×
Дар ин китоб муаллиф воҷиб будани ҳаҷ ва чигуна ба ҷой овардан, ва фазилатҳои ҳаҷро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

    Аҳодиси набави дар мавзуи њаљ аз китоби "Боѓи накўкорон"

    الأحاديث النبوية في موضوع الحج من كتاب

    " رياض الصالحين"

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи : Мусаби Ҳамза

    2009 - 1430

    الأحاديث النبوية في موضوع الحج من كتاب

    " رياض الصالحين"

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : مصعب حمزة

    2009 - 1430

    Китоби њаљ

    Боби 233. Вуљуби њаљ

    Худованд мефармояд: Ва њаќи Худост бар мардум њаљљи хонаи Каъба, њар кї тавоної ба сўи онро дорад ва аз љињати асбоби роњ. Ва њар кї кофар шавад, пас Худованд бениёз аст аз оламиён. (Оли Имрон: 97)

    1271 – Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Ислом бар панљ бино устувор аст: Гувоњї додан ба ин, ки маъбуди барњаќе љуз Аллоњ таъоло нест ва ин, ки Муњаммад (с) Расул ва фиристодаи Худост ва барпо доштани намоз ва додани закон ва њаљљи хона ва рўзаи рамазон.

    1272 – Аз Абуњурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт: Расули Худо (с) барои мо хутба Хонда ва фармуд: Эй мардум! Њамоно Худованд њаљро бар шумо фарз гардонида, пас њаљ кунед. Марде гуфт: оё њар сол, эй Расули Худо? Он њазрат (с) сукут фармуд, то ин ки ў се бор онро такрор намуд. Расули Худо (с) фармуд: Агар бале мегуфтам, вољиб мешу два онро анљом дода наметавонистед. Баъд фармуд: Маро дар бораи он чї аз шумо тарк намудам, тарк кунед ва бигзоред. Зеро касоне ки пеш аз шумо буданд ба воситаи саволи зиёд ва ихтилофашон бар паёмбарашон њалок шуданд, пас њар гоњ шуморо ба чизе амр кардам, он чиро ки аз он битвонед, анљом дињед ва чун шуморо аз коре манъ кардам, онро тарк кунед.

    1273 – Ва низ аз Абуњурайра (р) ривоят аст, ки аз паёмбар (с) пурсида шуд, кадом амал бењтар аст? Фармуд: имон ба Худо ва расулаш. Гуфта шуд: Боз кадом? Фармуд: Љињод фисабилиллоњ. Гуфта шуд: Боз кадом? Фармуд: Њаљљи маќбул.

    1274 – Њамчунон аз Абуњурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: Касе ки њаљ куна два фањшгўї накарда ва фисќ нанамояд, монанди рўзе, ки модараш ўро зоида буд, (бегуноњ) боз мегардад.

    1275 – Ва низ аз Абуњурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: умра то умра мањвкунанда аст, барои он чи ки дар миёни онњоят (аз гуноњ) ва њаљљи маќбул мукофоте љуз бињишт надорад.

    1276 – Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки гуфт: Гуфтам: Ё Расулуллоњ (с) мо љињодро бењтарин аъмол мебинем, пас оё љињод накунем? Фармуд: Лекин бењтарини љињод њаљљи маќбул аст.

    1277 – Њамчунон аз Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Њељ рўзе нест, ки дар он Худованд бандаеро аз љањаннам озод кунад, беш аз рўзи Арафа.

    1278 – Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки паёмбар (с) фармуд: (Савоби) умра дар рамазон бо (савоби) њаљ баробар аст ё бо њаљље, ки њамроњи ман гузорида шавад, баробарї мекунад.

    1279 – Њамчунон аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки зане гуфт: ё Расулуллоњ! Њамоно фаризаи Худо бар бандагонаш дар њаљ падарамро, дар њоле дарёфта, ки пирамарди калонсол аст ва худро наметавонад бар пушти шутур (маркаб) нигањ дорад. Оё аз љояш њаљ кунам? Фармуд: Бале.

    1280 – Аз Лаќит ибни Омир (р) ривоят шуда, ки ў хидмати паёмбар (с) омада гуфт: Падарам марди калонсол аст, ки тавони њаљљу умра аз сафар барои адом он дуро надорад. Фармуд: Аз љои падарат њаљ кун ва умра намо.

    1281 – Аз Соиб ибни Язид (р) ривоят аст, ки гуфт: дар Њаљљату-л-видоъ (хонаводаам) маро њамроњи Расули Худо (с) ба њаљ бурданд дар њоле, ки писари њафтсола Будам.

    1282 – Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки паёмбар (с) гурўњеро дар Равњо (номи мавзеъест дар сию шаш мили Мадинаи мунаварра) мулоќот намуда ва фармуд: Аз кадом мардум њастед? Гуфтанд: аз мусалмонон. Гуфтанд: Ту кистї? Фармуд: Расули Худо (с) мебошам, сипас зане бачаеро боло намуда ва гуфт: оё барои ин њаљ аст? Фармуд: Бале ва барои ту њам савоб аст (Ниг. Ба њадиси 664).

    1283 – Аз Анас (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) бар шутуре њаљ намуд ва ин шутур боркаши матоъу ашёаш њам буд.

    1284 – Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфт: Уккоз, Миљанна ва Зулмаљоз бозорњое буданд дар љоњилият ва тарсиданд, ки агар дар мавсимњои њаљ тиљорат кунанд, гунањкор шаванд. Аз ин рў, оятњои зерин нозил шуд: «Лайса ъалайкум љуноњун ан табтаѓў фазлан мин раббикум». Яъне, гуноње нест бар шумо, ки дар њангоми њаљ касби маош намуда, аз фазли Худованд рўзї талабед.

    ***

    Боѓи накўкорон с.917-922