Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)
سلسلة الشيعة و أركان الإيمان
< الطاجيكية >
Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
إعداد: محمد عزيز رجب
Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)
Алҳамду лиллоҳ вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳи ва ала олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ…
Аммо баъд: Тибқи фармудаҳои Қуръони Карим ва фармоишоти Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), имон шаш рукн дорад, ки иборатанд аз:
1) Имон ба Худованд,
2) Имон ба Фариштагон,
3) Имон ба китобҳои осмонӣ,
4) Имон ба Паёмбарон,
5) Имон ба қиёмат,
6) Имон ба қазо ва қадар.
Аз сабаби он ки мазҳаби ташайюъ дар кишвари мо Тоҷикистон бо суръат паҳн шуда истодааст, мо тасмим гирифтем, ки ин силсила мақолаҳоро дар нақду баррасии мазҳаби шиъа дар мавриди ин аркони шашгонаи имон таҳия созем.
(1) Шиъа ва Тавҳид
Ибтидо дар бораи рукни аввал, яъне имон ба Худованд суҳбат хоҳем кард. Дар робита бо рукни аввал ин масъаларо донистан муҳим аст, ки асли имон ба Худованд мебошад, ки ин анвоъи тавҳид аст.
Анвоъи тавҳид (тақсими намудҳои тавҳид) ба ду мебошад:
1) Тавҳиди маърифат ва исбот (Тавҳиди рубубият ва асмову сифот).
2) Тавҳиди талаб ва қасд (тавҳиди улуҳият ва парастиш).
Мепардозем ба намуди аввали тавҳид,
Тавҳиди Рубубият
Аҳли илм дар таърифи тавҳиди рубубият гуфтаанд: Тавҳиди рубубият яъне ягона ва мунфарид донистани Худованди мутаъол дар он умуре, ки ба вуҷуд омадани он танҳо ба Қудрат ва Иродати Аллоҳ вобаста аст. (ё ки ба таърифи дигар: Ягона донистани Худованд дар тамоми маъонии Парвардигорӣ).
Мисли офариниши махлуқот, ризқу рӯзӣ расонидан, идора кардани умури ҳастӣ, зиндагӣ бахшидан ва миронидан… ва ғайра.
Ва асли маъонии рубубият сето ҳаст:
1) Офаридан, ризқ, тадбири умур.
2) Молик ва соҳиб будан.
3) Амру наҳй ва подшоҳӣ.
Дар ин маврид маълумоти бештарро аз кутуби эътиқод мисли «Фиқҳи акбар»-и Абуҳанифа, «Ақидаи таҳҳовӣ» – бо шарҳи Абулиззи ҳанафӣ ва «Саволу ҷавоб дар аҳамми муҳиммот»-и Абдураҳмони Саъдӣ, пайдо мекунед.
Худованди мутаъол дар бисёре аз оятҳои Қуръони Маҷид дар мавриди тавҳиди рубубият сухан рондааст. Дар сураи Аъроф ояи 54 мефармояд:
﴿أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٥٤﴾ [الاعراف: 54]
«(Эй мардум) бидонед, ки офариниш ва фармонравоӣ аз они Худованд мебошад. Муназзаҳ ва баландмартаба ҳаст Аллоҳ, ки рабб (холиқ ва подшоҳ)-и оламиён аст». Аъроф 54.
Ва бисёре аз оятҳои Қуръони Карим баёнгари ин матлаб ҳастанд, ки мушрикини Макка бо вуҷуди инҳирофоти азими худ дар мавриди тавҳиди улуҳият, аммо ба тавҳиди Худованд дар сифатҳо ва рубубият имон дошта ва дар ин робита муртакиби ширк намешудаанд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٨٧﴾ [الزخرف: ٨٧]
«Агар аз мушрикин бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офаридааст, яқинан посух хоҳанд дод: Аллоҳ». Зухруф 87.
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло дар сураи Юнус ояи 31 фармудааст:
﴿قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٣١﴾ [يونس : ٣١]
«(Ба мушрикон) бигӯ: Кист ки аз осмону замин шуморо рӯзӣ медиҳад?
Ва ё ин, ки чӣ касе молику офаринанди гӯшҳову чашмҳои шумо ҳаст?
Ва чӣ касе ҳаст, ки ҷондорро аз беҷон ва беҷонро аз ҷондор меофаринад?
Ва чӣ касе ҳаст, ки умури ҳастиро идора мекунад?
Онҳо (яъне мушрикон) посух хоҳанд дод: Аллоҳ!
Пас ба онҳо бигӯ: Оё (аз иқобу хашми Ӯ) наметарсед (ки ингуна ширк меварзед)?». Сураи Юнус 31.
Бале, мушрикини Макка бо вуҷуди он ки ба тавҳиди рубубият имон доштанд, ҳамвора дар тавҳиди улуҳият ва ибодату парастиши Аллоҳ мунҳариф буданд ва дар ибодати худ ширк меварзиданд.
Худованд дар ин бора чунин мефармояд:
﴿وَمَا يُؤۡمِنُ أَكۡثَرُهُم بِٱللَّهِ إِلَّا وَهُم مُّشۡرِكُونَ ١٠٦﴾ [يوسف: ١٠6]
«Ва бештарини онҳо ба Худованд имон намеоваранд, магар ин ки дар айни ҳол ба Ӯ ширк меварзанд». Сураи Юсуф 106.
Акнун мепардозем ба зикри бархе аз инҳирофот ва гумроҳиҳое, ки дар мазҳаби шиъа ба вуҷуд омадааст (дар робита бо тавҳиди рубубият).
Ва аз миёни он инҳирофот мо ба ин матолиб ишора хоҳем кард:
(1) Шиъа имомони худро Рабб ва Парвардигор медонанд.
Боварӣ дорам, ки ин сарлавҳа хонандаи муҳтарамро ба таъаҷҷуб ва шигифтӣ мебарад, вале бо баррасӣ кардани китобҳои тафсир ва ҳадиси мазҳаби шиъа маълум хоҳад шуд, ки ин масъала як ҳақиқати талхе ҳаст, ки бояд дониста шавад:
Дар китоби «Миротул-анвор» ривояте аз номи Алӣ ибни Абитолиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) нақл шудааст, ки гӯё гуфтаанд: «Ман ҳамон рабб ва парвардигори замин ҳастам, ки онро ором нигоҳ медорам»[[1]].
مرآه الانوار لابي الحسن الشريف بن الموالي محمد طاهر البناطي الفتوني ص 59، (مطبعه الافتاب، طهران 1374 هـ)
Бубинед, ки густохӣ ва бехирадиву хирасарии ин даҷҷолон ба куҷо расидааст. Оё рабб ва парвардигори замин касе ҷуз Аллоҳ мебошад? Ва оё имкон дорад, ки Алӣ ибни Абитолиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) чунин сухани куфролуд ва мулҳидонае бар забон биёварад?
Худованди мутаъол мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ يُمۡسِكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ أَن تَزُولَاۚ وَلَئِن زَالَتَآ إِنۡ أَمۡسَكَهُمَا مِنۡ أَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِهِۦٓۚ ٤١﴾ [فاطر: ٤١]
«Аллоҳ осмонҳову заминро аз нобудӣ нигоҳ медорад. Ва агар онҳо рӯй ба завол ниҳанд, касе ҷуз Ӯ наметавонад онҳоро аз завол ва нобудӣ нигоҳ дорад». Сураи Фотир 41.
Акнун ба мисоли дигар мегузарем:
Дар сураи Каҳф ояи 110 Худованд мефармояд:
﴿وَلا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَداً﴾
«Дар ибодат ва парстиши Рабб (ва парвардигори) худ, касеро шарик наёрад». Каҳф 110.
Аммо дар китоби «Тафсири Айёшӣ» ин оят чунин тафсир шудааст: «Мурод ин аст, ки шахс дар масъалаи хилофат дар баробари Амирул-муъминин Алӣ (алайҳис-салом) сари таслим фуруд оварад ва аҳадеро бо эшон шарик нагардонад»[[2]].
Маъонии возеҳу ошкор дар ин оят далолат мекунад, ки калимаи «Рабб» инҷо дар шаъни Худованд аст, вале муфассири шиъа онро ба маънои «Имом» маънидод кардааст. Ин тавр бо китоби Худованд бозӣ кардан ҷуз гумроҳӣ ва залолат чизе нест.
Ин гумроҳи ва залолатҳои шиъа ба ҳадде расидааст, ки дар мавриди қиссаи«исроъ ва меъроҷ»-и Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин гуфтаанд: «Аз Расулуллоҳ пурсида шуд, ки Худованд дар шаби меъроҷ бо чӣ забон ва луғате бо шумо сухан гуфтанд?
Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи посух дод: Ба луғат ва забони Алӣ ибни Абитолиб. Ин масъала чунон маро ба шигифтӣ ва таъаҷҷуб водошт, ки аз Худованди мутаъол пурсидам: Ин шумо будед, ки бо ман сухан гуфтед, ё Алӣ ибни Абитолиб?[[3]] ».
Баъд аз хондани ин ривоят, бояд худи хонанда хулоса барорад, ки чӣ мазҳабе шаниъ ва қабиҳ ҳаст ин ташайюъ, ки дар пардаи муҳаббати аҳли байт исломро пур аз хурофот кардаанд.
(2) Дунё ва охиратро аз они имом донистан.
Кулайнӣ (муҳаддиси шиъа, ки китоби ӯ «Усули Кофӣ» яке аз асоситарин китобҳои ҳадиси шиъа мебошад) яке аз бобҳои китоби худро ин гуна ном гузоштааст: «Замин аз они имом мебошад[[4]]».
Кулайнӣ дар ин боб ҳадисе ривоят кардааст, ки «Абубасир мегӯяд: АбуАбдуллоҳ (алайҳис-салом) фармуданд: Оё намедонӣ, ки дунё ва охират аз они имом ҳастанд ва таҳти тасарруф ва ҳукми ӯ қарор доранд?[[5]]».
Хонандаи гиромӣ, оё ин эътиқоди ботил ширк варзидани ошкор дар тавҳиди рубубият нест? Ҳамон ширке ки ҳатто Абулаҳаб ва Абуҷаҳл онро қабул надоштанд!…
Қуръон дар ин масъала гуфтааст:
﴿أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ ١٠٧﴾ [البقرة: ١٠٧]
«Оё намедонӣ, ки моликият ва фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ ҳаст?». Бақара 107.
Ва дар ояи дигаре Аллоҳ фармудааст:
﴿ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ ٢﴾ [الفرقان: ٢]
«(Ӯ Худованд) ҳамонест, ки фармонравоӣ ва моликияти осмонҳову замин аз они Ӯст. Ва ҳаргиз фарзанде надошта ва шарике дар фармонравоӣ ва подшоҳӣ надорад». Фурқон 2.
Ва дар сураи Наҷм фармудааст:
﴿فَلِلَّهِ ٱلۡأٓخِرَةُ وَٱلۡأُولَىٰ ٢٥﴾ [النجم : ٢٥]
«Дунёву охират аз они Аллоҳ мебошад». Наҷм 25.
Хонандаи гиромӣ, оё метавон дар қалби касе ки ба ин эътиқодоти ботил имон дошта бошад, кӯчактарин асаре аз тавҳид ва яктопарастӣ ёфт?!
Фармонравоӣ ва моликияти пурраи дунё ва охират аз они Худованди мутаъол мебошад. Ва ҳеҷ касе наметавонад иддаъо кунад, ки Худованд ин фармонравоӣ ва ё қисмате аз онро ба аҳаде аз махлуқоти худ вогузор кардааст.
Чун ҳеҷ далел ва бурҳоне барои исботи ин иддаъо вуҷуд надорад ва пайравони ҳар мазҳабу фирқае метавонанд дар мавриди пешвоён ва раҳбарони хеш чунин иддаъои пуч ва беасосеро дошта бошанд.
(3) Эътиқод доштан ба ҳулули Худованд дар имомҳо
Дар яке аз ривоёти мазҳаби ташайюъ дар робита бо ин эътиқоди фосид ва мулҳидона гуфта шудааст: «АбоАбдуллоҳ (алайҳис-салом) фармуданд: Онгоҳ Худованд дасти рости худро бар мо кашид ва нури илоҳӣ дар вуҷуди мо ҳулул кард[[6]] ».
Ва дар ривояти дигар возеҳтар омадааст, ки:
«…аммо Худованд зоти моро бо зоти худ дар ҳам омехт[[7]]».
Хонандаи гиромӣ, имон доштан ба чунин эътиқод ва ривоятҳои ботил, нақши бисёр бузурге дар муттасиф донистани имомҳо ба бархе аз сифатҳои рубубият ва дар натиҷа парастиш ва ибодат кардани онҳо дорад.
Мо агар ба китобҳои ҳадиси мазҳаби шиъа муроҷаъа кунем ва нигоҳе ба аҳодиси боби муъҷизоти аимма афканем, мебинем, ки дар бисёре аз ривоятҳо, анҷом додани умуре ба имомҳо нисбат дода шудааст, ки ин гуна аъмолро касе ҷуз Худованди мутаъол наметавонад анҷом диҳад.
Масалан, яке аз ин ривоятҳо Алӣ ибни Абитолибро қодир ба зинда кардани мурдаҳо муъаррифӣ мекунад. Дар ин ривоят омадааст:
«Ҷавоне аз қабилаи бани Махзум назди Алӣ ибни Абитолиб (алайҳис-салом) омада ба эшон мегӯяд: Эй доии ман! Бародарам чанд рӯз пеш фавт кард ва ин ҳодисаи ногувор маро бисёр ғамгин ва афсурда сохтааст.
Алӣ ибни Абитолиб дар ҷавоб фармуданд: Оё мехоҳӣ бародаратро бори дигар бубинӣ? Ҷавон, ки бисёр хушҳол гаштааст, посухи мусбат медиҳад.
Алӣ ибни Абитолиб (алайҳис-салом) хитоб ба ҷавон мефармояд: Қабри ӯро ба ман нишон деҳ. Ҳангоме ки Алӣ (алайҳис-салом) ва он ҷавон ба қабр мерасанд, эшон зери лаб сухане гуфта ва бо пойи худ чанд зарба ба қабр мезананд. Бо ин амал ногаҳон мурда аз қабр бархоста ва ба забони форсӣ суханоне бар забон меронад.
Амирал-муъминин аз ӯ мепурсад: Магар ту араб набудӣ? Мард посух медиҳад: Бале, аммо чун ман пайрави фалонӣ ва фалонӣ (мурод Абубакр ва Умар разияллоҳу анҳумо мебошанд) будам, пас аз марг забонам ба форсӣ тағйир ёфт[[8]] ».
Ин гуна ривоёт, чӣ тавре ки қаблан низ гуфтем, чунон бепояву асос ва хандаовар ҳастанд, ки барои исботи бутлони онҳо, ҳеҷ эҳтиёҷе ба зикри далел ва бурҳон нест.
(4) Эътиқод доштан ба инки аимма метавонанд, ҳарчиро бихоҳанд ҳалол ва ё ҳаром гардонанд.
Мо медонем, ки яке аз усули тавҳид, имон доштан ба ин аст, ки ташриъ (яъне ҳалолу ҳаром гардонидан) аз хусусиёт ва вижагиҳои хоси Худованд аст, ва ҳеҷ махлуқе дар ин масъала кӯчактарин нақше надорад.
Худованд мефармояд:
﴿أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ ٥٤﴾ [الاعراف: 54]
«Бидонед, ки офариниш ва (низ) фармонравоӣ аз они Худованд аст». Аъроф 54.
Ҳатто Паёмбарон низ (ки баргузидатарин афроди торихи башар будаанд), кӯчактарин нақше дар таҳлил ва таҳрим надоштаанд. Онҳо танҳо мубаллиғони шариъати илоҳӣ будаанд.
Худованд дар сураи Шуро ояи 21 мушриконро дар робита бо пазируфтани таҳлил ва таҳрими раҳбарон ва сардамдорони худ, мавриди накӯҳиш ва сарзаниш қарор додааст:
﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ ٢١﴾ [الشورى: ٢١]
«Оё (мушрикон) барои худ худоёне (шоиста ва лоиқи фармонравоӣ) доранд, ки бидуни иҷозаи илоҳӣ, аҳкомеро барои онҳо бино ниҳодаанд?». (Дар ин оят мурод аз пурсиш, пурсиши инкорӣ ҳаст, барои гӯшзад кардани мушрикин ба ботил будани ин амали онҳо).
Акнун биёед бубинем, ки мазҳаби ташайюъ дар мавриди ин масъала чӣ эътиқоде дорад. Бинобар ривоёте, ки дар мароҷеъ ва масодири мазҳаби шиъа нақл шудааст, аимма ҳаққи ташриъ доранд ва метавонанд ҳарчиро бихоҳанд ҳалол ва ё ҳаром созанд.
Кулайнӣ дар китоби худ «Усули кофӣ» нақл кардааст:
«Худованди мутаъол нахуст Муҳаммад ва Алӣ ва Фотима (алайҳимус-салом)-ро офарид, ва пас аз гузашти ҳазор даҳр, соири махлуқотро халқ кард ва итоат аз ин се танро бар онҳо воҷиб гардонид. Ба ҳамин сабаб ин се тан ҳарчиро бихоҳанд ҳалол ва ё ҳаром мегардонанд[[9]]«.
Маҷлисӣ (ин ҳам яке аз муҳаддисони шиъа мебошад, ки соҳиби китоби Биҳорул-Анвор аст, ва ин китоб яке аз ҳамон китобҳои чаҳоргонаи мазҳаби шиъа ҳаст)дар шарҳи он ривояти боло мегӯяд:
«…Худованди мутаъол итоъат аз онҳоро барои тамоми халоиқ, ҳатто ҷамодоти замину осмон низ воҷиб гардонид».
Хонандаи гиромӣ, чӣ тавре ки мебинед, ин ҳамон рафторе ҳаст, ки яҳуду насоро бо пешвоёни худ анҷом додаанд. Худованд чунин хабар медиҳад:
﴿اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَاباً مِنْ دُونِ اللَّهِ﴾ (التوبة 31)
«Яҳуд ва насоро, донишмандон ва обидон (пешвоёни худ)-ро «Рабб»-и хеш қарор доданд». Тавба 31.
Дар асоси ин эътиқоди ботил, як гумроҳии дигар ба вуҷуд омадааст: «Баён сохтани аҳкоми шаръӣ ва ё китмон (пинҳон кардан) онҳо вобаста аст, ба хосту иродаи имом. Агар имом хоҳад, метавонад, ки аҳкоми шариъатро аз пайравони худ пинҳон кунад».
Дар ривояте аз кутуби шиъа омадааст:
«Вашшоъ мегӯяд: Аз имом Ризо (алайҳис-салом) тафсири ин оятро пурсидам:
﴿فَسَۡٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٤٣﴾ [النحل: ٤٣] [الانبياء: ٧]
«Агар масъалаеро намедонед, пас онро аз аҳли зикр (донишмандон) бипурсед». Наҳл 43 ва Анбиё 7.
Имом (алайҳис-салом) фармуданд: Мурод аз аҳли зикр мо ҳастем ва мардум бояд ҳукми масоили худро аз мо бипурсанд.
Ман гуфтам: Шумо суолшаванда ва мо суолкунанда ҳастем?
Эшон фармуд: Бале.
Ман гуфтам: Оё бар мо воҷиб аст суолҳои худро аз шумо бипурсем?
Эшон фармуд: Бале.
Ман гуфтам: Оё бар шумо воҷиб аст суолҳои моро посух диҳед?
Эшон фармуданд: Не, мо агар хостем ба суолҳои шумо посух хоҳем дод, ва агар нахостем, аз посух додан худдорӣ хоҳем кард[[10]]«.
Ин ривоят иҳонат ва таҳқири бузурге дар шаъни аҳли байти Паёмбар мебошад, зеро ки Худованд китмон-кунандагони ҳақро сарзаниш кард ва гуфтааст:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلۡهُدَىٰ مِنۢ بَعۡدِ مَا بَيَّنَّٰهُ لِلنَّاسِ فِي ٱلۡكِتَٰبِ أُوْلَٰٓئِكَ يَلۡعَنُهُمُ ٱللَّهُ وَيَلۡعَنُهُمُ ٱللَّٰعِنُونَ ١٥٩﴾ [البقرة: ١٥٩]
«Ононе, ки оёти ошкор ва ҳидояткунандаеро ки мо нозил кардаем ва онҳоро дар китоб барои мардум тавзеҳ додаем, китмон (пинҳон) сохта ва аз мардум пӯшида нигоҳ медоранд, Худованд, фариштагон ва мӯъминон онҳоро лаънат мекунанд». Бақара 159.
Худованди мутаъол ҳатто ба Паёмбар иҷоза надодааст, ки чизе аз аҳкоми шаръиро аз мардум пинҳон кунад. Худованд ба Паёмбар амр кардааст:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ وَإِن لَّمۡ تَفۡعَلۡ فَمَا بَلَّغۡتَ رِسَالَتَهُۥۚ ٦٧﴾ [المائدة: ٦٧]
«Эй Паёмбар! Ончӣ, ки аз парвардигорат бар ту нозил гаштаро ба мардум иблоғ кун (бирасон), ва агар чунин накунӣ, рисолати илоҳиро иблоғ накардаӣ». Моида 67.
Хонандаи гиромӣ, (бо эътирофи худи шиъаён) мисли ҳамин ривоёт ва эътиқоди ботил сабаб шудааст, ки мардуми шиъамазҳаб то замони имом Муҳаммади Боқир (раҳимаҳуллоҳ) аз чигуна ба ҷой овардани бархе аз ибодатҳо бехабар будаанд ва бисёре аз усул ва асосиёти динро намедонистаанд.
Кулайнӣ дар китоби худ дар ин маврид ривоят мекунад:
«Шиъаён то қабл аз замони имом Абуҷаъфар (Муҳаммад Боқир) чигунагии адои маносики ҳаҷро балад набуданд ва чизе аз ҳалолу ҳаромро намедонистанд, то инки имом Муҳаммади Боқир дар замони хеш кайфияти адои ҳаҷ ва масоили ҳалол ва ҳаромро ба шиъаён ёд доданд[[11]]«.
Ин ривоят дар айни ҳол иҳонат ва таҳқир бар аҳли байти нубувват аст.
Ин таноқуз дар мазҳаби шиъа ривоҷ дорад, ки аз як сӯй имомҳои хешро ба ҳадди ғулув ситоиш мекунанд ва аз як суйи дигар ба онҳо тавҳин мекунанд. Оё ин аимма ҳалолу ҳаром ва усули динро аз пайравони хеш пинҳон кардаанд ва ё чизи дигаре буда?!
Худи шумо қазоват кунед…
(5) Эътиқод доштан ба ин, ки ҳаракати абрҳо ва ба вуҷуд омадани раъду барқ ношӣ аз иродаи имом аст.
Дар мазҳаби шиъа ривоятҳои зиёде ҳаст, ки бар асоси он ривоятҳо шиъиён мепиндоранд, ки бархе аз умури ҳастӣ таҳти ирода ва машиати имомҳояшон қарор дорад. Да яке аз ин ривоятҳо чунин омадааст, ки гуё раъду барқ вобаста ба хоҳиш ва иродати имом аст:
«Саммоъа ибни Меҳрон мегӯяд: назди АбоАбдуллоҳ (алайҳис-салом) нишаста будам, ки ногаҳон садои раъду барқи маҳибе шунида шуд, дар ин ҳангом АбоАбдуллоҳ (алайҳис-салом) фармуданд: Ин раъду барқ ношӣ аз ирода ва хости ёри шумост.
Ман пурсидам: Манзуратон аз ёри мо кист?
Эшон фармуданд: Амирул-мӯъминин (алайҳис-салом)[[12]]
Хонандаи гиромӣ, гӯиё ки ин даҷҷолон ин ояи каримаро нашнидаанд ва ё надидаанд, ки Худованд фармудааст:
﴿هُوَ ٱلَّذِي يُرِيكُمُ ٱلۡبَرۡقَ خَوۡفٗا وَطَمَعٗا وَيُنشِئُ ٱلسَّحَابَ ٱلثِّقَالَ ١٢﴾ [الرعد: ١٢]
«Ӯ (Худованди мутаъол) аст, ки барқро барои бим додани шумо аз хашму ғазаби хеш ва барои умед бастанатон ба раҳматаш, ба шумо менамоёнад ва абрҳои сангинро ба вуҷуд меорад». Сураи Раъд 12.
Инҳо чунон дар залолат ва хурофот ғӯтавар гашта ва басирати худро аз даст додаанд, ки ривоёти ҷаълӣ (сохта) ва афсонавии онҳо, ҳар инсони оқил ва хирадмандеро ба ҳайрат ва таъаҷҷуб вомедорад.
(6) Эътиқод бар ин ки хоки сари қабри имом Ҳусайн эминдоранда аз тамомии хавфу ҳарос ва шифобахшандаи тамоми бемориҳост ва иззатбахшанда мебошад.
Маҷлисӣ дар китоби худ «Биҳорул-Анвор» ҷилди 98, боби 16 – ро ба ин масъала тахсис додааст. Онҷо меорад, ки турбати қабри имом Ҳусайн шифо аз тамомии бемориҳо ва иззат аз тамомии зиллатҳо ва амон аз тарсу бим ва раҳоӣ аз фақру тангдастӣ мебошад.
Хонандаи гиромӣ, чӣ тавре ки мебинед, чаҳор сифати парвардигорро ба турбати қабри имом Ҳусайн бахшидаанд:
1) Шифо бахшидан,
2) Иззат бахшидан,
3) Амон аз тарсу бим,
4) Бениёзӣ ва сарват бахшидан ва раҳоӣ аз фақр.
Ва дигар чизи аҷибтаре, ки бояд хонандаи гиромӣ бохабар бошад ин аст, ки Хумайнӣ ва оятуллоҳ Сиистонӣ ин хусусиятҳоро танҳо дар хоки қабри имом Ҳусайн медонад, ва ҳатто турбати Паёмбар ҳам ба ин дараҷа намерасидааст:
Хумайнӣ дар китоби худ «Таҳрирул-васила» ҷилди 2, китоби таъом ва шароб (дар таъоми ғайри ҳайвонӣ) дар масъалаи 9 саҳ. 164 меорад:
مسألة 9 — يستثنى من الطين طين قبر سيدنا أبي عبد الله الحسين عليه السلام للاستشفاء، ولا يجوز أكله لغيره، ولا أكل ما زاد عن قدر الحمصة المتوسطة، ولا يلحق به طين غير قبره حتى قبر النبي صلى الله عليه وآله والأئمة عليهم السلام على الأقوى،
«Масъалаи-9: Истисно ҳаст аз хок, хоки қабри пешвои мо Ҳусайн (алайҳис-салом) барои табобат. Ва хурдани он хок барои ғайри табобат ҷоиз нест, ва ҳамчунин ҷоиз нест истеъмоли он, зиёда аз қадри нахуди миёна. Ва дар ин ҳукм дохил намешавад хоки қабре дигар, ғайри қабри ӯ, ҳатто қабри Паёмбар ва дигар аимма (алайҳимус-салом)…[[13]].
Оятуллоҳ Сиистонӣ дар сомонаи худ ба суоли хонандагон ҷавоб мегӯяд ва айнан ҳамин сухани Хумайниро дар ҷавоб меорад:
http://www.sistani.org/index.php?p=297396&id=2109
Чӣ тавре ки мебинед, хурофот чунон ба мағзи ин даҷҷолон асар кардааст, ки дигар ҳарчӣ, ки дилашон хост мегӯянд ва боке надоранд.
Ва ахиран ин ривоятро ҳам дар бобати турбати қабри Ҳусайн бубинед:
«Ва ривоят аст, ки имом Содиқ гуфтааст: Ҳар шахсе, ки ҳамроҳи худ мисбаҳа (тасбеҳ) – ё аз хоки қабри Ҳусайн (алайҳис-салом) дошта бошад, тасбеҳгӯянда ва зокир навишта мешавад, ҳарчанде, ки тасбеҳ ва зикр нагӯяд ҳам [[14]].
Бо истифода аз вебсойти
http://www.ahlesonnat.com/
وبسایت معرفی عقاید واحکام ویژه اهل سنت وجماعت
[1] «Миротул-анвор» – Абулҳасан ибни Шариф ибни Маволӣ Муҳаммад Тоҳири ал-Банотӣ ал-Фатунӣ саҳ. 59. (матбаъаи Офтоб, Теҳрон соли 1374ҳ.) === مرآه الانوار لابي الحسن الشريف بن الموالي محمد طاهر البناطي الفتوني ص 59، (مطبعه الافتاب، طهران 1374 هـ).
[2] «Тафсири Айёшӣ» – Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ 2/353, (тасҳеҳ ва ҳошияи Ҳошим Расулӣ Маҳаллотӣ, мактабаи илмияи Теҳрон), ҳамчунин ниг, китоби «Ал-бурҳон» 2/497, ва «Тафсири Софӣ» 3/270. === تفسير العياشي لمحمد بن مسعود العياشي 2/353، (تصحيح وتعليق: هاشم الرسولي المحلاتي، المكتبه العلميه، طهران)، والبرهان 2/497 (چاپ سابق الذكر). وتفسير الصافي 3/270 (چاپ سابق الذكر) .
[3] «Кашфул-Ғумма» Ардабилӣ 1/106 (ҳошияи Ҳошим Расулӣ, матбаъаи илмия, Қум 1381ҳ.) === كشف الغمه اللأربلي 1/106، (تعليق: هاشم الرسولي، المطبعه العلميه، قم 1381 هـ).
[4] «Усули Кофӣ» – Кулайнӣ, 1/407 – 410 (тасҳеҳ ва ҳошияи Алӣ Акбари Ғифорӣ, дорул-Кутуби исломӣ, Теҳрон чопи саввум, соли 1388ҳ.) === اصول الكافي للكليني 1/407-410، (تصحيح و تعليق: علي اكبر الغفاري، دار الكتب الاسلاميه، طهران، الثالثة: 1388هـ).
[5] «Усули Кофӣ», 1/409 (чопи собиқуз-зикр) === اصول الكافي 1/409 (چاپ سابق الذكر).
[6] «Усули Кофӣ» Кулайнӣ, 1/440 ва 441 ва 442 ва 445. === اصول كافي 1/440 و441 و442 و445، (چاپ سابق الذكر).
[7] «Усули Кофӣ» Кулайнӣ, 1/440 ва 441 ва 442 ва 445. === اصول كافي 1/440 و441 و442 و445، (چاپ سابق الذكر).
[8] «Усули Кофӣ» Кулайнӣ, 1/457 ва «Биҳорул-анвор» аллома Маҷлисӣ, 41/192 (чопи Иҳёи туроси арабӣ, Байрут, чопи саввум соли 1403ҳ.), ҳамчунин ниг, «Басоируд-дараҷот» Саффор саҳ. 72 (чопи Наҷаф соли 1370ҳ.)
اصول الكافي للكليني 1/457، (چاپ سابق الذكر)، بحار الانوار للمجلسي 41/192 (احياءالتراث العربي، بيروت الطبعه الثالثه 1403 هـ)، بصائر الدرجات للصفار ص 76، (المطبوع بالنجف 1370 هـ).
[9] «Усули Кофӣ» Кулайнӣ, 1/441, ҳамчунин «Биҳорул-анвор»-и Маҷлисӣ 25/340 (чопи собиқуз-зикр). === اصول الكافي للكليني 1/441 (چاپ سابق الذكر)، بحار الانوار للمجلسي 25/3404 (چاپ سابق الذكر).
[10] «Усули кофӣ» Кулайнӣ 1/210 – 211, (чопи собиқ), ҳамчунин «Тафсири Қумӣ» 2/68, ва «Биҳорул-анвор» 23/174, (чопи собиқуз-зикр) === اصول الكافي للكليني 1/210-211 (چاپ سابق الذكر)، تفسير القمي 2/68 (چاپ سابق الذكر) ، بحار الانوار للمجلسي 23/174 (چاپ سابق الذكر).
[11] «Усули Кофӣ» Кулайнӣ 2/20 (чопи собиқ) === اصول الكافي للكليني 2/20 (چاپ سابق الذكر).
[12] «Ал-Ихтисос» Муфид саҳ. 327, (муассисаи ал-Аъламӣ, Байрут 1402ҳ.) ва ҳамчунин «Биҳорул-анвор»-и Маҷлисӣ 27/33 (чопи собиқ). === الاختصاص للمفيد ص 327، (مؤسسه الاعلمي، بيروت 1402 هـ)، بحار الانوار للمجلسي 27/33 (چاپ سابق الذكر).
[13]http://shiaonlinelibrary.com/%D8%A7%D9%84%D9%83%D8%AA%D8%A8/718_%D8%AA%D8%AD%D8%B1%D9%8A%D8%B1-%D8%A7%D9%84%D9%88%D8%B3%D9%8A%D9%84%D8%A9-%D8%A7%D9%84%D8%B3%D9%8A%D8%AF-%D8%A7%D9%84%D8%AE%D9%85%D9%8A%D9%86%D9%8A-%D8%AC-%D9%A2/%D8%A7%D9%84%D8%B5%D9%81%D8%AD%D8%A9_164
[14] Китоби «Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ» 1/174 ва 725 боби 40 === من لا يحضره الفقيه 1: 174|725 باب 40
***