×
Мақолаи мухтасар дар мавзӯъи шинохти Баҳоият ва ҳукми Ислом бар баҳоиҳо.

    Шинохти ойини “Баҳоият” ва хилофи он бо ислом!!!

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

    Сомонаи Васатият

    2014 - 1435

    معرفة البهائية و خلافها مع الإسلام

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد إقبال صدر الدين

    موقع الوسطية

    2014 - 1435

    Шинохти ойини “Баҳоият” ва хилофи он бо ислом!!!

    Алҳамдулиллоҳи раббил ъоламин ва салоту васалому ало Муҳаммад ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва тобеъин, аммо баъд…

    Ҳадаф аз навиштани ин матлаб саволҳои бешумори хонандагон, нисбати ин фирқа буд, ки маро водор ба таҳияи ин мавзуъ намуд ва аз рӯи баъзе оморҳои ғайрирасмӣ дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон беш аз 10 000 (даҳ ҳазор) нафар пайравони ин ойини ботил аз худ дарак медиҳанд, ки ин барои миллати тоҷик як мусибати бузургест.

    Дар сарзаминҳои исломӣ фирқаҳо ва мазоҳиби зиёде ба вуҷуд омаданд, ки дар ибтидо иддаои ислом намуда, сипас аз он хориҷ мешуданд. Айни ҳол дини ҷадидеро рўйи кор овардаанд. Ин фитнаҳо аз ҳамон қарни аввал гиребонгири мусалмонон шуд ва то ба имрўз низ идома дошта, ҳамчунон ҷанг миёни ҳақу ботил идома дорад, аммо ҳеҷ кадом аз ин фирқаҳо ёрои бақо ва муқовимат дар баробари исломи ҳақиқӣ, ки ҳамон Қуръон ва роҳу равиши паёмбар (с) аст, надоранд: «Аз осмон об фиристод ва ҳар рӯдхона баандозаи хеш ҷорӣ шуд ва оби равон кафк бар сар овард ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал мезанад. Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад.»

    (Сураи Раъд, ояти 17)

    «Кафк рўи об ба ҳадр меравад, аммо ончӣ барои мардум муфид аст (худи об) дар замин боқӣ мемонад.»

    Аммо ҳар гоҳ фитнае хомўш мешавад, фитнаи дигаре ҷойи онро мегирад.

    Душманони ислом ҷанги фикриро замоне оғоз намуданд, ки аз рўёрўӣ мусаллаҳона оҷиз монданд. Ислом дар ҷанг бо куффори Қурайш ба пирўзӣ расид ва бар душманони худ дар соири ҷазираи Араб ғолиб шуд ва дар қаламрави худ по ба хориҷ аз ҷазираи Араб ниҳод ва билохира Эрон ва Рум ду абарқудрати он замонро мағлуби худ сохт. «Ислом дигар ба унвони абарқудрати ҷаҳонӣ шинохта шуда буд ва душманон ҷасорати рўёрўе дар майдони ҷангро бо он надоштанд. Ин буд, ки ба фикри чора афтоданд ва афкоре мунҳариф ва муҳликеро ба баъзе аз фиребхўрдагони мусалмон таҳмил ва ба онҳо нишон доданд». Ва фирқаҳое ҳаммонанди хавориҷ, муътазила, суфиҳои қубурӣ ва гумроҳ ва дур аз мазоҳиби Аҳли Суннат , Қозиёнӣ… ва ахиран дар соли 1223 ҳ.ш. зери назар ва нақшаи русҳо бо таъйиди саҳюнист ва англис фирқаи “Баҳоият” таъсис гирифт ва душманони ислом бо «силоҳи баҳоият шонси худро дигар бор дар ҷанг бо ислом озмўданд ва то ҷое ба гумроҳ намудани бархе дар таъсиси ин фирқаи золу гумроҳ муваффақ ҳам шуданд».

    Нигоҳи кўтоҳ ба таърихи баҳоият

    Асли фирқаи баҳоиятро шахсе бо номи Мирзоалӣ Муҳаммади Шерозӣ мулаққаб ба Боб таъсис намуд. Вай дар Шероз мезист. Дар соли 1223 ҳ.ш. ҳангоме, ки 25 сола буд, худро имом Маҳдӣ қаламдод намуд ва иддао дошт, ки зуҳур кардааст. Фикри маҳдавият аз замоне дар зеҳни вай русух кард,ки дар синни 17 солагӣ дар Бўшаҳр шарики тағои худ дар тиҷорат шуд. Дар ин мавқеъ яке аз шогирдони Раштӣ (Раштӣ яке аз шогирдони Аҳмади Эҳсоӣ аст, ки мазҳаби вай ба шайхӣ маъруф аст, онҳо ақида доранд, ки ҳашри инсон ба рӯҳ аст на ба ҷисм, инчунин ақида доранд, ки имоми дувоздаҳум Маҳдӣ аз дунё рафта, аммо рӯҳи вай ба мулло Алӣ пайваста ва дубора дар қолаби шахси ҷадиде мутаваллид хоҳад шуд) ба номи Саид Ҷаводи Таботабоии Карбалоӣ бо вай тамос гирифт ва таъолими шайхияро дар зеҳни вай русух дод. Таботабоӣ ба вай чунин талқин мекард, ки вай (Мирзоалӣ Муҳаммад) хусусиёти Маҳдиро доро аст. Ин ҳарф дар дили вай таъсири басазое ниҳод ва фикрашро бад-он машғул намуд. Чунин фикр мекард, ки агар иддаои Маҳдӣ буданро намояд мақоми волоеро касб хоҳад кард. Ин буд, ки дар канори тиҷорат ба чизе аз фарогирии таъолими дин ва риёзаткашӣ машғул шуд. Чун Мирзо ба аъмоли ғайри оддӣ, ҳамчунин истодан дар офтоби сўзон бидуни либос ва хилват… машғул буд. Тағояш аз ҳоли вай ба тарс омад ва ўро ба Карбало фиристод ва яке аз шогирдони Козими Раштӣ гардид. Козими Раштӣ дар дарсҳояш доиман ба қурбати зуҳури Маҳдӣ таъкид менамуд ва аҳёнан ўро васф карда, иддао мекард, ки Маҳдӣ ҳамакнун дар миёни мост. Ин буд, ки баъд аз марги Раштӣ Мирзоалӣ Муҳаммад худро ноиб ва муқаддимае барои зуҳури Маҳдӣ хонд ва ба Боб (дарвоза) маъруф гашт. Мазҳаби вай ба номи Бобӣ шинохта шуд. Бо ин иддао, ки вай ноиби Маҳдӣ аст ва нури илми имом ба вай ато шуда, ашхосе даври вай гирд омаданд ва чашму гўш баста, аз вай итоат мекарданд. Баъд аз он Мирзоалӣ Муҳаммад по фаротар ниҳод ва иддаои ноибулимом буданро канор гузошта, худро шахсан Маҳдӣ муаррифӣ кард. Ва иддао намуд, ки Худо дар вай ҳал шуда, вай роҳест барои зуҳури Мусо ва Исо. Чун рўҳониён мутаваҷҷеҳи газофагўиҳои вай шуданд, бар зидди вай қиём карданд ва баъзе аз сарони ҳукумат маҷлиси баҳсро доир намуданд, то рўҳониён бо онҳо баҳсу гуфтугў намоянд, ки дар натиҷа баъзе аз баъзеи дигар онҳоро девонаву камақл хонданд. Мирзоалӣ Муҳаммад дар Шерозу Исфаҳон боздошт шуд, сипас ҳукумати Эрон дар замони Носириддиншоҳ ўро ба Табрез фаро хонданд, ки мунҷар ба даргирии хунине миёни тарафдорони Мирзо ва мардум гашт ва саранҷом давлат ўро дар соли 1228 ҳ.ш. ба дор овехт. Баъд аз ба дор овехта шудани Мирзоалӣ маъруф ба Боб, Бобиҳо нақшаи террори Носириддиншоҳро дар сар гирифтанд, ки ду нафар аз онҳо ба шоҳ ҳамлавар шуданд, аммо ба шикаст анҷомид ва ин амалиёти тарҳрезишудаашон хунсо гардид. Ин буд, ки давлат хатари онҳоро дарк карда буд ва онҳоро торумор сохт ва ду тан аз шогирдон ва муридони Боб бо номҳои Субҳи Азал ва Мирзоҳусейн Алӣ (Баҳоу ллоҳ) табъид, яъне бадарға гаштанд, ки Субҳи Азал дар Қибрис ва Баҳоуллоҳ дар Акка Фаластинро мақарри фаъолияти худ қарор доданд. Аз ин рў мазҳаб ба номи вай машҳур гашт ва пайравони Субҳи Азалро “Бобия” номиданд. Асос ихтилофи ин ду нафар бар ин мабно буд, ки Субҳи Азал мехост Бобия бар ҳамон асосе, ки Мирзоалӣ бино ниҳода буд, истимрор ёбад, аммо баҳоият по фаротар ниҳод ва мақоми Мирзоалиро ба худ нисбат дод ва зуҳури Мирзоалиро муқаддимае барои зуҳури худ иддао кард, ҳамчунин иддао намуд, ки Худо дар вай ҳал шудааст.

    Баҳоӣ дар Акка ба нигоштани мазҳаби ширкогини худ пардохт. Дар нигориши худ бо Қуръон мухолифат намуд ва иддао кард, ки ҳар чӣ дар китобаш ба номи (китоби Ақдас) дарҷ шуда, ҳамааш ваҳй аст ва он чизе, ки вай ба сўи он даъват мекунад аз ислом нест, балки дине аст ҷадид, ғайр аз ислом. Ин ҳамон нуқтаи ҷудоӣ миёни “Бобиён ва Баҳоият аст”, зеро ки Боб (Мирзоалӣ) иддао мекард, ки омада, то исломро таҷдид намояд, аммо Баҳо сареҳан эълони дини ҷадидеро намуд ва бар хилофи Мирзоалӣ ва Субҳи Азал исломро аз суханони палиди худ пок сохт.

    Баҳо китобҳои худро дар Машриқу Мағрибзамин мунташир сохт ва навиштаҳои худро ҳаммонанди аҷзои Қуръон сура меномид. Вай дар рисолаҳои худ иддаои илми ғайб ва ҳулули Худоро дар худ менамуд, яъне ин ки Худо дар вай ҳал шудааст. Баҳо фарде буд маккор, аз ин рў вай ду солро дар саҳро гузаронид ва иддао мекард, ки баргашти ў бо ваҳйи илоҳӣ сурат хоҳад пазируфт. Баҳо мегуфт: Зуҳури Мусо, Исо ва Муҳаммад башорате барои зуҳури вай аст. Ҳамчунон ки ислом иддаиёни моқаблашро насх карда, Баҳо низ исломро мансух ва лағв намудааст. Баҳо ҳамчунин худро ба сифоти Худо мутасиф кард ва ин ки ў масдари афъоли Худованд буда, мақсуд аз Рабулоламин яъне Худованд (наъузубиллоҳ мин ҳозал залол) худи ўст.

    Баъзе аз ақоиди баҳоият

    Мазҳаби баҳоият дорои умури ақидатӣ ва амалист, аз ҷумла ақоид ва афкори онҳо ба шарҳи зер аст:

    1- Қиёмат ва охиратро инкор мекунанд ва мегўянд: Аз ҷумлаи чизҳои мубҳам ва ғайри маъқул аз ҳамон рўзҳои пайдоиши дунё масъалаи ҳашру нашр аст. Онҳо касонеро, ки дар умури охират Қуръонро тасдиқ кунанд, маҳкум ба ҷаҳлу куфр менамоянд.

    2- Баҳоиҳо Мирзо Ҳусайни Алӣ (Баҳо)-ро маъбуди худ медонанд ва ба сўи қабри ў намоз мехонанд ва ҳаҷ мекунанд. Мирзо дар китоби «Ақдас»-и худ мегўяд: «Касе, ки қасди ман кунад, қасди Маъбудро кардааст.»

    3- Баҳо дар китоби худ мегўяд: Малоика, яъне хотираи хуб, шайтон, яъне хотираи бад.

    4- Қиблагоҳ ва зиёратгоҳи онҳо ҳамчун мусалмонон Каъба ва Макка нест, балки ба сўи иқоматгоҳи Баҳо ибодат ва ҳаҷ мекунанд.

    5- Баҳо ҳама қавонини исломӣ аз ҳалолу ҳаром ва аҳкому муомилотро ғалат донист ва ҳукми ақлро ҷойгузини шаръиати ислом намуд(ин масъала албатта аз мазҳаби равофиз гирифта шудааст). Ин бечора агар ҳақро дарк карда буд, дармеёфт, ки қавонини исломӣ мухолифи ақл нест ва адами қабули ақли вай нисбат ба баъзе аз қавонин исломи далолат бар нуқси қавонини исломӣ намедиҳад, балки далолат бар нуқси ақли худи ў мебошад, зеро шаръиати ислом бо ақли комил ва солим мухолифат надорад (вале на ин ки ақл яке аз аркони шаръ бошад).

    6- «Ҷиҳодро лағв намуд.» Баҳо мегўяд: Аввалин башорате, ки ба муносибати зуҳури худ ба оламиён медиҳам, маҳви ҷиҳод аст. Ин суханро чандин бор дар китоби худ бо таъкид такрор кардааст ва ҳар бор мегўяд: Лағви ҷиҳод ҳукми абадист ва ин ҳамон чизест, ки истеъморгарон шабу рўз дар амалӣ шудани он мекўшиданд, инчунин баҳоият собит мекунад, ки зодаву парвардаи истеъмори салибӣ ва саҳюнистон аст.

    7- Баҳо ҳаммонанди яҳуд риборо бар пайравони худ ҳалол намуд ва замоне, ки яҳудӣ дар мавриди рибо аз Мирзо суол кард, дар ҳоле, ки яҳудӣ қаблан медонист, Мирзо чӣ ҷавоб хоҳад дод, Мирзо гуфт: Ин эълон аз чандин сол қабл аз малакути Раҳмон содир шуда, Худованд мефармояд: (ки манзураш аз Худованд худи ўст) «Барои эҳсон ба мардум риборо монанди соири муомилот роиҷ байни онҳо гардонидам ва қалам бардошта шуд.» Яъне ин ҳукм тағйирнопазир аст.

    8- «Назди баҳоиҳо ҳама чиз поку тоҳир аст ва наҷосате вуҷуд надорад.» Баҳо дар китоби «Ақдас»-и худ мегўяд: «Ҳангоме, ки бо исмҳои хуб ва сифоти баланди худ ба ҳама чиз дар ин ҷаҳон назар андохтем, ҳар чиз дар дарёи таҳорат ғутавар шуд.»

    Ончӣ гузашт хулосаи баъзе аз ақоиди баҳоият буд, ки ба назар мерасад, то ин миқдор ҷиҳати шинохти он мазҳаб дар ин баҳси кўтоҳ кофӣ бошад ва чун ҳадаф истифодаи табақоти ҳама мардум аз ин баҳс мебошад ба зикри баъзе аз ақоиди онҳо иктифо намудем ва аз баёни ҷонибҳои амалии он чашм пўшидем, то барои хонандагон хастакунанда набошад. (Дар мазҳаби баҳоӣ ҳар зан ва марде дар сурати тавофуқ метавонанд амали заношўиро нисбат ба якдигар анҷом диҳанд, онҳо ҳамчунин ҳиҷобро барои зан ҳаром медонанд).

    Баҳоият дар мизони ислом

    Дар қавонини исломӣ касе, ки ҳукме ё ақидае ва ё матлаберо, ки дурустӣ ва сиҳати он дар дини ислом ба вузўҳ собит шуда бошад ва дар исботи он эҳтиёҷ ба баҳсу назар набошад рад ва инкор намояд, кофир шинохта мешавад.

    Дар мавзўе, ки гузашти баъзе аз ақоиди баҳоият баён шуд, ҳоло биёед он чи гузашт дар мизони ислом ва қонуне, ки зикр шуд, қарор диҳем, сипас дар мавриди онҳо изҳори назар намоем.

    Яке аз ақоиди баҳоият, ки қаблан гузашт, ин буд, ки баҳоиҳо Мирзо Ҳусайн Алии (Баҳо)-ро маъбуди худ, (яъне Худои худ) медонанд ва ба сўи қабри ў намозу ҳаҷ мекунанд ва худи Баҳо низ ба ин кор ташвиқ намудааст. Ин ақида на танҳо инкори асли бузурге аз усули ислом аст, балки радди он аслест, ки ҳама паёмбарон ба хотири он мабъус шудаанд. Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд: “Дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бут дурӣ ҷӯед. Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин бигардед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст”.

    (Сураи Наҳл, ояти 36)

    Худованд дар ин оят тасреҳ мефармояд, ки мақсади ҳама паёмбарон ин буд, ки мардумро ба сўи ибодати Худо даъват кунанд ва аз тоғут барҳазар доранд, аммо баҳоиҳо, Баҳоро, ки бандаи Худост ва фардест монанди онҳо халқшуда аз гил мепарастанд. Худованд мефармояд: «Оё кофирон пиндоранд, ки баҷои Ман бандагони Маро ба худоӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем, то манзилгоҳи кофирон бошад».

    (Сураи Каҳф, ояти 102)

    Ва мефармояд: “Ба ҷои Аллоҳ онеро (касеро ё чизеро), ки ба ту на суд мерасонад ва на зиён, махон. Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд”.

    (Сураи Юнус, ояти 106)

    2. Инкори қиёмат ва ҳашру нашр, мухолиф бо насу сареҳи Қуръон ва ради яке аз аркони имон аст. Чизе, ки баҳоият ба он муътақид нест, Худованд дар Қуръон мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст”.

    (Сураи Нисо, ояти 136)

    Ҳамзамон оёт дар мавриди фаро расидани рўзи қиёмат ва куфр, касе, ки онро инкор намояд зиёд аст. Худованд мефармояд: «Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае меофаринам»,гуфтанд: «Оё касеро меофаринӣ, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳолонки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ қарор мекунем?» Гуфт: «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед».

    (Сураи Бақара, ояти 30)

    Ва мефармояд: «Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад (фариштагон, одамон ва дигар махлуқоти ҷаҳон) меафзояд, ҳаройна, Худо ба ҳар коре тавоност!».

    (Сураи Фотир, ояти 1)

    Аз оёти мазкур бармеояд, ки мавҷуде ба номи малоика вуҷуд дорад ва манзур аз малоика, чунонки баҳоиҳои гумроҳ онро тафсир мекунанд, иборат аз хотираҳои хуб нест ва имон ба онҳо яке аз аркони имон аст.

    4. Ба наси сареҳи Қуръон қибла Каъба аст, на қабру иқоматгоҳи Баҳо. Худованд мефармояд: «Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй ба он сӯй кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед, то неъмати хеш бар шумо тамом кунам, то ки ҳидоят шавед».

    (Сураи Бақара, ояти 150)

    5. Худованд мефармояд: «Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба осеби шайтон девона шуда бошанд. Ва ин ба ҷазои он аст, ки гуфтанд: «Рибо низ чун хариду фурӯш аст». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панди Худо ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ боз истод, Худо аз гуноҳони пешини ӯ даргузарад ва кораш ба Худо вогузор шавад. Ва онон, ки ба он кор бозгарданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!».

    (Сураи Бақара, ояти 275)

    Ва мефармояд: «Онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барои ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон аз ту рухсат намехоҳанд ва Худо парҳезгоронро мешиносад! Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афкандааст, аз ту рухсат мехоҳанд».

    (Сураи Тавба, оёти 44-45)

    Ояти 275-и сураи Бақара сареҳан риборо таҳрим менамояд. Ҳамчунин оятҳои 44-45-и сураи муборакаи Тавба ба вузўҳ далолат бар вуҷуби ҷиҳод медиҳад, аммо Баҳо ба нафъи истеъмор ва ҷиҳати мувофиқат бо яҳуд риборо ҳалолу ҷиҳодро лағв менамояд.

    Биноан ончӣ гузашт тардид дар куфр будани мазҳаби баҳоӣ ва кофир будани пайравони он нест, зеро ҳамон гуна, ки зикр шуд, касе, ки як ақида ё ҳукм ё матлабе, ки дурустӣ ва сиҳати он дар дини ислом ба вузўҳ собит шуда бошад, рад намояд, кофир шинохта мешавад, чӣ расад, ки онҳо тамоми аркони исломро мардуд медонанд.

    Чун ҳукм ба куфри онҳо намудем, пас муқаррароти зер дар мавриди онҳо татбиқ мегардад:

    1. Дурӣ аз издивоҷ бо ҳар як аз зан ва ё марди онҳо, зеро ки издивоҷ бо кофирон ҳаром аст. Худованд мефармояд: «Занони мушрикаро то имон наёвардаанд, ба занӣ магиред ва канизи муъмина беҳтар аз озодзани мушрика аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Ва ба мардони мушрик то имон наёваранд, зани муъмина мадиҳед. Ва бандаи муъмин (ғулом, барда) беҳтар аз мушрик аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Инҳо ба сӯи оташ даъват мекунанд ва Худо ба ҷониби биҳишту омурзиш. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, то ки бияндешанд!».

    (Сураи Бақара, ояти 221)

    1. Ҳаром будани дасткуши онҳо, зеро ки аз шурути забҳкунанда он аст, ки мусалмонон ва ё аз аҳли китоб (яҳудиён ва масеҳён) бошад, аммо баҳоӣ на мусалмон аст ва на аз зумраи аҳли китоб.
    2. Вуруди онҳо ба Макка ҳаром аст, зеро Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд аз ин сол набояд ба Масҷиду-л-ҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед, Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст!».

    (Сураи Тавба, ояти 28)

    1. Оғоз ба салом нисбат ба онҳо ҷоиз нест, зеро паёмбар (с) мефармояд: «لَا تَبْدَءُوا الْيَهُودَ وَلَا النَّصَارَى بِالسَّلَامِ» «Бар яҳуд ва насоро оғоз ба салом накунед» ва бо мушрикин, ки баҳоиҳо низ, аз зумраи онҳоянд дар мавриди салом монанди яҳуд ва насоро рафтор мешавад, аммо агар онҳо шуруъ ба салом карданд, ҷавоби саломи онҳо гуфтан воҷиб аст.
    2. Намоз хондан бар онҳо, инчунин дуои мағфират нисбат ба онҳо ҳаром аст. Худованд мефармояд: «Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар сари қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд!».

    (Сураи Тавба, ояти 84)

    Ва мефармояд: «Набояд паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, ҳарчанд аз хешовандон бошанд, пас аз он ки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби омурзиш кунанд. Омурзиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, магар ба хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Зеро Иброҳим бисёр худотарсу бурдбор буд!».

    (Сураи Тавба, оёти 113-114)

    1. Дафни онҳо дар мақбараи мусалмонон ҷоиз нест, зеро ки аз замони паёмбар (с) то ба имрўз қабристони мусалмонон ҷудо аз қабристони куффор будааст ва имкон дорад, ки муъмин аз азоби атрофиёнаш мутааззӣ, яъне озор бубинад.

    Райи анҷумани фатвои ҷомеъи Азҳар дар мавриди баҳоӣ

    Анҷумани фатвои Азҳар дар мавриди ин савол, ки оё баҳоӣ аз мусалмонон ирс мебарад ё на, чунин посух дорад:

    الحمد لله رب العالمين والصلاة والسلام على سيد المرسلين، سيدنا محمد وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين. اما بعد:

    Анҷумани саволу шарҳ пайвасти он дар мавриди ақоиди мазҳаби баҳоӣ тавассути саволкунандаро дарёфт намуд. Ва бад-ин васила эълом мекунем, ки баҳоият мазҳабе аст ботил ва на танҳо аз ислом нест, балки дар доираи яҳудият ва ё масеҳият низ намегунҷад ва дар сурате, ки мусалмоне пайрави он шавад, аз ислом хориҷ ва муртад шинохта мешавад, зеро ки ин мазҳаб дорои ақоиди зидди исломӣ аст, ки ислом худро аз он барӣ медонад. Аз ҷумла ин ақоид иддаои паёмбарӣ намудани баъзе аз раҳбарони ин мазҳаб ва кофир донистани мухолифини баҳоӣ ва иддаои ин ки он мазҳаб ҳама адёнро лағв намудааст ва… дигар ақоид мебошад ва маълум аст, ки шаръан муртад на аз мусалмонон ирс мебарад ва на аз ғайри мусалмонон. Бар ин асос касе, ки баҳоӣ шавад ба ҳеҷ ваҷҳ аз дигаре ирс намебарад, инчунин ҷавоби савол равшан гардид. (Ба китоби Ал-баҳоият салибият ал ғарас… исроилиятут тавҷеҳ таълифи Маҳмуд Собити Шозилӣ сафҳаи 126 муроҷеъ шавад).

    Феҳристи манобеъ

    1. Доктор Абдумунъим Аҳмад ан Намр. Ал-бобия вал баҳоия таърих ва васоиқ. Қоҳира.
    2. Аҳмад ибни Ҳаҷар оли Бутомии ал Банғалӣ. Ал-бобияту вал баҳоия ва аҳдофуҳо фӣ даъва ан нубувва ва раду алайҳимо.
    3. Абдураҳмон ал Вакил. Ал-баҳоия торихуҳо ва аҳдофуҳо. Ҷидда. Чопи 2. 1407 ҳ.қ.
    4. Маҳмуд Собити Шозилӣ. Ал-баҳоият салибият ал ғарас… исроилиятут тавҷеҳ. Қоҳира, чопи аввал, 1410 ҳ.қ.-1990 м.
    5. Таърихи мазоҳиби исломӣ. Таълифи Муҳаммад Абузаҳра. Маркази пахши дорулфикр ал арабӣ.
    6. Ал мавсуа ал муясара фи адён ва мазоҳибил муъосира. Интишороти надват ал оламӣ ли шабобил исломӣ. Риёз, 1409 ҳ.қ. -1989 м.
    7. Ҳукми торику салот. Таълифи Муҳаммад ибни Солеҳи Усаймин. Риёз, 1411 ҳ.қ.