Чигуна ба сӯи калимаи "Ло илоҳа илло Аллоҳ" даъват намоем?

[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]

Мусъабӣ Ҳамза

2013 - 1435

كيف ندعو إلى شهادة "لا إله إلا الله"

«باللغة الطاجيكية»

مصعب حمزة

2013 - 1435

Чигуна ба сӯи калимаи “Ло илоҳа илло Аллоҳ" даъват намоем?

Вақтоки Худованд ва паёмбараш моро ба даъват кардан ба сӯи Худованд амр намудаанд, инчунин чигуна даъват карданро низ бароямон шарҳ додаанд.

Худованд моро роҳнамои карда мефармояд:

﴿قُلۡ هَٰذِهِۦ سَبِيلِيٓ أَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا۠ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِيۖ وَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٠٨﴾ [يوسف: ١٠٧]

(Ба онҳо) «Бигӯ: ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем. Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!»

Сураи Юсуф 108

Паёмбари Худо (с) низ дар бисёри аз аҳодисаш бароямон роҳи даъватро шарҳ додааст, ки яке аз ҳадисҳои машҳураш дар ин мавзӯъ бо номи "Ҳадиси Маъоз" машҳур аст.

عن ابن عباس رضى الله عنهما, أن رسول الله صلى الله عليه وسلم لما بعث معاذا إلى اليمن قال: [إنك تأتي قوما من أهل الكتاب, فليكن أول ما تدعوهم إليه شهادة أن لا إله الا الله - وفى رواية: إلى أن يوحدوا الله -, فإن هم أطاعوك لذلك فأعلمهم أن الله افترض عليهم خمس صلوات في كل يوم وليلة, فإن هم أطاعوك لذلك فأعلمهم أن الله افترض عليهم صدقة تؤخذ من أغنيائهم وترد على فقرائهم, فإن هم أطاعوك لذلك, فإياك وكرائم أموالهم, واتق دعوة المظلوم, فإنه ليس بينها وبين الله حجاب]. رواه البخاري و مسلم

Аз ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки вақте Расули Худо (с) Маъоз ибни Ҷабалро ба ҳайси ҳоким бар Яман фиристод, ба ӯ чунин фармуд: “Эй Маъоз! Ту ба назди қавме мерави, ки аз аҳли китоб ҳастанд (Аҳли китоб яҳудиҳо ва насрониҳоро мегуянд) Аввалин чизе ки онҳоро даъват менамои, даъват ба сӯи шаҳодат додан бар "Ло илоҳа илло Аллоҳ бошад" (даъват бар инки Худоро ягона бишносанд) “Дар ривояти дигар лафзи ҳадис ингуна аст:" Онҳоро даъват кунед то бар ягонагии Худованд иқрор варзанд. Агар онҳо дар иқрор бар ягонагии Худованд аз шумо итоъат карданд, пас ба онҳо бигуед, ки Худованд дар як шабонарӯз (24 соат) бар шумо панҷ намоз фарз гардонидааст. Агар онҳо ин амрро низ пазируфтанд, Сипас ба онҳо бигуед, ки Худованд бар шумо садақаро (закотро) фарз гардонидааст, ки аз ағниёи (бойҳо) онҳо гирифта шуда бар фақирони онҳо (эҳтиёҷмандон) дода мешавад. Агар онҳо барои додани закот омодагии худро эълон карданд , дар ин ҳолат бар молҳои хубу беҳтарини онҳо дастдарози накунед. Ва аз дуъои мазлумону ситамдидагон битарсед, ки байни фарёди (дуъои) онҳо ва парвардигорашон пардае нест." (Яъне Худованд дуъои мазлумро қабул мекунад)

Бухорӣ ва Муслим

ولهما (البخاري و مسلم) عن سهل بن سعد رضي الله عنه: أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال يوم خيبر: [لأعطين الراية غدا رجلا يحب الله ورسوله ويحبه الله ورسوله يفتح الله على يديه, فبات الناس يدوكون ليلتهم أيهم يعطاها, فلما أصبحوا غدوا على رسول الله صلى الله عليه وسلم كلهم يرجو أن يعطاها, فقال: أين علي بن أبي طالب؟ فقيل: هو يشتكي عينيه, قال فأرسلوا إليه, فأتي به, فبصق في عينيه, ودعا له, فبرأ كأن لم يكن به وجع, فأعطاه الراية, قال: أنفذ على رسلك حتى تنزل بساحتهم, ثم ادعهم إلى الإسلام, وأخبرهم بما يجب عليهم من حق الله تعالى فيه, فو الله لأن يهدي الله بك رجلا واحدا خير لك من حمر النعم]. البخاري و مسلم

Дар ҳадиси дигаре, ки имом Бухорӣ ва имом Муслим аз Саҳл ибни Саъд (р.з) ривоят кардаанд, ки Расули Худо (с) рӯзи ғазваи Хайбар (ҷанги Хайбар) фармуданд: “Фардо парчамро ба шахсе хоҳам дод ки Худо ва расулашро дӯст медорад ва Худо ва расулаш ҳам ӯро дӯст медоранд. Ва Худованд ба дасти ӯ Хайбарро фатҳ хоҳад кард. Тамоми шаб саҳобагони гироми (р.з) бар ин масъала ибрози назар мекарданд, ки фардо парчам ба ки дода хоҳад шуд. Бомдоди рӯзи дигар ҳама саҳобагон (р.з) ба назди Паёмбар (с) ҳозир шуданд. Ҳар якеро орзуи он буд, ки парчам ба ӯ дода шавад. Паёмбар (с) пурсиданд: Али ибни Абутолиб (р.з) куҷост? Гуфта шуд, ки: Ӯ аз дарди чашм шикоят дорад. Паёмбар (с) дунболи ӯ нафареро фиристод то биёяд. Ҳангоме, ки Али (р.з) ба назди Паёмбар (с) ҳозир шуд, Паёмбар (с) луъоби даҳони муборакашро ба чашми Али (р.з) андохт ва барояш дуъо кард. Али (р.з) онгуна шифо ёфт, ки гуё аслан чашмаш дард намекард. Сипас Паёмбар (с) парчамро ба Али (р.з) супурд ва ӯро иршод намуд, ки бо ороми ва вақори комил ҳамроҳи муҷоҳидон ҳаракат кун ва ҳарвақт ки ба назди соҳаи Хайбар расиди таваққуф кун. Пеш аз ҳама онҳоро ба дини ислом фаро хон ва ҳаққи Худоро, ки бар онҳо аст барояшон баён кун. Қасам ба Худо агар шахсе ба воситаи ту мусулмон шавад, ин бароят беҳтар аст аз соҳиб шуданат бар шутурҳои сурхмуй (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд).

Бухорӣ ва Муслим

Оят ва аҳодиси гузашта барои мо муҳимтарин роҳҳои даъватро баён намудааст.

Азҷумлаи бардоштҳо ин аст, ки шахси даъваткунанда дорои сифатҳои хоссе бошад. Ва аз ҷумлаи он сифатҳо: илм дошта бошад, амалашро холис барои Худованд анҷом диҳад, дар роҳи даъват бо мушкилиҳо рубару мешавад, ки эҳтиёҷ ба сабру шикебои дорад, зеро ҳастанд касоне ки бе илм даъват мекунанд ва зарари онҳо бар дин мерасад. Ва касоне ҳастанд, ки холисона барои Худованд даъват намекунанд, балки барои шаъну шарафи худ даъват мекунанд то инки мардум онҳоро олим ва доъиёни роҳи Худо гӯянд, ва касоне ҳастанд, дар роҳи даъват сабр карда наметавонанд.

Инчунин вақте ба даъват машғул мешавад бояд аз ҳоли даъватшавандагон бохабар бошад: Оё даъватшавандагон мусулмонанд, ё кофиранд, ё аҳли китобанд, ё бутпарастанд, ё мулҳиданд, ё дар кадом ҳолати дини қарор доранд? То инки мувофиқи ҳолати онҳо даъваташро ба роҳ монад.

Чигунае ки дар ҳадис зикр шуд. Паёмбар (с) ба сӯи Маъоз (р.з) хитоб намуда гуфт: Ту ба назди қавме мерави, ки аз аҳли китоб ҳастанд (Аҳли китоб яҳудиҳо ва насрониҳоро мегуянд).

Баъд азон барояш баён кард, ки муҳимтарин чизе ки онҳоро ба сӯяш даъват мекуни, ин аст ки шоҳиди диҳанд, ки Худованд ягона аст.

Аз ин фаҳмида мешавад, ки агар шахс ба ягонагии Худо имон надошта бошад, намоз хондану закот додану дигар ибодатҳо фоидае надоранд.

Ва ҳамигуна бо тартиб амрҳои муҳимро паёмбар (с) ки мувофиқи ҳолати аҳли Яман буд зикр кард.

Баъд аз он мавзӯъи муҳимми дигареро зикр кард, ки дуъои мазлум ва ситамдида мебошад.

Худованд дуъои мазлумро иҷобат мекунад ва дер ё зуд ҷазои золимро медиҳад.

Аммо дар ҳадиси дувум Паёмбар (с) баъди баён кардани тартиби даъват муҳимтарин чизеро зикр намуд, ки алоқаманд ба даъваткунанда аст.

Ва он аҷру савобе аст ки даъваткунанда ба сабаби даъваташ ба даст меорад.

Бубинед Паёмбар (с) чи мегуяд: “Қасам ба Худо агар шахсе ба воситаи ту мусулмон шавад, ин бароят беҳтар аст аз соҳиб шуданат бар шутурҳои сурхмуй" (шутури сурхмуй аз боарзиштарин молу матоъи арабҳо буд)

Пас аҷру савобе ки даъваткунанда мегирад беҳтару болотар аст аз беҳтарин молу матоъи дунё. (дар он вақт беҳтарин молу матоъ шутури сурхмуй буд, аммо ҳоло....).