×
Ғолибан ҳар инсоне, ки ба ҷидол машғул гашт – аз баракати илму дониш маҳрум хоҳад монд, Зеро аксари онҳое, ки ҷидол мекунанд танҳо сухани хешро нусрат доданӣ (исбот карданӣ) мешаванд, ва аз ин сабаб аз баракати илм маҳрум хоҳанд шуд…

    Ҷидол баракати илмро мебарад!

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1434

    الجدال يذهب بركة العلم

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد عزيز رجب

    2013 - 1434

    Ҷидол баракати илмро мебарад!

    (Ҳошия бар насиҳати Аллома ибни Усаймин)

    (Ҳошияе бар насиҳати аллома Муҳаммад ибни Солиҳи Усаймин)

    Шайхи бузургвор Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: “Ғолибан ҳар инсоне, ки ба ҷидол машғул гашт – аз баракати илму дониш маҳрум хоҳад монд; Зеро аксари онҳое, ки ҷидол мекунанд танҳо сухани хешро нусрат доданӣ (исбот карданӣ) мешаванд, ва аз ин сабаб аз баракати илм маҳрум хоҳанд шуд…

    Аммо он шахсе, ки ҳақро мехоҳад, – пас ҳақ саҳлу осон ва дастрас аст ва эҳтиёҷ ба муҷодалоти зиёд надорад; Зеро ки ҳақиқат возеҳу ошкор аст…

    Барои ҳамин ҳам мебинем, аҳли бидъат, ки дар бидъати хеш ҷидолу мухосамат мекунанд, илму донишашон ноқисул-баракат­ асту хайре дар он нест.

    Ва мебинем, ки баъди мухосамаву ҷидоли зиёде ба натиҷае намерасанд!…

    Ба натиҷа ва ҳақ даст намеёбанд.”

    (Тафсири сураи Бақара ҷ. 2, саҳ. 444).

    Баъд аз мутолаъаи ин сухан саволҳо пайдо мешавад ва бисёре аз бародарон суол мекунанд, ки оё баҳсу мунозара ва муҷодала комилан мазмум аст, ё инки тафсиле дорад?! Амсоли ин гуна суолҳо маро водор кард, ки дар мавриди ҷидол ва одобу қавоъиди он каме барои бародарони азиз маълумот диҳам.

    Бидон бародари азиз, ки ҷидол (баҳсу мунозара, ҷанҷол, чолиш)бар ду навъ мебошад:

    1) Ҷидоли маҳмуд ва некӯву писандида.

    2) Ҷидоли мазмум ва накӯҳида.

    Аммо “ҷидоли маҳмуд” оне, ҳаст ки барои изҳори ҳақ, далолат бар он ва фаро хондан ба сӯйи он бошад, ва Худованд ба ин гуна ҷидол моро амр кардааст:

    ﴿ٱدۡعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِٱلۡحِكۡمَةِ وَٱلۡمَوۡعِظَةِ ٱلۡحَسَنَةِۖ وَجَٰدِلۡهُم بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ ١٢٥﴾ [النحل: ١٢٥]

    Бихон ба сӯйи парвардигорат бо ҳикмат ва панди некӯ, ва бо онҳо (яъне мардум) ба шеваи ҳарчӣ беҳтар ва некӯтар муҷодала кун…“.

    Сураи Наҳл 125

    Ва ҳамчунин фармудааст:

    ﴿وَلَا تُجَٰدِلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡۖ ٤٦﴾ [العنكبوت: ٤٦]

    “Бо аҳли китоб (яҳудиён ва насоро) муҷодала (баҳсу гуфтугӯ) макунед ҷуз бо равише некӯтар; магар бо касоне аз эшон ки ситам карданд (ва зӯриву густохӣ кунанд ва аз ҳадди эътидол хориҷ шаванд, дар ин сурат шиддат дар муқобили онҳо боке надорад).

    Сураи Анкабут 46

    Ва низ Расули акрам (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр кардааст:

    "جاهدوا المشركين بأموالكم وأنفسكم وألسنتكم".

    “Ҷиҳод кунед бар муқобили мушрикон бо молу нафсҳо ва забонҳои хеш”.

    (Ривояти Аҳмад ва сунан)

    Ва ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Аббос (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) муҷодала кард бо Хавориҷ 1Хавориҷ онҳоеро мегӯянд, ки бар муқобили шоҳи мусалмон қиём кардаву силоҳ ба даст мегиранд ва ҳамчунин муртакиби гуноҳи кабираро абадӣ дар Ҷаҳаннам (Дузах) медонанд. бо амри Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ва бар онҳо пирӯз гаштаву ҳуҷҷатро бар онҳо қоим кард. Ва дар натиҷаи муҷодалаи Ибни Аббос мардуми зиёде аз он бидъати хеш баргаштанд ва роҳи салоҳро пеш гирифтанд.

    Пас ҷидоли маҳмуд ва писандида он аст, ки баҳри эълои калиматуллоҳ ва изҳори ҳақ бошад, ки бо далелу бурҳон сидқи худро собит кунад.

    Аммо ҷидоли мазмум ва нописанд, ки намудҳои зиёд дорад, чандтояш инҳо ҳастанд:

    1) Ҷидол барои хомӯш кардани нури ҳақ.

    Бисёр ҳастанд шахсоне, ки ҳадафашон хомӯш кардани нури ҳақиқат мебошад ва барпо кардани фитнаву машғул кардани аҳли ҳақ.

    ﴿وَإِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ لَيُوحُونَ إِلَىٰٓ أَوۡلِيَآئِهِمۡ لِيُجَٰدِلُوكُمۡۖ ١٢١﴾ [الانعام: ١٢١]

    “Бегумон шаётин (аз инсу ҷин) ба дӯстони хеш матолиберо илқо мекунанд, то инки бо шумо кашмакаш ва муҷодала кунанд”.

    Сураи Анъом 121

    Ва низ Аллоҳ таъоло дар бораи ин гуна ҷидолкунандагон мегӯяд:

    ﴿وَجَٰدَلُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ لِيُدۡحِضُواْ بِهِ ٱلۡحَقَّ فَأَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ عِقَابِ ٥﴾ [غافر: ٥]

    “…(Онҳо) ба ноҳақ ҷидолу низоъ варзиданд, то ки ба василаи ботил ҳақро нобуд ва бартараф созанд, вале Ман онҳоро (ба азоб) гирифтор сохтам”.

    Сураи Ғофир 5

    Ва низ Аллоҳ таъоло гуфтааст:

    ﴿وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُ إِلَيۡكَۖ وَجَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٗاۚ وَإِن يَرَوۡاْ كُلَّ ءَايَةٖ لَّا يُؤۡمِنُواْ بِهَاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوكَ يُجَٰدِلُونَكَ يَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٥﴾ [الانعام: ٢٥]

    “Бархе аз онҳо (ҳангоми тиловати Қуръон) ба ту гӯш фаро медиҳанд, (вале на барои фаҳмидан ва ҳидоят ёфтан, балкӣ барои таъна задан ва ришханд кардан. Ба ин сабаб мо эшонро аз фоидаи ақлу гӯш маҳрум сохтаем ва гӯӣ, ки) мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем то онро нафаҳманд ва дар гӯшҳояшон карӣ қарор додаем. Агар онҳо ҳама далоил ва нишонаҳои ҳақро ҳам бубинанд, ба он бовар намекунанд ва имон намеоранд. То онҷо, ки вақте барои муҷодала ба пеши ту меоянд, мегӯянд: Инҳо (ки ту бар мо мехонӣ) ҷуз афсонаҳои пешиниён чизи дигаре нест“.

    Сураи Анъом 25

    Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хабар медиҳад, ки сабаби ин тавр рафтор кардани ин гуна инсонҳо кибр аст. Кибр аст, ки онҳоро аз қабули ҳақ ва таслим шудан боз доштааст:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ سُلۡطَٰنٍ أَتَىٰهُمۡ إِن فِي صُدُورِهِمۡ إِلَّا كِبۡرٞ مَّا هُم بِبَٰلِغِيهِۚ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ٥٦﴾ [غافر: ٥٦]

    “Касоне, ки бидуни далеле, (ки аз сӯйи Худованд бошад) дар даст дошта бошанд, дар бораи оятҳои илоҳӣ ба ҷидол (ситезагариву кашмакаш) мепардозанд, дар синаҳояшон ҷуз кибр(-у худбинӣ ва бартариҷӯӣ) нест ва ҳаргиз ҳам ба он бартарӣ нахоҳанд расид. Пас (эй мусалмон), (аз шарри ин гуна афроди худхоҳ ва мутакаббири бартарӣ-талаб) худро дар паноҳи Аллоҳ дор, ки Ӯ (суханони беасос эшонро) мешунавадва (амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро) мебинад”.

    Сураи Ғофир 56

    Ин гуна ҷидоли мазмум (яъне бар муқобили ҳақ) соҳиби худро ҳалок месозад ва ӯро гумроҳ сохтаву аз дидани ҳақиқат кӯр менамояд ва дар рӯзи Қиёмат аз хосирин (зиёндидагон) хоҳад буд:

    ﴿وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيۡطَٰنٖ مَّرِيدٖ ٣﴾[الحج : ٣،]

    ***

    ﴿وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَلَا هُدٗى وَلَا كِتَٰبٖ مُّنِيرٖ ٨ ثَانِيَ عِطۡفِهِۦ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۖ لَهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞۖ وَنُذِيقُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ٩﴾ [الحج : ٨، ٩]

    “Гурӯҳе аз мардум бидуни ҳеҷ илму донише (балки танҳо аз рӯйи тақлид ва ҳавопарастӣ) дар бораи Худованд ба муҷодала бармехезанд, ва (дар ин амр, табиъӣ ҳаст, ки на аз донишу мантиқ, балки) аз ҳар гуна шайтони саркаше пайравӣ мекунанд…”.

    Ва низ

    “Гурӯҳе аз мардум дар бораи (ягонагии Офаридгор ва сифоту афъолу аъмоли) Худованд бидуни ҳеҷ донишеву раҳнамуде ва китоби рӯшангаре ба муҷодала мепардозанд.

    (Ин гуна мардум) мутакаббирона дӯшҳояшонро боло меандозанд ва мағрурона рӯйҳояшонро бармегардонанд то (ба ин васила мардумро аз роҳи ҳақ) гумроҳ созанд. Насибаи онҳо дар ин ҷаҳон хориву расвоӣ ҳаст ва дар рӯзи Қиёмат азоби оташи сӯзонро ба эшон мечашонем”.

    Сураи Ҳаҷҷ оятҳои 3 ва 8-9

    2) Ҷидол барои шуҳрати хеш ва костан аз эҳтироми дигарон.

    Аммо ин намуд ҷидол офату бемориест, ки андак мардуме аз он солим мондаанд. Мардуми зиёде дар гуфтору ҷаласоти хеш ба ин офат гирифторанд.

    Сабаби ин гуна ҷидол эҳсоси имтиёз ва бартариву худбинӣ ҳаст, ва талош кардан аст бар ғалат ҷилва додани назари дигарон. Ин гуна ҷидол нишонаи гумроҳӣ мебошад.

    Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    "ما ضل قوم بعد هدىً كانوا عليه إلا أوتوا الجدل".

    “Ҳеҷ қавме пас аз роҳ ёфтан ва ҳидоят шудан ба ҳақ, гумроҳ нагаштанд магар инки машғули ҷидол ва мунозаъот шуданд“, ва сипас Расулуллоҳ ин оятро тиловат мекунад:

    ﴿مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلَۢاۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ خَصِمُونَ ٥٨﴾ [الزخرف: ٥٨]

    “Онҳо ин мисолро ҷуз аз рӯйи муҷодала баён намедоранд, балки онҳо гурӯҳе кинатӯз ва пархошгаранд (ва барои мубориза бо ту ва ҷилавгирӣ аз ҳақ, ба истидлоли ботил рӯй меоранд)“.

    Сураи Зухруф 58

    (Ҳадисро ибни Моҷа ривоят кардааст ва имом Албонӣ онро ҳасан гуфта).

    Ин гуна афроде, ки бар ботил ҷидол мекунанд, худро дар маърази хатар ва ғазаби илоҳӣ қарор додаанд:

    "ومن خاصم في باطل وهو يعلمه لم يزل في سخط الله حتى ينزع".

    “Ҳар касе, ки бар ботил (амри ноҳақ) ҷидол мекунад дар ҳоле, ки ӯ худ ноҳақ будани онро медонад, пас чунин инсон дар хашму ғазаби Аллоҳ ҳаст то он даме, ки баргардад (аз ҷидоли ботили хеш)“.

    Ривояти АбуДовуд ва тасҳиҳи аллома Албонӣ

    Аз сабаби он, ки мардуми одат карда ба ин гуна ҷидол, ба мушкилӣ аз ин гуна рафтору одати хеш даст мекашанд, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) башорат додааст, ки:

    "أنا زعيم بيت في ربض الجنة لمن ترك المراء 2Тарҷумаи дақиқи калимаи “мироъ”-ро дар забони форсӣ пайдо накардам, вале ғолибан онро ҷидол тарҷума кардаанд. Лекин чунин тарҷума маънои дақиқ ва комили ин калимаро баён карда наметавонад, барои ҳамин ҳам маънояшро (дар худи забони арабӣ) инҷо меорам:

    “Ал-мироъ” дар луғати араб чунин маъно дорад: Берун кашидани (овардани) хашму ғазаби оне, ки бо шумо ҷидол дорад.

    Аз гуфтори арабӣ ҳаст, ки: “Марайту аш-шота”. – шири гӯсфандро берун кашидам.

    Ва аммо мақсуд аз “мироъ”-е, ки Паёмбар аз он наҳй кардааст, ин аст: “Таъну мазаммати сухани мухолиф, барои изҳор кардани айбу нуқсони он, бидуни ҳеҷ қасде, ҷуз таҳқири мухолиф ва намоиши худ. Ва агарчанде мироъкунанда ҳақ бошад, ҷоиз нест, ки чунин равишро истифода кунад. Зеро дар ин ҳолат ҷуз таҳқири мухолиф ва пирӯз омадан ғаразе дигар надорад”. وإن كان محقًا".

    “Ман кафолат медиҳам хонае дар атрофи Биҳишт ба он шахсе, ки аз ҷидол – (мироъ*), даст мекашад, дар ҳоле ки ҳақ бо ӯст”.

    Ривояти АбуДовуд ва таҳсини аллома Албонӣ

    Бидон бародари азиз, ки муҷодала ва баҳсу мунозараи ботил ва мазмум офату зарарҳои худро дорад, ва ин гуна муҷодалоти мазмум дарҳои шарро боз кардаву шайтонро сари кор хоҳад овард. Баъзе аз Салафи солеҳ гуфтаанд:

    اياكم والمراء فانها ساعة جهل العالم وعندها يبتغي الشيطان زلته.

    “Барҳазар бошед аз мироъ, зеро ки лаҳзаи мироъ лаҳзаиғафлати олимон аст ва дар чунин лаҳазот шайтон иштибоҳи ӯро интизор аст”.

    Барои ҳамин ҳам дар поёни мақол чанде аз офатҳои ҷидоли нописанду мазмумро бароятон аз китоби “Усули муҷодала ва мунозара” – аз доктор Ҳамд Усмон меорам (бо баъзе тасарруф):

    1) Баланд гаштани шуълаи хашму ғазаб.

    Одатан мухолифат ва мунозаъа ғазабро шуълавар месозад ва асбоби ба ҷӯш омадани он аст. Ва ғазаб мисли лахчаи оташест, ки шайтон ба қалбҳо меафканад. Агар ғазаб бар сари банда ғолиб омад, ҳатман ӯро ба шарру мункароте дигар хоҳад кашид.

    Имом Оҷуррӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

    قد كثر في الناس جدا في اهل العلم و الفقه في كل بلد يناظر الرجل الرجل يريد مغالبته والاستظهار عليه فيحمر لذالك وجهه وتنتفخ اوداجه و يعلو صوته.

    “Байни мардум аз аҳли илму фиқҳ дар ҳама кишварҳо бениҳоят зиёд шудааст, ки марде бо марди дигар мунозара мекунад бо қасди ғолиб омадан ва пирӯз гаштан бар ӯ, ва дар ин мунозароти худ (ба ҳоле мерасад), ки рухсораҳояш сурх шудаву рагҳои гарданаш аён гаштаву садояш баланд мешавад…”.

    Ҳамчунин Ҳофиз Заҳабӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    والخصومة توغر الصدور وتهيج الغضب واذا هاج الغضب حصل الحقد بينهما حتى يفرح كل واحد منهما بمساءة الاخر ويطلق لسانه في عرضه.

    “Хусумат ва низоъ синаҳоро аз хашму ғазаб шуълавар сохтаву ғазабро меафзояд, ва чун ғазаб афрухта шуд байни он ҳарду (мунозирон) кинаву душманӣ пайдо хоҳад гашт. Ва ҳаргоҳ, ки чунин шуд, ҳарду аз бадиву нуқсони ҳамдигар шод мегарданд ва ба обрӯву номуси ҳамдигар забондарозӣ хоҳанд кард”.

    2) Ҷидоли нописанд, калиди душманиву кинаҳост.

    Мунозарот ва ҷидолҳо пас аз худ кинаву душманиро боқӣ мегузоранд ва бадбиниро байни дустону бародарон меафзояд, ва дар ниҳоят барои баъзеҳо мушкил мешавад аз ин роҳи интихобкарда (равиши ҷидоли нописанд) бозпас гаштан, алалхусус дар ҳузури мардум. Гоҳо ба таҳқир ва таъни якдигар меанҷомад ва дар натиҷа байни мухолифон кинаву ҷудоиро боқӣ мегузорад.

    Имом Молик (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    الجدال في الدين ينشىء المراء ويذهب بنور العلم من القلب ويقسي القلب ويورث الضغن.

    “Ҷидол дар умури дин, “мироъ”-ро ба вуҷуд меоварад ва нури илму донишро аз қалб мебарад ва қалбро сангин сохтаву кинаву адоватро боқӣ мегузорад”.

    3) Ҷидоли нописанд сабаби ғайбат кардан аст.

    Бисёр чунин мешавад, ки пас аз интиҳои мунозара шахси пирӯзгашта рақиби худро ғайбат хоҳад кард. Ва ба мардум мегӯяд:

    Магар надидед, ки чӣ кардам бо ӯ?

    Магар надидед, чӣ тавр ӯро пора-пора кардам?

    Магар ҷаҳлу нодонии ӯро надидед?

    Ва аз ин қабил суханҳоро ба даъвои ҳикоят аз мунозара мегӯяд ва ба худ иҷоза медиҳад, ки ғайбат кунад ва шояд гоҳо ба кибру ғурур гирифтор бишавад ва ё шояд баъзе аз калимотро изофа кунад бар ҳикоёти худ…

    Ибни Қаййими Ҷавзӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    ومن ذلك ترخصهم في الغيبة بحجة الحكاية عن المناظرة فيقول احدهم تكلمت مع فلان فما قال شيئا ويتكلم بما يوجب التشفي من عرض خصمه بتلك الحجة.

    “Ва аз ҷумлаи (яъне офатҳои ҷидоли мазмум ва нописанд) он аст, ки мардум ба худ иҷоза медиҳанд, ки ғайбат кунанд ва ҳуҷҷаташон (дар ин гуноҳ) он аст, ки гӯё аз мунозара қисса мекунанд. (Масалан) яке аз онҳо мегӯяд: “Бо фалонӣ баҳс кардам вале ҷавоб гуфта натавонист…”. Ва ҳамин тавр суханҳое мегӯяд, ки сабаби дарафтодан ба номуси ҳарифаш мешавад“.

    4) Мунозароти нописанд ниятҳоро фосид месозад.

    Мунозарот ва ҷидоли мазмум ниятро фосид месозад, ва мебинӣ, ки ҷидолкунанда саъю кӯшишаш танҳо пирӯз шудан ва ғолиб омадан аст.

    Имом Оҷуррӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

    وكل واحد منهما يحب ان يخطىء صاحبه وهذا المراد من كل واحد منهما خطا عظيم لا يحمد عواقبه ولا يحمده العلماء من العقلاء لان مرادك ان يخطىء مناظرك خطا منك ومعصية عظيمة ومراده ان تخطىء خطا منه ومعصية فمتى يسلم الجميع.

    “Ҳар ду тарафи муқобил дӯст медоранд, ки ҳарифаш иштибоҳе кунад, ва чунин хоҳиш (яъне хостани иштибоҳи мухолиф) худ хатои азим аст (ва набояд ҳардуи онҳо чунин хоҳишро ба қалби худ ҷой кунанд), ва чунин равиш писандида нест ва ҳеҷ оқиле аз аҳли илм чунин рафторро намеписандад. Зеро ки иштибоҳ ва хато кардани мухолифро хостанатин худ иштибоҳи ту ҳаст ва маъсияти бузург аст, ва ҳамчунин хато кардани туро хостани ӯ низ иштибоҳ ва маъсият аз ӯст. Пас чӣ тавр наҷот меёбем?“.

    5) Ҷидолҳои нописанд вақтро зоеъ кардаву машғул месозанд.

    Имом Шотибӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    وشان الجدل مع المعاند انه مشاغل عن ذكر الله وعن الصلاة كالنرد والشطرنج وغيرهما.

    “Ва ҷидол бо афроди саркаш (зоеъ кардани вақт аст ва) иншиғол аст аз зикри Худованд ва намоз, мисли нард ва шатранҷ ва ғайраҳо”.

    6) Саркашӣ ва радд кардани ҳақ.

    Ибни Қаййими Ҷавзӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    ذلك ان احدهم يتبين له الصواب مع خصمه ولا يرجع ويضيق صدره كيف ظهر الحق مع خصمه وربما اجتهد في رده مع علمه انه الحق وهذا من اقبح القبيح لان المناظرة انما وضعت لبيان الحق.

    “…яке аз онҳо (яъне мунозара кунандагон) барояш маълум мешавад, ки ҳақ бо мухолиф аст вале барнамегардад (ба сӯйи он ҳақ) ва таҳаммул карда наметавонад, ки чӣ тавр ҳақу дурустӣ бо ҳарифаш аст. Ва шояд ҳам кӯшиш мекунад, ки он ҳақро радд кунад, ҳол онки дурустии онро медонад. Ва ин (равиш) аз қабиҳтарин равишҳост, зеро мунозара ва ҷидол барои он аст, ки ҳақ баён карда шавад”.

    7) Кибру ғурур ва изҳори илму дониш.

    Кибру ғурур аз машҳуртарин офатҳои мунозара ва ҷидол аст. Ва чӣ басо муддаъиёни илму дониш ҳастанд, ки толиби такаббур ва ғуруранд ва ин гумшудаи худро дар мунозара пайдо мекунанд, то ки илму дониши худро изҳор кунанд ва бартарии худро бар ҳарифашон намоиш диҳанд, алалхусус мунозарае, ки дар ҳузури мардум аст.

    Ибни Микёлӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    افدي الغزال الذي في النحو كلمني *** مجادلا فاجتنيت الشهد من شفته

    واورد الحجج المقبول شاهدها *** مناظرا ليريني فضل معرفته

    ثم اتفقنا على راي رضيت به *** والرفع من صفتي والخفض من صفته

    8) Дурӯғро ба худ иҷоза додан.

    Ҳаргоҳ, ки қасду нияти инсон дар мунозара фосид шуд, ҳама саъю талоши ӯ барои пирӯзӣ хоҳад буд ва қабули ҳақ фаромуш хоҳад гашт. Ва шояд, ки чунин ният ва ғарази фосид ӯро бикашонад ба дурӯғ гуфтан, то ки бартариро ба даст орад.

    Имом Заҳабӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    ويدخل في الذم ايضا من يطلب حقه لانه لا يقتصر على قدر الحاجة بل يظهر اللدد والكذب والايذاء والتسلط على خصمه كذلك من خلط بالخصومة كلمات تؤذي له اليها حاجة في تحصيل حقه كذلك من يحمله على الخصومة محض العناد لقهر الخصم وكسره فهذا هو المذموم.

    “Ва дар ҷидоли мазмум дохил мешавад, оне ки ҳаққи худро талаб мекунад вале аз қадри ҳоҷати хеш (дар мутолаба) таҷовуз кардааст, балки рӯй овардааст ба саркашиву дурӯғ ва озори ҳарифаш. Ва ҳамчунин он шахсе, ки хусумату ҷидоли хешро бо ибораҳои хашин ва озордиҳанда омехта кардааст, ки барои мутолаби ҳақ ба чунин иборот ҳоҷате нест. Ва низ он нафаре, ки муҷодала мекунад танҳо барои саркашӣ ва радди ҳарифва мағлуб сохтани ӯ (яъне нияти расидан ба ҳақро надорад)“.

    9) Рӯй овардан ба ботилҳо.

    Ва дигар аз офатҳои ҷидол он аст, ки инсонро водор мекунад ба рӯй овардан ва истифода кардан аз чизҳое, киаслан муътақид бар он нест ва ҳатто мултазим бар он нахоҳад буд, балки танҳо ба маҳзи мухолифат ва радди ҳариф онро истифода карда истодааст.

    Амирул-муъминин Алӣ ибни АбуТолиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) мегӯяд:

    إن للخصومات قحما وان الشيطان يحضرها.

    “Дар ҳақиқат хусуматҳо “воридшавиҳо”-е доранд ва шайтон дар он ҳозир мешавад”.

    10) Таҳрифи нусус (матни илмӣ).

    Яке аз хатарноктарин офатҳои ҷидолу мунозара он аст, ки матнҳо таҳриф карда мешаванд. Зеро ки агар қасди ҷидолкунанда фосид бошад ва ғайр аз пирузӣ нияте надорад, пас шояд рӯй меорад ба таҳрифи нусус ва радди далоили Қуръону Суннат.

    Абдуллоҳ ибни Аббос (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) мегӯяд:

    ما اجتمع رجلان يختصمان فافترقا حتى يفتريا على الله عز وجل.

    “Ҳар гоҳ, ки ду мард бо ҳам ҷамъ шудаву ҷидол карданд ва ҷудо шуданд, ҷуз ин нест, ки дуруғе бар Худованд бастаанд”.

    11) Бадзабонӣ ва фаҳшгӯӣ.

    Асли ҷидол ва мунозара ин гуфтугузор (ва навиштори он чӣ забон мегӯяд) аст. Ва забони инсон қаҳрамони ин майдон аст ва ҳаргоҳ ки мунозара шиддат гирифт ва ба ҷӯш омад, забон аз таҳти назорат хоҳад рафт ва идораи он мушкил бувад.

    Имом Заҳабӣ (раҳмати Ҳақ бар равони ӯ) мегӯяд:

    ضبط اللسان في الخصومة على حد الاعتدال متعذر.

    “Ва идораи забон дар хусумат (ва ҷидол) ва нигаҳдории он дар ҳадди эътидол номумкин аст”.

    12) Айбҷӯиву дахолат кардан ба умури моло яънӣ.

    Яке аз бадтарин офатҳо ва дар айни ҳол пасттарин ахлоқи мунозир он аст, ки аз пайи кашфи аврати мухолифи хеш бошад ва дахолат кунад бар умури хосси ҳарифаш, ки рабте ба хусумат надорад.

    Ибни Фарҳуни Моликӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    واعلم وفقنا الله واياك ان المراء والجدال يورث العداوة والبغضاء ويبعث على كشف العورات والحمية.

    “Бидон, Худованд мову туро муваффақ созад, ки “мироъ” ва ҷидол душманиву кинаро боқӣ мегузорад ва сабаб мешавад бар кашфи авратҳову таъассубҳо”.

    13) Ҳайрат ва шакку шубуҳот.

    Ва ин низ яке аз офатҳои мунозароти мазмум аст, балки модари офатҳост. Ба вижа он мунозароте, ки дар умури дақиқ аст ва ҳамчунин мунозарот бо ақлу ҳаво дар умури эътиқодӣ ва илоҳиёту ғайбиёт. Ин гуна мунозарот худи ҷидолкунандагонро ва ҳамчунин мардумро дар эътиқод ва имону тавҳидашон ҳайратзада месозад.

    14) Маҳрум шудан аз ҳидоят.

    Дар ҳақиқат чунин аст, ки агар шахсе лаҷуҷ ва серҷадал шуд ва қасдаш танҳо зуҳур ва мағлуб сохтани ҳариф буд, аз неъмати тавфиқи ҳидоят маҳрум хоҳад монд (магар инки Худованд бихоҳад ҳидояташро). Ва ин аз сабаби фасоди қасду нийяташ мебошад.

    Ибни Ақили Ҳанбалӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:

    ومن خاض في الشغب تعوده ومن تعوده حرم الاصابة واستروح اليه ومن عرف به سقط سقوط الذرة.

    “Ҳар шахсе, ки дар ҷидол (фитнаву доду бедод)зиёдаравӣ кард, ба он одат хоҳад кард ва ҳар кас, ки ба чунин равиш одат кард аз дастёбӣ ба ҳақиқат маҳрум мешавад ва бо он лаҷоҷати хеш боқӣ мемонад. Ва ҳар кас, ки бо лаҷоҷат ва серҷидолӣ машҳур шуд хору залил мегардад”.

    15) Ба вуҷуд омадани мазоҳиб ва бидъатҳои ҷадид.

    Ва низ шояд аз бузургтарин мафосид ва офатҳои хусумат он бошад, ки ақволу афкори ҷадиде ихтироъ мешаванд ва мазҳабҳои наве ба вуҷуд меояд.

    Амр Ибни Қайс ба Ҳакам ибни Уяйна гуфт: “Чӣ сабаб гашт, ки мурҷиъа ба ин раъйи хеш тамассук карданд? Гуфт: Хусуматҳо”.

    16) Аз байн рафтани ҳусну мақоми аҳли илм.

    Баҳсу ҷидол ҷуръату ҳуҷумро ба вуҷуд меорад, ва низ баланд кардани садову таъну бадзабонӣ ва адами эътибори мақому манзалати мухолиф. Ва ин гуна мунозарот боиси аз байн рафтани виқор ва мақоми аҳли илм мегардад, з-ин лиҳоз олимони раббонӣ худро ба чунин мунозарот машғул намесозанд то ки ҷоҳилон ва бадзабону беадабонро бар худ мусаллат созанд.

    Пас равиши некӯ он аст, ки аҳли имл ва толибилмон аз пайи нашри ҳақиқ ва раҳнамоии мардум ба роҳи Суннат бошанд бидуни мунозарот бо касе. Ва бидуни эътибор додан ба ризову норизоии мардум, балки баркашидани даъвати хеш бо тарозуи шариъат.

    Имом Шофеъӣ (раҳмати Аллоҳ бар равони ӯ бод) гуфтааст:

    “Аз анвоъи иҳонат ва хор кардани илму дониш он аст, ки ба мунозара бипардозӣ бо ҳар касе, ки бо ту мунозара кард ва посух диҳӣ ба ҳар касе, ки ба ту забондарозӣ кардааст”.