×
Чаҳор ҳазор сол қабл, шахсе дар сарзамини Ироқ, по ба арсаи вуҷуд ниҳод, ки барои абад дар тарихи башараят асари доимӣ аз худ ба ҷо гузошт. Дар замоне, ки вай чашм ба дунё гушуд, ҳама ҷоро ширк ва бутпарастӣ дар бар гирифта буд.

    Тасаввури ҷомеъ аз қурбонии ҳазрати Иброҳим (Алайҳи салом)

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи: Муҳаммад Шукуров

    2010 - 1431

    قصة أضحية إبراهيم عليه السلام

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: محمد شوكوراف

    2010 - 1431

    Тасаввури ҷомеъ аз қурбонии ҳазрати Иброҳим (Алайҳи салом)

    Чаҳор ҳазор сол қабл, шахсе дар сарзамини Ироқ, по ба арсаи вуҷуд ниҳод, ки барои абад дар тарихи башараят асари доимӣ аз худ ба ҷо гузошт. Дар замоне, ки вай чашм ба дунё гушуд, ҳама ҷоро ширк ва бутпарастӣ дар бар гирифта буд. Дар байни қавме ба дунё омад, ки ситорапараст, афтобпараст ва мушрик буданд. Хонадони шоҳӣ, ба ҳайси авлоди ин худоён, раҳбарони мардуми ин сарзамин, пазируфта шуда буданд. Дар хонаводае, ки вай ба дунё омад, аз руҳониёни ин қавм ба ҳисоб мерафт, ва ҳамин хонавода масъулияти ин қавмро дар ситорапарастӣ ба душ дошт.

    Дар чунин замоне ва дар байни чунин қавме ва дар чунин хонаводае, ин шахсият дида ба ҷаҳон гушуд. Агар ӯ шахси одӣ ва мисли омаи мардум мебуд, ба ҳамон роҳе мерафт, ки афроди хонаводааш ва мардуми сарзаминаш мерафтанд.

    Дар зоҳир дар он ҳангом, ҳеҷ гуна равшание дар ҳеҷ нуқтае аз ҷаҳон вуҷуд надошт, то роҳнамои роҳи дигарон бошад. Шароити мавҷуд дар хонадонаш низ тақозо мекард, ки ӯ пайрав ва таблиғгари ин дин ва мазҳаб бошад, зеро зиндагии хонаводааш аз ин роҳ ба хубӣ таъмин буд ва хонаводааш аз пешвоёни ин равия буданд.

    Аммо зеҳни кунҷков ва шуури худододиаш ба ӯ иҷозаи инро надод, ки пайрави куркуронаи равияи падарони худ бошад. Ӯ муҳити атрофи худро омӯхт ва баъдан ба ин масъала пардохт, ки оё ончи падаронаш ба он имон овардаанд, дуруст аст? Ба ҳамин хотир ба таҳқиқ ва пажуҳиш дар ин замина пардохт.

    Дар силсилаи ин таҳқиқ ва пажухиши озодона, вай ҳама маъбудони қавми худ, чун офтоб, мохтоб, ситорагон ва ғайраро ки вай аз замони туфулият афсонаҳои худоии онхоро шунида буд, мавриди арзёбӣ карор дод. Хар яки онхоро ҷудо ҷудо аз ҳамдигар, мавриди арзёбӣ карор дод. Аз худ пурсид, ки кадоми инҳо воқеан сазовори парастиш ва худоӣ аст? Ҳатто як яки онҳоро мухотаб қарор дод ва дар ҳар кадоми онҳо заъфе пайдо кард.

    Натиҷаи ба чолиш кашидани ин маъбудҳои афсонаӣ он шуд, ки ҳеҷ кадоми онҳоро сазовори парастиш надонад. Дар зеҳнаш ин ақида пайдо шуд, ки он зоте ки сазовори парастиш аст, холиқи тамоми замину осмон аст ва уфул кунанда ва аз байн раванда нест.

    Ҳангоме, ки ин ҳақиқатро дар ёфт, дар пазириши он лаҳзае ҳам таъхир накард, фавран иқрор кард, ки: "ман дар муқобили парвардигоре саҷда мекунам, ки офарандаи замин ва осмон аст".

    Курбонии аввал: Аввалин корд бар гулуи тоғут

    Ҳамзамон бо ин иқрор ва эътироф дар муқобили афроди қавм ва қабилаи худ, эълон кард, ки роҳи ман аз шумо ҷудо аст, ман дар ин ширк бо шумо ҳамроҳ нестам. Ва ин аввалин қурбонии ин шахс буд ва аввлин корде буд, ки бар тақлиди куркуронаи обо ва аҷдод, таъассуботи қавмӣ ва қабилавӣ ва бар ҳама заъфҳо ва хоҳишоти нафсонӣ бар кашид.

    Шахси мазкур, баъд аз ин эълон ва иқрор, хомуш нанишаст. Вай ин ҳақиқатро дарк намуда буд, ки асли ҳақиқати коинот, тавҳид аст ва ширк як мавзуъи бе бунёд аст. Баъд аз дарки ин ҳақиқат, вай худаш низ дониста буд, ки ҳамаи инсонҳое, ки ба ҷойи тавҳид, бунёди иморати мазҳаб, ахлоқ ва тамаддуни худро бар асоси ширк бино намудаанд, дар ҳақиқат бар шохи нозуке, ошёнае сохтаанд, ки сахт нопойдор ва бебунёд аст. Ин эҳсос, вайро ором нагузошт ва бо эҳсоси маъулият бархост, то қавми худро аз ширк боз дошта ва ононро ба суй тавҳид даъват намояд. Ӯ медонист, ки ин таблиғи ошкоро ва мухолифат бо мазҳаби қавм ва қабилаи хеш ӯро аз мансаби пешвои рухонии қабила маҳрум хоҳад сохт. Инро ҳам медонист, ки агар хонаводаи вай аз мазҳаб ва ойини қавм ва қабилаи худ бар гарданд, он мақому манзалате, ки дар ин мамлакат ва сарзамин доштанд, хотима меёбад. Вай ҳамчунон медонист, ки асари ин мавзуъ ва аз даст рафтани рахбарӣ ва сардории қавм аз дасти хонадонаш, кахр ва газаби ҳамаи қабилаашро дар пай хоҳад дошт. Аз ин мавзуъ низ бехабар набуд, ки ин гуна таблиғ ва даъват, вайро ба ғазаби хукумат рубару хоҳад сохт, зеро асос ва бунёди иқтидори хонаводаи шоҳӣ дар ончо, руи ин назария устувор буд, ки ин афрод, фарзандони худоёнанд, ва ба ин далел, назарияи тавҳид, асосан бо назарияи бунёдии хукумат дар тасодум воқеъ мешуд, вале бо вуҷуди донистани ин ҳама, вай чиҳати адои рисолат ва фаризаи хеш, ба по хест.

    Вай падари худ, аъзои хонаводаи худ ва хатто подшоҳро барои баргашт аз ширк ва пазируфтани назарияи тавҳид даъват намуд ва ба ҳар андоза, ки бо вай мухолифат сурат гирифт, ба хамон андоза саргармии вай бештар ва афзунтар гардид. Кор ба ҷое расид, ки аз як су танҳо вай истода буд ва аз тарафи дигар подшох, мамлакат, хонавода, ҳамаи қавм ва ҳатто падари худаш. Дар тамоми мамлакат ҳеҷ дусте надошт, ҳама ҷо душман ба назар мерасид, ҳатто як садои ҳамдардӣ низ дар ҳақки вай шунида намешуд.

    Қурбонии дувум.

    Вақте бо вуҷуди ин ҳама ҳиммати худро аз даст надод ва забонаш аз даъвати тавҳид боз наистод, онгоҳ подшоҳ ва мардуми сарзаминаш ба хулосае омаданд, ки ӯро дар пеши чашми ҳама зинда дар оташ афкананд. Аммо ин ҷазои вахшатнок, низ натавонист уро аз гуфтани ҳақ ва даъват ба тавҳид боз дорад.

    Ӯ пазируфт то ӯро дар оташ афкананд, вале напазируфт, ки аз ҳақиқате, ки ӯ бар он имон оварда буд боз гардад, ё онро ҷуз ҳақиқати дигаре бихонад. Ва ин дуввумин қурбонии бузурги ин абармард буд, вале Худованд ӯро аз сухтан дар оташ наҷот дод. Баъди саломат мондан аз ин вокеъаи мудҳиш, зиндагӣ дар ин сарзамин барои вай номумкин буд, маҷбуран вай зиндагиро дар табъид ихтиёр кард, вале ҳама кишвархои дуру наздике, ки вай метавонист ба ончо биравад дар он вақт ҳама бут параст буданд, хатто як муҷтамаъи кучаке ҳам вуҷуд надошт, ки назарияи тавҳидро бипазиранд, то вай назди онҳо паноҳ бурда зиндагии ором ва осудае дошта бошад.

    Дар чунин ҳолат танҳо роҳе, ки вуҷуд дошт ин буд, ки вай баъд аз хориҷ шудан аз сарзамини худ забони худро аз даъват ба суи тавҳид боз медошт. Агар шахсе ба танҳоӣ пайрави мазҳабе бошад, мадуми дигар манотиқ барои чӣ ӯро озор ва азият кунанд, ҳатто далеле барои огоҳии дигарон аз дин ва мазҳаби вай низ вуҷуд надорад, вале ин бандаи муъмини Худованд дар соири мамолик низ хомуш нанишаст. Ба ҳар маҳале, ки рафт ҳама бандогони Худоро ба суи ин амр даъват кард, ки бандагии соири бандагонро тарк кунед ва танҳо бандаи Худованди якто бошед, ки дар ҳақиқат парвардигор ва маъбуди шумост.

    Қурбонии севвум.

    Натиҷаи ин даъват ва таблиғ чунин шуд, ки бо вуҷуди хориҷ шудан аз кишвар ва мамлакати худ низ дар ҳеҷ ҷое оромиш ва осоиш насибаш нагашт. Гоҳ агар дар Шом буд, гоҳе дар Фаластин, гоҳе дар Миср ва гоҳе дар Ҳиҷоз.

    Хулоса ин ки ҳамаи умрро дар саргардонӣ ва гаштугузори кишварҳои ҷаҳон сипарӣ кард. Вай ҳеҷ гоҳ дар орзуи макони ором барои зиндагӣ набуд ва хохиши манзил, мазраъа ва рамаи гусфандонро надошт. Дар талаби васоили рифоҳу осоиши зиндагии дунё набуд. Танҳо чизеро, ки у тақозо дошт ин буд, ки калимаи зоте, ки ӯ бар он имон овардааст баланд бошад ва мардум гумроҳиро тарк намуда, ба рохи рост ва мустақим бираванд. Роҳи мустақиме, ки дар он растагорӣ ва беҳбудии худи онҳо нуҳуфтааст. Ба ҳамин далел аз ин сарзамин ба он сарзамин мерафт ва аз баҳри роҳатӣ ва хушиҳои зиндагии худ гузашта буд. Ин севвумин қурбонии бузурги вай буд.

    Бузугтарин қурбонӣ.

    Дар ҳамин олами бе сару сомон ва хонабадуш, вақте ки умраш ба охир наздик шуд, Худованд ба вай писаре ато кард. Ин писарро тарбият карданд ва ба ҷое расонданд, ки метавонист ба падар ва модараш дар умури зиндагӣ кумак кунад. писари ягонае, ки дар даврони пиронсолӣ насиби касе шавад ва бо мушкилоти зиёд онро ба воя расонда бошад, барои касе пушида нест, ки дилкандан аз он чи кори душвору сахте аст. Ҳар кас метавонад дарк кунад, ки чунин писаре барои падару модар чи қадар азиз аст.

    Вале таърифи мусалмон ин аст, ки назди вай ҷуз парвардигор ва ризои парвардигор чизи дигаре азиз намебошад. Ба ҳамин далел ин ҳама қурбониҳое, ки ин бандаи Худованд дар тули умр дар роҳи парвардигораш тақдим намуда буд, кофӣ шумурда нашуд. Баъд аз ҳамаи ин имтиҳонот, имтиҳони ахир низ зарурӣ пиндошта шуд.

    Охирин имтиҳони вай ин буд, ки оё ин бандаи мусалмон, азизтарин ҳастии худро низ дар роҳи муҳаббати Худованди мутаъол, қурбон сохта метавонад ё на?

    Чунончи ӯро дар маърази ин имтиҳон низ қарор доданд ва ҳама ҷаҳон мушоҳида кард, ки ин пирамард на фақат дар баробари ҳукми сареҳи Худованд, балки дар баробари як ишораи Парвардигораш низ омода шуд, то писари ҷавони худро ба дасти худ забҳ намояд. Албатта ин ки парвардигораш дар ҳангоми забҳ ба ивази писари ҷавон, гусфандро қабул кард мавзуъи дигар аст, чун Худованд хуни писари ҷавонро зарурат надошт, балки ҳадафаш имтиҳони мухаббати падар буд. Вале ин фарди муъмин фарзанди дилбанди худро низ ба ишораи Худованд, қурбон сохт. Ин охирин ва бузургтарин қурбоние буд, ки шахси мазкур барои исботи вафодории худ ба дин, ақида, имон ва Худои худ, тақдим намуд ва дар муқобили ҳамин қурбонӣ Худованд ӯро ба рутбаи имоми ҳамаи инсонҳо сарафроз гардонид.

    Бале дӯсти азизам! Дуруст фаҳмидаӣ! Ин достони ҳамон бузургмарди таърихи инсоният Иброҳими Халил (а) аст. Ҳамоне ки ҳар сол мардуми мусулмон бо қурбонӣ кардани ҳайвоне хотираашро зинда мекунанд ва пайрави ӯ буданро таманно доранд.

    Пас барои мо чӣ дарсе дорад?

    Ҳадаф аз таҷлили ин қурбонӣ ин аст, ки дар байни мусалмонон хамон руҳи қурбонӣ, ҳамон кайфияти имони иброҳимӣ, ва ҳамон шаън ва шавкати муҳаббат ва вафодарӣ ба Парвардигор падид ояд. Агар шахсе танҳо бар гулуи як ҷонвар корд мегузорад, вале руҳи ин қурбонӣ дар дилаш вуҷуд надошта бошад, пас ба ноҳақ хуни як ҷонварро мерезад.

    Худованд ба хун ва гушти ҳайвон, ҳеҷ зарурат надорад, ончи дар ҳақиқат дар онҷо арзиш дорад инаст, ки шахсе, ки бар калимаи "ло илоҳа иллаллоҳ" имон овардааст, ба гунае бандаи Худованд бошад, ки ҳеҷ гуна таъассуб, ҳеҷ гуна дилхушӣ, ҳеҷ гуна манфиъати шахсӣ, ҳеҷ гуна фишор ва тамаъ, ҳеҷ гуна хавф ва зиён, ҳеҷ гуна заъфи дохалӣ ва неруи берунӣ, натавонад ӯро аз роҳи ҳақ дур созад. Баъд аз эътироф бар бандагии Худованд бандагии шахс ё чизи дигареро қабул нанамояд. Бояд тамоми васоилу неъматҳои дунёро ба осонӣ қурбон созад, вале бандагии Худовандро ҳаргиз қурбонӣ накунад. Ин гуна қурбонӣ ҳақиқати аслии Ислом аст. Мусулмонон имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ниёз доранд, то ин ҳақиқат дар умқи вуҷудашон ҷой гирад. Зеро ҳар гоҳ мусалмонон захм хурдаанд дар ҳоле будааст, ки руҳ ва сираташон, холӣ аз ин ҳақиқат будааст.