×
Муаллифи ин мақола мавзуъҳо хело муҳимро дар масалаи ғусл зикр мекунад аз ҷумла: • Тариқаи ғусл кардан. • Мўҷиботи ғусл. • Истифода аз ғилофак. • Фарзҳои ғусл. • Суннатҳои ғусл. • Аҳкоми ғусл. • Баъзе масоили ин боб. Ва дигар масалаҳое, ки барои ҳар як мард ва зани мусалмон зарур аст дар ин боб бо як шарҳи муфассал баён карда шудааст.

    Мўҷибот, Аҳком ва фарзҳои ғусл

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    АБДУШАРИФИ БОҚИЗОДА

    Масдар: Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафи

    2013 - 1434

    موجبات, أحكام, و فرائض الغسل

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الشريف باقي زاده

    المصدر: كتاب الفقه الإسلامي على المذهب الحنفي

    2013 - 1434

    Мўҷибот, Аҳком ва фарзҳои ғусл

    Ғусл низ бар асоси ояти Қуръон ва суннати паёмбар (с) фарз гардидааст. Худованд дар ояти шашуми сураи Моида пас аз баёни фарзияти вузў дар бораи ғусл мефармояд:

    ﴿وَإِن كُنتُمۡ جُنُبٗا فَٱطَّهَّرُواْۚ ٦﴾ [المائ‍دة: ٦]

    «Ва агар шумо нопок ва дар ҳолати ҷанобат қарор дошта бошед, пас худро хуб пок созед».[1]

    Паёмбари ислом (с) мефармояд: «Вақте маҳалли хатнаи мард аз маҳалли хатнаи зан гузашт, ғусл воҷиб мегардад».[2]

    Тариқаи ғусл кардан

    Бинобар дастуроти шариати муқаддаси ислом, ғуслгиранда бояд дар ибтидо ҳар ду дасти худро то банди дастҳояш бишўяд. Он гоҳ истинҷо намуда, агар бар баданаш наҷосате бошад, онро дур созад (бишўяд). Пас аз он мисли вузўи намоз вузў бигирад. Вале агар ғуслгоҳ ба тавре бошад, ки оби мустаъмал дар он ҷамъ мегардад, дар ин сурат ҳар ду пойи худро на дар вузў, балки пас аз ғусл, ҳангоми берун рафтан аз он ҷо бишўяд.

    Аз Оиша (р) ривоят аст, ки: «Паёмбар (с) ҳангоми ғусли ҷанобат аввал дастҳояшро мешуст. Пас аз он бо дасти росташ бар тарафи чапаш об мерехт ва шармгоҳашро мешуст. Он гоҳ ба мисли вузўи намоз таҳорат мекард ва об бармедошт ва бо ангуштонаш байни мўйҳои сарашро хилол мекард, то хуб мутмаин мегашт, ки об ба бехи мўйҳо (ва ба пўсти сараш) расидааст. Сипас се каф об бар сараш мерехт. Пас аз он бар тамоми баданаш об мерехт ва дар охир пойҳояшро мешуст».[3]

    Мўҷиботи ғусл

    Дар мавридҳои зерин ғусл фарз мегардад:

    1. Ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кардан, ҳарчанд инзол ҳам нашавад.
    2. Аз хоб бедор шуда, дар либоси худ манӣ (сперма) ё мазӣ (оби тунуктар қабл аз манӣ) ва ё тариеро мушоҳида кардан, чи мард ва чи зан. Зеро он ҳамон мание мебошад, ки дар ҳарорати бадан тунуктар гардидааст. Ин дар сурате аст, ки ба эҳтилом шуданаш яқин дошта бошад, вале агар чизе дар хотираш набошад, танҳо бо дидани манӣ дар бадан ва ё либосаш ғусл менамояд. Дар ин ҳолат мазӣ ва тарӣ мўҷиби ғусл намебошад.
    3. Хориҷ шудани манӣ бо ҷаҳиш ва шаҳват.
    4. Қатъ шудани ҳайз (хунбинии моҳонаи занон) ё нифос (хунбинӣ пас аз вазъи ҳамл) барои занон.

    Илова бар он ғусли воҷибӣ, ғусл намудан дар рўзҳои ҷумъа, иди Фитр, иди Қурбон, ҳангоми бастани эҳром ва вуқуф дар Арафа суннат аст. Ғусл дар ин рўзҳо барои покизагӣ мебошад.

    Истифода аз ғилофак

    Мўҷиботи ғусл аслан се чиз мебошанд.

    а) Алоқаи ҷинсӣ кардан. Дар ин сурат, ҳамин ки миқдори ҳашафаи мард ба фарҷи зан дохил гардид, ғусл бар онҳо воҷиб мегардад, ҳарчанд инзол ҳам нашуда бошанд.

    б) Хориҷ шудани манӣ бо ҷаҳиш ва шаҳват. Ин вазъ дар ҳолати эҳтилом ва истимнои бо даст низ ба вуҷуд меояд.

    в) Ба поён расидани ҳайз ва ё нифоси зан.

    Бинобар ин, агар марду зане бо истифода аз василаҳои пешгирикунадаи манъи бордорӣ, ба монанди ғилофакҳо (презерватив)[4] алоқаи ҷинсӣ намоянд, бар онҳо ғусли ҷанобат воҷиб мегардад. Зеро шаҳват (лаззати ҷинсӣ) ва ҷаҳиш дар он тақрибан ба сурати табиӣ эҳсос мешавад.

    Вале агар мард олати худро бо порчае печида, бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ намояд, дар ин сурат то инзол нашаванд, бар онҳо ғусл воҷиб намегардад. Зеро онҳо дар ин сурат аз якдигар эҳсоси ҳарорат ва лаззати ҷинсӣ намекунанд. Агар онро эҳсос кунанд, бо ворид шудани ҳашафа, ҳарчанд инзол ҳам нашуда бошанд, ғусл бар онҳо воҷиб мегардад.

    Бар ҳамин асос, агар оби мании шавҳарро ба василаи сўзандору (шпритс) ва ё дигар таҷҳизоти тиббӣ, бе анҷоми амали заношавҳарӣ ба раҳм (бачадон)-и зан расонанд, бар вай ғусл воҷиб намешавад. Зеро дар он ҳеҷ яке аз ду мўҷиби ғусл: ғоиб шудани ҳашафа ва ё хуруҷи манӣ бо ҷаҳиш ва шаҳват сурат нагирифтааст.

    Фарзҳои ғусл

    Фарзҳои ғусл иборатанд аз:

    1. Шустани даҳон (мазмаза).

    2. Кашидани об ба дохили бинӣ ва шустани он (истиншоқ).

    3. Шустани тамоми бадан.

    Суннатҳои ғусл

    Суннатҳои ғусл инҳо ҳастанд:

    1. Шустани дастҳо.

    2. Шустани шармгоҳ (узвҳои зери ноф).

    3. Дур сохтани наҷосат аз бадан.

    4. Вузў гирифтан (ба ғайри шустани пойҳо).

    5. Се бор расонидани об ба тамоми бадан.

    6. Шустани пойҳо.

    Барои касоне, ки дорои гесувон (кокулҳо)-и бофта ҳастанд, расонидани об ба бехи мўйҳояшон кифоят мекунад ва лозим нест, ки мўйҳои худро кушода, мўйҳояшонро тар намоянд. Аммо онҳое, ки мўйҳои дарози бофтанашуда доранд, барояшон воҷиб аст, ки мўйҳои хешро тар намоянд ва ба бехи он низ об расонанд.

    Аҳкоми ғусл

    Шахсеро, ки бар вай ғусл воҷиб шудааст, дар истилоҳи уламои фиқҳ ҷунуб мегўянд.

    Барои шахси ҷунуб анҷом додани корҳои зерин ҷоиз нест:

    1. Ламс кардан ва қапидани Қуръони карим, агар ғилоф надошта бошад.
    2. Қироати Қуръони карим, чи аз рўи мусҳаф (китоби Қуръон) ва чи аз ёд.
    3. Дохил шудан ба масҷид, вале агар зарурате пеш ояд, дар он ҳол метавонад дохил шавад. Ҳоиз (ҳайзбинанда) ва нуфасо (нифосбинанда) ҳам дар ин корҳо ҳукми ҷунубро доранд.

    Дар бахшҳои оянда дар бораи ҳукми ҳоиз ва нуфасо ба тафсил сухан хоҳем гуфт, вале ба таври мухтасар шарҳаш ба ин тартиб аст:

    Ҳоиз занест, ки ҳайз мебинад ва ҳайз хунест, ки аз раҳм (бачадон, заҳдон)-и занҳои ба синни балоғат расида берун меояд.

    Нуфасо занест, ки нифос мебинад ва нифос хунест, ки пас аз таваллуди тифл аз раҳми модар хориҷ мешавад.

    Тазаккури зарурӣ дар бораи мўҷиботи ғусл

    Обе, ки аз андоми ниҳонии мард ё зан берун меояд, бар се қисм аст: 1. мазӣ, 2. вадӣ ва 3. манӣ.

    1. Мазӣ обест, ки вақти шўхию дастбозӣ бо зан ва ё ҳангоми ба фикри қаробат (наздикӣ) афтодан, берун меояд. Ҳукми ин навъ об он аст, ки вузў мешиканад, вале ғусл воҷиб намегардад.

    2. Вадӣ обест, ки пас аз идрор (пешоб) аз ҷиҳати сустии асабҳо берун меояд. Ҳукми он низ ба монанди мазӣ аст.

    3. Манӣ обест, ки дар вақти ҷимоъ (наздикии ҷинсӣ) ва ё нигоҳи бо шаҳват бо ҷасти ҳамроҳ бо эҳсоси лаззат берун меояд. Ҳукми манӣ он аст, ки ғуслро воҷиб мегардонад.

    1. Агар шахсе дар хоб эҳтилом (ҷунуб) шавад ва чун бедор гардад, дар ҳеҷ ҷои худ асаре аз оби манӣ набинад, ғусл бар вай воҷиб намегардад. Аммо агар дар либос ва ё дар баданаш оби манӣ дида шавад, ғусл бар вай воҷиб мегардад. Агар дар хоб эҳтилом нашавад (чизе дар хоб набинад), вале пас аз бедор шудан дар либос ва ё бадани худ оби манӣ бинад, ғусл бар вай воҷиб мегардад.

    2. Агар манӣ берун омад ва ғусл гирифт, вале пас аз ғусл боз манӣ берун омад, барои бори дуввум ғусл бар ў воҷиб мегардад, ба шарте ки ин ҳодиса пеш аз идрор (пешоб кардан) ё хоб ва ё миқдоре роҳ рафтан ба вуқўъ бипайвандад. Зеро он бозмондаҳои ҳамон мании пешина аст ва бо берун шудани он ғусл воҷиб мегардад. Вале агар пас аз пешоб, миқдоре роҳ рафтан, ҳаракат кардан ва ғайра хориҷ шавад ва бе ҷаҳиш ва эҳсоси лаззат бошад, он бо сабаби дигаре хориҷ гардида, ғуслеро воҷиб намегардонад.

    3. Агар аз андоми зан пас аз ғусл мании шавҳар бирезад, ғусли дуюмбора бар вай воҷиб намегардад.

    4. Агар бар асари дарде ва ё иллати дигаре оби манӣ хориҷ шавад ва бе ҷаҳиш ва эҳсоси лаззат бошад, дар ин сурат ғусл воҷиб намегардад.

    5. Агар марду зан ҳар ду якҷоя хобиданд ва баъд аз бедор шудан бар либоси яке аз онҳо манӣ дида шуд, аз гўшаи эҳтиёт ҳар ду ғусл бигиранд, зеро маълум нест, ки он об аз кадоми онҳост, яъне вақте бо ҳам наздикӣ накарда бошанд.

    6. Агар кофире мусалмон гардад, барои вай ғусл мустаҳаб аст ба шарте ки пеш аз ислом оварданаш ғусл бар вай воҷиб нагашта бошад. Аммо агар пеш аз ислом оварданаш ғусл бар вай воҷиб гашта бошад, дар он сурат ғусл бар вай воҷиб аст.

    7. Шахсе, ки ғусл бар вай воҷиб шудааст, агар бихоҳад пеш аз ғусл чизе бихўрад ва ё бинўшад, беҳтар аст дасту даҳони худро бишўяд. Агар ношуста хўрад ё ошомад, низ гуноҳе надорад.

    8. Хондани Қуръон, мисоси (қапидан) он ва дохил шудан ба масҷид бар шахсе, ки ғусл бар вай воҷиб шудааст, ҳаром аст. Албатта, ба забон овардани номи Худо, дуруд фиристодан ва калима гуфтан ҷоиз аст.

    9. Мисос намудани китобҳои тафсир ва тарҷимаи Қуръон бе ғуслу вузў макрўҳ аст.

    Баъзе масоили ин боб

    1. Дар вақти ғусл кардан бояд рўи худро ба ҷониби қибла нагардонад. Дар об исроф нанамояд. Дар ҷое ғусл кунад, ки касе ўро набинад. Дар вақти ғусл кардан сухан нагўяд. Баъд аз ғусл бадани худро хушк намуда, он гоҳ дар пўшидани либосҳояш шитоб кунад.

    2. Агар дар ҷое ғусл намояд, ки касе ўро намебинад, бе ҳоил (макони пўшида) ғусл кардан дуруст аст, вале бо ҳоил беҳтар аст.

    3. Ният дар ғусл воҷиб нест, вақте се фарзи ғуслро ба ҷой овард, ғусл комил мегардад, хоҳ нияти ғусл карда бошад, хоҳ не.

    4. Агар ҷое аз бадан ба андозаи сари сўзане хушк бимонад ё мазмаза ва истиншоқро фаромўш кунад, ғусл дуруст намегардад.

    5. Агар пас аз ғусл ба ёдаш омад, ки фалон ҷой хушк мондааст, дубора ғусл кардан лозим намебошад, балки ҳамон ҷои хушкмондаро бишўяд ва молидани он ҷой бо дасти тар кифоят намекунад. Ҳамчунин агар мазмаза ва ё истиншоқро фаромўш кунад, аз нав ғусл гирифтан лозим намеояд, балки фақат ҳамон мазмаза ва истиншоқро анҷом диҳад, бо ҳамин ғусл дуруст мегардад.

    6. Агар аз сабаби дарде расонидани об бар сар зарар расонад, сарро тар карда, бақияи баданашро бишўяд, вале пас аз шифо ёфтан шустани сар зарур аст.

    7. Агар ғуслгиранда мард бошад, дар сурате ки мўи сари худро дароз гузошта ва онро бофта бошад, вақти ғусл боз кардани мўйҳо барояш лозим аст. Агар ғуслгиранда зан бошад, дар сурати тар шудани бехи мўйҳо (расидани об ба бехи онҳо) кушодани онҳо лозим нест, вале агар бехи мўйҳо тар нашавад, ў низ бояд мўйҳои худро бикушояд.

    8. Агар ангуштарӣ ё гўшвора ё соат ва ғайра тавре ҳастанд, ки дар вақти вузў ва ғусл худ мечарханд ва об ба зери онҳо мерасад, дигар чархонидани онҳо зарурат надорад, вале агар худ ба худ намечарханд, зарур аст чархонида шаванд, то об ба қисмати зери онҳо бирасад.

    9. Агар ба нохун хамир ё гил (лой) ва ё семент часпида бошад ва аз расидани об ба зери он монеъ шавад, ғусл дуруст намегардад. Бояд нохун аз онҳо пок сохта шавад ва пас аз он шуста шавад. Пеш аз ин, агар намозе хонда бошад, бояд онро иъода намояд. Ҳукми лаки пушти нохун низ ҳамин аст.

    10. Агар даст ё пой кафида ва онро бо равған, мум ва ғайра пур намудааст, ҷорӣ сохтани об ба болои онҳо кифоят менамояд.

    11. Расондани об ба сўрохи гўш ва ноф зарурӣ аст. Агар об ба дохили гўш ё ноф нарасад, ғусл дуруст намегардад.

    12. Агар дар вақти ғусл мазмаза накард, вале об нўшид, ба тавре ки ба ҳамаи даҳон об расид, ғусл дуруст мегардад.

    13. Агар ба мўйҳо ё дасту пой ва ё боқии бадан равған молида шуда бошад, ба тавре ки об дар онҳо қарор намегирад, ғусл дуруст мегардад.

    14. Агар дар миёни дандонҳо пораи гўшт, нон ва ғайра монда бошад ва аз расидани об ба он ҷой монеъ гардад, ғусл дуруст намегардад.

    15. Агар бар дандонҳои солим рўкаши тилло ва ғайра гузошта шавад, дар сурати нарасидани об ба зери онҳо ғусл дуруст намегардад, вале агар дандон пўсида ва дардманд бошад ва бо тавсияи табиб пур ва ё рўкаш шуда бошад ва дигар имкони ҷудо карданаш дар вақти ғусл набошад, расонидани об ба болояшон кифоя мекунад.

    Чӣ тавре аз ривоятҳои расида ва фатвоҳои бузургони дин бармеояд, пур (пломба) кардани дандонҳои пўсида, кирмхўрда ва сўрохгашта шаръан ҷоиз мебошад ва ҳамчунин, дандон гузоштан низ на танҳо боке надорад, балки барои ҳифзи саломатӣ ва зебоии шахс зарур мебошад. Вақте шахсе бо дарназардошти чунин зарурате дандон гузошта бошад ва ё дандонҳояшро пур карда бошад, он ба манзалаи дандони аслӣ мебошад ва дар ғуслу вузў бо расонидани об пок мегардад.

    Дандонҳои гузошташудаи сунъӣ ё ба таври доимӣ ба силки дандонҳо пайваст карда мешаванд ва ё ба сурати маҷмўае сохта мешаванд ва ҳар вақте шахс бихоҳад, онро мегирад ва мегузорад. Дар сурати дуюм расонидани об ба зери онҳо дар ғусл воҷиб мебошад ва дар сурати аввал расонидани об ба болои онҳо кифоя мекунад.

    Дар ҳолате, ки дандонҳои сунъӣ ба силки дандонҳо ба таври доимӣ пайваст карда мешаванд, ҳатман, онҳоро ба дандонҳои ду тараф устувор менамоянд. Дар ин сурат рўкаш намудан ва пўшонидани дандонҳои солими ду тараф ба ҳайси пойгоҳи дандонҳои сунъӣ боке надорад, зеро бе он пайвасти дандонҳои сунъӣ имкон надорад ва дар вақти ғусл расонидани об ба болои онҳо низ кифоя аст.

    Вале агар бе ҳеҷ зарурате дандонҳои солим барои зебоӣ ва мўди рўз бо чизе рўкаш карда шаванд, дар ин ҳолат то об ба зери онҳо нарасад, ғусл дуруст намегардад.[5]

    Ҳукми узвҳои сунъӣ низ ба монанди дандонҳои сунъӣ мебошад. Вақте шахсе аз узви сунъӣ, ба монанди даст, пой ва ғайра бо пайванди доимӣ истифода намояд, онро дар ҳолати ғусл бояд бишўяд ва агар аз узвҳои вузў бошад, шустани он дар вақти вузў низ воҷиб мебошад. Зеро он ба ҷои узви ҳақиқӣ қарор гирифтааст. Вале агар он узви сунъӣ ҷудошаванда бошад, дар вақти ғусл ҷудо кардан ва шустани ҷои он воҷиб мебошад.[6]

    Узви сунъӣ вақте ин ҳукмро мегирад, ки ба ҷои қисмате аз узви шусташаванда дар ғуслу вузў насб (коргузорӣ) шуда бошад, зеро агар ин узвҳо комилан қатъ шуда бошанд, дар он сурат ҳукми шустани онҳо низ соқит мегардад ва он ба узви сунъӣ интиқол намеёбад. Масалан, агар даст ва ё пои инсон ки аз ҷумлаи узвҳои шусташаванда дар вузў ба шумор мераванд, аз оринҷ ва буҷул қатъ шуда бошанд, ҳукми шустани онҳо дар вузў соқит мегардад. Зеро бо аз байн рафтани ҷои иҷрои ҳукм анҷоми он ҳукм аз эътибор соқит мешавад. Пас шустани узви сунъие, ки ба ҷои узви комил насб шудааст, дар вузў ва ғусл зарурат надорад, вале агар ба ҷои қисмате аз узв насб шуда бошад, ҳукми дандонҳои сунъиро мегирад ва шустани он дар ғуслу вузў воҷиб мебошад.

    16. Заноне, ки дар вақти арўсӣ ва ё дигар муносибатҳо равған ё сурхӣ (ранг) ва ўсмаи часпдор бар сару рўй ва лабу нохун мезананд ва дар вақти ғусл ё вузў онҳоро пок насохта, ҳамон тавр обро бар рўи онҳо ҷорӣ месозанд, вузў ва ғуслашон дуруст намешавад.

    17. Шахсе, ки дарди чашм дорад ва чашмаш чирк гирифтааст, дар вақти вузў ва ғусл бояд пилкҳояшро бикушояд. Агар пилкҳо ба ҳам часпида, боз нагарданд, вузў ва ғуслаш дуруст намегардад.

    18. Шахсе дар оби ҷорӣ, ба монанди ҷўй ва дарё, дохил шавад ва дар он бадани худро молиш диҳад, суннати ғусл барояш комилан таҳаққуқ ёфтааст. Ҳамчунин дар обе, ки ҳукми оби ҷориро дорад, ба монанди ҳавзи калон.

    [1] - Сураи Моида, 5:6.

    [2] - Сунани Тирмизӣ, 108, 109; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 1176, 1177, 1184. Ҷ. 3. С. 452, 453, 457; Муснади имом Аҳмад, 20593. Ҷ. 6.–С. 133, 24516. Ҷ. 7. С.195, 24753. Ҷ. 7.–С. 231. Дар ривоятҳои дигар омадааст, ки расули Худо (с) фармуд: «Вақте ду хитон (хатнагоҳ) ба ҳам расиданд ва ҳашафа ғоиб гашт, ғусл воҷиб мегардад».(Саҳеҳи Муслим, 783; Сунани Абўдовуд, 216; Сунани Ибни Моҷа, 608, 611; Муваттаи имом Молик, 101. Ҷ. 1.–С. 45). Ин ривоят аз баъзе роҳҳо бо изофаи: «Инзол шавад, ё не» низ омадааст. (Сунани Куброи Байҳақӣ, 788, ҷ 1.–С. 276; Мўъҷаму-л-авсат, 4489. Ҷ. 5.–С. 44).

    [3] - Саҳеҳи Бухорӣ, 245, 269; Саҳеҳи Муслим, 716; Сунани Абўдовуд, 242; Сунани Насоӣ, 245, 247; Сунани Куброи Насоӣ, 244; Муснади имом Аҳмад, 23736. Ҷ. 7. – С. 79.

    [4]- Ин василаи манъи ҳамлро ба забони тоҷикӣ имрўзҳо рифола низ мегўянд.

    [5]- Масъалаи пур кардан ва ё гузоштани дандони сунъӣ дар китобҳои фатво ба таври муфассал баён гардидааст. Дар «Маҳмуду-л-фатово» аз саҳифаи 22-юм то 46-уми ҷ. 1, тафсилоти хубе дар ин бора омадааст. Хоҳишмандон метавонанд ба он муроҷиат намоянд.

    [6]- Холид Сайфуллоҳи Раҳмонӣ, Масоили фиқҳии муосир (тарҷимаи форсӣ, Ғуломмуҳаммад Яҳёи Ҳалим). Пешовар. – С. 28. Минбаъд: Масоили фиқҳии муосир.