ҲУКМИ ПОЙБАНД БУДАН БА МАЗҲАБЕ
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ҲУКМИ ПОЙБАНД БУДАН БА МАЗҲАБЕ
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Имом Абдулазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ)
Тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
Сомонаи Боғи Накӯкорон
2013 - 1435
حكم تقليد مذهب معين
«باللغة الطاجيكية»
الشيخ عبد العزيز بن باز
ترجمة: محمد عزيز رجب
موقع رياض الصالحين
2013 - 1435
ҲУКМИ ПОЙБАНД БУДАН БА МАЗҲАБЕ
Савол: Оё ҳатмист, ки инсон ба мазҳаби муъайяне пайрав бошад?
Ва китобе ҳаст бо номи (Бемазҳабӣ хатарноктарин бидъатест бар шариъати исломӣ), ва оё бемазҳабӣ бидъат аст?
Ва китоби дигаре ҳаст бо номи (Салафият як марҳалаи замонии мубораке ҳаст, лекин мазҳаби исломӣ нест).
Дар ин маврид чӣ назар доред?
Ва ҷазокумуллоҳу хайран!
Ва он ду китобе ки зикр кардам, аз як донишманди маъруф аст.
Ҷавоб: Мазҳабият (яъне пойбанди мазҳаб будан) ҳатмӣ нест. Ва ҳар шахсе, ки пойбандии мардумро бар мазҳабе ҳатмӣ мегӯяд, суханаш саҳеҳ нест. Ин мазҳабҳо навпайдо ҳастанд, ки баъди Саҳоба ва Тобиъин пайдо шудаанд, ва барои ҳеҷ касе ҳатмӣ нестанд. Балки сухани олимоне ҳастанд, ки шуҳрат ёфтаанд ва ақволашон ҷамъоварӣ карда шудааст. Пас, ин мазоҳиб машҳур шудааст, мисли Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) ва Молик (раҳимаҳуллоҳ) ва Шофеъӣ (раҳимаҳуллоҳ) ва АбуҲанифа (раҳимаҳуллоҳ), ки аҳли илм ҳастанд ба монанди Суфёни Саврӣ, ва Авзоъӣ, Исҳоқ ибни Роҳавайҳ. Ва ҳамчуноне, ки пайравӣ аз суханони Саврӣ ё ки ибни Уяйна ва ё Исҳоқу Авзоъӣ ҳатмӣ нест, ҳамчунин пайравӣ аз ақволи Аҳмад ва ё Молику Шофеъӣ ва Абуҳанифа ҳатмӣ нест, балки дар масоили хилофӣ мебинем, ки ҳар сухани онҳо бо ҳақ мувофиқ буд қабул мекунем ва ҳар суханашон, ки мухолифи ҳақ аст тарк хоҳем кард.
Ва ҳар ончӣ, ки уламо бар он иҷмоъ кардаанд, воҷиб аст, ки қабул карда шавад, ва узре дар мухолифат бо он нест… ва ҳар ончӣ, ки дар он ихтилоф карданд, воҷиб аст ки ба Қуръону Суннат бозгардонида шавад. Чӣ тавре, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
“Ҳар гоҳ, ки дар чизе танозуъ (кашмакаш ва ихтилоф) кардед, пас онро ба Аллоҳ ва паёмбараш гузоред".
Пас ҳарчӣ, ки бо Қуръону Суннат мувофиқат кард, қабул мекунем, ва ҳарчӣ ки мухолифат кард тарк мекунем.
Ва аммо “Бемазҳабӣ" – агар ба маънои он бошад, ки мазҳаб воҷиб нест ва ҳатмӣ нест, пас саҳеҳ аст. Ва аммо агар ба маънои он бошад, ки ба мазҳабе таъаллуқ доштан ҷоиз нест, пас нодуруст гуфтааст.
Ҷоиз аст, ки инсон ба шофеъӣ, ё ҳанбалӣ, ва ё моликӣ ва ё ҳанафӣ вобаста бошад. Зеро ки ӯ, бар он мазҳабе ба воя расидааст ва назди уламои он таълим гирифтааст…
Пас боке нест, ки ба мазҳабе вобаста бошад. Вобастагӣ зараре надорад. Вале муҳим он аст, ки тақлид ва таъассуб нанамояд. Ҳар гоҳ, ки (барояш) ҳақ равшан шуд аз он пайравӣ кунад, ҳарчанд ки дар ғайри мазҳаби худи ӯ бошад. Пас таъассубу тақлиди кӯр-кӯрона ҷоиз нест.
Инак, ҳар касе “мазҳабият нест" гуфта бошад ва қасдаш ин бошад, ки “Таъассуб ва тақлид нест", пас дуруст гуфтааст. Аммо, агар қасдаш ин бошад, ки ба ин мазҳабҳо вобаста будан ҷоиз нест, пас ин мухолифи ақволи аҳли илм аст ва ҳеҷ ваҷҳе аз сиҳҳат надорад.
Мункар он аст, ки ба фалониву фалонӣ (Зайд ва ё Амр) таъассуб варзида шавад, ҳатто агар иштибоҳ ҳам кардааст. Ва тақлиди кӯр-кӯронае, ки тафаккур ва андеша дар далелро ҳамроҳ надорад, ин аст мамнӯъ. Аммо инки ба мазҳабе вобаста бошад, ва лекин дар ончӣ ки мухолифи ҳақ аст, хилофи мазҳаби хеш будаву ҳақро аз ҳар каси дигар бипазирад, ин дуруст аст.
Ва аммо салафийят – маънояш ин аст, ки роҳи гузаштагонро паймояд, дар имон ба ному сифатҳои Аллоҳ ва қабул кардани он ҳамчуноне ки ба мо расидааст, бидуни таҳриф ва таътил ва такйифу тамсил, ва пойбанд будан ба далелу бурҳон, ва адами тақлиду таъассуб, аст мурод аз салафийят. Салафийят роҳи Паёмбар ва роҳи саҳобагони ӯст (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).
Салафийят – тариқаи муҳаммадӣ ҳаст, ҳар гоҳ ки аҳли ин тариқа соҳиби илму басират бошанд! Зеро, гоҳо мешавад инсони ҷоҳиле низ даъвои салафийятро мекунад, пас донистан ва маърифати суннат эътибор дорад (ва инҷо суннат ба маънои роҳу равиши Паёмбар ва ёронаш аст дар эътиқод ва ибодот ва сулук – М. Раҷабӣ).
Салафӣ – оне ҳаст, ки тақлид ва пайравӣ мекунад аз ончӣ Паёмбар ва ёронаш бар он будаанд (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Салафӣ ҳамоне ҳаст, ки алоқаманд бошад ва аҳамият диҳад ба ончӣ, ки салафи солеҳ бар он будаанд ва бар наҳҷу равиши эшон роҳ паймояд, ва пайравӣ далелу бурҳон бошад…
Ва дар исботи номҳо ва сифатҳои Аллоҳ таъоло аз салафи солеҳ пайравӣ менамояд. Ва мегӯяд, ки Қуръон сухани Аллоҳ таъолосту махлуқ нест, ва мегӯяд, ки Аллоҳ таъоло дар Рӯзи Қиёмат дида мешавад ва дар Ҷаннат муъминон Ӯро хоҳанд дид. Ин ҳама ҳақ аст ва ин ҳама аз гуфтаҳои салафи солеҳ мебошад. Ва қавли Паёмбар ва ёронаш аст.
Салафӣ оне ҳаст, ки ба салафи солеҳ худро нисбат медиҳад, ки он салафи солеҳ ёрони Паёмбар ва тобиъин мебошанд.
Ва агар ҳақиқати ин даъвои хешро ва чӣ будани салафиятро дарк намояд ва пойбанди роҳи он ниёкони некӯкор бошад, пас ӯ содиқ аст. Ва аммо агар онро бо забон гуфтаву дар амал (дар эътиқоду ибодот ва сулуки хеш) татбиқ накард, дурӯғгуй аст. Пас садоқат зарур ва ҳатмист!
http://www.binbaz.org.sa/mat/10635
Имом Абдулазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ)
Мутарҷим: Муҳаммадазиз Раҷабӣ