآءٖ وَغَوَّاصٖ ٣٧﴾ [ص: ٣٦، ٣٧]
«Пас мо (дуои Сулаймонро бароварда кардем ва) бодро ба зери фармони ў даровардем. Бод баробари фармонаш ба ҳар куҷо, ки мехост, ором ҳаракат мекард. Ва девонро, ки ҳам бинокор буданду ҳам шиновар».
Сураи Сод: 36-37)
﴿قَالَ عِفۡرِيتٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن تَقُومَ مِن مَّقَامِكَۖ وَإِنِّي عَلَيۡهِ لَقَوِيٌّ أَمِينٞ ٣٩﴾ [النمل: 39]
«Ифрите (нерўмандтарини ҷиниён, деви қавӣ ва дуруштҳайкал) аз ҷиниён гуфт: ман онро барои ту ҳозир меоварам пеш аз он ки (маҷлис ба поён бирасад) ва ту аз ҷой бархезӣ. Ва ман бар он тавоно ва амин ҳастам».
Сураи Намл: 39
﴿يَعۡمَلُونَ لَهُۥ مَا يَشَآءُ مِن مَّحَٰرِيبَ وَتَمَٰثِيلَ وَجِفَانٖ كَٱلۡجَوَابِ وَقُدُورٖ رَّاسِيَٰتٍۚ ١٣﴾ [سبا: ١٣]
«Онон ҳар чи Сулаймон мехост барояш дуруст мекарданд, аз қабили: парастишгоҳҳои азим, муҷассамаҳо, зарфҳои бузурги ғизохурӣ ҳамонанди ҳавзҳо, ва дегҳои собит (ки аз бузургӣ қобили ҷо ба ҷое набуд»
Сураи Сабаъ: 13
8- Ҷиниҳо ғайб намедонанд.
Қуръони карим дар оёти мутаъадиде ба сароҳат баён медорад, ки илми ғайб махсуси Худованд аст ва бас. Ва дар сураи «Ҷин» аз забони ҷиниҳое, ки ҳозири қироати қуръони Паёмбар (с) буданд ва имон оварданд ва ба унвони даъватгар ба сўи қавми худ бозгаштанд, мефармояд:
﴿وَأَنَّا لَا نَدۡرِيٓ أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ أَرَادَ بِهِمۡ رَبُّهُمۡ رَشَدٗا ١٠﴾ [الجن: ١٠]
«Ва мо намедонем, ки оё барои касоне, ки дар заминанд бадӣ хоста шуда ё парвардигорашон бароияшон ҳидоят хостааст».
Сураи Ҷин: 10
Бо таваҷҷуҳ ба ин оят ҷиниҳо аз ояндаи инсонҳо ва сокинони замин ҳеҷ гуна иттилоъе надоранд.
Ҷиниҳо мукаллаф ҳастанд.
Ҷиниён низ ҳаммонанди инсон мукаллаф ба имон ва ибодат ҳастанд ва аз куфр ва маъсият наҳй шудаанд. Зеро, ки Худованди муттаъол дар бисёре аз хитобҳои таклиф ва таҳаддӣ дар Қуръон инсон ва ҷинро бо ҳам мавриди хитоб қарор додааст.
﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]
«Ман париҳо ва инсонҳоро ҷуз барои парастиши худ наёфаридаам».
Сураи Зориёт: 56
﴿يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ شَهِدۡنَا عَلَىٰٓ أَنفُسِنَاۖ وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ ١٣٠﴾ [الانعام: ١٣٠]
«Эй ҷиниён ва эй инсонҳо! Оё паёмбароне аз худатон ба сўи шумо наёмаданд ва оёти маро бароятон бозгў накарданд ва шуморо аз расидан бадин рўз бим надоданд? Мегўянд: мо алайҳи худ гувоҳӣ медиҳем зиндагии ҷаҳон ононро бифирефт ва алайҳи худ гувоҳӣ медиҳанд, ки эшон кофир будаанд».
Сураи Анъом: 130
﴿قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٖ ظَهِيرٗا ٨٨﴾ [الاسراء: ٨٨]
«Бигў: агар ҳамаи мардумон ва ҷумлагӣ париён гирд оянд ва муттафиқ шаванд бар ин ки ҳамчун ин Қуръонро биёваранд, наметавонанд монанди онро биёваранд ва ироа диҳанд, ҳарчанд ҳам бархе аз эшон пуштибон ва мададкори бархе дигар шаванд».
Сураи Исро: 88
Бинобар ин дар рўзи қиёмат зинда мешаванд ва муҳосаба мегарданд ва ҷазо ва сазо дода мешаванд.
﴿وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ قَدِ ٱسۡتَكۡثَرۡتُم مِّنَ ٱلۡإِنسِۖ وَقَالَ أَوۡلِيَآؤُهُم مِّنَ ٱلۡإِنسِ رَبَّنَا ٱسۡتَمۡتَعَ بَعۡضُنَا بِبَعۡضٖ وَبَلَغۡنَآ أَجَلَنَا ٱلَّذِيٓ أَجَّلۡتَ لَنَاۚ قَالَ ٱلنَّارُ مَثۡوَىٰكُمۡ خَٰلِدِينَ فِيهَآ إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ ١٢٨﴾ [الانعام: ١٢٨]
«Рўзеро, ки дар он ҳамаи ононро дар канори ҳам гирд меоварем. Эй гурўҳи ҷиниён! Шумо афроди фаровоне аз инсонҳоро гумроҳ сохтед. Пайравони эшон аз миёни инсонҳо мегўянд. Парвардигоро! Бархе аз мо аз бархе дигар суд бурдем ва ба марг гирифтор омадем, ки барои мо муайян ва муқаддар фармуда будӣ. Мегўяд: оташ ҷойгоҳи шумо аст ва ҳамеша дар он мондагоред, магар муддати замоне, ки Худо бихоҳад. Бегумон Парвардигори ту ҳакиму огоҳ аст».
Сураи Анъонм: 128
﴿وَتَمَّتۡ كَلِمَةُ رَبِّكَ لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ ١١٩﴾ [هود: ١١٩]
“Ва сухани Парвардигори ту бар ин рафта аст, ки: дузахро аз ҷумлагии ҷиниҳо ва инсонҳои) (пайрави нафси аммора ва аҳримани маккора) пур мекунам”.
Сураи Ҳуд 119
Уқубат ва сазое ба ҷуз ҳангоми сарпечӣ аз анҷоми таколиф сурат намегирад.