ТАҲОРАТИ ҚАЛБ ВА АҲАМИЯТИ ОН (ТАЗКИЯИ НАФС)
Дастабандиҳо
Full Description
ТАҲОРАТИ ҚАЛБ ВА АҲАМИЯТИ ОН
(ТАЗКИЯИ НАФС)
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳияи: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
2013 - 1435
تزكية النفس
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: محمد عزيز رجب
2013 - 1435
ТАҲОРАТИ ҚАЛБ ВА АҲАМИЯТИ ОН (ТАЗКИЯИ НАФС)
Ҳамду ситоиш Худованди меҳрубонро ва дуруду саломи Аллоҳ таъоло бар Паёмбари маҳбуб (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва хонадону ёрони бовафояш.
Аммо баъд:
Парвардигор моро амр кардааст ба покиву таҳорати зоҳир ва зинат додани хеш дар мавотини муъайян, масалан дар вақти намоз:
﴿يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ خُذُواْ زِينَتَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ ٣١﴾ [الأعراف: ٣١]
“Эй фарзандони Одам, дар ҳар намозгоҳ ва ибодатгоҳе худро (бо либоси моддӣ, ки сатри аврат аст ва либоси маънавӣ, ки тақво ҳаст) бипӯшонед ва зинат диҳед”.
Сураи Аъроф 31
Ва ҳамчунин дар таҳорати зоҳир:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا قُمۡتُمۡ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ فَٱغۡسِلُواْ وُجُوهَكُمۡ وَأَيۡدِيَكُمۡ إِلَى ٱلۡمَرَافِقِ وَٱمۡسَحُواْ بِرُءُوسِكُمۡ وَأَرۡجُلَكُمۡ إِلَى ٱلۡكَعۡبَيۡنِۚ وَإِن كُنتُمۡ جُنُبٗا فَٱطَّهَّرُواْۚ ٦﴾ [المائدة: ٦]
“Эй муъминон! Ҳангоме ки барои намоз бапо хестед (ва вузӯ надоштед), рӯйҳо ва дастҳои худро ҳамроҳ бо оринҷҳо бишӯед, ва сарҳои худро масҳ кунед, ва пойҳои худро ҳамроҳи буҷулакҳои он бишӯед. Ва агар ҷунуб будед (ва хостед, ки намоз бихонед, ҳама бадани) худро бишӯед”.
Сураи Моида 6
Ва бар ин таҳорати зоҳирӣ фазли азиме подош додааст. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар фазлу бузургии таҳорату покӣ мегӯяд:
"إذا توضأ العبد المسلم أو المؤمن، فغسل وجهَه، خرج من وجهه كلُّ خطيئة نظر إليها بعينيه مع الماء، أو مع آخر قطر الماء، فإذا غسل يديه، خرج من يديه كل خطيئة كان بطشتْها يداه مع الماء، أو مع آخر قطر الماء، فإذا غسل رجليه، خرجت كل خطيئة مشتْها رجلاه مع الماء، أو مع آخر قطر الماء، حتى يخرج نقيًّا من الذنوب"
“Агар бандаи мусалмон ё ки мӯъмин вузӯъ бигирад ва рӯйи худро бишӯяд, ҳар хатое, ки бо чашмонаш анҷом дода буд ҳамроҳи об (оби вузӯъ) аз рӯяш хориҷ мешавад ва ё инки ҳамроҳи охирин қатраҳои об. Ва чун дастонашро бишӯяд, ҳар хатое ки бо дастонаш анҷом медод ҳамроҳи об (оби вузӯъ) аз дастонаш хориҷ мешавад ва ё инки ҳамроҳи охирин қатраҳои об. Ва чун пойҳояшро бишуст, ҳар хатое ки бо пойҳояш ба он рафтааст, ҳамроҳи об (оби вузӯъ) аз он хориҷ мешавад ва ё инки ҳамроҳи охирин қатраҳои об. Ҳатто инки покиза аз гуноҳон берун меояд (аз ин вузӯъ)”.
(Ривояти имом Муслим).
Инак, агар таҳорати зоҳир чунин фазлу аҳамият ва бузургӣ дорад, пас таҳорати ботин ва қулуб муҳимтар ва авлотар аз ин аст, зеро ки мадори аъмол, қабулу радди он, ва савобу иқоб марбут ба он аст. Ва касе ба БИҲИШТ бидуни собиқаи азоб ворид намешавад, магар бо таҳорати қалб:
﴿إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ ٨٩﴾ [الشعراء : ٨٩]
“Балки танҳо касе (наҷот пайдо мекунад), ки бо қалби салим (аз куфру нифоқ ва риёву бемориҳои дигар) ба пешгоҳи Аллоҳ омада бошад”.
Сураи Шуъаро 89
Ва таҳорату покии қалб мисли таҳорати бадан, бо об ва пироҳани зебову тоҳир ба даст намеояд, балки бо халос шудан аз авсофи замима ва ороста шудан бо авсофи ҳамидаву зебо ҳосил мешавад.
Масалан халосӣ аз ширк ва фасоди он.
Соҳиби қалби тоҳир аъмоли хешро танҳо ба хотири Аллоҳ анҷом медиҳад, ва аз махлуқ мадҳу сано ва таъзиму тақдире намехоҳад. Балки ибодати хешро пинҳонӣ ба ҷо овардаву таманно дорад, ки аҳаде бар он огоҳ набошад, ва бар замми ин дар тарсу бим ҳаст, ки насиби махлуқе дар аъмолаш ҷой надошта бошад. Ва чун амалеро анҷом дод, аз худ суол мекунад: Барои чӣ ин амалро анҷом додааст? Ва чун амалеро тарк намояд, аз нафси худ суол мекунад: Чаро ин амалро тарк намудӣ?!
Ва соҳиби чунин қалб, агар муҳббат варзад, ҳатман барои Аллоҳ муҳаббат хоҳад варзид ва чун кинаву душманӣ кард, он ҳам ба хотири Худованд хоҳад буд. Ва дар бахшидану додани чизе ва ё манъи чизе, танҳо ба хотири Аллоҳ онро анҷом медиҳад. Чун ба пеш ҳаракате кард ба хотири Аллоҳ ҳаст ва агар ба пас бозгашт ҳам, ба хотири Аллоҳ ҳаст! Аз бандагиву убудияти мо сиваллоҳ раҳо шудааст, ва намехоҳад, ки дар аъмолаш насибе ва ширке барои ғайруллоҳ бошад. Бандагии хешро ба Аллоҳ таъоло холис кардааст.
Ва ҳамчунин қалби хешро поку тоҳир кардааст, аз таҳкими ғайри Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Қалби хешро амр кардааст ба пайравӣ ва иқтидо аз Паёмбар (на каси дигаре) дар ақволу аъмол (гуфтору кирдор). Ва аз ҷумлаи гуфтори қалб эътиқод аст. Ва аммо гуфтори забон хабари ончӣ ки дар қалб аст мебошад. Ва аммо кирдори қалб – ирода, муҳаббат, ва ё бад дидан ва ғайра аз паёмадҳои он аст. Ва ҳамчунин аъмоли ҷавориҳ, ки дар ҳама инҳо суннати Паёмбарро ва фармудаҳои ӯро ҳокими хеш қарор додааст. Дар ҳеҷ масъалаи бузург ва ё кӯчаке дар умури эътиқодӣ ва гуфтору кирдор бар Паёмбар пешдастӣ намекунад. Ҳамчуноне ки Аллоҳ таъоло гуфтааст:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيِ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ ١﴾ [الحجرات: ١]
“Эй касоне ки имон овардаед, дар баробари Худованд ва паёмбараш (дар ҳеҷ коре) пешдастӣ макунед”.
Сураи Ҳуҷурот 1
Соҳиби қалби тоҳир, қалби хешро нисбати бародаронаш софу беолоиш кардааст, ки бар ҳеҷ неъмате ба онҳо ҳасад намеварзад, балки шоду масрур аст. Зеро медонад, ки дӯст доштани хайру хубиҳо бар мусалмонон аз воҷиботи имон аст, ва агар банда дар ин маврид нуқсоне дорад, пас дар имони хеш нуқсоне дорад. Паёмбар фармудааст:
"لا يؤمن أحدكم، حتى يحبَّ لأخيه ما يحب لنفسه"
“Имон намеорад (имони воҷиб ва комил) ҳеҷ нафаре аз шумо, то он даме ки барои бародараш дӯст надорад, ончиро ки барои хеш дӯст медорад”.
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Ва ҳамчунин бародарони мусалмони хешро таҳқир наменамояд, зеро ки медонад бузургии ин амали бадро дар назди Худованд. Чӣ тавре ки Паёмбар гуфтааст:
"بحسب امرئ من الشر أن يحقر أخاه المسلم"
“Ҳамин қадар шарру бадӣ кифоя ҳаст ба шахс, ки бародари мусалмони худро таҳқир намояд”.
(Ривояти имом Муслим).
Ва ҳамчунин кибру ғурур ба қалби тоҳираш роҳ надорад, зеро ки фармудаи Паёмбарро медонад:
"لا يدخل الجنةَ مَن كان في قلبه مثقالُ ذرةٍ من كبر".
“Ба ҷаннат дохил нахоҳад шуд, ҳар касе ки ба андозаи зарра дар қалби худ кибрро дорад”.
(Ривояти имом Муслим)
Ва ончӣ, ки аз бародарони мусалмонаш сар мезанад ба беҳтарин вуҷуҳ ҳамл хоҳад кард ва гумони бадро ба қалби хеш роҳ намедиҳад, балки барои бародаронаш дар лағзишҳояшон узру сабабе меҷӯяд.
Ва медонад, ки ин салоҳу некӯии ҳолаш аз миннати Аллоҳ таъолост ва ба салоҳи ҳоли хеш мағрур нахоҳад шуд. Ҳамчуноне ки Аллоҳ фармудааст:
﴿يَمُنُّونَ عَلَيۡكَ أَنۡ أَسۡلَمُواْۖ قُل لَّا تَمُنُّواْ عَلَيَّ إِسۡلَٰمَكُمۖ بَلِ ٱللَّهُ يَمُنُّ عَلَيۡكُمۡ أَنۡ هَدَىٰكُمۡ لِلۡإِيمَٰنِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٧﴾ [الحجرات: ١٧]
“Онон бар ту миннат мегузоранд, ки ислом овардаанд! Бигӯ: Бо исломи худ бар ман миннат магузоред, балки Аллоҳ бар шумо миннат мегузорад, ки шуморо ба сӯи имон овардан раҳнамуд карда аст, агар (дар даъвои имон) росту дуруст ҳастед”.
Сураи Ҳуҷурот 17
Ҳамчунин, агар аз мусалмоне осори гуноҳ ва маъсият бубинад, оқибати корҳоро ба ёд меорад, ва низ ба ёд меорад, ки ҳидоят ба дасти Ӯ таъолост ва бар нафси хеш аз бадии хотима метарсад. Ба ёд меоварад, ки шояд як замоне дар ҳоли бадтар аз ин инсон будааст:
﴿كَذَٰلِكَ كُنتُم مِّن قَبۡلُ فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ ٩٤﴾ [النساء : ٩٤]
“Шумо қабл аз ин, ҳамчунин будед, вале Худованд бар шумо миннат ниҳод (ва неъмати ҳидоятро насибатон кард)”.
Сураи Нисо 94
Соҳиби қалби тоҳир, дар таҳият ва салом бар бародаронаш пешдастӣ мекунад, гарчӣ дар байни мардум аз онҳо дида мақомаш болотар аст. Зеро медонад, ки таҳият ва салом сабаби вуруди ӯ ба Биҳишт хоҳад буд. Паёмбар фармудааст:
"لا تدخلون الجنة حتى تؤمنوا، ولا تؤمنوا حتى تحابوا، أَوَلا أدلكم على شيء إذا فعلتموه تحاببتم؟ أفشوا السلام بينكم".
“Ба Биҳишт ворид намешавед, то он даме ки имон наёваред, ва имон нахоҳед овард (имони воҷиб ва комил), то онки бо ҳам муҳаббат наварзед. Оё шуморо ба чизе ки сабаби муҳаббати шумо гардад, далолат накунам?
Саломро байни худ фошу ошкор кунед”.
(Ривояти имом Муслим).
Бародарони худро бо чеҳраи хандон ва кушода пешвоз мегирад, ва ин амали худро танҳо ба хотири бандагии Худованд анҷом медиҳад. Ин фармудаи Паёмбарро ба ёд меоварад, ки:
"لا تحقرن مِن المعروف شيئًا، ولو أن تلقى أخاك بِوَجْهٍ طَلْقٍ".
“Аз аъмоли неку писандида ҳеҷ якеро ҳақир машумор, ҳатто агар бародари худро бо чеҳраи кушод ва табассум пешвоз бигирӣ (ин ҳам аҷру подоши беандоза дорад)”.
(Ривояти имом Муслим)
Соҳиби қалби тоҳир медонад, ки бо ахлоқи ҳамидаи хеш дараҷаи рӯзадорон ва шабзиндадоронро дарёфт хоҳад кард.
Ва чун қалби хешро поку беолоиш сохт, ҳатман забони ӯ низ мустақим ва дуруст хоҳад шуд, ва ба ҷуз хайру некӯӣ чизи дигаре сухан намекунад. Зеро медонад, ки гуфтораш аз ҷумлаи аъмолаш аст! Ва ин фармудаи Паёмбарро ба ёд меорад, ки:
"مَن كان يؤمن بالله واليوم الآخر، فليقل خيرًا، أو ليصمت".
“Ҳар кас, ки ба Аллоҳ ва рӯзи Охир имон дорад, пас сухани нек бигӯяд ё ки хомуш бошад”.
(Ривояти имом Муслим).
Медонад, ки забони шахс далели салоҳ ва ё фасоди қалб аст!
Зеро Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудааст:
"لا يستقيمُ إيمانُ عبدٍ، حتى يستقيمَ قلبُه، ولا يستقيمُ قلبُه، حتى يستقيمَ لسانُه"
“Имони банда дуруст намешавад, то онки қалби ӯ дуруст гардад, ва қалбаш дуруст нахоҳад шуд, то онки забонаш дуруст шавад”.
(Ривояти имом Аҳмад бо исноди ҳасан).
Пас бубин бародари азиз, ки баъзеи мо дар як рӯз чанд маротиба ба таҳорату покии зоҳири хеш таваҷҷуҳ кардаву шояд борҳо аз худ суол мекунад: Оё таҳорат дорам ё не?! Ва агар обе ба пироҳани ӯ расид, талош мекунад ба донистани инки оби тоҳир аст ё на. Зеро ки Аллоҳи мутаъол моро ба покиву таҳорат амр кардааст.
Вале таҳорати ботин ва қалбҳо муҳимтар аз ин аст, пас оё ба қадри кофӣ ба он таваҷҷуҳ кардаем? Оё ба қалбу нуфуси хеш боз гаштаву ба таҳорати он аҳамият додаем?! Оё умури байни худ ва байни Аллоҳ таъоло, ва ҳамчунин байни худ ва бандагони Худовандро ислоҳ кардаем?
Бародари азиз, бидон ки саломат ва таҳорати қалб ба даст намеояд, магар бо халосӣ аз ин панҷ чиз:
Халосӣ аз ширк, ки зидду нақизи Тавҳид аст.
Халосӣ аз бидъат, ки зидду мухолифи суннат аст.
Халосӣ аз шаҳавот, ки мухолифи амру фармонҳост.
Халосӣ аз ғафлат, ки зидду нақизи зикру ёди Аллоҳ ҳаст.
Халосӣ аз ҳавои нафс, ки мухолифи таҷрид ва сулуки роҳи ҳақ аст.
Соҳиби ин гуна қалб дар биҳишти ин олам аст, қабл аз вуруд ба биҳишти охират.
Оё гумон кардаӣ, ки ин фармудаи Худованд:
“Ба таҳқиқ, ки некон дар неъмати фаровон ҳастанд ва бешак, ки бадкорон дар азобанд”. (Сураи Инфитор 13-14), танҳо махсуси рӯзи қиёмат аст?
Балки некону хубон дар се дори худ, дар дунёву барзах ва охират, дар неъмат ҳастанд. Ва ҳамчунин бадкорон дар азоби ин дунё ва ҳам барзаху рӯзи охир мебошанд.
Пас чӣ неъмат ва лаззате болотар аст, аз лаззати саломатии қалб ва покии нафс ва маърифати Парвардигор ва муҳаббати Ӯ таъоло ва амал кардан ба муқтазои амру фармон ва ризову хушнудии Ӯ?!
Аллоҳи мутаъол ба соҳибони имон ва амали солеҳ ҳаёти хушу гуворо ваъда кардааст:
﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٧﴾ [النحل: ٩٧]
“Ҳар касе, чӣ зан ва чӣ мард амали шоиста анҷом диҳад, ва мӯъмин бошад, ба ӯ (дар ин дунё) зиндагии покиза ва хушоянде мебахшем, ва (дар охират) подоши ононро тибқи беҳтарин корҳояшон хоҳем дод”.
Сураи Наҳл 97
Аз ин ояти карима маълум аст, ки Худованд барои бандагони мӯъмин ва соҳибони аъмоли солеҳ дар ин дунё ҳаёти некӯ подош додааст ва аммо дар дори охират Ал-ҳусно (беҳтарин подош) ваъда кардааст. Пас онҳо дар ду ҳаёти хеш дар ҳоли гуворо ва некӯ ҳастанд.
Баъзе аз салафи солеҳ, ки чунин лаззатро чашидаанд, гуфтааст: “Гоҳе бо ман чунин лаҳзаҳое мегузарад (аз қурбу унс бо Худованд ва лаззат бурдан аз маърифати асмо ва сифоти Парвардигор), ки мегӯям: Агар аҳли биҳишт дар чунин ҳолат ҳастанд, пас дар ҳаёти гуворое будаанд”.
Ва дигаре мегӯяд: “Дар ин дунё биҳиште ҳаст, ҳар кас ки ба он ворид нашуд, ба биҳишти охират низ ворид намешавад”.
Бародари азиз, аммо мутаассифона дар ин рӯзҳои мо агар касеро аз гуноҳе боз доштӣ, мегӯяд: Тақво дар қалб аст (Дил соф бошад шудааст)!
Вале фаромӯш кардааст, ки ин сухани ҳақро он Паёмбаре гуфтааст, ки дар ҷойи дигар мегӯяд:
"ألا وإن في الجسد مضغةً، إذا صَلَحت صلح الجسد كله، وإذا فسدت فسد الجسد كله، ألا وهي القلب".
“Огоҳ бошед, ки дар ҷасад гӯштпорае ҳаст, ки агар дурусту ислоҳ шуд, тамоми ҷасад дуруст мегардад, ва агар ин гӯштпора вайрону фосид гашт, пас тамоми ҷасад фосиду хароб хоҳад шуд. Бидонед, ки он гӯштпора қалб аст”.
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Дар ин ҳадис Паёмбар ишора кардааст бар инки салоҳу дурустии аъмоли зоҳирии инсон ва парҳез кардани ӯ аз муҳаррамот ва ҳамчунин дур гаштанаш аз шубҳаҳо аз салоҳу дурустии қалбаш вобаст аст. Агар қалби ӯ софу покиза ва салим бошад, пас тамоми ҷавориҳи ӯ тобеъи ин саломати ва покизагӣ хоҳад гашт ва дар натиҷа парҳез аз ҳаром ва дурӣ аз шубуҳот ба вуҷуд меояд. Ва аммо агар қалб дар асари пайравӣ аз ҳавову ҳавас ва шаҳавот, фосид ва харобу вайрона гашта бошад, пас дар натиҷа амали ҷавориҳ ва ҳаракати дигар аъзо низ ба фасодӣ хоҳад кашид, ки вуқуъ дар муҳаррамот ва маъсиятҳо ба бор меорад. Ва сабаби ин ҳама, пайравӣ аз ҳавои қалб аст.
(асли мақола баргирифта аз хутбаи шайх Аҳмад Аз-Зумон аст).
Муҳаммадазиз Раҷабӣ