×
Ақволи аҳли илм дар баёни мафҳуми салафият ва дигар насиҳатҳои муҳим.

    САЛАФИЯТ ВА САЛАФИҲО

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    السلفية و السلفيين

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    САЛАФИЯТ ВА САЛАФИҲО (АҚВОЛИ АҲЛИ ИЛМ ДАР БАЁНИ МАФҲУМИ САЛАФИЯТ ВА НАСИҲАТҲОИ МУҲИМ).

    Оё худро салафӣ гуфтан ҷоиз аст?!

    (Шайх Солеҳ ибни Абдулазиз оли Шайх (ҳафизаҳуллоҳ)).

    Нахуст, инро бояд бидонем, ки чун Ислом нишонаву унвони ҳар иҷобаткунандае ба рисолати Паёмбар шуд, дигар ному нишонаҳое ба ҷуз ислом лағв гаштанд. Аллоҳ таъоло фармуд:

    "هو سماكم المسلمين من قبل وفي هذا"

    “Ӯ шуморо мусалмон ном ниҳодааст…”.

    Ва номҳое мисли “мусалмонон” ва “муъминон” – инҳо номҳои шаръӣ ҳастанд. Инҳо номҳое ҳастанд, ки номҳои шаръияшон мегӯянд. Зеро ки насс (матни шаръӣ) барои таъйиди он вуҷуд дорад.

    Номҳои дигаре барои таъриф (маълум кардани чизе) ҳастанд; ин номҳои таърифӣ низ боке надоранд, то он даме ки сабаби мафсадае нагарданд.

    Аз бузургтарин номҳои таърифӣ (муъаррифӣ кунанда), номҳои “Муҳоҷир” ва “Ансор” мебошанд. Ин ду номро Аллоҳ таъоло дар Қуръон зикр кардааст. Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) онро иқрор кардааст ва балки худи ӯ онҳоро муҳоҷир ва ансор ном гузоштааст.

    Ва он гоҳ, ки дар байни муъминон барои ин ду ном таъассуб ба вуҷуд омад, ин номҳо ба таъассуби ҷоҳилӣ табдил гашт.

    Дар яке аз ғазваҳо, ду ҷавон бо ҳам ихтилоф карданд, яъне байни як ҷавони муҳоҷирӣ ва як ҷавони ансорӣ низоъ ва кашмакаш ба вуҷуд омад, пас муҳоҷирӣ гуфт: Ҳой Муҳоҷирон! (яъне ба додам бирасед).

    Ва ҷавони ансорӣ гуфт: Ҳой Ансор!

    Муҳоҷирон ва Ансор ҷамъ омаданд, ва ҳар ду гурӯҳ ҳам мехост, ки ёрӣ диҳад нидокунандаи хешро.

    Пас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ғазаб омад ва гуфт: “Оё дар ҳоле, ки зинда байни шумо ҳастам даъвои ҷоҳилиятро ба кор мебаред?!”.

    Аз ин маълум мешавад, ки таъассуб ва дӯстӣ барои номе, он номро аз доираи таъриф ба доираи таъассуб ва дӯстиву душманӣ барои он мебарад…

    Ва далел аст бар он ки чунин таъассуб мазмум аст, ҳол онки номи “муҳоҷирин” ва номи “ансор” аз номҳои шаръӣ мебошад.

    Бо гузашти замон номҳое мисли “ҳанафӣ”, “шофеъӣ”, “ҳанбалӣ” ва “моликӣ” ба вуҷуд омад. Номҳое ки чун барои муъаррифӣ кардан зуҳур кардааст, аҳли илм онро иқрор кардаву пазируфтаанд.

    Дониста мешавад, ки онҳо намояндаи мадрасае ҳастанд, ки аз имом Молик пайравӣ мекунанд, ва намояндаи мадрасае ки имом Шофеъиро пайравӣ мекунад, аз фиқҳи ӯ кор мегиранд.

    Аммо вақте, ки кор ба таъассуб расид, ки шофеъиҳо ба шофеъияти худ таъассуб карданд ва дар асоси он дӯстиву душманӣ карданд, ва ҳамчунин ҳанафиҳо бар мазҳаби хеш, ва моликиҳо ба моликияти хеш, ва тарафи дигарро радд карданд, яъне ҳақро ба ҷуз дар мазҳаби худ намебинанд ва дигар мазҳабро ботил медонанд, кашмакашҳову низоъҳо пайдо гашт, ва ин номҳо аз номҳои муъаррификунанда ба номҳое табдил ёфт, ки дар асоси он дӯстиву душманӣ карданд.

    Чӣ тавре ки Ёқути Ҳамавӣ дар “Муъҷамул-Булдон” меорад: “Дар сафари хеш ба заминҳои Хуросон аз шаҳре гузаштам, ки дар он тоифае аз аҳноф ва тоифае аз шофеъиҳо умр ба сар мебаранд. Байни ҳамдигар буғзу адовати шадиде доштанд, ки яқин кардам аз сабаби ин буғзу адоват бо ҳамдигар куштор хоҳанд кард.

    Гуфт: Пас (чанд муддат) ғоиб будам.

    Чун аз сафари хеш (баъди чанд сол) бозгаштам, аз он шаҳр гузаштам, вале онҷо касеро надидам. Суол кардам, гуфтанд: Байни онҳо қатлу кушторе воқеъ шуд, ки дар асари он пароканда шуданд”.

    Сабаб он аст, ки ном аз таъриф ба таъассуб мубаддал гаштааст, то онки баробар мешавад ба номи мусалмонӣ, дар асоси он муҳаббат варзида ва буғзу адоват карда мешавад. Чунин таъассуб ба он мункари азим (яъне қатлу куштори ҳамдигар) кашонидааст.

    Сипас номҳои дигаре барои муъаррифӣ кардан пайдо шуданд, ки аз ҷиҳати таъриф пазируфта шуданд.

    Агар ончӣ гуфта шуд, мафҳум бошад, пас мерасем ба суоли додашуда – яъне салафият чист?

    Номи салафият номи ҷадид аст. Яъне ин ном ба онҳое гузошта шуд, ки аз салафи солеҳ (яъне гузаштагони некӯкори ин уммат) пайравӣ карданд, дар эътиқод ва дар сулук ва дар амал, ҳангоме ки фирқаҳои зиёде пайдо гашт, ки мухолифи салафи солеҳ аст, мисли Мурҷиа, Муътазила, Ҷаҳамия, Ашоъира, Каромия, Суфия ва ғайра аз фирақ…

    Ва дар муқобили он фирқаҳо, шахсоне ки пойбанди суннат ва равиши Салафи солеҳ буданд ва аз далел пайравӣ мекарданд, бо чанд номҳое номгузорӣ шуданд. Баъзеҳо салафӣ гуфтанд, ва баъзеҳо аҳли суннат ва ҷамоъат гуфтанд, ва баъзеҳо онро ҷамоъат гуфтанд, ва баъзеи дигар аҳли ҳадис номиданд, ва ғайраҳо.

    Ва он ном ба хотири муъаррифӣ кардан ҳаст, баёнгари он аст, ки маҳз ҳамин тоифа барои суннат ҳарис аст, ва онро ҳифз мекунад, ва бидъату аҳворо тарк кардааст, ва ақволи аиммаи суннат ва саҳобаву тобиъинро таъйид мекунад. Ин тоифа, ба хотири чунин корашон шукргузориву ба онҳо сано гуфта мешавад, ва маъҷур ҳастанд.

    Локин салафиҳо аз ҷумлаи мусалмонон ҳастанд. Яъне баъзе аз мусалмонон, агар дар ӯ диққат намоӣ, мебинӣ ки салафӣ ҳаст (ҳарчанд, ки худро салафӣ нагӯяд ҳам) дар асоси ончӣ ки бар он аст, (аз эътиқоди саҳеҳ, ибодат, ахлоқ, ва муъомалот), ҳамчунин баъзе аз онҳое ки мансуб ба баъзе аз ҷараёнҳо ҳастанд. Агар ба эътиқоди ӯ ва ҳоли ӯ (аз ибодат ва ахлоқу гуфтору рафтораш) назар намоӣ, мебинӣ ки фил-ҷумла салафӣ ҳаст, ва ё инки дар худ бисёр чизҳои (далолаткунанда) ба пайравӣ аз салаф дорад…

    Пас мегӯем, ки: Агар ин номҳо ба ҳизбу гурӯҳҳо табдил шаванд, ва салафият як ҳизбе шавад, ки дар асоси он дӯстиву душманӣ карда шавад, ва “аҳли ҳадис” ҳизбе шаванд, ки ба хотири онҳо дӯстиву душманӣ карда шавад, пас ин номро насибе аз ончӣ, ки бо номҳои Муҳоҷирин ва Ансор шуд (аз дӯстиву душмани дар асоси он) расидааст, пас ҷоиз ва дуруст нест.

    Аммо, агар ин ном (яъне салафӣ) ба хотири муъаррифӣ кардани онҳо бошад, ва инки онҳо аҳли ҳақ ва пайравони суннат ва ҳофизону носирони он ҳастанд, ва онҳо - чӣ тавре ки ШайхулИслом ибни Таймия дар авохири китоби “ал-Восития” онҳоро васф кардааст – раҳмхори муъминон ва насиҳатгари муъминон, ва аҳли салоҳу қиёмул-Лайл ва ибодати Худованд мебошанд, ва соҳибони ахлоқи фозила, ва сидқу ростӣ ҳастанду аз дурӯғ ва ботил дурӣ меҷӯянд ва ҳарис бар ҳақ ҳастанд; пас ин тоифа бо ингуна сифатҳо, ҳамонҳое ҳастанд, ки ба назари мо дар ҳақиқат шоистаи ин васфи Паёмбар ҳастанд: “Беҳтарини шумо (мавҷудбудагони) асри ман ҳастед, сипас онҳое ки баъдашон меоянд, ва сипас онҳое ки баъдашон меоянд”, ва шоистаи ин васфи Аллоҳ таъоло мебошанд: “Онҳое, ки бо некӯӣ аз эшон (яъне саҳоба) пайравӣ карданд”.

    Пас, ҳар шахсе ки аз салафи солеҳ бо чунин эътиқод бо некӯӣ пайравӣ кард, пас насибае аз он дорад, ки ҳамроҳашон бошад. Аммо дӯстиву душманӣ кардан ва таъна задан, таъна задан (ба шахсе) ба хотири онки дар гурӯҳи онҳо нест, дуруст нест. Балки мадҳу сано ва ё мазаммати мардум танҳо дар асоси худи Ислом аст, на шиъори дигаре.

    Насиҳат ба онҳое, ки худро салафӣ мегӯянд!

    (Шайх аллома, Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон (ҳафизаҳуллоҳ)).

    Баъзеҳо даъво доранд, ки дар мазҳаби салаф ҳастанд, лекин (дар асл) мухолифи салаф мебошанд. Ғулув ва зиёдаравӣ мекунад ва аз равиши салаф хориҷ мешавад.

    Ва ҳамчунин баъзеяш даъво мекунад, вале саҳлангорӣ мекунад, (усулро) зоеъ кардаву бо нисбат додани (муҷаррад) кифоят мекунад.

    Он шахсе, ки дар равиши салаф ҳаст, бояд ки дуруст ва мустақим бошад, байни ифрот ва тафрит, ин аст манҳаҷи салаф. На ғулувв ва на тасоҳул…

    Барои ҳамин ҳам Аллоҳ таъоло фармудааст:

    “Ва онҳое, ки аз эшон (яъне саҳоба) бо некӯӣ пайравӣ карданд”.

    Пас агар хостӣ, ки аз салаф пайравӣ намоӣ, ҳатман бояд ки тариқаи онҳоро бидонӣ. Ва имкон надорад, ки аз салаф пайравӣ намоӣ, магар он гоҳ, ки тариқаашонро биёмӯзӣ ва равиши онҳоро дуруст бидонӣ, то ки дар он равиш биравӣ. Аммо бо ҷаҳлу нодонӣ наметавонӣ, ки дар роҳашон биравӣ…

    Ё ки ба онҳо нисбат медиҳӣ ончиро ки нагуфтаанд ва эътиқод надоштаанд. Мегӯӣ, ки ин мазҳаби салаф ҳаст (ҳол онки чунин нест, вале ту аз сабаби ҷаҳлу нодоният онро ба салаф нисбат додаӣ), чӣ тавре ки ҳоло баъзе аз ҷоҳилон мекунанд, ки худро салафӣ ном гузоштаанд. Баъдан хилофи салаф амал мекунанд ва шиддат кардаву такфир, ва тафсиқ ва табдиъ мекунанд.

    Салаф бидуни далел ва бурҳон табдиъ ва такфиру тафсиқ намекарданд, бо ҳавову ҳавас ва ҷаҳл набуд.

    Ту имрӯз нақшае мекашӣ ва мегӯӣ: “Ҳар касе ки хилофи ин бошад мубтадиъ ва гумроҳ ҳаст”.

    Не бародар, ин равиши салаф нест.

    Манҳаҷи салаф илму амал аст. Илм аввал, ва баъдан амал кардан бо ҳидоят. Пас агар салафии ҳақиқӣ будан хоҳӣ, бояд ки мазҳаби салафро бо хубӣ бихонӣ ва онро бо басират бидонӣ, ва баъдан бо он амал кунӣ, бидуни ғулувв ва бидуни тасоҳул. Ин аст манҳаҷи саҳеҳи салаф.

    Аммо бардуруғ даъво кардан ва худро нисбат додан зарар дорад на фоида.

    (Аз ҷавобҳои шайх ба саволҳои ҳозирин дар шарҳи Ақидаи Таҳовия, соли 1425 ҳ.).