×
Хонавода хишти аввали ҷомеъа ҳаст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад, ва агар фосид шавад, тамоми ҷомеъа фосид мешавад. Барои ҳамин ҳам Ислом таваҷҷуҳи зиёде ба хонавода карда аст ва бар зану мард чизҳоеро воҷиб намудааст, ки саломат ва саодати онҳоро таъмин мекунад. Бинобар ин Ислом хонаводаро ҳамчун муассисае медонад, ки ду нафар (зан ва мард) дар он шарокат доранд ва мард масъулияти онро бар уҳда дорад:

    Одоби оиладорӣ

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    Сомонаи Боғи Накӯкорон

    2013 - 1435

    الآداب الأسرية

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجب

    موقع رياض الصالحين

    2013 - 1435

    Одоби оиладорӣ

    Вазоифи зан ва шавҳар нисбат ба якдигар

    Хонавода хишти аввали ҷомеъа ҳаст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад, ва агар фосид шавад, тамоми ҷомеъа фосид мешавад.

    Барои ҳамин ҳам Ислом таваҷҷуҳи зиёде ба хонавода карда аст ва бар зану мард чизҳоеро воҷиб намудааст, ки саломат ва саодати онҳоро таъмин мекунад. Бинобар ин Ислом хонаводаро ҳамчун муассисае медонад, ки ду нафар (зан ва мард) дар он шарокат доранд ва мард масъулияти онро бар уҳда дорад:

    ﴿ٱلرِّجَالُ قَوَّٰمُونَ عَلَى ٱلنِّسَآءِ بِمَا فَضَّلَ ٱللَّهُ بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ وَبِمَآ أَنفَقُواْ مِنۡ أَمۡوَٰلِهِمۡۚ فَٱلصَّٰلِحَٰتُ قَٰنِتَٰتٌ حَٰفِظَٰتٞ لِّلۡغَيۡبِ بِمَا حَفِظَ ٱللَّهُۚ ٣٤﴾ [النساء : ٣٤]

    “Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кучаки хонавода ҳаққи раҳбарӣ доранд ва нигаҳдориву риъояти занон бар уҳдаи эшон аст) бадон хотир, ки Худованд (барои низоми ҷомеъа, мардонро бар занон дар бархе аз сифот бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст (ва маъмулан мардон ранҷ мекашанд ва пул ба даст меоваранд) ва аз амволи худ (барои хонавода) харҷ мекунанд. Пас занони солиҳа ононе ҳастанд, ки фармонбардори (авомири Аллоҳ ва мутиъи дастури шавҳарони худ буда) асрори заношуиро нигоҳ медоранд чунки Худованд ба ҳифзи онҳо дастур додааст”.

    Сураи Нисо, 34

    Ислом барои ҳар як аз зану мард ҳуқуқеро воҷиб кардааст, ки бо риояти онҳо истиқрор ва пойдории ин муассиса (оила), тазмин мешавад ва ҳар як аз зану шавҳарро ташвиқ кардааст, ки вазифаҳои худро анҷом диҳанд ва аз кӯтоҳиҳои якдигар чашмпӯшӣ кунанд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةًۚ ٢١﴾ [الروم: ٢١]

    “Ва яке аз нишонаҳои (далолаткунанда бар қудрат ва азамати) Аллоҳ ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсаронеро барои шумо офарид, то дар канори онон биёромед ва дар миёни шумо ва эшон муҳаббат ва меҳрубонӣ қарор дод”.

    Сураи Рум, 21

    Муҳаббат ва раҳмате, ки байни зан ва шавҳар вуҷуд дорад, байни ҳеҷ ду нафари дигаре дида намешавад. Худованди Субҳон дӯст медорад, ки ин муҳаббат ва меҳрубонӣ байни занону шавҳарон тадовум пайдо кунад (давом ёбад). Бинобар ин ҳуқуқеро барои завҷайн муайян кардааст, ки риояи онҳо боиси давом ёфтани он муҳаббат ва меҳрубониҳо мегардад:

    ﴿وَلَهُنَّ مِثۡلُ ٱلَّذِي عَلَيۡهِنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ ٢٢٨﴾ [البقرة: ٢٢٨]

    “Ва барои занон (ҳуқуқ ва воҷиботе ҳаст, ки бояд шавҳарон адо бикунанд) ҳамон гуна, ки бар шавҳарон аст, ки бояд занон ба шоистагӣ адо кунанд”.

    Сураи Бақара, 228

    Ин каломи Аллоҳ, бо вуҷуди ихтисоре, ки дорад дарбаргирандаи мафоҳиме аст, ки баёни онҳо ниёз ба навиштани китоби бузурге дорад. Ин оят равшанкунандаи ин масъала аст, ки зан дар тамоми ҳуқуқ бо мард баробар аст илло дар як маврид, ки Худованд онро баён кардааст:

    ﴿وَلِلرِّجَالِ عَلَيۡهِنَّ دَرَجَةٞۗ ٢٢٨﴾ [البقرة: ٢٢٨]

    “Ва мардонро бар занон бартарӣ аст”.

    Сураи Бақара, 228

    Ин ҷумлаи дар боло зикршуда мизоне ба мард медиҳад то бо он рафторашро бо ҳамсараш дар тамоми шуун ва аҳволи зиндагӣ бисанҷад, пас агар аз ӯ (зан) хост, ки кореро анҷом диҳад ба ёд оварад, ки ӯ низ дар муқобили ҳамсараш вазоифе бар уҳда дорад.

    Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯянд: «Ман худамро барои ҳамсарам меороям, ҳамчунон, ки ӯ худашро барои ман зиннат медиҳад».

    Ибни Ҷарири Табарӣ 2/453

    Ва Паёмбар Муҳаммади Мустафо (алайҳис-салом) мефармоянд:

    (ألا إن لكم علي نسائكم حقا ولنسائكم عليكم حقا).

    «Огоҳ бошед! Ҳамсаронатон бар шумо ҳақе доранд ҳамчунон, ки шумо бар онон ҳақе доред».

    (Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ/1501 ва Тирмизӣ/2/315/1173).

    Мусалмони фаҳмида ва воқеъӣ ба ҳуқуқе ки ҳамсараш бар ӯ дорад эътироф мекунад. Ҳамеша талош мекунад, ки ҳаққи ҳамсарашро адо кунад, бидуни таваҷҷӯҳ ба ин, ки оё ҳаққи худашро дарёфт кардааст ё не. Чунки Исломи азиз бар тадовум ва пойдории муҳаббату меҳрубонӣ байни зану шавҳар ва фурсат надодан ба шайтон барои пошидани тухми ихтилоф байни онон ҳарис аст.

    Акнун ҳуқуқи зан бар мардро баён мекунем ва пас аз он ҳуқуқи мард бар занро зикр мекунем, ба умеди ин, ки завҷайн аз он дарс бигиранд ва ҳамдигарро ба ҳаққ ва сабр васият кунанд.

    (إن لنسائكم عليكم حقا)

    Ба ростӣ, занони шумо бар шумо ҳақе доранд.

    Ҳуқуқи занон бар мардон иборатанд аз:

    1. Мард бояд бо ҳамсараш бо хубӣ муошират кунад.

    ﴿وَعَاشِرُوهُنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ ١٩﴾ [النساء : ١٩]

    «Ва бо онон (занон) бо хубӣ муошират кунед».

    Сураи Нисо, 19

    Ва ақалли муоширати хуб ин аст, ки агар ғизое хӯрд ба ӯ низ ғизо бидиҳад. Ва агар барои худ либосе харид, барои ӯ низ либосе бихарад ва агар зан нофармонии ӯро кунад, ба равише, ки Худованд барои таъдиби занон муқаррар кардааст, ӯро адаб диҳад. Ба ин тартиб, ки нахуст ӯро ба равише неку, бидуни фаҳшу дашном ва ҳарфи зишт насиҳат кунад, агар (ба ин тариқ) аз ӯ итоат кунад хуб аст, дар ғайри ин сурат бистари хоби худро аз ӯ ҷудо кунад, агар дар ин ҳолат аз ӯ итоат кард хуб, дар ғайри ин сурат ӯро бизанад. Вале бояд аз задан бар сару рӯй ва зарбаи сахт худдорӣ намояд (зеро, ки ғарази аслӣ аз задан ин танбеҳ додан аст).

    Ҳамчуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

    ﴿وَٱلَّٰتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَٱهۡجُرُوهُنَّ فِي ٱلۡمَضَاجِعِ وَٱضۡرِبُوهُنَّۖ فَإِنۡ أَطَعۡنَكُمۡ فَلَا تَبۡغُواْ عَلَيۡهِنَّ سَبِيلًاۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيّٗا كَبِيرٗا ٣٤﴾[النساء : 34]

    “Ва заноне, ки аз саркашӣ ва сарпечии эшон бим доред, панду андарзашон диҳед (ва агар таъсир накард) аз ҳамбистарӣ бо онон худдорӣ кунед ва бистари хешро ҷудо кунед (ва бо эшон сухан нагӯед ва агар боз ҳам таъсире накард ва роҳе ҷуз шиддати амал набувад) ононро (танбеҳ кунед)бизанед, пас агар аз шумо итоат карданд (тартиби сегонаро риоя кунед ва сахт наравед ва ҷуз ин тартиб) роҳе барои танбеҳи эшон наҷӯед ва бидонед, ки Аллоҳ Баландмартаба ва Бузург аст”.

    Сураи Нисо, 34

    Вақте, ки аз ӯ (Паёмбар (салла-Аллоҳу алайҳи ва саллам) суол шуд, ки ҳаққи ҳамсарон бар мо чист? Фармуданд:

    "أن تطعمها إذا طعمت و تكسوها إذا اكتست و لا تضرب الوجه ولا تقبح ولا تهجر إلا في البيت".

    «Ҳар гоҳ ғизо хост ба ӯ ғизо бидиҳӣ ва ҳар гоҳ либос хост барои ӯ либос бихарӣ (ғизо ва пӯшокро фароҳам кун) ва рӯйи ӯро назанӣ ва ба ӯ (сухани) носазо нагӯӣ ва (агар бо сабабе аз ӯ дур шудан хостӣ, пас) танҳо дар хона (-и худ) бистарашро тарк кун».

    (Саҳиҳи Ибни Моҷаҳ/1500 ва Абу Довуд/6/180/2128)

    Аз нишонаҳои такомули ахлоқӣ ва рушди имонии мард ин аст, ки бо ҳамсараш рафиқ ва нармхӯ бошад. Ҳамчунон, ки Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

    "أكمل المؤمنين إيمانا أحسنهم خلقا وخياركم خياركم لنسائهم".

    «Комилтарини мӯъминон аз лиҳози имон, хушахлоқтарини ононанд ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки барои ҳамсаронашон беҳтаранд».

    Саҳиҳ Тирмизӣ/928

    Бинобар ин, эҳтиром ба зан нишонаи камоли шахсияти мусалмон аст ва иҳонат ба ӯ нишонаи пастӣ ва фурӯмоягӣ аст.

    Аз ҷумлаи эҳтиром ба зан ин аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам), нисбат ба зан меҳрубон бошем ва бо ӯ бозӣ ва шӯхӣ кунем, ҳамчуноне, ки Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо Оиша (разия-ллоҳу таъоло анҳо) бозӣ мекарданд ва бо ӯ мусобиқа мекарданд то ин, ки Оиша (разия-ллоҳу таъоло анҳо) гуфтанд:

    (سابقني رسول الله فسبقته فلبثنا حتي إذا أرهقني اللحم سابقني فسبقني، فقال هذه بتلك).

    «Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ман мусобиқа карданд, аз ӯ пешӣ гирифтам. Баъд аз муддате, ки гӯшти баданам зиёд шуд (фарбеҳ шудам), Паёмбар бо ман мусобиқа карданд ва аз ман пешӣ гирифтанд ва фармуданд: Ин (бурд) ба он (бохт дар гузашта)».

    Саҳиҳ Абу Довуд/7/243/2561

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бозӣ кардан ба ҷуз бо ҳамсарро ботил медонистанд ва мефармуданд:

    (كل شئ يلهو به ابن ‌آدم فهو باطل، إلا ثلاثا: رميه عن قوسه، وتأديبه لفرسه، وملاعبته أهله، فإنهن من الحق).

    «Ҳар чизе, ки инсон бо он бозӣ кунад ботил аст, магар се чиз: Тирандозӣ, аспсаворӣ, бозӣ бо ҳамсар, чун ки ин се воқеият ҳастанд».

    Саҳиҳ Ибни Моҷаҳ/4534

    2- Аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки дар баробари азият ва озори ӯ сабр карда ва аз иштибоҳоташ (хатогиҳояш) даргузарад. Ба далели ин фармудаи Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам):

    (لا يفرك مؤمن مؤمنة إن كره منها خلقا رضي منها آخر)

    «Ҳеҷ марди муъмине набояд кинаи зани муъминаеро ба дил бигирад, чун агар рафтореро аз ӯ написандад, рафтори дигареро аз ӯ меписандад».

    Муслим/2/1091/469

    Дар ҳадисе дигар мефармоянд:

    (استوصوا بالنساء خيرا، فإنهنّ خلقن من ضلع، وإن أعوج ما في الضلع أعلاه، فإن ذهبت تقيمه كسرته، وإن تركته لم يزل أعوج، فاستوصوا بالنساء خيرا.)

    «Ҳамдигарро нисбат ба риояти ҳуқуқи занон ба хайр супориш кунед. Онон аз устухони данда (қабурға) офарида шудаанд. Ва каҷтарини дандаҳо болотарини онҳо аст, агар бихоҳӣ онро рост кунӣ, онро мешиканӣ ва агар ба ҳоли худ раҳо кунӣ, ҳамвора каҷ хоҳад монд, пас нисбат ба занон ба хайр супориш кунед».

    Саҳиҳ Бухорӣ ва Муслим

    Баъзе аз Салафи Солеҳ гуфтаанд: ”Бидон, ки хушрафторӣ бо занон, дафъи азият аз онон нест, балки иборатаст аз ин, ки ба пайравӣ аз Паёмбар(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллама), азият ва озори ононро таҳаммул карда, дар муқобили камақлӣ ва хашми онон сабрро пеша кунем… ”.

    (Мухтасари Минҳоҷул-қосидин, саҳ. 78-79).

    3- Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки ӯро аз ҳар чизе, ки шарафи ӯро халалдор ва номуси ӯро мешиканад ва ба каромати ӯ латма мезанад, муҳофизат кунад.

    Ӯро аз беҳиҷобӣ ва ороиш (барои бегонагон) манъ кунад ва аз ихтилот (омехтагӣ) бо мардони номаҳрам ӯро боз дорад. Ҳамчунон, бар мард воҷиб аст, ки ба андозаи кофӣ васоил ва имконоти иффатро барои ҳамсараш фароҳам кунад ва аз ӯ нигаҳбонии кофӣ ба амал оварад.

    Иҷоза надиҳад, ки аз назари ахлоқӣ ва динӣ фосид шавад. Фурсат ва маҷоли хориҷ шудан аз дастуроти Аллоҳ ва Расул, ё рӯйгардонӣ аз ҳаққро ба ӯ надиҳад, чунки ӯ (мард) сарпараст ва масъули зан аст ва вазифа дорад, ки аз ӯ нигаҳдорӣ ва муҳофазат кунад, зеро Худованди Мутаъол мефармояд:

    ﴿ٱلرِّجَالُ قَوَّٰمُونَ عَلَى ٱلنِّسَآءِ ٣٤﴾ [النساء : ٣٤]

    “Мардон сарпарасти занон ҳастанд”.

    Сураи Нисо, 34

    Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (و الرجل راع في أهله و هو مسئول عن رعيته)

    «Мард сарпарасти хонавода аст ва нисбат ба онон рузи қиёмат суол карда мешавад».

    Саҳиҳ Бухорӣ ва Муслим

    4- Ҳақи дигари зан бар мард ин аст, ки заруриёти динро ба ӯ омӯзиш диҳад ё ба ӯ иҷоза диҳад то дар маҷолиси илм ҳозир шавад. Чунки талаботи зан ба ислоҳи дин ва тазкияи рӯҳ камтар аз талабот ба хӯрдан ва ошомиданаш нест.

    Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ ٦﴾ [التحريم: ٦]

    “Эй муъминон, худ ва аҳлу хонаводаи хешро аз оташи дузахе барканор доред, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳо ҳастанд”.

    Сураи Таҳрим, 6

    Ҳамсар ҷузви аҳл ва хонавода аст, ва ҳифозати ӯ аз оташ ба василаи имон ва амали солеҳ мумкин аст. Амали солеҳ ниёз ба илм дорад.

    5- Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ӯро ба барпо доштани дини Аллоҳ ва мувозибат бар намозҳо амр кунад.

    Ба далели фармудаи Худованд:

    ﴿وَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ ١٣٢﴾ [طه: ١٣٢]

    “Аҳли хонаводаи худро ба барпоии намоз дастур бидеҳ ва низ бар иҷомаи он собит ва мондагор бош”.

    Сураи Тоҳо-132

    6- Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ҳангоми зарурат ва ниёз, ба ӯ иҷозат диҳад, то аз хонааш хориҷ шавад.

    Масалан агар бихоҳад дар намози ҷамоат ҳозир шавад ё ба дидани хонавода ва наздикон ё ҳамсоягонаш биравад. Ба шарте, ки ӯро ба пӯшидани чодар ва ҳиҷоби комил амр кунад ва ӯро аз ороишу беҳиҷобӣ ва истифода аз атру бӯи хуш (ҳангоми хурӯҷ аз манзил) манъ кунад.

    7- Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки аз фош кардани асрор ва бозгӯ кардани айбҳои ӯ худдорӣ кунад, зеро ки мард – амин, мудофиъ ва ҳомии зан аст.

    Ва аз муҳимтарини ин асрор, асрори заношӯӣ аст. Барои ҳамин ҳам Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аз ифшои ин асрор наҳй фармуданд. Ба далели ҳадиси Асмоа бинти Язид, ки гуфт: Назди Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) гурӯҳе аз мардону занон нишаста буданд, ки фармуданд:

    (لعل رجلاً يقول ما يفعل بأهله و لعل امرأة تخبر بما فعلت مع زوجها؟ فأرمّ القوم فقلت: إي و الله يا رسول الله: إنهن ليفعلن و إنهم ليفعلون. قال فلا تفعلوا، فإنما ذلك مثل شيطان لقي شيطانه في طريق فغشيها و الناس ينظرون).

    «Шояд баъзе аз (шумо) мардон ва занон асрори заношӯии худро бозгӯ мекунанд (дар байни омма)?

    Мардум сокит шуданд.

    Гуфтам: Бале ба Худованд қасам, эй Расулаллоҳ! Занон ва мардон ин корро мекунанд.

    Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин корро накунед, чун ки ин кор монанди кори шайтони нар аст, ки шайтони модаро дар роҳ мебинад ва дар ҳоле, ки мардум ба онҳо нигоҳ мекунанд, бо ӯ омезиш мекунад».

    Саҳеҳ, Одоби зифоф/72

    8- Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дар умури зиндагӣ бо ҳамсар машварат кунад.

    Машварат ва қарорҳои ӯро низ қабул кунад. Ба хусус дар мавориде, ки марбут ба ӯ ва фарзандонаш мешавад, чунки Расули Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳамсаронашон машварат мекарданд ва назари онҳоро қабул мекарданд (дар сулҳи Ҳудайбия бо ҳамсарашон Умм Салама).

    Саҳеҳи Бухорӣ 50/4/1134

    9- Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки баъд аз намози ишоъ (хуфтан) фавран ба назди ӯ баргардад ва то соатҳои охири шаб, ба шабнишинии хориҷ аз манзил машғул нашавад.

    Зеро ки ин рафтор (дер омадани шавҳар), агар сабаби васваса ва шакку тардид дар дили зан нагардад ҳам, ҳадди ақал сабаби ташвиш ва изтироби ӯ ба хотири шавҳараш мегардад. Балки аз ҷумлаи ҳаққи зан бар шавҳар ин аст, ки дар хона дур аз ҳамсараш шабро сипарӣ накунад, агарчӣ ҳангоми намоз (нафл) бошад, то ҳаққи ӯро адо карда бошад. Ва аз ин рӯ Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дурӣ аз зан дар шабро инкор карданд ва фармуданд:

    (إن لزوجك عليك حقاً).

    «Ҳамоно ҳамсари ту бар ту ҳаққ дорад».

    Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим

    10- Дигар аз ҳуқуқи зан бар мард он аст, ки байни ҳар ду ҳамсар (агар дошта бошад), дар хӯрока ва либосу маскан ва шабгузаронӣ дар бистар адолат барқарор кунад ва дар ин заминаҳо муртакиби зулм ва беадолатӣ нашавад.

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (من كان له امرأتان فمال إلى إحداهما دون الأخرى جاء يوم القيامة و شقه مائل).

    «Агар касе ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо беш аз дигарӣ таваҷҷуҳ кунад, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафаш каҷ аст».

    Ал-ирвоъ/2017

    Бародарони мусалмон!

    Ин буд ҳуқуқи ҳамсаронатон бар шумо, пас дар адои онҳо бикӯшед ва кӯтоҳӣ накунед. Чунки риояти ин ҳуқуқҳо асбоби хушбахтии зиндагии заношӯӣ ва оромиши хонаводагии шуморо фароҳам карда ва мушкилотеро, ки боиси салби оромиш ва муҳаббату меҳрубонии шумо мешавад, аз байн мебарад.

    Ва ба занон ёдоварӣ мекунем, ки аз кӯтоҳӣ ва камбудиҳои шавҳаронашон чашмпӯшӣ кунанд ва ба кӯтоҳии шавҳаронашон нигоҳ накарда хидмати онҳоро кунанд то ки зиндагии муштараки онҳо бо хӯбӣ ва хушбахтӣ тадовум пайдо кунад.

    ***

    Ҳақи мардон бар занон

    Ҳақи мард бар зан бисёр бузург аст, Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аҳамияти онро дар фармоишоташон равшан кардаанд. Ҳоким ва ғайраҳо аз ҳадиси Абу Саъид ривоят мекунанд, ки Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (حق الزوج علي زوجته أن لو كانت به قرحة فلحستها ما أدت حق)

    «Ҳақи шавҳар бар ҳамсараш он қадар аст, ки агар захме бар шавҳараш бошад ва онро бо забонаш пок созад, боз ҳам ҳақи ӯро адо накардааст».

    Абу Довуд (16/227/247

    Зани хирадманд ва ҳушёр ҳамон зане ҳаст, ки он чиро ки Аллоҳ ва Расулаш (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дӯст медоранд ба ҷо оварад ва ҳақи шавҳарашро ба хубӣ адо намуда дар иҷрои фармоишоти ӯ кӯшиш кунад. Зеро, ки итоати шавҳар сабаби дохил шудани зан ба Биҳишт мегардад.

    Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (إذا صلت المرأة خمسها، و صامت شهرها، و حفظت فرجها، و أطاعت زوجها، قيل لها ادخلي الجنة من أي أبوابها شئت.)

    «Агар зан намозҳои панҷвақтаро ба ҷо оварад, рӯзаи моҳи Рамазонро бигирад, шармгоҳашро ҳифз намуда ва аз шавҳараш итоат намояд, ба ӯ гуфта мешавад: Ба Ҷаннат дохил шав аз ҳар дараш, ки мехоҳӣ».

    Абу Довуд (16/228/250

    Пас, эй хоҳари Мусалмон! Диққат кун, ки чигуна Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) итоати шавҳарро сабаби дохил шудан ба Ҷаннат дониста, онро дар баробари Намозу Рӯза қарор додаанд. Пас шавҳаратро итоат намо ва аз хашмгин сохтани ӯ бипарҳез, чунки хашмигинии ӯ хашми Аллоҳро меорад.

    Паёмбари ростгӯй (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (و الذي نفسي بيده، ما من رجل يدعوا امرأته إلي فراشه فتأبي عليه إلا كان الذي في السماء ساخطاً عليها حتى يرضي عنه.)

    «Қасам ба он зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, ҳар марде, ки ҳамсарашро ба бистараш фаро хонаду занаш наояд, зоте ки дар осмон аст (Аллоҳ) аз он зан норозӣ мешавад, то он даме ки шавҳарашро розӣ нагардонад».

    Муслим (2/1610-121-1436

    Пас эй зани Мусалмон! Бар ту воҷиб аст, ки:

    1- Дар ҳар чизе, ки шавҳарат амр мекунад итоат намоӣ. Илло (ба ҷуз) дар он ҳолатҳое, ки худат гунаҳкор мешавӣ, яъне агар амри шавҳарат мухолифи шариъат бошад.

    Масалан, барои шавҳарат шуда мӯйҳои рӯят ва қошҳоятро начин, ки ин амр мухолифи шариъати Аллоҳ ва фармудаҳои Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аст.

    Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам), занеро ки мӯйи рӯйи занони дигарро меканад ва зане, ки мӯяш канда мешавад, ҳардуяшро лаънат кардаанд.

    Имом Бухорӣ ва Муслим

    Ва низ зебо мешавам гуфта, бе ҳиҷобу рӯймол ва бо либосҳои танг аз хона берун машав.

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (صنفان من أمتي أهل النار لم أرهما، قومٌ معهم سياط كأذناب البقر يضربون بها الناس و نساء كاسيات عاريات مميلات، مائلات رؤوسهن كأسنمة البخت المائلة، لا يدخلن الجنة و لا يجدن ريحها، و إن ريحها ليوجد من مسيرة كذا و كذا.)

    «Ду гурӯҳ аз уммати ман аз аҳли оташанд, ки ҳанӯз онҳоро надидаам. Гурӯҳе, ки шаллоқҳое мисли думи гов дар даст доранд ва бо он мардумро мезананд ва гурӯҳи дигар заноне ҳастанд, ки либос дар тан доранд, аммо урён (бараҳна)ҳастанд (яъне либосҳояшон чунон танг ва ё шаффоф аст, ки тамоми узви баданашон намудор ва маҳсус аст). Аз итоати Аллоҳ рӯйгардон ҳастанд ва мардумро бар ин кор ташвиқ мекунанд. Сарҳояшонро мисли кӯҳони шутур хамида мекунанд. Ин гурӯҳ аз занон вориди Биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯйи Биҳишт ба машомашон намерасад. Ҳол он, ки бӯйи Биҳишт дар масофаи фалон ва фалон ба машом мерасад».

    Муслим 3/1680/2128

    Ҳамчунин агар мард дар замони қоидагӣ (ҳайз, нифос), ё аз роҳи ғайри машрӯъ (дубур) қасди омезиши ҷинсӣ намояд, зан бояд итоат накунад. Чун Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (من أتى حائضاً أو امرأة في دبرها، أو كاهناً فصدقه بما يقول فقد كفر بما أنزل على محمد.)

    «Ҳар кас, ки дар замони қоидагӣ ва ё аз ғайри маҳалли насл бо ҳамсараш омезиш кард.., ба ончӣ, ки бар Муҳаммад (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуда,кофир шуда аст».

    Ибни Моҷаҳ 1/209/639

    Ҳамчунин, бояд зан дар рафтан ба миёни мардон ва омехтагӣ бо онҳо, ё ки мусофаҳа (дастфишорӣ) кардан, худдорӣ намояд, зеро ки ин ҳама ҳаром аст.

    Аллоҳ Парвардигори оламиён чунин мефармояд:

    ﴿وَإِذَا سَأَلۡتُمُوهُنَّ مَتَٰعٗا فَسۡ‍َٔلُوهُنَّ مِن وَرَآءِ حِجَابٖۚ ٥٣﴾ [الاحزاب : ٥٣]

    “Ҳангоме, ки аз онон (яъне занон) чизе пурсиданӣ шавед, аз паси парда бипурсед”.

    Сураи ал-Аҳзоб 53

    Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (إياكم و الدخول علي النساء قيل يا رسول الله: أفرأيت الحمو- و هو قريب الزوج كأخيه و ابن أخيه و عمه و ابن عمه ونحوهم- قال: الحمو الموت.)

    «Аз дохил шудан ба назди занон бипарҳезед. Савол карданд: Эй Расулуллоҳ дар бораи «ҳамув» (наздикони шавҳар мисли: бародар, писари бародар, амак ва писарамак) чӣ мегӯед?

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Ҳамув марг аст».

    Пас, ҳар чизеро, ки мухолифи шариъати Парвардигор аст тарк намо ва худро аз гуноҳ кардан нигоҳ дор, хоҳари азиз.

    2- Ҳақи дигари шавҳар бар ҳамсараш ин аст, ки бояд номусу шараф ва обрӯйи шавҳарашро ҳифз намояд. Ва аз молу фарзандон ва дигар шуъуноти хонаи ҳамсараш посдорӣ кунад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿فَٱلصَّٰلِحَٰتُ قَٰنِتَٰتٌ حَٰفِظَٰتٞ لِّلۡغَيۡبِ بِمَا حَفِظَ ٱللَّهُۚ ٣٤﴾ [النساء : ٣٤]

    “Пас, занони солиҳа ононе ҳастанд, ки фармонбардори (амрҳои Аллоҳ ва итоаткори фармоишоти шавҳарони худ) буда, асрори заношӯйиро нигоҳ медоранд, чунки Аллоҳ ба ҳифзи (онҳо) амр кардааст”.

    Сураи Нисо, 34

    Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (والمرأة راعية في بيت زوجها و مسئولة عن رعيّتها.)

    «Ва зан дар хонаи шавҳараш посбон (нигаҳбон) аст, дар рӯзи Қиёмат аз ин чиз пурсида мешавад».

    Бухорӣ ва Муслим

    3- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки бояд зан худро барои шавҳараш ороиш диҳад ва ҳамеша ба сӯи шавҳар бо чеҳраи кушода ва табассум нигоҳ кунад. Ва чунон рафтор нанамояд, ки шавҳараш хашмгин шавад.

    Табаронӣ аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Салом ривоят карда, ки Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (خير النساء من تسرك إذا أبصرت، تعطيك إذا أمرت، و تحفظ غيبتك في نفسها و مالك.)

    «Беҳтарини занон ҳамоне аст, ки вақте ба ӯ нигоҳ мекунӣ туро хушҳол мекунад ва вақте, ки ба ӯ амр мекунӣ, туро итоат мекунад ва дар набудани ту худро ва моли туро ҳифз мекунад».

    Саҳеҳул-ҷомеъ 3299

    Бисёр ҷои таъаҷҷуб аст, ки хоҳарони мо имрӯзҳо дар хона, дар назди шавҳаронашон ба худ аҳамият намедиҳанд, вале ҳангоми баромадан аз хона, худро аз ҳадд зиёд орову торо медиҳанд: (Маймуни хона, оҳуи кӯча)!!?

    Пас эй Хоҳари Мусалмон! Дар бораи шавҳарат аз Аллоҳ битарс, ва бидон ки ӯ аз дигарон дида ба зебу зиннати ту шоистатар аст. Ту бояд худро дар назди шавҳарат зебу зиннат диҳӣ, на дар кӯчаву бозор…

    4- Ҳақи дигари мард бар ҳамсараш он аст, ки дар хона бимонад ва бе иҷозати шавҳар аз хона берун наравад. Ҳатто агар ба масҷид бошад, ҳам бояд аз шавҳар иҷозат бигирад.

    Аллоҳ чунин мефармояд:

    ﴿وَقَرۡنَ فِي بُيُوتِكُنَّ ٣٣﴾ [الاحزاب : ٣٣]

    “Ва дар хонаҳоятон бимонед”.

    Сураи ал-Аҳзоб, 33

    5- Ҳақи дигари мард бар зан ин аст, ки бе иҷозати шавҳараш касеро ба хона роҳ надиҳад.

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (فحقكم عليهن ألا يوطئن من تكرهون، و لا يأذن في بيوتكم لمن تكرهون)

    «Ҳақи шумо бар занонатон ин аст, ки номусатонро ҳифз кунанд ва касеро, ки дӯст намедоред ба хонаҳоятон роҳ надиҳанд».

    Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ/1501 ва Тирмизӣ/2/315/1173).

    6- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки аз дороии (моли) шавҳараш нигаҳбонӣ кунад ва бе иҷозат аз он сарф накунад.

    Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (و لا تنفق امرأة شيئاً من بيت زوجها، إلا بإذن زوجها، قيل و لا الطعام؟ قال: ذلك أفضل أموالنا) (حسن، ص.ج 18/59)

    «Зан набояд аз моли шавҳараш харҷ кунад, илло он вақте, ки шавҳараш иҷозат диҳад. Гуфтанд: ҳатто таъом? (яъне, ҳатто таъомро ҳам бе иҷозати шавҳараш надиҳад), Фармуданд: «Он беҳтарин амволамон аст».

    Ҳасан, Саҳеҳул-ҷомеъ 18/59

    Балки ҳақи шавҳар бар ҳамсараш ин аст, ки ҳатто аз моли шахсии худаш ҳам, бе иҷозати шавҳар харҷ нанамояд.

    Ба далели фармудаи Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам):

    (ليس للمرأة أن تنتهك شيئاً من مالها إلا بإذن زوجها) (الصحيحة،775 , الفوائد 10/182/2)

    «Зан наметавонад дар моли худаш тасарруф кунад, магар ба иҷозаи шавҳараш».

    Силсилаи саҳиҳа, 775

    7- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки дар ҳузури шавҳараш рӯзаи нофила нагирад, магар бо иҷозаи шавҳараш.

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) чунин мефармоянд:

    (لا يحل للمرأة أن تصوم و زوجها شاهد إلا بإذنه) صحيح (ص.ج 7647، خ5195/295/9).

    «Ҷоиз нест, ки зан дар ҳузури шавҳараш рӯза бигирад, магар ба иҷозаи ӯ».

    Саҳиҳул-ҷомеъ 7647

    8- Ҳақи дигари мард бар завҷааш он аст, ки агар зан аз пулу моли худаш барои хона масраф намояд, миннат нагзорад (таъна назанад). Зеро ки миннат аҷру савобро аз байн мебарад.

    Худованди Мутаъол мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُبۡطِلُواْ صَدَقَٰتِكُم بِٱلۡمَنِّ وَٱلۡأَذَىٰ ٢٦٤﴾ [البقرة: ٢٦٤]

    “Эй касоне, ки имон овардаед, садақоту бахшишҳои худро бо миннат ниҳодан ва озор расонидан пучу бекор насозед”.

    Сураи Бақара, ояи 264

    9- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки бояд ба каму костии зиндагӣ розӣ шавад ва ба он чӣ, ки мавҷуд аст қаноъат кунад. Чизеро, ки берун аз тавоноии шавҳараш аст, аз ӯ талаб накунад.

    Аллоҳи Меҳрубон мефармояд:

    ﴿لِيُنفِقۡ ذُو سَعَةٖ مِّن سَعَتِهِۦۖ وَمَن قُدِرَ عَلَيۡهِ رِزۡقُهُۥ فَلۡيُنفِقۡ مِمَّآ ءَاتَىٰهُ ٱللَّهُۚ لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا مَآ ءَاتَىٰهَاۚ سَيَجۡعَلُ ٱللَّهُ بَعۡدَ عُسۡرٖ يُسۡرٗا ٧﴾ [الطلاق : ٧]

    “Онон, ки доро ҳастанд аз дороии худ (ба андозаи тавон) харҷ кунанд ва онон, ки тангдаст ҳастанд аз чизе, ки Аллоҳ ба онҳо додааст харҷ кунанд. Аллоҳ ҳеҷ касеро ҷуз ба он андозае, ки ба ӯ додааст мукаллаф намесозад. Аллоҳ баъд аз сахтиву нохушӣ, кушоиш ва хуширо пеш меоварад”.

    Сураи Талоқ, ояи 7

    10- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият кунад ва дар назди шавҳараш аз фарзандон гила ва дуои бад накунад ва онҳоро дашном надиҳад, зеро ки ин кор сабаби хашму нороҳатии шавҳар мешавад.

    Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

    (لا تؤذي امرأة زوجها في الدنيا إلا قالت زوجته من الحور العين: لا تؤذيه قاتلك الله، فإنما هو دخيل عندك يوشك أن يفارقك إلينا(

    «Ҳар зане, ки дар дунё шавҳарашро озор диҳад, ҳурони Биҳишт (занони ин мард дар Ҷаннат) мегӯянд: Аллоҳ туро бикушад! Ӯро озор надеҳ! Ӯ ҳоло назди ту аст ва ба зудӣ аз ту ҷудо шуда назди мо меояд».

    Саҳеҳи Тирмизӣ 2/320/1184

    11- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки падару модари шавҳарашро бояд эҳтиром намояд, зеро зане, ки бо падару модар ва наздикони шавҳараш бадӣ мекунад, дар асл ба шавҳараш бадӣ кардааст.

    12- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки ҳаргоҳ шавҳараш ӯро ба бистар даъват кард, имтиноъ наварзад (радд накунад).

    Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) чунин мефармоянд:

    (إذا دعا الرجل إلي فراشه فلم تأته فبات غضبان عليها لعنتها الملائكة حتى تصبح) متفق عليه

    «Ҳаргоҳ мард аз ҳамсараш хост то дар бистараш ҳозир шавад, вале ҳамсараш радд намуду шавҳар аз ӯ хашмгин шуд, Малоика то субҳ ӯро (занро) лаънат мекунанд».

    Бухорӣ ва Муслим

    Дар ҳадиси дигар омадааст:

    (إذا دعا الرجل زوجته لحاجته فلتأته و إن كانت على التنور.)

    «Ҳаргоҳ мард ҳамсарашро барои ҳоҷаташ даъват кард, бояд назди ӯ биравад, агарчӣ назди танур бошад ҳам (машғули пухту паз)».

    13- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки дар паҳн кардани асрори хонаводагӣ худдорӣ кунад. Муҳимтарин асроре, ки занон бепарвоӣ намуда онро фош мекунанд, ин корҳое аст ки зану шавҳар дар бистар анҷом медиҳанд. Дар ин бора ба дигарон сухан гуфтанро Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллама) манъ кардаанд:

    (لعل رجلاً يقول ما يفعل بأهله و لعل امرأة تخبر بما فعلت مع زوجها؟ فأرم القوم فقلت: إي و الله يا رسول الله: إنهن ليفعلن وإنهم ليفعلون. قال فلا تفعلوا، فإنما ذلك مثل شيطان لقي شيطانه في طريق فغشيها و الناس ينظرون.)

    Аз Асмоа бинти Язид (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфтаанд:

    Назди Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) будам ва занону мардоне низ атрофашон нишаста буданд, Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Шояд баъзе аз мардону занон асрори заношӯйии худро бозгӯ кунанд?»

    Мардум хомӯш шуданд, гуфтам: Бале, ба Аллоҳ қасам эй Расулуллоҳ, ки занону мардон ин корро мекунанд (яъне дар бораи он чизҳо гуфтугӯй мекунанд).

    Фармуданд: «Ин корро накунед, зеро ин кор монанди кори шайтони наре аст, ки шайтони модаеро дар роҳ мебинад ва дар ҳоле, ки мардум ба онҳо нигоҳ мекунанд, бо ӯ омезиш мекунад».

    Саҳеҳ, Одоби зифоф/72

    14- Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки дар зиндагонӣ кардан бо шавҳараш розӣ ва ҳарис бошад ва бе сабаб аз ӯ талоқ талаб накунад.

    Аз Савбон ривоят аст, ки Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

    (أيما امرأة سألت زوجها الطلاق من غير ما بأس فحرام عليه رائحة الجنة.)

    «Ҳар зане, ки бе сабаб талоқ талаб мекунад, бӯйи Биҳишт бар ӯ ҳаром аст».

    (Ал Ирвоъ 2035, Саҳеҳи Тирмизӣ (2/2/329/1199), Ибни Моҷаҳ (1/622/2055).

    Ва дар ҳадиси дигаре омадааст:

    (المختلعات هن المنافقات)

    «Заноне, ки хулъ (талаби талоқ) мекунанд, онҳо мунофиқанд».

    Тирмизӣ (2/329/1198

    Эй хоҳари Мусалмон!

    Ин буд ҳуқуқи шавҳарат бар ту!

    Лозим аст то бо тамоми тавоноият бар адои он кӯшиш намоӣ. Аз хатогиҳои шавҳарат гузашт намоӣ. Ҳамаи ин сабаб мешавад, ки меҳру муҳаббат байни шумо пойдор мемонад ва хонавода ислоҳ мешавад. Ислоҳи ҷомеъа низ аз ислоҳи хонаводаҳост.

    Таълиф: Шайх Алии Деҳворӣ (раҳматуллоҳи алайҳ).

    Баргардон: Муҳаммадазиз Раҷабӣ (Абу Марям)

    (солҳои – 2007)