Забонро аз ғайбат нигоҳ доштан
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Забонро аз ғайбат нигоҳ доштан
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума:
Абдураҳмони Абдусатор
2014 - 1435
حفظ اللسان من الغيبة
«باللغة الطاجيكية»
إعداد وترجمة:
عبد الرحمن عبد الستار
2014 - 1435
Забонро аз ғайбат нигоҳ доштан
Барои ҳар як инсони мусалмон лозим ва зарур аст, ки забони худро аз ҳар сухане ки дар он фоида нест нигоҳ дорад. Чун ҳар як сухане ки аз забонаш мебарояд малоикаҳо онро дар номаи аъмолаш сабт мекунанд. Пас вой бар ҳоли касе, ки ҳамеша забонаш машғул ба суханони бефоида аст, ва ё ба ғайбати дигарон машғул аст.
Ғайбат яке аз маризиҳое аст ки имрӯзҳо бисёри мусалмонон гирифтори он шудаанд, Дар ҳолеки ғайбат кардан гуноҳи бузург аст, Ва далилҳои зиёде дар Қуръону суннат дар бораи он омада аст.
Олимон дар маънои ғайбат чунин гуфтаанд: Ғайбат, яъне: Ёд кардани бародари мусалмонат бар ҳар чизе ки нороҳаташ мекунад, Пас агар дар бораи бародари мусалмонат сухане бигуи ки нороҳаташ кунад, ӯро ғайбат кардаи.
Чуноне, ки дар ҳадиси шариф омадааст:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال: "أتدرون ما الغيبة؟ قالوا: ألله ورسوله أعلم. قال: "ذكرك أخاك بما يكره" قيل: أفرأيت إن كان في أخي ما أقول؟ قال:" إن كان فيه ما تقول فقد اغتبته, وإن لم يكن فيه ما تقول فقد بهته". رواه مسلم والترمذي
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст ки Паёмбари Худо фармуд: "Оё медонед ғайбат чист"? гуфтанд: Аллоҳ ва расулаш донотар аст. Фармуд: "Ёд кардани бародарат бар ҳар чизе ки бадаш меояд" Гуфта шуд: Агар ончи ки мегуям дар бародарам бошад? Фармуд: "Агар ончи ки мегуй дар бародарат бошад пас ӯро ғайбат кардаи, ва агар дар ӯ набошад ӯро буҳтон задаи(туҳмат кардаи)"
Ривояти Муслим ва Тирмизӣ
Пас агар бародаратро бар ягон сифате ёд куни, ки бадаш биёяд, Агар он сифат дар ӯ бошад ӯро ғайбат кардаи ва гуноҳи ғайбататро мегири, ва агар он сифат дар ӯ набошад пас ӯро буҳтон задаи ва соҳиби гуноҳи таҳмат задан шудаи.
Ғайбат кардан ба далилҳои Қуръону суннат ва иҷмоъи уламо ҳаром аст. Ва баъзе аз уламо ғайбатро аз гуноҳони кабира (калон) медонанд, Ва гуруҳи дигаре онро аз гуноҳони сағира (хурд) мешуморанд.
Гуш кунандаи ғуйбат дар гуноҳ бо ғайбат кунанда шарик аст, Барои ҳамин инсон бояд дар маҷлисе ки дар он ғайбат мешавад агар қудрат дошта бошад ғайбатро манъ кунад, ва агар қудрати манъ карданро надошта бошад бо дилаш ғайбатро инкор карда аз он маҷлис бархезад то дар гуноҳ шарик нашавад.
Худованд мефармояд:
﴿وَإِذَا رَأَيۡتَ ٱلَّذِينَ يَخُوضُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيۡرِهِۦۚ ٦٨﴾ [الانعام: ٦٨]
“Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯй гардон, то ба сухане ҷуз он пардозанд.”
Анъом 68
Қуръони карим ғайбат кунандаро бисёр ба сурати бад ташбиҳ карда аст, ки ҳеҷ нафси солим ва мусалмон онро қабул карда наметавонад. Чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿وَلَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا فَكَرِهۡتُمُوهُۚ ١٢﴾ [الحجرات: ١٢]
“Ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт.”
Ҳуҷурот 12.
Соҳиби тафсири (Анворул Қуръон) дар шарҳи ин оят мегуяд: "Ин ҷумлаи тамсили аст барои ғайбат ки Худованди бузург дар ин мисол ғайбатро ба хурдан аз бадани мурда ҳамонанд сохта аст, Зеро мурда аз хурдани гушти худ хабар надорад ва аз он огоҳ намешавад, Ҳамингуна шахси зинда, ки аз вай ғайбат мешавад аз он ғайбат огоҳ нест. Яъне наметавонад аз худ дифоъ кунад, ҳамонтавре ки агар гушти мурда хурда шавад ӯ наметавонад аз худаш дифоъ кунад.."([1]) .
Ва дар баёни сабаби нозил шудани ин оят ривоят шуда аст, ки дар бораи Салмони Форси (р) нозил шуда аст.
Ривоят аст, ки ӯ хурок хурда хоб рафт, ва шахсе ингуна хурдану хобиданашро ба бади ёд кард, онгоҳ ин оят нозил шуд.([2])
Пас инсон чигунае ки аз хурдани гушти мурда бади дорад инчунин бояд аз ёд кардани бародари мусалмонаш ба бади низ бипарҳезад.
Гуруҳе аз олимон мегӯянд: Олимони гузашта ибодатро дар намозу рӯза намедонистанд, балки ибодатро дар нигоҳ доштани забон аз ғайбат ва сухан гуфтан дар номуси мардум медонистанд.
Ибни Аббос мегуфт: Агар хости айбҳои мардумро ёд куни, пеш аз инки айбҳои мардумро ёд куни, пас айбҳои худро дар ёд биёр.
Сабабҳои дар ғайбат гирифтор шудан бисёранд Аз ҷумла: Ҳасад, чун агар инсон бо касе ҳасад дошта бошад ӯро ғайбат мекунад, то инки қадри уро паст кунад. Инчунин такабури ва худро аз дигарон беҳтар донистан, сабаб мешавад ки дигаронро ғайбат кунад, ва ё инки масхара кардан аз дигарон ва ғайра.
Дар охир аз Худованд талаби дуъо мекунем ки забонҳои моро аз ҳаргуна сухани бад ва бефоида нигоҳ дорад, хусусан аз ғайбати дигарон. Ва неъмати забонро ки бароямон ато карда аст дар рӯзи қиёмат сабаби пирӯзи ва хушбахтии мо гардонад.
Гирифташуда аз китоби "Тафсири Анворул Қуръон ва Алваҷиз фил-ахлоқи вал-одоби шаръияҳ".