Мароҳили халқи инсон дар Қуръон ва Суннат
Дастабандиҳо
Full Description
Мароҳили халқи инсон дар Қуръон ва Суннат
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума:
Мусъаби Ҳамза
2013 - 1435
مراحل خلق الإنسان في القرآن و السنة
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: مصعب حمزة
2013 - 1435
Мароҳили халқи инсон дар Қуръон ва Суннат
Аз куҷо омадаем?
Ин суолест, ки як иддаи мардумро дар ҳайрат овардааст, ва баъзе аз мардум аз чи халқ шудани худ ва барои чи халқ шуданашро намедонад.
Худованд ва расулаш посухи ин суол ва дигар суолҳои алоқаманд ба ин мавзӯъро дар оятҳо ва аҳодиси зиёде баён намудаанд, ки инҷо баъзе аз онро барои хонанда баён медорем,
Худованд дар посухи ин суол чунин фармудааст:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةٖ مُّخَلَّقَةٖ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةٖ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡٔٗاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۢ بَهِيجٖ ٥﴾ [الحج : ٥]
«Эй мардум! Агар дар бораи растохези (мурдагон ва зиндагонии дубораи эшон) шакк доред, (бад-ин нукта таваҷҷуҳ кунед то ба гӯшае аз қудрати илоҳӣ пай бибаред, ва ба худ оед:) Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа, ва баъд аз хуни баста, ва пас азон (ин хуни бастаро) ба як қитъа гушт дар меоварем, ки бархе басомон (дорои хилқати комил) ва бархе (нотамом ва ноқисул-хилқа) нобасомон аст. (Ҳамаи ин) бад-ин хотир аст, ки барои шумо равшан созем (ки мо бар офариниш ва тағйиру табдил ва ҳар гуна коре, аз ҷумла зиндагии дубора бахшидан қодирем). Мо ҷанинҳоеро, ки бихоҳем, то замони муъайян дар раҳмҳо нигоҳ медорем, ва онгоҳ шуморо ба сурати кӯдак (писар ё духтар, аз шиками модарон) берун меоварем, сипас (шуморо таҳти назорат ва риъояти худ медорем) то ба рушди ҷисмонӣ ва ақлонии худ мерасед. Бархе аз шумо (дар ин миён) мемиранд, ва баъзе аз шумо ба ниҳояти умр ва ғояти пирӣ мерасанд. То бад-онҷо, ки пас аз донистани (басе чизҳо) чизе намедонанд (ва донистаҳои хешро фаромуш кардаву аз ёд мебаранд, ва дуруст ҳамонанди як кӯдак мешаванд)…».
Сураи Ҳаҷ 5
Дар ин ояти муборак Худованд ба суи касоне хитоб намудааст, ки ба рӯзи қиёмат шак доранд. Ва бовар надоранд, ки баъди мурдан боз зинда шудан аст, Ва мегуянд: чигуна баъди онки мо мемирем ва ҷисмҳои мо дар даруни замин нобуд шуда ба хок мубаддал мегардад, боз зинда мешавем.
Худованд ба суи онҳо хитоб намуда мегуяд: Эй мардум агар дар бораи қиёмат шакку тардид доред ва намедонед ки кай қиёмат қоим мешавад, бо вуҷуди онки шумо бояд Худованд ва расулашро дар бораи ончизе ки аз қиёмат бароятон хабар додааст бовар карда тасдиқ намоед.
Аммо чун шумо дар ин чиз шак доред, пас барои шумо ду далели ақли пешкаш мешавад, ки шумо ба қиёмат ва зинда шудани баъд аз марг бовар мекунед ва шак аз дилҳоятон берун мешавад.
Яке аз он ду далил: Офариниши нахустини инсон аст. Инки касе ки дар аввал онро офаридааст, қодир аст, ки ӯро боз биофарад.
Худованд мефармояд:
فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ
Ман шуморо аз хок офаридаам.
Зеро Худованд Одам алайҳи саломро аз хок офарид.
ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ
Сипас шуморо аз нутфа.
Ва ин ибтидои офариниш аст.
Ва нутфа ба ҳукми Худованд ба хуни бастаи сурхранг табдил меёбад. Ва хуни баста табдил ба як қитъа гушти ба андозаи гуште ки хоида мешавад. Ва ин пораи гушт гоҳе нақш ёфта ва ба шакли инсон офарида мешавад. Ва он комил ва хилқаташ пурра аст. Ва гоҳо нотамом ва хилқаташ ноқис аст. Ба сурате ки пеш аз офарида шуданаш сақт мешавад.
Инҳоро худованд барои бандагонаш зикр намуда мегуяд: То инки асли офариниши шуморо бароятон баён намоям.
Агарчанде Худованд қодиру тавоност, ки инсонро дар як лаҳза биёфарад. Аммо камоли ҳикмату бузургии қудрат ва раҳмати бепоёни хешро барои шумоён нишон медиҳад.
Баъд аз он Худованд мегуяд:
وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى
Ва Мо ҷанинҳоеро, ки бихоҳем, то замони муъайян дар раҳмҳо нигоҳ медорем.
Яъне ҷанинҳоро дар раҳми зан боқи мегузорад, то вақте ки Худованд мехоҳад ва он замони бордории зан аст.
ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا
Ва онгоҳ шуморо ба сурати кӯдак (писар ё духтар, аз шиками модарон) берун меоварем.
Ки чизеро намедонед ва тавоноие ҳам надоред.
Модарони шуморо барои хидмати шумо омода кардаам, дар синаҳо барои шумо шир пайдо намудам. Сипас аз ҳолат ба ҳолати дигар мегузаред ва оҳиста оҳиста ба синни камол ва дорои қуввату қудрат ва соҳиби ақлу фаҳм мегардед.
Дар ин марҳала баъзеи аз шумо ба ин синни рушду камол норасида фавт мекунад. Ва баъзе аз шумо ба синни рушду камол мерасад, ва ин марҳиларо пушти сар намуда ба пири ва солхурдаги мерасад. Ва арзалилумр маънои пасттарин ҳолати пириро дорад, ки инсон дар ин марҳила ҳам ақлаш кам мешавад ва ҳам қудрату тавоноияш аз даст меравад ва бисёр заъиф мегардад.
Худованд мефармояд:
لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡٔٗاۚ
То касе ба ин марҳилаи умр расидааст, чизе аз ончи қаблан медонист, надонад.
Пас инсон дар ин марҳилаи пири дар ҳолати фаромушхотири ва ақлаш заиф ва ҷисмаш нотавон мегардад.
Ва инсон баъди онки марҳилаи қудрату тавоноиро пушти сар кард боз ба он марҳилаи заъифи ва нотавоние ки баъди халқ шуданаш, дар марҳилаи кудаки буд, бар мегардад.
Чунончи Худованд дар ояти дигар мефармояд:
﴿ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن ضَعۡفٖ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ ضَعۡفٖ قُوَّةٗ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٖ ضَعۡفٗا وَشَيۡبَةٗۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡقَدِيرُ ٥٤﴾ [الروم: ٥٤]
“Худованд он зоте аст, ки шуморо аз заъф ва нотавони офарид. Ва баъд аз нотавони шуморо неруманд ва боқувват гардонидааст. Сипас шуморо заъиф ва нотавон мегардонад ва ба пири мерасонад. Ва ҳарчи мехоҳад меофарад ва Ӯ донову тавоност”.
Сураи Рум 54
Пас ин гуфтаҳои Худованд далолат бар он мекунад, ки модоме ки Худованд инсонро дар ин мароҳил офарид , Ӯ қодир аст, ки ӯро боз аз нав зинда намояд. Зеро чизеро ки вуҷуд надорад ба вуҷуд оварданаш мушкилтар аст аз онки чизи мурдаро аз нав зинда кардан. Пас Худованд қудрати халқ кардани инсонро бо ин ҳама мароҳил дорад, албатта яқин аст, ки аз нав зинда кардани ӯ баъди мирониданаш барои Худованд мушкиле надорад. Ин буд далили аввал.
Далили дуввум: Зинда кардан ва сарсабз намудани замин баъд аз хушкидан ва пажмурда шудани он аст.
Худованд мефармояд:
وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۢ بَهِيجٖ
“Ва заминро хушкида ва пажмурда мебини, ба гунае ки гиёҳи сабзе дар он нест. Аммо ҳангоме ки бар он оби борон борондем, бо рӯйидани гиёҳон ба ҷунбиш меафтад ва сабз мешавад”. Яъне баъд аз даврони фурунишастаги иртифоъ пайдо мекунад, баланд мешавад, Ва ин ба сабаби зиёд шудани гиёҳон аст.
Навъҳои гиёҳони зебо ва дилкаш дар он мерӯяд.
Баъди зикр кардани ин ду далил Худованд барои мо баён мекунад, ки ин ду далил бар панҷ матлаб далолат менамояд, ва онҳоро дар давоми ин оят бароямон баён мекунад.
Худованд мефармояд:
﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّهُۥ يُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَأَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ٦ وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٞ لَّا رَيۡبَ فِيهَا وَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡعَثُ مَن فِي ٱلۡقُبُورِ ٧﴾ [الحج : ٦، ٧]
“Ин бадон хотир аст, ки Худованд барҳақ аст, Ва инки мурдагонро зинда мекунад, Ва Ӯ бар ҳар чиз қодиру тавоно аст.
(Ва инки бидонед) Қиёмат омадани аст(ва) шакке дар омаданаш нест, Ва Худованд тамоми касонеро ки дар гурҳо орамидаанд зинда мегардонад”.
Сураи Ҳаҷ 6,7
Худованд он зоте аст, ки инсонро аз ончи баён шуд офарид, Ва заминро пас аз хушкиданаш зебо ва хуррам намуд. Чунки Худованд Парвардигор ва маъбуде аст, ки ибодат ҷуз барои Ӯ шоистаи каси дигаре нест. Ва фақат парстиши Ӯ ҳақ аст, Ва парастиши дигарон ноҳақ ва ботил аст.
Ва худованд ҳамонгуна, ки дар ибтидо мардумро офарида ва заминро пас аз хушкиданаш зинда намудааст, мурдагонро низ зинда мегардонад.
Ва Ӯ бар ҳарчиз қодиру тавоно аст. Чигунае, ки қудрати шигифт ва санъати бузургашро бар шумо нишон додааст.
Ва инки бидонед, ки бешакку шубҳа қиёмат фаро мерасад ва ҷои ҳеҷгуна тардиде нест, Пас роҳе барои баъид донистани инчиз вуҷуд надорад.
Ва Худованд касонеро, ки дар гурҳо орамидаанд зинда мекунад. Ва шуморо бар корҳои неку бадатон сазо ва ҷазо хоҳад дод.
Пас он матолиби панҷгона инҳоянд:
- Худованд Парвардигор ва маъбуде аст, ки ибодат ҷуз барои Ӯ шоистаи каси дигаре нест. Пас ибодат фақат ҳаққи Худованд аст.
- Худованд мурдагонро зинда мегардонад.
- Худованд бар ҳама чиз қодиру тавоно аст.
- Қиёмат бе шакку шубҳа меояд.
- Худованд касоне ки дар қабрҳо орамидаанд зинда мекунад (Ва онҳоро барои корҳои неку бадашон сазо ва ҷазо медиҳад).
Ва ҳамчунин фармудааст:
﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن طِينٖ ١٢ ثُمَّ جَعَلۡنَٰهُ نُطۡفَةٗ فِي قَرَارٖ مَّكِينٖ ١٣ ثُمَّ خَلَقۡنَا ٱلنُّطۡفَةَ عَلَقَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡعَلَقَةَ مُضۡغَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡمُضۡغَةَ عِظَٰمٗا فَكَسَوۡنَا ٱلۡعِظَٰمَ لَحۡمٗا ثُمَّ أَنشَأۡنَٰهُ خَلۡقًا ءَاخَرَۚ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ أَحۡسَنُ ٱلۡخَٰلِقِينَ ١٤﴾ [المؤمنون : ١٢، ١٤]
«Мо инсонро аз усорае аз гил офаридаем. Сипас ӯро ба сурати нутфае даровардаву дар қароргоҳи устувор (раҳми модар) ҷой медиҳем. Сипас нутфаро ба сурати лахтаи хуне, ва ин лахтаи хунро ба шакли қитъаи гушти ҷавидае, ва ин тиккаи гушти ҷавидаро ба сони устухонҳои заъифе дармеоварем (месозем), ва баъд бар устухонҳо гушт мепӯшонем, ва сипас ӯро офариниши тозае бахшидаву (бо дамидани ҷон ба колбадаш) падидаи дигаре хоҳем кард. Пас воломақому муборак аст Аллоҳ, беҳтарини созандагон».
Сураи Муъминун 12-14
Худованд дар ин оятҳо мароҳили офариниши инсонро аз ибтидои хилқаташ то ҷое ки сарнавишташ ба он ба поён мерасад баён менамояд.
Пас ибтидо аз хилқати Одам алайҳиссалом падари башарият сухан гуфт ва инки ӯро аз гиле офарид, ки аз тамоми замин гирифта шудааст. Бинобар ин фарзандонаш ҳаммонанди замин брахе аз онҳо хубу покиза ва бархе аз онҳо бад ҳастанд, Бархе нарму бархе сахт ҳастанд, Ва бархе дар миёни ин ду қарор доранд.
Сипас инсонро ба сурати нутфае қарор додем. Нутфае, ки аз миёни синаи зан ва камари мард берун меояд.
Дар қароргоҳи устувор ва муҳкам, ки раҳми модар аст қарор мегирад, ки аз фосид шудан дур мемонад.
Сипас нутфаеро, ки қаблан дар раҳм қарор дода будем баъд аз гузашти чиҳил рӯз ба шакли хуни бастае даровардем.
Сипас хуни бастаро баъд гузашти чиҳил рӯз ба сурати қитъаи гушти хурде, ки ба андозаи ончи ки хоида мешавад, даровардем.
Сипас музғаро ба истухони сахте табдил додем, Ва ба мизони ниёзи бадан гуштро дар болои он қарор додем.
Сипас гуштро пушише барои устухонҳо қарор додем, чигунае ки устухонҳоро поя ва сутун барои гушт қарор додем. Ва ин дар чиҳил рӯзи сеюм анҷом мешавад.
Ва аз он пас онро ба офариниши дигаре офаридем, аи руҳ дар он дамида мешавад, Пас он мавҷуди ҷомид ва беҷон табдил ба мавҷуди зинда мегардад.
Пас воломақом ва дорои хайри фаровон аст Худованд, ки беҳтарин офаринанда аст.
Пас ҳамаи офариниш зебост, Ва инсон беҳтарин ва зеботарин офаридаҳои Ӯ аст. Балки ба таври мутлақ аз ҳамаи махлуқот беҳтар аст.
Чунонки Худованди маттаъол фармуда аст:
“Ба рости, ки инсонро дар беҳтарин шакл ва зеботарин симо офаридаем”.
Баъд аз офариниш ва дамидани руҳ дар бадани шумо, дар марҳилаи дигар хоҳед мурд.
Сипас шумо дар рӯзи қиёмат барангехта шуда ва тибқи амалҳои неку бадатон сазо ва ҷазо дода хоҳед шуд.
Худованди муттаъол мефармояд:
﴿أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى ٣٦ أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ ٣٧ ثُمَّ كَانَ عَلَقَةٗ فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ ٣٨ فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ٣٩ أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ ٤٠﴾ [القيامة: ٣٦، ٤٠]
“Оё инсон чунин мепиндорад, ки раҳо мешавад? Оё ӯ қаблан нутфае набуд, ки дар раҳ рехта мешавад? Сипас ба хуни бастае табдил шуд, Сипас Худованд баъд аз он ӯро офарид ва мураттаб намуд ва аз он ду марду занро қарор дод. Оё ин (офаринанда ва холиқ) тавонои надорад, ки мурдаҳоро зинда кунад?”
Сураи Қиёмат 36 – 40
Албатта тавонои дорад ва қодир аст, ки мурдаҳоро зинда кунад.
Ва низ мефармояд:
﴿ٱلَّذِيٓ أَحۡسَنَ كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥۖ وَبَدَأَ خَلۡقَ ٱلۡإِنسَٰنِ مِن طِينٖ ٧ ثُمَّ جَعَلَ نَسۡلَهُۥ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ ٨ ثُمَّ سَوَّىٰهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِۦۖ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفِۡٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ ٩﴾ [السجدة : ٧، ٩]
«(Ӯ таъоло) он касе ҳаст, ки ҳар чиро ки офарид, некӯ офарид! Ва офариниши инсони (аввал)-ро аз Гил оғоз кард. Сипас зуррияи ӯро аз ъусораи оби (ба зоҳир) заъифу ночизе (ба номи манӣ) офарид. Пас аз он андомҳои ӯро такмилу ороста кард, ва аз руҳи мутаъаллиқ ба худ (ки аз махлуқоташ аст) дар ӯ дамид. Ва барои шумо гӯшҳу чашмҳо ва дилҳо офарид (то бишнавед ва бингаред ва бифаҳмед, аммо) шумо камтар шукри (неъматҳо Ӯ) – ро ба ҷой меоваред».
Сураи Саҷда 7-9
Ва ҳамчунин гуфтааст:
﴿هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡٔٗا مَّذۡكُورًا ١ إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا ٢﴾ [الانسان: ١، ٢]
«Оё (ҷуз ин аст, ки) муддати замоне бар инсон гузаштааст, ва ӯ чизи қобили зикр ва шоистаи таваҷҷуҳ набудааст (дар шиками модар, ба гунаи нутфа ва ҷанин)?!
Мо инсонро аз нутфаи омехта офаридем, ва чун ӯро (баъдҳо бо таколиф ва вазоифе) меозмоем, вайро шунавову бино (ба иборати дигар оқилу доно) кардаем».
Сураи Инсон 1-2
Ва ҷойи дигар мефармояд:
﴿فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ٥ خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ ٦ يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ٧﴾ [الطارق: ٥- ٧]
«Инсон бояд бингарад ва диққат кунад, ки аз чӣ чизе офарида шудааст!
Ӯ аз оби ҷаҳандаи (ночизе) офарида шудааст.
(Ки) аз миёни сулб ва тароиб (сулб ва тароиб, ин дуто аз анвоъи устухонҳои ҷисми мард ҳастанд) берун меояд».
Сураи Ториқ 5-7
Ин ҳама оятҳое ки зикр намудем, ва амсоли он дар Қуръон, баёнгари ин аст, ки инсон чизе набудааст, ва вуҷуд надоштааст, пас Аллоҳ инсонро аз хок халқ кардаву сипас насли ӯро аз оби ночиз офаридааст. Ҳамчуноне ки дар оятҳо зикр гардид.
Пас, он инсони аввал ки Одам (алайҳис-салом) буд, офариниши ӯ аз ГИЛ ё ки ХОК буд, ва аммо офариниши насли ӯ ва зурриёташ аз оби ҷаҳандае буд, ки аз байни синаи зан ва камари мард хориҷ мешавад:
﴿أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةٗ مِّن مَّنِيّٖ يُمۡنَىٰ ٣٧﴾ [القيامة: ٣٧]
«Оё ӯ нутфаи ночизе аз манӣ нест, ки (ба раҳми зан) парту рехта мегардад?!».
Сураи Қиёмат 37
Баъд аз он ки оётеро дар бораи хилқати инсон зикр кардем, мепардозем ба зикри баъзе аз аҳодисе ки ин мавзӯъро баён намудааст.
Паёмбари Худо (дуруд ва раҳмати Худованд бар Ӯ ва олу асҳобаш бод) мефармояд:
عَنْ أَبِي عَبْدِ الرَّحْمٰنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ مَسْعُوْدٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قال: حَدَّثَنَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَهُوَالصَّادِقُ الْمَصْدُوقُ، قَالَ: «إِنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ خَلْقُهُ فِيْ بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِينَ يَوْماً نُطْفَةً، ثُمَّ يَكُونُ عَلَقَةً مِثْلَ ذٰلِكَ، ثُمَّ يَكُونُ مُضْغَةً مِثْلَ ذٰلِكَ، ثُمَّ يُرْسَلُ إِلَيْهِ الْمَلَكُ فَيَنْفُخُ فِيهِ الرُّوحَ وَ يُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَاتٍ: بِكَتْبِ رِزْقِهِ، وَأَجَلِهِ، وَعَمَلِهِ، وَشَقِيٍّ أَوْ سَعِيدٍ، فَوَ اللهِ الَّذِي لا إِلٰهَ غَيْرُهُ إِنَّ أَحَدَكُمْ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّةِ حَتّىٰ مَا يَكُونُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا ذِرَاعٌ، فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الْكِتَابُ، فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ فَيَدْخُلُهَا.
وَإِنَّ أَحَدَكُمْ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ حَتّىٰ مَا يَكُونُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا ذِرَاعٌ، فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الْكِتَابُ، فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّةِ فَيَدْخُلُهَا». رَوَاهُ البُخَارِيُّ وَ مُسْلِمٌ
Аз Абўабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Масъуд, ра-зия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ки содиқ ва масдуқ аст, ба мо гуфт:
«Ба вуҷуд овардани ҳар кадоми шумо дар батни модараш дар чиҳил рӯз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад, пасон ба монанди ҳамон (миқдор) хуни баста мегардад, боз монанди ҳамон (миқдор) порчаи гӯште мегардад. Сипас малоикае ба сӯӣи ӯ фиристода мешавад, пас вай рӯҳро дар он медамад, пас он (малоика) ба чаҳор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи он (шахс), муддати зиндагонии он (шахс), амали он (шахс) ва бадбахтӣ ё хушбахтии он (шахс).
Қасам бар Худое, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест, ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, то байни ў ва байни биҳишт (масофаи) як оринҷ намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда, амали аҳли дўзахро анҷом медиҳад, пас дар он дохил мешавад.
Ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли дўзахро анҷом медиҳад, то байни ӯ ва байни дўзах (масофае) намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, пас дар он дохил мешавад.
Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.
Ин ҳадиси Расули Худо бароямон марҳилаи халқ шудани инсонро - чуноне ки дар оятҳои гузашта зикр шуд -, дар раҳми зан баён намудааст.
Ин ҳадис барои мо мисли оятҳои гузашта чанд нуктаи муҳиммеро баён намудааст, ки аз ҷумла:
- Хилқати инсон дар раҳми зан се марҳилаи асосиро дар бар мегирад, ки муддати 120 рӯз аст. Дар чиҳил рӯзи аввал нутфа, Ва дар чиҳил рӯзи дувум алақа, Ва дар чиҳил рӯзи сеюм музға мебошад, Ва баъд аз он дар ӯ руҳ дамида мешавад.
- Ҳадис далолат бар ин мекунад, ки руҳ баъд аз гузаштани 120 рӯз баъд аз бидояти бордории зан дамида мешавад.
- Фуқаҳо дар ҳаром будани исқоти ҷанин баъди дамидани руҳ бар он иттифоқ намудаанд.
Бо истифода аз тафсири Саъди ва Чиҳил ҳадиси Навави ва дигар манобеъ ин мақола таҳия шудааст.