АҲКОМИ ҲАЙЗ ВА НИФОС
Дастабандиҳо
Full Description
АҲКОМИ ҲАЙЗ ВА НИФОС
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
АБДУШАРИФИ БОҚИЗОДА
Масдар: Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафи
2013 - 1434
أحكام الحيض والنفاس
«باللغة الطاجيكية»
عبد الشريف باقي زاده
المصدر: كتاب الفقه الإسلامي على المذهب الحنفي
2013 - 1434
АҲКОМИ ҲАЙЗ ВА НИФОС
Ҳайз хунест, ки аз раҳми (бачадони) занҳои болиғ дар вақтҳои муайян мебарояд. Хуне, ки ҳангоми бордор будани занҳо ва ё ба сабаби таваллуд кардан ва ё бемориашон берун меояд, хуни ҳайз ба шумор намеравад.
Камтарин муддати ҳайз се шабонарўз ва дарозтарини он даҳ шабонарўз аст.[1] Камтарин муддати туҳр (поки)-и миёни ду ҳайз понздаҳ рўз мебошад ва аммо бештарини он муддати муайян ва андозае надорад.
Туҳре (покӣ), ки дар аснои ҳайз ба миён меояд, дар ҳукми ҳайз мебошад. Масалан, зане шаш рўз одати ҳайзбинии моҳона дошта бошад, вале баъд аз се рўз ногаҳон хуни ҳайз қатъ шавад ва боз аз рўзи панҷум хун шурўъ шавад. Ин покии муваққатие, ки дар миёни муддати одати зани мазкур ба вуҷуд омадааст, ҳукми ҳайзро дорад.
Ҳар ранг моеъоти хуние, ки зани ҳоиз бинад, ҳайз аст, магар сафедии холис, ки он ҳайз намебошад, балки аломати покшавии зан ба шумор меравад.
Ин суннати таквинӣ ва қонуни офариниши ҷисмонӣ аз сўи Худо бар занон навишта шудааст.[2] Дар ин ҳолат шаръ онҳоро аз анҷом додани корҳое, ки ибодат ба шумор мераванд ва ба покии маънавии шахс бастагӣ доранд, манъ намудааст. Аз ҷумла, Худованд мефармояд:
﴿وَيَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ ٢٢٢﴾ [البقرة: ٢٢٢]
«Туро дар бораи ҳайз мепурсанд. Бигў: Он палидӣ аст. Пас аз (наздикӣ бо) занон дар (ҳолати) ҳайз канора гиред ва то пок нагарданд, ба онҳо наздикӣ нанамоед».[3]
Онҳо дар муддати ҳайз ҳамчунин аз хондани намоз, гирифтани рўза, тавофи хонаи Каъба, тиловати Қуръон ва ғайра манъ шудаанд.
Дар робита бо ҳайз
Занони ҳайзбинанда ба се даста тақсим мешаванд:
1. Мубтадиа. 2. Мўътода. ва 3. Мустаҳоза.
1. Мубтадиа (навҳайзбин): духтар ва ҷавондухтари нав ба балоғат расидаеро мегўянд, ки бори якум ҳайз мебинад.
Ҳукми шаръ дар ин ҳолат он аст, ки пас аз дидани хун аз хондани намоз, гирифтани рўза ва агар шавҳардор бошад, аз ҳамбистарӣ дурӣ намояд ва то сипарӣ шудани айёми ҳайз ва пок шуданаш мунтазир бимонад. Агар то даҳ рўз, ки муддати болои замони ҳайзбинист ва ё камтар аз он ҳайз дид ва пок гашт, ғусл намуда, ба намозу рўзааш шурўъ намояд. Вале агар хунбинии ў бештар аз даҳ рўз идома ёфт, он зан дар ҳукми «мустаҳоза» дохил мешавад, ки баъдтар баён мегардад.
Вақте хунбинии ин ҷавонзан чандин моҳ ва чанд бор давом ёфт ва дар миёни муддати боло ва поёнии замони ҳайзбинии занон дар рўзҳои муайяне (ба монанди чаҳор рўз, панҷ рўз ва ё бештар аз он) қарор гирифт, дар ҳукми «мўътода» дохил мешавад ва одати муайяне барои хунбинии моҳонааш барқарор мегардад.
2. Мўътода (дорои одат): занеро гўянд, ки пештар дар рўзҳои муайяне аз ҳар моҳ одати хунбинии моҳона дошт.
Ҳукми шаръӣ барои чунин заноне низ он аст, ки дар рўзҳои одати моҳонаи худ намозу рўза ва ҳамбистариро тарк намоянд. Пас аз гузаштани рўзҳое, ки одатан дар онҳо хуни ҳайз медид, агар хуни зардчатоб ва ё тирарангеро мушоҳида намояд, он эътиборе надорад.
Уммиъатийя гуфтааст: «Мо пас аз поёни рўзҳои одати моҳонаи худ, ба хуни тираранг ва ё зардчатоб таваҷҷўҳе намекардем».[4] Аммо агар дар ҳамон рўзҳои одати моҳонаи худ ранги хуни ҳайз зардча ва ё тира бошад, аз ҳамон одати моҳонаи ў ба ҳисоб меояд.
3. Мустаҳоза: ҳукми он дар боби истиҳоза баён мегардад.
Нифос
Нифос хунест, ки пас аз таваллуд шудани тифл аз раҳми (бачадон) модар хориҷ мешавад. Занони нифосбинанда низ ба мубтадиа (навнифосбин) ва мўътода (одатдошта) тақсим мешаванд.
Бештарин муддати нифос чиҳил рўз мебошад ва аммо камтарини он муддати муайяне надорад. Аз Уммисалама (р) ривоят шудааст: «Заноне, ки хуни нифос доштанд, дар замони паёмбар (с) чиҳил шабонарўз менишастанд (яъне аз намозу рўза канора мегирифтанд)»[5] ва мегўяд: «Аз расули Худо (с) пурсидам: Занон пас аз таваллуди фарзанд чанд рўз аз хондани намоз ва гирифтани рўза худдорӣ кунанд? Расули Худо (с) фармуд: Чиҳил шабонарўз, магар он ки пеш аз он муддат пок шаванд».
Бар ҳамин асос, ҳар гоҳ нифоси зане бештар аз чиҳил шабонарўз идома пайдо кунад, бо пурра шудани чиҳил рўз ғусл намуда, намозу рўзаашро ба ҷой меоварад ва он хуне, ки бештар аз чиҳил рўз дидааст, хуни истиҳоза ба шумор меравад.
Оғози нифоси зане, ки дугоник таваллуд намояд, мавриди ихтилофи фақеҳон қарор гирифтааст. Баъзе аз фақеҳони мо оғози нифосро барои чунин зан аз тифли аввалӣ медонанд ва баъзе дигар аз тифли дуюмӣ мегўянд. Вале дар бораи ба поён расидани иддаи[6] чунин зан, тамоми фақеҳон ба ҳам иттифоқи назар доранд, ки аз тифли дуюмӣ ҳисоб мешавад.
Зане, ки сиқт (гўштпора) таваллуд намояд ва баъзе аз аъзои он сиқт, монанди даст, пой, ангушт ва ғайрааш зоҳиру намоён шуда бошад, дар ин сурат сиқти мазкур ҳукми тифли комилро дорад ва зан низ ҳукми нуфасоро пайдо мекунад. Вале агар чизе аз аъзои он сиқт намоён нагашта бошад, ҳукми нифос бар он зан ҷорӣ намешавад.
Хуне, ки мебинад, хуни истиҳоза ба шумор меравад.
Корҳое, ки барои зан дар аснои ҳайзу нифос мамнўъ ва ҳаром аст
1. Хондани намоз ва гирифтани рўза, чӣ фарз бошад, чӣ нафл.
2. Дохили масҷид шудан ва тавофи Каъба намудан.
3. Қироат кардани Қуръон аз ёд, бар хилофи шахси бевузў, ки барои ў хондани Қуръон аз ёд ҷоиз мебошад.
4. Даст расонидан ва гирифтани Қуръони карим, магар ин ки ғилоф дошта бошад, дар ин сурат ба даст гирифтани он барояш ҷоиз аст. Ҷунуб ва бевузў низ ҳамин ҳукмро доранд. Бо нўги остин гирифтани Қуръон барои зани ҳоиз макрўҳ аст.
5. Даст задан ба чизҳое, ки дар онҳо сурае ва ё ояте аз Қуръон навишта шуда бошад.
6. Ҳамбистарӣ ё равобити заношўӣ. Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ ٢٢٢﴾ [البقرة: ٢٢٢]
«…То вақте пок нагаштаанд, ба онҳо (занон) наздик ва ҳамбистар нашавед…».[7]
Қазои намозҳое, ки дар муддати одати моҳонаи зан аз вай фавт шудаанд, аз ў соқит мегарданд, вале қазои рўзаашро бояд ҳатман ба ҷо оварад. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: «Дар замони расули Худо (с) пас аз поёни одати моҳона мукаллаф будем, ки қазои рўзаро ба ҷо оварем, вале ба қазо доштани намозҳои (дар он давра фавтшуда) амр намешудем».[8]
Ҳамбистарӣ бо зане, ки ҳайзи ў дар аксари муддати ҳайз (даҳ рўз) қатъ шудааст, пеш аз ғусл кардани зани мазкур ҷоиз мебошад, ба хилофи зане, ки ҳайзаш дар камтар аз аксари муддати ҳайз (даҳ рўз) қатъ шуда бошад. Зеро ҳамбистарӣ бо ин зан танҳо баъд аз он ки ў ғусл намояд ва ё вақти адои як намози комил бар вай бигзарад, ҷоиз мешавад. Нуфасо (зани таваллуднамуда) низ ҳамин ҳукмро дорад.
Корҳое, ки барои занон дар аснои ҳайзу нифос мубоҳ (ҷоиз) мебошанд
1. Алоқа ва муошират бо онҳо бидуни амали заношўӣ.
2. Хондани зикру вирд.
3. Эҳром бастан, ба Арафот рафтан ва тамоми аъмоли ҳаҷҷу умра ба ҷуз тавофи хонаи Каъба барои онҳо ҷоиз ва мубоҳ мебошад. Вале хонаи Каъбаро танҳо пас аз поёни одати моҳона ва ғусл намудан метавонад тавоф намояд.
4. Сари як суфра (дастархон) нишастан, муошират ва нишасту бархост бо онҳо ҷоиз ва биломонеъ аст. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: «Ҳангоми одати моҳона гоҳо чунин ҳам мешуд, ки аз зарфе ман об менўшидам ва расули Худо (с) аз ҳамон зарф ва ҳамон ҷое, ки ман бар он лаб ниҳода будам, об менўшид. Ман устухонеро мехоидам, дар ҳоле ки дар ҳайз будам, сипас онро ба паёмбар (с) медодам. Вай даҳонашро (айнан) дар ҷои даҳони ман мегузошт».[9]
[1]- Паёмбар (с) мефармояд: «Камтарин муддати ҳайз (ҳам) барои духтари бикр ва (ҳам) барои зани шавҳардида (бева) се рўз ва дарозтарин муддати он даҳ рўз мебошад». (Сунани Дорақутнӣ, 59, 60, 61. Ҷ. 1. – С. 218, 219; Мўъҷаму-л-авсат, 603. Ҷ. 1. – С. 261; Мўъҷаму-л кабир, 7586.Ҷ. 8. – С. 129).
[2]- Ишора ба ҳадисе мебошад, ки аз Оиша (р) ривоят шудааст. Ў мефармояд: «Ҳамроҳи паёмбар (с) эҳроми ҳаҷ бастем ва вақте ба Сараф (номи маконе дар наздикиҳои Макка) расидем, ҳайз дидам. Расули Худо (с) ба назди ман омад, дар ҳоле ки мегиристам. Гуфт: Туро чӣ шудааст? Оё ҳайз дидӣ? Гуфтам: Оре. Фармуд: Ин кор (ҳолат)-ест, ки Худованд онро бар духтарони Одам навиштааст». (Саҳеҳи Бухорӣ, 294, 305; Саҳеҳи Муслим, 119; Сунани Абўдовуд, 1782, 1785; Сунани Насоӣ, 289, 347, 2740, 2762; Сунани Ибни Моҷа, 637, 2963.
[3]- Сураи Бақара, 2: 222.
[4]- Саҳеҳи Бухорӣ, 326; Сунани Абўдовуд, 307, 308; Сунани Насоӣ 366; Сунани Ибни Моҷа, 647.
[5]- Ҳадиси ҳасани саҳеҳ аст: [Саҳеҳи Сунани Ибни Моҷа 530]. Сунани Абўдовуд, 311, 312; Сунани Тирмизӣ, 139; Сунани Ибни Моҷа, 648.
[6]- Идда – он муддатеро мегўянд, ки зан пас аз ҷудо гаштан аз шавҳараш бояд бипояд ва пас аз он метавонад ба шавҳари дигар барояд.
[7]- Сураи Бақара, 2: 222.
1- Зане аз Оиша пурсид: Оё ҳар яке аз мо намозҳои дар айёми ҳайз (фавтшударо пас аз пок шудан) қазо медорад? (Оиша) фармуд: Оё ту ҳарурӣ ҳастӣ? Мо (дар замони паёмбар (с) ҳайз медидем ва ба (қазои намозҳои) он (давра) амр намешудем». (Ҳадис муттафақун алайҳ аст: Саҳеҳи Бухорӣ, 321; Саҳеҳи Муслим, 759, 760, 761; Сунани Абўдовуд, 262, 263; Сунани Тирмизӣ, 130; Сунани Насоӣ, 380, 2317; Сунани Ибни Моҷа, 631).
Дар баъзе ривоятҳо лафзи ҳадис ба сурате ки дар матн зикр шудааст, мувофиқат дорад. Ҳарурия нисбат ба шаҳри Ҳаруро аст, ки дар ду милии шаҳри Куфа ҷойгир шуда буд. Нахустин тоифаи хавориҷ дар замони хилофати Алӣ (р) дар он шаҳр пайдо шуда буд. Бинобар ин, хавориҷро ҳарурӣ низ мегўянд. Онҳо, аз ҷумла, намозҳои фавтшудаи давраи ҳайзро бар занон воҷиб медонистанд. (Фатҳу-л-борӣ. Ҷ. 2. – С. 559; Лисону-л-араб. Ҷ. 4. – С. 185).
[9]- Саҳеҳи Муслим, 690; Сунани Абўдовуд, 259; Сунани Насоӣ, 280, 281, 377, 378; Муснади имом Аҳмад, 25066, 25237, 25264. Ҷ. 7. – С. 275, 301, 306. Барои огоҳии бештар ба «Аҳкоми пасхўрда», банди 3 ва поварақиҳои марбут ба он муроҷиат намоед.