Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиючаҳорум: Тақвияти неруи ҷинсии кӯдак
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиючаҳорум: Тақвияти неруи ҷинсии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الرابع والثلاثون: تهذيب الدافع الجنسي للطفل
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Пешгуфтор
Равшан аст, ки Худованд нерӯи кашиши ҷинсиро дар тамоми мавҷудоти ҷондор, ки инсон яке аз онҳо мебошад, офаридааст, то ин ки мӯҷиби идомаёбии ҳамаи онҳо, ба вижа, сабаби бақои насли инсон гардад. Худованд замони муайянеро барои дурахшидани ин нерӯ дар инсон муқаррар фармудааст, то ин ки қодир ба намоён шудани он гардад ва фарди наҷибу бузургвор шавад. Шариати поку муқаддаси Ислом ин замони муайянро “синни таклиф” номидааст, яъне ворид шудани кӯдак ба синне, ки дар мавриди истифодаи молу дороии худ масъул мебошад ва дар баробари корҳояш мавриди муҳосабаву бозхост қарор мегирад. Ва ба хотири ин ки кашиши ҷинсӣ дар вуҷуди кӯдак ба сурати тадриҷӣҳаракат кунад ва шакл бипазирад ва аз ҷунбишу ҳаяҷонҳои беруна ғизо нагирад ва аз сулуки муҳкаму устувор мунҳариф нагардад, Ислом шахсият ва ҳурмати кӯдакро риоя намуда, як силсила амру наҳйҳоро аз ӯ хостор шудааст, то ин нерӯи ҷинсӣ аз масоили носозгор пок гардад, ба гунае ки дар ҳолати тавозуну баробар дар камоли покиву оростагии бидуни инҳироф ва дур аз ҳар навъ олудагӣ боқиву собит бимонад.
Аз ин рӯ, Пайғамбари акрам (с) барои покию оростагии кӯдак аз назари ҷинсӣ рукнҳо ва қоидаҳои муайянеро дар назар гирифтааст, то ин ки падару модар бо пайравию зери назар доштани онҳо кӯдакони худро аз инҳирофи ҷинсӣ ҳифз намоянд ва фитрати поку тинати назифи ононро ба ҳамон ҳолати афифию покдоманӣ нигоҳ дошта, нагузоранд афкору ҳаракатҳо ва рафтори ҷоҳилият он фитрати поку назифро олудаву хадшадор карда, аз байн бибарад...
Инак ба шарҳу тафсири ҳар як аз ин асосҳо ва қоидаҳои поксозӣ мепардозем:
Асоси аввали тақвият,
иҷоза гирифтан ҳангоми дохил шудан
Табиист, ки кӯдак бештар дар хона ба сар бурда, дар дохили хона аз ин гӯша ба он гӯша ва аз ин дар ба он дар меравад. Аз ин ҷиҳат, дар ҳар лаҳзаву дар ҳар бор иҷозат гирифтан барои ӯ кори бисёр мушкилу душвор аст. Ба ҳамин хотир Қуръони карим роҳи иҷозат гирифтанро барои кӯдак маълуму мушаххас мекунад, ки ба василаи риояву тавсия намудани он ба кӯдак ва бо дар назар гирифтани услуби марҳалавии бисёр неку писандида баён мекунад.
Бинобар ин, Қуръон тариқаи иҷозат гирифтани кӯдакро дар ҳоле ки хурду хурдсол мебошад дар се вақти ҳассос мушаххас мекунад:
1. Қабл аз намози субҳ,
2. Ҳангоми пешин ва дар вақти хоби нимрӯз,
3. Баъд аз адои намози хуфтан.
Чунонки мулоҳиза мешавад, ин се вақт замони хобу истироҳати падару модар мебошад, ки ба хонаи хобу истироҳати худ медароянд. Пас ин равиши иҷоза гирифтан ҳамроҳ ба роҳнамоӣ ва мулоимат идома меёбад, то замоне ки кӯдак ба синни булуғ мерасад. Аммо баъд аз он ки кӯдак ба синни балоғат расид, бар ӯ воҷиб аст, ки дар ҳар лаҳзаву ҳар замоне, ки мехоҳад пеши падару модараш дарояд, агар дарро дар рӯбарӯи худ баста дид, бояд иҷозаи даромадан бигирад ва набояд бидуни иҷоза ба ҳуҷрае, ки падару модараш дар он истироҳат мекунанд, дохил шавад.
Акнун чанд лаҳзае ба таъбиру раҳнамоии Қуръони карим, ки дар қонуну низоми шариати Ислом дорои аҳамияти зиёде мебошад, рӯй меорем, раҳнамоие, ки фақат хос ба тафсилу баёни ин амри муҳим аст. Худованди ғолибу тавоно мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِيَسۡتَٔۡذِنكُمُ ٱلَّذِينَ مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ وَٱلَّذِينَ لَمۡ يَبۡلُغُواْ ٱلۡحُلُمَ مِنكُمۡ ثَلَٰثَ مَرَّٰتٖۚ مِّن قَبۡلِ صَلَوٰةِ ٱلۡفَجۡرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُم مِّنَ ٱلظَّهِيرَةِ وَمِنۢ بَعۡدِ صَلَوٰةِ ٱلۡعِشَآءِۚ ثَلَٰثُ عَوۡرَٰتٖ لَّكُمۡۚ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ وَلَا عَلَيۡهِمۡ جُنَاحُۢ بَعۡدَهُنَّۚ طَوَّٰفُونَ عَلَيۡكُم بَعۡضُكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٨ وَإِذَا بَلَغَ ٱلۡأَطۡفَٰلُ مِنكُمُ ٱلۡحُلُمَ فَلۡيَسۡتَٔۡذِنُواْ كَمَا ٱسۡتَٔۡذَنَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٩﴾ [النور : ٥٨، ٥٩]
«Эй мӯъминон! Бояд онон, ки дастҳои шумо молики онҳо шудааст[1] ва онон аз шумо, ки ба ҳадди булуғ нарасидаанд, [барои ба наздатон даромадан] аз шумо се навбат иҷозат талабанд:пеш аз намози фаҷр ва нимрӯз – вақте ки ҷомаҳои худро фурӯ мениҳед ва пас аз намози хуфтан, [ки] ин барои шумо се вақти хилват аст. Баъд аз ин се вақт бар шумо ва бар онҳо ҳеҷ гуноҳе нест, ки бидуни иҷоза ворид шаванд. Ва эшон бар шумо ва шумо низ бар эшон дар рафту омадед. Худованд ин гуна оятҳоро барои шумо баён мекунад (то дар партави аҳкоми қуръонӣ ва ахлоқи исломӣ адаб бигиред) ва Худо донои фарзона аст. Ва вақте ки тифлони шумо ба синни булуғ расанд, (дар ҳамаи вақтҳо барои даромадан ба маконе, ки падару модар дар он ҷо истироҳат мекунанд, ё дар манзили хосси худашон ба сар мебаранд) бояд иҷозат талаб кунанд, ҳамон гуна ки онон, ки пеш аз онҳо буданд, иҷозат металабиданд. Худованд инчунин оятҳои худро барои шумо баён мекунад ва Худованд бас огоҳ ва фарзона аст».[2]
Бинобар ин, лозим аст, ки хидматгорону кӯдаконе, ки ба ҳадди тамйиз расидаанд, аммо ҳанӯз ба синни булуғ нарасидаанд, ҳатман дар ин се вақт ҳангоми вуруд ба ҳуҷраи махсуси падару модар иҷозат бигиранд, то ин ки чашмашон ба аврати онон ва хонаводаи худ наафтад. Бояд донист, ки ин як навъ адабу равиши исломписандонае аст, ки мутаассифона, бисёре аз хонаводаҳо дар зиндагии худ аз он ғофиланд ва нисбат ба паёмадҳои равониву асабиву ахлоқии он саҳлангору бетафовутанд, ба гумони ин ки хидматгорон ба шармгоҳҳои бузургони худ назар намеандозанд ва нигоҳ намекунанд! Ҳамчунин мепиндоранд, кӯдаконе, ки ҳанӯз ба синни булуғ нарасидаанд ба чунин масоиле ноогоҳанд ва ба он таваҷҷӯҳ намекунанд, дар ҳоле ки равоншиносони имрӯзӣ дар асари пешрафти улуми равоншиносӣ муқаррар медоранд, ки баъзе аз умуру падидаҳое, ки кӯдакон дар даврони хурдсолии худ ба он менигаранд, дар тамоми зиндагии эшон асар мегузорад, ба гунае ки ба бемории равониву асабӣ гирифтор мешаванд, ки беҳбудии онон аз ин гуна бемориҳо басо мушкил мебошад.
Акнун, эй падарону модарони мӯҳтарам! Оё мехоҳед фарзандонатон ба ин навъ беморӣ мубтало шавад? Оё мехоҳед, ки ӯ ба бемории равониву асабӣ, ки шифову беҳбудии кӯдак аз он бисёр мушкил мебошад, дучор шавад? Табиист, иллати аслии гирифтор шудан ба ин навъ бемориҳо ҳамон саҳлангории волидайн аст, дар одат додани фарзанди худ ба иҷозат гирифтан барои духул дар вақтҳои сегона, ки волидайн дар онҳо либоси маъмулиро аз тан берун меоваранд, дар ҳолати истироҳат мебошанд ва авратҳои эшон ошкор мебошад. Ба ҳамин иллат аст, ки мебинем Пайғамбари акрам (с) иҷозат гирифтан дар чунин вақтҳои хусусиро ба инсонҳо меомӯзанд.
Анас (р) гуфтааст: “Ба Пайғамбари акрам (р) хидмат мекардам ва бидуни иҷозат ворид мешудам, то ин ки рӯзе бидуни иҷозат вориди манзили он ҳазрат (с) шудам, фармуданд: «Эй писарам, бидуни иҷозат қатъан дохил нашав!».[3]
Оре, аз ин ҷост, ки бар волидайн лозим аст пайваста ва дар тамоми лаҳзаҳо шармгоҳҳои хешро дар баробари фарзандонашон бипӯшонанду ҳиҷобро риоя кунанд, то фарзандони худро аз ин тариқ кӯмак намоянд, ба ин ки ғаризаи ҷинсии онон бидуни суръат бахшидан ба он ба василаи ҳаяҷонот сайри такомулии худро ба шакли табиӣ бипаймояд. Аз ин рӯ, бояд бедору огоҳ бошем ва аз кушодани шармгоҳҳои худ дар назди фарзандонамон ҷиддан бипарҳезем ва бо тамоми вуҷуд ба нидои ҳаётбахши Худованд ва пайғамбараш лаббайк бигӯем ва бо ҷону дил онро бипазирем...
Муносибат бо кӯдаки хурдсол
Бояд донист, кӯдаки хурдсоле, ки ҳанӯз тамйиз пайдо накардааст ва аъзои зебо ва ҷолиби занон ва шармгоҳҳои ононро ташхис намедиҳад, ҳамчунин духтаре, ки аломатҳои булуғ дар ӯ оғоз нашудааст, ҳукми хоссе доранд, ки ояти зер ба таври равшан онро баён намуда, мефармояд:
﴿وَقُل لِّلۡمُؤۡمِنَٰتِ يَغۡضُضۡنَ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِنَّ وَيَحۡفَظۡنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنۡهَاۖ وَلۡيَضۡرِبۡنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَىٰ جُيُوبِهِنَّۖ وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوۡ ءَابَآئِهِنَّ أَوۡ ءَابَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوۡ أَبۡنَآئِهِنَّ أَوۡ أَبۡنَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوۡ إِخۡوَٰنِهِنَّ أَوۡ بَنِيٓ إِخۡوَٰنِهِنَّ أَوۡ بَنِيٓ أَخَوَٰتِهِنَّ أَوۡ نِسَآئِهِنَّ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُنَّ أَوِ ٱلتَّٰبِعِينَ غَيۡرِ أُوْلِي ٱلۡإِرۡبَةِ مِنَ ٱلرِّجَالِ أَوِ ٱلطِّفۡلِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يَظۡهَرُواْ عَلَىٰ عَوۡرَٰتِ ٱلنِّسَآءِۖ وَلَا يَضۡرِبۡنَ بِأَرۡجُلِهِنَّ لِيُعۡلَمَ مَا يُخۡفِينَ مِن زِينَتِهِنَّۚ وَتُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ٣١﴾ [النور : ٣١]
«Ва ба занони мӯъмина бигӯ, ки чашмони худро (аз номаҳрамон) бипӯшанд ва шармгоҳҳои худро (аз робитаи номашрӯъ) ҳифз кунанд ва ороиши худро[4] ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо, ҳамчун чеҳра ва панҷаи дастҳо) зоҳир аст[5] ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони хеш, ё падарони хеш, ё падарони шавҳарони хеш, ё писарони хеш, ё писарони шавҳарони хеш, ё бародарони хеш, ё писарони бародарони хеш, ё писарони хоҳарони хеш, ё занони [аҳли дини] хеш, ё он касе, ки дасташон молики ӯ шудааст[6] ё дунболаравоне, ки соҳиби шаҳват набошанд, ё тифлоне, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зевари хеш, ки пинҳон мекарданд, дониста шавад.[7] Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Худо баргардед, то растагор шавед».[8]
Дар ривоят омадааст, ки кӯдакони хурдсол назди Оиша (р) мерафтанд ва либоси ӯро медиданд. Чунончи Ато мегӯяд: “Ба назди Оиша (р) мерафтам ва Убайд ибни Умайр (ки ӯ низ кӯдаки хурдсол буд) ҳамроҳи ман омад, дар ҳоле ки Оиша (р) дар ҳамсоягии Ҷавфи Сабир буд. Ман гуфтам: “Пас чодари ӯ куҷо аст?” Убайд ибни Умайр гуфт: “Дар сандуқчаи ӯ мебошад, ки рӯи он пӯшише қарор дорад, ки дар миёни мову ӯ ҳоил мебошад”. Ато гуфт: “Ман зарраи гунҷишкшаклеро рӯи он дидам ва ман низ дар он ҳолат кӯдаки хурдсол будам”.[9]
Асоси дуюми тақвият,
одат додани кӯдак ба шарму ҳаё ва ҳифзи шармгоҳ
Ягона роҳи нуфузу иртиботи кӯдак бо дунёи хориҷ чашми ӯ мебошад, аз ин рӯ, он чиро ки чашмонаш мебинанд, бо суръати фавқулодае дар зеҳну ҳофизааш нақш мебандад. Бинобар ин, лозим аст кӯдак одат дода шавад ба ин ки чашмони худро дар баробари шармгоҳҳои афроди хонавода ва берун аз хонавода фурӯ бибандад. Чунон ба ӯ фаҳмонда шавад, ки Худованд нозир ва муроқиби ӯ мебошад. Чунонки Саҳл ибни Абдуллоҳи Тастурӣ, ин кӯдаки солеҳ аз сесолагӣ баъд, вақте ба ҷойгаҳи хоби худ мерафт, пайваста ин зикру вирдро дар қалби худ такрор мекард ва бидуни ин ки забонашро биҷунбонад мегуфт: “Худо бо ман аст, Худо нозири ман аст ва маро мебинад”, то ин ки бар асари такрору идома додани он ҳаловати имонро дар қалбу замири худ ёфт.
Баъзе вақтҳо кӯдак кореро сабуку ночиз мешумораду аз он ғофил мешавад, дар ин асно ҳавову ҳавас ва хостаи шахсӣ бар ӯ ғолиб меояд. Дар натиҷа нигоҳи лаззатбахшу хиракунандае ба духтарон меандозад ва гоҳе Пайғамбари акрам (с) дар баробари ин гуна нигоҳҳо аксуламал нишон дода, рӯи кӯдакро бармегардонданд. Чунонки дар ривоят омадааст, Фазл ибни Аббос пушти сари Расули акрам (с) савори чорпое шуд. Ногаҳон зане аз қавми Хасъам назди Ҳазрат (с) омад, то дар бораи мавзӯе аз ӯ савол кунад. Дар ин асно, Фазл шурӯъ ба нигаристани он зан кард ва худи зан низ ба ӯ нигоҳ мекард. Расули Худо (с) ба такрор рӯи ӯро ба тарафи дигар бармегардониданд ва аз нигоҳ кардан бозмедоштанд...[10]
Боз дар ин робита омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфта: Ман дар миёни ҷамъе аз мардум ҳамроҳи Расули Худо (с), ба тарафи Мино мерафтем. Дар ҳоле ки Расули Худо (с) роҳ мерафтанд, як нафар араби бодиянишин, ки ҳамроҳи духтари зебои худ роҳ мерафт, пеши Расули Худо (с) омад ва ман низ ба он духтар нигаристам. Расули Худо (с) ба ман нигоҳ карданду рӯямро аз нигаристан ба он духтари зебо баргардониданд ва ман аз нав ба он духтар нигоҳ кардам ва аз нигаристан ба ӯ бознамеистодам, то ин ки Расули Худо (с) се бор рӯямро аз нигоҳ кардан ба ӯ баргардониданд ва пайваста: «Лаббайкаллоҳумма лаббайк...» мегуфтанд, то ин ки сангзании Ҷамраи ақабаро анҷом доданд.[11]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Фазл ибни Аббос (р) ҳамроҳи Пайғамбар (с) буд, он ҳазрат (с) рӯи ӯро баргардонида мефармуданд: «Эй писарам! Имрӯз рӯзе аст, ҳар кас чашми худро дар он фурӯ бандад ва обрӯву забони худро маҳфуз бидорад, гуноҳонаш омӯрзида мешаванд».[12]
Дар ривояте омадааст, ки Аббос (р), амаки Пайғамбар (с) гуфт: “Эй Пайғамбар, дидам ту рӯи амакзодаат Абдуллоҳро бармегардондӣ?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Духтару писари навҷавонеро дидам ва тарсидам, ки шайтон дар миёни он ду нуфуз карда, эшонро бифиребад».[13]
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: “Фазл ҳамроҳи Пайғамбар (с) буд, ногаҳон зане аз қавми Хасъам омад ва Фазл ба нигаристан ба ӯ шурӯъ кард ва ӯ низ ба Фазл нигоҳ мекард. Расули Худо (с) рӯи Фазлро ба тарафи дигар баргардониданд (то ӯро нанигарад). Он зан гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Фаризаи ҳаҷ бар падарам воҷиб шудааст ва ӯ пирамарди бисёр солхӯрда аст ва наметавонад худро бар маркаб нигоҳ дорад, оё ман ба ҷои ӯ ҳаҷ бикунам?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ишколе надорад». Ин воқеа дар Ҳаҷҷатул-вадоъ буд.[14]
Аз ин ҷиҳат лозим аст, ки кӯдак дар ҳар ҷое ба фурӯ ҳиштани чашм аз авратҳо одат варзад, то ин ки ғаризаи ҷинсии ӯ ба суръат ва ба сурати амри зудрасу нодир фаро нарасад, амри зудрасе, ки зиёнҳову хатарҳои зотӣ, ҷисмӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро ба бор меоварад...
Устод Абдулҳамиди Кишк дар яке аз суханрониҳояш гуфтаи донишманде аз донишмандони Олмониро перомуни аҳамияти чашм фурӯҳиштан ва ин ки он ягона илоҷи умури ҷинсӣ аст, чунин баён намудааст: “Дар бораи шинохти умури ҷинсӣ ва доруҳои он таҳқиқу баррасӣ намудам, ҳеҷ доруеро муфидтару муассиртар аз Қуръоне, ки бар Муҳаммад (с) нозил шудааст, наёфтаам, ки мефармояд:
﴿قُل لِّلۡمُؤۡمِنِينَ يَغُضُّواْ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِمۡ وَيَحۡفَظُواْ فُرُوجَهُمۡۚ ذَٰلِكَ أَزۡكَىٰ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا يَصۡنَعُونَ ٣٠﴾ [النور : ٣٠]
«Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд, ин барои онҳо покизатар аст. Ба дурустӣ ки Худо ба он чӣ мекунанд, Хабардор аст».[15]
Аммо бояд донист, вақте кӯдак ба пӯшонидани шармгоҳи худ одат меварзад, ки хондани намоз ба ӯ дастур дода мешавад, масалан ба ӯ фаҳмонда мешавад, ки бояд ҳангоми баргузории намоз либосаш шармгоҳи ӯро комилан бипӯшонад, то ин ки намозаш аз ҳамон даврони кӯдакӣ саҳеҳу дуруст бошад. Дар натиҷа, кӯдак чи писар бошад ва чи духтар бар асоси дӯст доштани пӯшидани шармгоҳ парвариш меёбад ва бевосита ба таври табиӣ шахси некӯкор, покдилу покзамир бо ахлоқи писандида ва имони қавӣ рушд мекунад...
Асоси сеюми тақвият,
ҷудо сохтани бистари хоби кӯдакон
Табиист, ҷудо намудани ҷойхоби кӯдакон аз якдигар дар таҳзиб ва покии умури ҷинсии кӯдак ва дар адами барангехтани ғаризаи ҷинсии ӯ ба шакли баду номатлубе як рукни асосӣ аст. Ва ин равише аст дар Ислом, ки дар ҳеҷ як аз қонунҳову дастуроти тамоми олам назиру монанде надорад, зеро ин равиш дар робита бо таҳзиб ва покии кӯдак ва эҳтимом варзидан ба он аз дастуроти илоҳӣ ва назарияи дақиқи набавӣ сарчашма мегирад.
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Намоз хонданро ба фарзандони худ дар синни ҳафтсолагӣ дастур диҳед ва дар синни даҳсолагӣ(агар дастуроти шуморо иҷро нанамуданд ва намоз нахонданд) ононро адаб диҳед ва ҷойхоби эшонро аз ҳам ҷудо кунед».[16]
Дар ривояти дигар омадааст: «Вақте фарзандони шумо ба синни ҳафтсолагӣ расиданд, бистари хоби ононро аз ҳам ҷудо кунед ва чун ба синни даҳсолагӣ расиданд (агар дастуроти шуморо дар робита бо) намоз хондан анҷом надиҳанд, эшонро танбеҳ кунед».[17]
Бинобар ин, ҷудосозии ҷойи хоби кӯдакон дар синни даҳсолагӣ оғоз шуда, амалӣ мегардад, зеро дар ин синну сол ғаризаи ҷинсии онон рушд мекунад. Аммо комил шудани ин ҷудосозӣ дар ҷойи хоб чӣ гуна аст? Бояд гуфт, чигунагии он ба ин сурат аст, ки ду кӯдак дар зери як болопӯш нахобанд ва ё бар рӯи як болишт, ё як такягоҳ нахобанд. Аммо хобидан бо ду болопӯши мухталифу ҷудогона, дар як утоқ ва рӯи як фарш ишколе надорад, вале дур шудани онон аз ҳамдигар беҳтар мебошад.
Аллома Шоҳвалиюллоҳи Деҳлавӣ гуфтааст: “Сабаби дастури ҷудосозии ҷойи хоби кӯдакон он аст, ки ин давра, давраи аввали булуғу ҷавонӣ аст ва ҳеҷ дур нест, ки ин ҳамхобӣ (бар асари васвасаи шайтонӣ) мунҷар ба орзуи муқорибат гардад. Бинобар ин, қабл аз вуқӯъи фасод бояд онро пешгирӣ кард.[18]
Бинобар ин, хобидан дар рӯи як фарш ва зери як болопӯш мӯҷиб мешавад, ки ғаризаи ҷинсии зудрас ба суръат дар миёни онон рушд карда, шӯълавар гардад. Танҳо роҳи нуфузи он баъзе аз падидаҳои инҳироф ва масоили нодири ҷинсӣ аст. Чи басо масоили нодиру камёбе дар зери болопӯш рух медиҳанд, ки волидайн аз онҳо бехабаранд ва мутаассифона, мӯҷиби инҳирофу аз даст рафтани ин гуна кӯдакони поке мегардад, ки падарону модаронашон аз аҳволи онон саҳлангорӣ намуда, аз он ғофил будаанд, ба гунае ки бо авомиру раҳнамоиҳои инсонсози Пайғамбари акрам (с) мухолифат варзида онҳоро раҳо намуда, ба ҳоли худ гузоридаанд, дар сурате ки Худованд дар бораи он ҳазрат (с) мефармояд:
﴿وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ ٣ إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ ٤﴾ [النجم : ٣، ٤]
«Ва аз ҳавои нафс сухан намегӯяд. Нест гуфтораш, магар ваҳйе, ки ба Ӯ фиристода мешавад».[19]
Оре, дар чанд сатр қабл дар ҳадисе зикр шуд, ки Пайғамбари акрам (с) бо сароҳат ба мо дастур дода мефармоянд: «Ҷойхоби фарзандони худро аз ҳам ҷудо кунед!». Бинобар ин, ҷои тардид нест, ки мӯъмини воқеӣ дастури пайғамбарашро иҷро мекунад ва бистари фарзандони худро аз ҳам ҷудо месозад, чун медонад, ки тарбияи ғарбӣ ё шарқӣ ҳеҷ гоҳ чунин тавҷеҳи ҷолибу инсонсози набавиро ироа намедиҳад ва онро дар миёни фарзандони худ иҷро намекунад...
Асоси чоруми тақвият,
одат додани кӯдак ба хобидан ба тарафи рост
ва манъи ӯ аз хобидан бар шикам
Бояд донист, ки пайравӣ аз суннати Расули Худо (с) ба василаи хобонидани кӯдаку наврас бар тарафи рост ӯро аз бисёре бемориҳои ҷинсиву ҷисмӣ дар аснои хоб дур медорад. Паёмбари Худо (с) хобидан бар рӯи шикамро ба хоби шайтон тавсиф намудааст. Аз ин рӯ, вақте ки кӯдак бар рӯи синаву шиками худ бихобад, мусалламан ин кор мунҷар ба бемориҳову ҳамчунин ҳаракат кардани аъзои таносулӣ мешавад, ки дар ин ҳолат, орзуи шаҳвонии кӯдаку наврасро бармеангезад. Дар ин сурат, вақте падару модар фарзанди худро дар чунин вазъе дар ҳолати хоб ёфтанд, фавран ҷиҳати хоби ӯро тағйир диҳанд ва хобидан ба тарафи ростро барои ӯ беҳтару муносибтар бидонанд ва ӯро аз хобидан бар синаву шикам дур доранд.
Илова бар ин, бояд донист, ки тамоми донишмандону табибон, бидуни истисно падарону модаронро панду андарз медиҳанд ба ин ки кӯдакони хешро аз хобидан бар синаву шикам барҳазар доранд ва аз он боздоранд.
Асоси панҷуми тақвият,
дур доштани кӯдак аз омехтагӣ бо ҷинси
мухолиф ва авомили барангезандаи ҷинсӣ
Бинобар қоидае, ки мегӯяд: “Ҳар чизе бо зидди худ мушаххас мешавад, мо низ ба зикри таҷрибаи аврупоиён аз ихтилоти кӯдакони писару духтар ва роҷеъ ба натоиҷе, ки аз он ҳосил шудааст, мепардозем, натоиҷе, ки нафсҳои поку беолоиши онҳо мутанаффиру тарсонанд:
Устод Ваҳбӣ Сулаймони Фоваҷӣ дар бораи таҷрибае, ки ғарбиҳо аз ин омехтагии духтару писар ба даст овардаанд, матолиберо нақл намудааст ва мо низ акнун ин таҷрибаи нокому натиҷаи шикастхӯрдаро барои падарону мураббиёни масъулу дилсӯз баён мекунем, то панду ҳушдоре шавад барои он идда аз мусалмонони заифу камиродае, ки ба пайравӣ кардан ба таҷрибаи аврупоиён одат кардаанд ва онро камоли амал ва меъёри ҳаракати худ қарор медиханд. Эшон дар пайравӣ аз ғарбиён то ҷое расидаанд ки гӯш додан ба ваъзи воизон дар масҷидҳо ва шунидани суханони суханрононро дар маҳфилҳои исломӣ бар худ гарону сангин мешуморанд, чун ин воизону суханронони исломӣ эшонро аз балои хонумонбарандози дарҳамомехтагии кӯдакони писару духтар барҳазар медоранд...
Инак зикри порае аз он ҳаводису рӯйдодҳо, зеро Худованд мефармояд:
«Ба дурустӣ, дар ин сухан барои касе, ки диле дорад ё мутаваҷҷеҳ шуда, гӯш ниҳад, панде ҳаст».[20]
Ваҳбӣ Сулаймон мегӯяд: “Устоди бузургвор Аҳмад Музҳир барои ман ҳикоя мекард, ҳангоме ки муддати чанд соле дар Белжик ба таҳсилу баррасии масоили илмӣ машғул буд, дар он ҷо мадрасаи ибтидоиеро дидааст, ки тамоми коркунону донишомӯзони он зану духтар буданд. Аз ин рӯ, аз мудири мадраса пурсидааст, ки чаро дар ин мадрасаи ибтидоии кӯдакон писару духтарро бо ҳам якҷо намекунанд? Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: “Мо дар солҳои қабл зиёнҳову натиҷаҳои баду ногувори омехтагии кӯдакони писару духтарро, ҳатто дар марҳалаи ибтидоӣ эҳсос карда, онро озмудаем”.
Агар гуфтаи болоро бовар надоред, пас ба гуфтаи гӯяндагони зер таваҷҷӯҳ кунед: Қозӣ ибни Ландасӣ дар китоби худ «Тамарруду-н-нашъи-л-ҷадид» мегӯяд: “Дар Амрико кӯдаконе қабл аз замони одӣ ва маъмулӣ ба синни булуғ мерасанд ва аз ҳамон син ба шиддат эҳсоси масоили ҷинсӣ мекунанд”.
Ҳамин донишманд изҳор медорад: “Ба унвони намуна таҳқиқоте, ки дар перомуни 312 нафар аз кӯдакону наврасон ба амал омадааст, 255 нафари онон духтарбачаҳое буданд, ки дар фосилаи синни ёздаҳсола то сенздаҳсола болиғ шудаанд. Аломатҳои орзуҳои ҷинсӣ ва хоҳон шудан ба он дар эшон мушоҳида шудааст, ба гунае ки чунин аломатҳое одатан аз дӯшизагони ҳаждаҳ ва аз ҳаждаҳсола боло мушоҳида мешавад”.
Доктор Эдит Ҳокар дар китоби худ «Ал-Қавонину-л-ҷинсия» мегӯяд: “Эҳсоси орзуи ҷинсӣ дар миёни духтарбачаҳо амри нодиру камёб ва ё масъалаи ношинохта нест, балки ҳатто дар хонаводаҳои таҳсилкардаву равшанфикр духтарбачаҳои ҳафт ё ҳаштсола ёфт мешаванд, ки барои худ дӯстоне меёбанд, ки чи басо бар асари барқарории ин равобит бо онон олуда ба амали фаҳшо мешаванд”.
Гоҳо дар хонаводаи шариф ва соҳиби ҳасабу насаб низ духтаре ёфт шуда, ки дар синни ҳафтсолагӣ ҳамроҳ бо бародару иддае аз дӯстони бародараш муртакиби фаҳшо шудаанд. Ҳамчунин иттифоқ афтодааст, ки дар миёни панҷ фарзанд, масалан иборат аз ду духтару се писар, ки ҳамсояи девор ба девори ҳамдигар будаанд, равобити ҷинсӣ барқарор шудааст ва чи басо фарзандони дигареро низ ба ин кор кашондаанд, ки бузургсолтарини онон писари даҳсола будааст.
Инчунин духтари нӯҳсолаеро дидаанд, ки дар зоҳир таҳти назорату муҳофизати шадиде буда, худро хушбахт донистааст, ба сабаби ин ки маҳбуби назари чанд нафар ошиқ мебошад!!
Дар изҳороти яке аз пизишкони шаҳри Балтимур омадааст: “Дар муддати як сол бештар аз ҳазор шикоят ва додхоҳӣ дар он шаҳр ба маҳакамаи қазоӣ ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо дар робита бо иртикоби кӯдакони камтар аз дувоздаҳсола ба амали фаҳшо будааст”.
Қозӣ Ландасии амрикоӣ чунин тахмин мезанад, ки ҳайсияту номуси 45% аз духтарони мактабҳо ва омӯзишгоҳҳо пеш аз фориғуттаҳсил шудан олудаву доғдор мешавад ва ин нисбат дар марҳалаҳои олӣ, дабиристонҳо ва донишгоҳҳо ба маротиб бештар мешавад. Ин донишманд меафзояд, ки дар сатҳи роҳнамоиву дабиристонӣ донишомӯзи писар аз назари шиддату алангазании эҳсосоташ поёнтар аз эҳсосоти донишомӯзи духтар мебошад. Пас, ин духтарбача аст, ки ҳамеша пешқадам мебошаду дастур медиҳад ва писар низ ҷуз пайравию ба ҷо овардани амри ӯ кореро анҷом намедиҳад![21]
Ба ростӣ, бисёр таассуфангез ва дардовар аст, ки баъзе аз кишварҳои исломӣ шурӯъ ба дунболаравӣ аз барномаи омехтагии писарону духтарон дар мактабҳо намудаанд, ки дар воқеъ ин худ ҳаракате аст дар ҷиҳати фосид намудани ҷомеа ва заифу нотавон сохтани буняи наслҳо...
Асоси шашуми тақвият,
омӯхтани фарзҳову суннатҳои ғусл ба кӯдак
Бояд донист, аз вақте ки падару модар эҳсос мекунанд, ки фарзандонашон қатъи назар аз писару духтар наздик аст, ки ба синни булуғ бирасанд, бояд шурӯъ аз ҳамон вақт ба таври пайваста барои онҳо дарси аҳкоми фиқҳиро ташкил кунанд, то мутобиқи дастуроту раҳнамоиҳои шаръ, фарзу суннатҳои ҳадаси акбар (ҷанобат)-ро ба онон биомӯзанд ва дар бораи асбобу авомили ҷанобат, ҳамчунин роҷеъ ба моддаи моеъе, ки аз онон хориҷ мешавад аз назари чигунагии ранг ва ғайра, дар бораи одоби ғусли ҷанобат тавзеҳоти лозимро мутобиқи он чи дар китобҳои фиқҳӣ омадааст, бидиҳанд ва эшонро ба ин гуна умур ошно созанд. Зеро возеҳу равшан аст, агар падарон ба оромӣ бо фарзандони худ сӯҳбат кунанд ва ба тадриҷ эшонро дар ин умур раҳнамоӣ кунанд, беҳтар аз ин аст, ки дастҳои баду нопоке ба сӯи онон дароз шаванд, то ин ки эшонро сусту нотавон созанд ва заҳри кушандае дар ихтиёрашон бигзоранд.
Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд: “Касе, ки дар Ислом рушд кунад, дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ намояд ва нисбат ба ҷоҳилият шинохте надошта бошад, пайванди исломиро пора-пора мекунанд ва онро пароканда месозад”.
Бинобар ин, дозим аст падар барои писараш ва модар барои духтари худ матолиберо аз фиқҳи исломӣ роҷеъ ба ин моддаи моеъе, ки аз ҷисми инсон хориҷ мегардад, маълумот диҳад (ба ин маъно, ки аз китобҳои фиқҳӣ ва дар боби марбут дарси хусусӣ) ҷиҳати омӯзиши ин гуна масоил барои онон ташкил диҳанд, то бидонанд дар муқобили он моддаи хориҷшуда чӣ кор кунанд? Ҳукми шаръ дар бораи он чист? Ҳамчунин ба онон биомӯзанд, ки ҳангоми ворид шудан ба синни таклиф дар зиндагӣ анҷоми фароизу иҷтиноб аз навоҳии раббонӣ барои инсон оғоз мешавад. Ва бо расидан ба синни балоғат дар баробари гуфтору кирдор ва дар баробари гуноҳони сағираву кабирааш мавриди муҳосабаву бозхост қарор мегирад ва подош ё кайфари ҳар як аз онҳо барои ӯ забту сабт мегардад. Ду фаришта назоратгар ва омода барои дарёфту нигориши кирдору гуфтори ҳар инсон мебошанд ва бо камоли диққат вазифаи муҳими худро дар навиштани некиҳову бадиҳо анҷом медиҳанд.
Илова бар он, лозим аст, ки падару модар фарзандони худро ба таври ором ва қадам ба қадам барои пазириши пандҳову андарзҳо ва бедор сохтану раҳнамун кардани онон ба сӯи амали нек ва парҳез аз кори зишту номашрӯъ огоҳ созанд.
Асоси ҳафтуми тақвият,
шарҳу тафсири оғози сураи «Нур» барои кӯдаки
ба ҳадди булуғ расида ва ҳифзи он
Баъд аз ин ки кӯдак ба синни даҳсолагӣ расид, бояд ҷойхоби ӯ аз дигар бародарону хоҳаронаш ҷудо гардад, ба хотири ин ки дар ин синну сол аломатҳои масоили ҷинсӣ кам-кам ва оҳиста-оҳиста шурӯъ ба намоён шудан мекунанд...
Оре, бояд дар синни даҳсолагӣ иқдом ба қарор додани васоили ҳифзу нигоҳдории нафс ва ба эҷоди авомили устувор сохтани имон дар дилу замири кӯдак оғоз гардад, то ин ки ба ин васила қудрату тавоноии бархӯрдорӣ аз зери итоат қарор додани эҳсосоти ғаризӣ ва бар ҳифзу нигоҳдории нафси худ аз муртакиб шудан ба гуноҳони фоҳиша ва амалҳои бад ба даст оварад.
Пешиниёни некӯкори мо мусалмонон сураи «Нур» ва шарҳу тафсири онро ба фарзандони худ меомӯхтанд ва мекӯшиданд, то онро қабл аз расидан ба синни балоғат биомӯзанд, дастурамалҳояшро ҳифз кунанд, ба хусус духтаронашон (то ин ки онон нисбат ба масоили хонаводагӣ, ҳифзу ҳаросати номус ва шарофати инсонӣ огоҳии комил пайдо кунанд).
Ҷоҳиз баён намудааст, ки муаллимону мударрисон таваҷҷӯҳу инояти хоссе менамуданд ба ин ки духтарон сураи «Нур»-ро ҳифз намоянд (ва тибқи дастурамалҳои он рафтор кунанд).[22]
Умар ибни Хаттоб (р) ба сарзаминҳои исломӣ нома менавишт ва мегуфт: “Набояд зани мусалмон дохили ҳаммоми умумӣ шавад, магар дар мавридҳои ноилоҷӣ ва сураи «Нисо»-ро ба занонатон биомӯзед (ва эшонро аз аҳкому дастурамалҳои он огоҳ созед).[23]
Асоси ҳаштуми тақвият,
парҳез аз умури ҷинсии бепарда ва барҳазар доштани кӯдак аз амалҳои номашрӯъ
Гуфтем, ки кӯдак сураи «Нур»-ро биомӯзад ва онро ҳифз кунад, сурае, ки дар воқеъ шомили бинои ахлоқиву пояи таҳзиби ҷинсӣ аст барои кӯдак ва ӯро аз муртакиб шудан ба амали баду нописанди зино барҳазар медорад. Чун табиист, баъд аз ин ки кӯдак фарзҳои ғусл ва рафъи ҷанобатро омӯхт, мусалламан башиддат аз дучор шудан ба амали зишту нописанди зино парҳез мекунад.
Инак кайфияти иртикоб ба ин кори зишту нописанд барои ӯ тавсифу ташреҳ мегардад. Чунонки дар ривояте омадааст, ки Абуумома гуфт: “Ҷавоне аз Қурайш пеши Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Иҷозат бидиҳед, ки ман зино кунам!” (Ҳамин ки ӯ инчунин сухане гуфт) мардум бо хашму ғазаб бар ӯ ҳамлавар шуданд ва ӯро ронда, гуфтанд: “Аз ин амал барҳазар бош!” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Даст нигоҳ доред ва ӯро пеш биёред». Мардум ӯро пеши он ҳазрат (с) бурданд ва он ҳазрат (с) ӯро назди худ нишонида фармуданд: «Оё ту амали зиноро барои модарат дӯст медорӣ?». Он мард гуфт: «Не, фидоятон шавам, эй Расули Худо (с)! Валлоҳи, ҳаргиз онро барои ӯ дӯст намедорам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Мардум ҳам онро барои модаронашон дӯст намедоранд». Боз он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё онро барои духтари худ меписандӣ?». Он шахс гуфт: «Не, қурбонатон гардам, эй Расули Худо (с)! Қасам ба Худо! Онро барои ӯ намеписандам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Мардум низ онро барои духтарони худ намеписанданд». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё он амалро барои хоҳари худ меписандӣ?». Он мард гуфт: «Фидоятон шавам, не! Валлоҳи онро барои ӯ намеписандам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Мардум низ онро барои хоҳарони худ намеписанданд». Ва фармуданд: «Оё онро барои аммаат меписандӣ?». Он мард гуфт: «Не, қурбонатон шавам, валлоҳи онро намеписандам!» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Мардум низ онро барои аммаҳои хеш дӯст надоранд». Ва фармуданд: «Оё онро барои холаат меписандӣ?». Он мард гуфт: «Не, фидоятон шавам!» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Мардум ҳам онро барои холаҳои худ намеписанданд»…
Баъд аз ин пурсишҳову ҷавобҳо он ҳазрат (с) дасти хешро рӯи синаи он ҷавон гузошта, фармуданд:«Худоё, гуноҳашро бибахш, қалбашро (аз чунин афкори фосид) пок гардон, шармгоҳ ва обрӯи ӯро аз муртакиб шудан ба гуноҳ маҳфуз бидор!».[24]
Мегӯянд он ҷавон баъд аз ин раҳнамоиҳову дуои хайри Пайғамбари акрам (с) аз амали зино мутанаффир шуд ва ҳеҷ гоҳ дар мавриди амали ҳаром, бахусус нигаристан ба занони номаҳрам, намеандешид...
Илова бар ин, кӯдак ба ин воқеият пай мебарад, ки амали зино дар пай муҷозот ва иҷрои ҳадди шаръӣ дорад, чунонки аз Абуҳурайра (р) ва Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (р) ривоят шуда, ки гуфтаанд: “Ду нафар аъробӣ назди Расули Худо (с) омаданд ва яке аз он ду гуфт: “Писари ман муздури ин шахс мебошад ва бо зани ӯ муртакиби зино шудааст. Ман сад гӯсфанду як духтарбача ба унвони фидя ва товони писарам ба ӯ додам! Дар ин бора аз аҳли илм пурсидам, ба ман гуфтанд: “Муҷозоти писари ту сад зарба тозиёна ва як сол табъид мебошад ва муҷозоти зани ин шахс раҷм (сангсор) аст”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Қасам ба зоте, ки вуҷудам ба яди ӯст, мутобиқи китоби Худо (Қуръон) дар байни шумо қазоват мекунам! Додани духтарбачча ва сад гӯсфанд амри мардуду нодуруст аст ва муҷозоти писари ту сад зарба тозиёна ва як сол табъид мебошад. Эй Унайс[25]! Пеши зани ин шахс бирав (ва аз ӯ бипурс) агар ба он амал эътироф кунад, пас ӯро сангсор кун».[26] Унайс ҳам пеши он зан рафт ва ӯ ба он амал эътироф кард ва ба дастури Расули акрам (с) ӯро сангсор кард.
Асоси нуҳуми тақвият,
зуд издивоҷ кардан
Бояд гуфт, дар асри ҳозир ҳар қадар дар бораи айбу нуқсонҳои издивоҷи зуд гуфта шавад, боз шакке нест, ки хубиҳои он бартару беҳтар мебошад, ба хусус вақте ҳамроҳ бо таъмини заруриёти зиндагӣ бошад, хоҳ бар асари кӯмаки волидайн ва ё ба воситаи фаъолияту кӯшиши худи ҷавони издивоҷкунанда. Зеро тардиде нест, ки бештари бемориҳои равониву иҷтимоии мардум ва рӯйдодҳои ҷиноӣ натиҷаи бесабаб ба таъхир андохтани издивоҷ мебошад. Мо дар ин мавзӯъ зиёд вориди мубоҳиса намешавем ва ҳаргиз онро инкор намекунем, зеро барои мо кофӣ аст зикри намунаҳои зер аз зиндагии салафи солеҳ, ки Имом Абдурраззоқ (соли вафот 211 ҳиҷрӣ) онҳоро дар «Мусаннаф»-и худ дар боби никоҳи духтару писари ҷавон дар ҷилди шашум, саҳифаи 162, баён намудааст:
1. Урва (р) гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) Оиша (р)-ро дар синни шашсолагӣ (дар Макка) никоҳ карданд ва дар синни нӯҳсолагӣ (дар Мадина) ӯро ба хонаи он ҳазрат (с) бурданд. Вақте он ҳазрат (с) реҳлат фармуданд, ӯ ҳаждаҳсола буд”.[27]
2. Абуҷаъфар (р) мегӯяд: “Умар ибни Хаттоб (р) аз Алӣ ибни Абутолиб (р) духтараш Уммикулсумро хостгорӣ кард, дар ҳоле ки ӯ духтари камсинну сол буд...”
3. Дар робита бо далели издивоҷи Умар ибни Хаттоб (р) бо Уммикулсум, духтари Алӣ ибни Абутолиб (р) Икрима (р) гуфтааст: “Умар ибни Хаттоб (р) ҳангоме ки Уммикулсум, духтари Алӣ ибни Абутолиб (р)-ро ба ақди издивоҷи худ даровард, духтари хурд буд, ки бо дигар кӯдакони ҳамсоягони худ бозӣ мекард. Сипас Умар ибни Хаттоб (р) назди ёронаш омад ва онон ин издивоҷро ба ӯ табрик гуфтанд. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Ман аз рӯи нишоту шодобӣ бо ӯ издивоҷ накардаам, балки ба ин хотир бо ӯ издивоҷ кардам, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Дар рӯзи Қиёмат ҳар сабабу насабе мунқатеъ мегардад, ба ҷуз сабабу насаби ман».[28]Аз ин рӯ, ман низ дӯст доштам, ки дар миёни ману Пайғамбар (с) сабабу насабе бошад”.
4. Ҳасан, Зуҳрӣ ва Қатода (р) гуфтаанд: “Вақте падарон духтарони хурди худро шавҳар диҳанд ва ё барои писарони хурди худ зан бигиранд, ақди никоҳ ҷоиз мебошад”. Абдурраззоқ мегӯяд: “Мо ба ин ҳукм амал мекунем”.
5. Аз Зуҳрӣ (р) ривоят шуда, ки Урва ибни Зубайр духтари хурди Мусъабро барои писари хурди худ никоҳ кард.
6. Ибни Товус (р) аз падараш нақл намуда, ки гуфтааст: “Ҳар гоҳ ду падар, духтару писари хурди худро ба ақди никоҳи якдигар дароранд, вақте ки бузург шуданд, ихтиёри бекор кардани никоҳро доранд”.
7. Ҳишом ибни Урва (р) мегӯяд: “Падарам барои писари панҷсолааш духтари шашсолаеро никоҳ кард, баъдтар писараш мурд ва духтари дар никоҳи ӯ буда ҳудуди чор ҳазор динор мерос бурд”.
Як саволи фиқҳӣ! Аз назари шаръ духтари хурд дар чӣ синне издивоҷ кунад?
Имом Молик, Шофеъӣ ва Абуҳанифа гуфтаанд: “Ҳадди он синне аст, ки духтар қудрату омодагии ҳамбистариро дошта бошад ва ин амр ба хотири аз якдигар фарқ доштани духтарон гуногун аст ва ба синни хоссе маҳдуду мушаххас намешавад”. Ин қавл саҳеҳ аст.
Бояд донист, дар ҳадиси издивоҷи Оиша (р) на ҳадду марзи издивоҷи духтар мушаххас мешаваду на монеъ аз издивоҷи духтаре мегардад, ки камтар аз нӯҳ сол син дорад, аммо қудрату омодагии издивоҷро дорад. Ҳамчунин ин маъно ва мафҳуми онро надорад, ки агар духтаре ба синни нӯҳсолагӣ (ё болотар) расида, аммо қудрату омодагии издивоҷро надошта бошад, иҷозати издивоҷро дорад.
Аломатҳои булуғ
Аз дидгоҳи Ислом, зоҳир шудани ду аломат далолат бар болиғ гаштани кӯдак мекунад ва нишонаи ба ҳадди таклиф расидани ӯ мебошанд. Он ду аломат иборатанд аз эҳтилом ва рӯидани мӯи аврати зери ноф (мӯи зиҳор).
а) Эҳтилом: Далели аломати болиғ шудани кӯдак будани эҳтилом ояти Қуръон аст, чунончи омадааст:
﴿وَإِذَا بَلَغَ ٱلۡأَطۡفَٰلُ مِنكُمُ ٱلۡحُلُمَ فَلۡيَسۡتَٔۡذِنُواْ كَمَا ٱسۡتَٔۡذَنَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٩﴾ [النور : ٥٩]
«Ва чун тифлон аз шумо ба ҳадди булуғ расиданд, бояд иҷозат талаб кунанд, чунонки онон, ки пеш аз онҳо буданд, иҷозат металабиданд».[29]
Алӣ ибни Абутолиб (р) гуфтааст: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Баъд аз ин ки кӯдаки ятим эҳтилом шуд ва ба синни булуғ расид ва ё баъд аз сукути як шабурӯз аз изҳори эҳтилом шудан, дигар даврони ятимии ӯ поён меёбад».
б) Пайдоиши мӯи зиҳор: Аз Атияи Қуразӣ ривоят шуда, ки гуфт: “Дар рӯзи Қурайза моро ба хидмати Пайғамбар (с) овар-данд ва ҳар кас аз мо ба (василаи рӯидани мӯи зиҳор) ба ҳадди булуғ расида буд, кушта шуд ва ҳар кас болиғ нашуда буд, ба ҳоли худ гузорида, раҳо гардид. Ва ман аз ҷумлаи касоне будам, ки ба синни булуғ нарасида буданд, лизо маро раҳо карданд”.[30]
Ин ҳадис ба ривояти Насоӣ ба ин ибора омадааст: «Пас касе, ки ба василаи эҳтилом ва ё рӯидани мӯи зиҳор ба синни булуғ расида буд, кушта шуд ва касе, ки чунон набуд, ба ҳоли худ раҳо гардид».[31]
Паёмбари Худо (с) дар мавриди кӯдаконе, ки ба балоғат расидаанд, мефармоянд: «Ҳар гоҳ кӯдак ба синни понздаҳсолагӣ расид, қонунҳои исломӣ бар ӯ иҷро мешаванд».[32]
[1]. Яъне: ғуломону канизон.
[2]. Сураи Нур, 24: 58-59.
[3]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад».
[4]. Яъне: мавзеъҳои зевар.
[5]. Яъне: рӯйу ду каф.
[6]. Яъне: ғуломон.
[7]. Ҳосили ин оят он аст, ки мавзеъҳои зинат ду қисм аст: он чи дар сатри он душворӣ аст ва он рӯю ду каф аст ва он чи дар сатри он душворӣ нест, монанди сару гардану бозуву оринҷу соиду соқ.
[8]. Сураи Нур, 24: 31.
[9]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф». – Ҷ. 5.. – С. 67 ва Ҳабибурраҳмони Аъзамӣ ба унвони поварақе гуфтааст: Бухорӣ ин ҳадисро бидуни ҷумлаи ва ман кӯдаки хурдсол будам» ривоят намудааст.
[10]. Ба ривояти Бухорӣ, Тирмизӣ ва Абудовуд аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р).
[11]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Фазл ибни Аббос (р).
[12]. Ба ривояти Занҷавия аз Ибни Аббос (р).
[13]. Ба ривояти Ибни Ҷарир дар «Таҳзибу-л-осор».
[14]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ.4.. – С. 343 ва ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.
[15]. Сураи Нур, 24: 30.
[16]. Ба ривояти Абудовуд.
[17]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ.1.. – С. 201 ва ба ривояти Дорақутнӣ.
[18]. Нақл аз китоби Ҳуҷҷатул-лоҳил-болиға». – Ҷ. 1.. – С. 186.
[19]. Сураи Наҷм, 53: 3-4.
[20]. Сураи Қоф, 50: 37.
[21]. Нақл аз китоби Ал-Маръатул-муслима».. – С. 243.
[22]. Нақл аз «Ал-Баёну ват-табйин». – Ҷ. 2.. – С. 92.
[23]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф». – Ҷ. 1.. – С. 295.
[24]. Ба ривояти Аҳмад ва Табаронӣ аз Абуумома (р).
[25]. Унайс исми марде аст аз Салам.
[26]. Нақл аз «Саҳеҳайн» аз Абуҳурайра (р) ва Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (р).
[27]. Муҳаққиқ Ҳабибурраҳмони Аъзамӣ гуфтааст: Муслим низ ин ҳадисро бо изофоте ривоят намудааст.
[28]. Ба ривояти Табаронӣ, Ҳоким ва Байҳақӣ аз Умар (р) ва Табаронӣ онро дар «Ал-Кабир» аз Ибни Аббос (р) ривоят намудааст.
[29]. Сураи Нур, 24: 59.
[30]. Барои иттилои бештар ба қазияи Явми Қурайза» метавон ба поварақи Тоҷу-л-усул». – Ҷ. 2.. – С. 268 муроҷиат кард.
[31]. Ба ривояти Насоӣ ва Аҳмад.
[32]. Ба ривояти Байҳақӣ дар «ал-Хилофиёт» аз Анас (р).