×
Соҳиби мақола як маҷмуъа қоидаҳо ва одоби муфид дар бораи ихтилоф ва баҳсу мунозира-ро зикр намудааст.Ва суханони худро бо зикри далелҳо аз Китобу Суннат ва гузаштагони солеҳи Ислом тақвият додааст.

    Қоъидаҳои тиллоӣ дар адаби хилоф

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷумаи: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1434

    القواعد الذهبية في أدب الخلاف

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب

    2013 - 1434

    Қоъидаҳои тиллоӣ дар адаби хилоф

    Пешгуфтор

    Фасли аввали рисола дар он қоъидаву одобест, ки ҳар мусалмоне бояд қабл аз ворид шудан ба ҳар хилофе (баҳсу мунозара, гуфтугӯ ва муноқаша, интиқод ва ибрози назар) дониста бошад ва ҳатман риъоят кунад, ва илло ҷоҳиле мебошад, ки аҳли назар ва муноқаша нест ва воҷиб дар ҳаққи ӯ талаби илм аст на мунозара ва гуфтугӯй.

    Ва аммо фасли дуввум дар он қавоъиде ҳаст, ки бояд дар аснои хилоф ва муноқашаву баҳсу гуфтугӯ риъоят шавад.

    Риъояти ин қавоъид зомини он аст, ки тарафҳо аз ин хилофи хеш ба як натиҷаи саҳеҳ ва хулосаи мақбуле даст ёбанд, ва илло дар акси ҳол мунозараву баҳси онҳо ҷуз зоеъ кардани вақт, касби кинаву адоват ва ғайбату дахолат ба нийятҳо нест.

    Ва ахиран фасли саввум дар он қавоъиде ҳаст, ки пас аз хилоф бояд риъоят шавад.

    Фасли аввал: Қоъидаҳои умумӣ дар мавзӯъи хилоф

    1. Ончӣ, ки дар он халал ва нуқсоне ворид нест сето ҳаст: Китоби Худованд, Суннати набавӣ ва Иҷмоъи саҳоба. Ва ҳарчӣ, ки ғайри инҳост, аз хатову нуқсон ва халал маъсум нест.

    Пас, он усуле, ки дар он халале нест, ва дар ҳар ихтилофе руҷуъ ва истинод бар он воҷиб аст – Китобуллоҳ ва суннати саҳеҳу собити Расулуллоҳ () ва ончӣ, ки яқинан уммат бар он иҷмоъ кардааст, мебошад. Ва ҳар чӣ ки ғайри ин усул аст, аз хатову нуқсон холӣ нест.

    Аз ин қоъидаи зикргардида чунин натиҷаҳое ҳосил аст:

    а). Ба ҳеҷ касе ҷоиз нест, ки аз итоъати далолоти қатъии Қуръону Суннат ва Иҷмоъ хориҷ шавад.

    б). Он нусуси Қуръону Суннат, ки заннийюд-далолат ҳаст, ба қатъийюд-далолат бозгардонида мешавад ва муташобиҳ ба муҳкам бозмегардад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ مِنۡهُ ءَايَٰتٞ مُّحۡكَمَٰتٌ هُنَّ أُمُّ ٱلۡكِتَٰبِ وَأُخَرُ مُتَشَٰبِهَٰتٞۖ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمۡ زَيۡغٞ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَٰبَهَ مِنۡهُ ٱبۡتِغَآءَ ٱلۡفِتۡنَةِ وَٱبۡتِغَآءَ تَأۡوِيلِهِۦۖ وَمَا يَعۡلَمُ تَأۡوِيلَهُۥٓ إِلَّا ٱللَّهُۗ وَٱلرَّٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ يَقُولُونَ ءَامَنَّا بِهِۦ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ رَبِّنَاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٧﴾ [ال عمران: ٧]

    “Ӯст, ки китоб (Қуръон)-ро бар ту нозил кардааст. Бахше аз он, ояҳои “муҳкамот” аст (маъонии мушаххас ва аҳдофи рӯшане дорад, ва) онҳо аслу асоси ин китоб ҳастанд, ва бахше аз он, ояҳои “муташобиҳот” аст (ва маъонии дақиқе доранд ва эҳтимолоти гуногуне дар онҳо меравад). Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон каҷӣ (инҳироф) ҳаст (ва гурез аз ҳақ вуҷудашонро фаро гирифтааст) барои фитнаангезӣ ва таъвили (нодуруст) ба дунболи муташобиҳот меафтанд. Дар ҳоле, ки таъвили (дурусти) онҳоро ҷуз Аллоҳ ва росихон (собитқадамон) дар дониш намедонанд. (Чунин росихони вораста ва фарзона) мегӯянд: Мо ба ҳамаи онҳо имон дорем (ва дар партави дониш медонем, ки муҳкамот ва муташобиҳот) ҳама аз сӯйи парвардигори мост. Ва (инро) ҷуз соҳибони ақли (салиме, ки аз ҳавову ҳавас фармон намебарад, намедонанд ва) мутазаккир намешаванд”.

    Сураи Оли Имрон 7

    ҷ). Ҳар гоҳ, ки мусалмонон дар амре низоъ карданд, пас воҷиб аст, ки ҳалли он хилофро ба Каломи Худованд ва каломи Расул вогузоранд, чӣ тавре ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَأُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنكُمۡۖ فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا ٥٩﴾ [النساء : ٥٩]

    “Эй касоне ки имон овардаед! Аз Аллоҳ (бо пайравӣ аз Қуръон) ва аз Паёмбар (бо тамассук ба суннати ӯ) итоъат кунед, ва аз кордорон ва фармондеҳони (мусалмони) худ фармонбардорӣ намоед (модоме, ки ҳақгаро ва муҷрии аҳкоми шариъати ислом бошанд).

    Ва агар дар чизе ихтилоф доштед (ва дар амре кашмакаш кардед), онро ба Аллоҳ (бо арза ба Қуръон) ва паёмбари Ӯ (бо руҷӯъ ба суннати набавӣ) баргардонед (то дар партави Қуръон ва Суннат ҳукми онро бидонед). (Бояд чунин амал кунед), агар ба Аллоҳ ва рӯзи охир (Қиёмат) имон доред. Ин амал (яъне руҷӯъ ба Қуръон ва Суннат) барои шумо беҳтар ва хушфарҷомтар аст”.

    Сураи Нисо 59

    2. Ончӣ аз аҳкоми ислом ба таври қатъӣ маълум аст (ки дар он шаке нест ва барои исботи он, ҳоҷат ба далелу бурҳон набошад), инкори ин гуна аҳком куфр аст.

    Пас, дар чунин аҳкоми қатъӣ ихтилоф ҷоиз нест. Ва аз чунин аҳком (яъне “Маълум минад-дини биз-зарура”) – аркони имон аст. Ва Қуръоне ки саҳоба онро китобат кардаанд ва мусалмонон то имрӯз онро мехонанд, китоби Аллоҳ ҳаст ва чизе аз он коста нашудааст. Ва намозҳои панҷгона, рӯзаи моҳи Рамазон, фарзияти Закот ва Ҳаҷҷ, таҳрими рибо ва зино ва хамру фавоҳиш ва ғайра аз аҳкоми маълум биз-зарура.

    Дар мавриди чунин умур ихтилоф ҷоиз нест ва радду инкори ин гуна аҳком ва амсоли он куфр аст!

    3. Дар умури иҷтиҳодӣ хилоф ҷоиз аст:

    Он аҳкоми иҷтиҳодие, ки аз замони саҳоба то имрӯз байни уммати исломӣ дар он кашмакаш вуҷуд дорад, хилоф дар он ҷоиз аст. Ва ҷоиз нест, ки пайрави он ақволро (дар масоили иҷтиҳодӣ) ба куфру фисқ ва бидъат ҳукм кард.

    Ва ҳар шахсе, ки ба дараҷаи назар ва иҷтиҳод расидааст, ҳақ дорад, ки аз он аҳкоми иҷтиҳодӣ якеро интихоб намояд. Ва шахсе ки аз адиллаи шаръ ва усули фиқҳ огоҳ ҳаст, ҳақ дорад ки дар он масоил тарҷиҳ ба амал овардаву яке аз онро роҷеҳ ва дигариро марҷуҳ ҳукм намояд ва ё инки якеро савоб ва дигареро хато бидонад. Масоиле ба монанди қироати фотиҳа аз паси имом (дар намози ҷаҳрия), паст ва ё баланд гуфтани “Басмала”,( Бимиллоҳир-раҳмонир-раҳим гуфтан) ва ғайра аз умури иҷтиҳодӣ дар муътақадот ва аҳкоми фиқҳӣ.

    4. Гоҳо вуҷуди ихтилоф раҳмате барои мусалмонон аст:

    Хилоф дар умури иҷтиҳодӣ воқеъ ва мавҷуд аст аз саҳоба ва тобиъин ва аиммаи салаф ва ҷамиъи уламо ва фузалои ин уммат. Зеро ки хилоф дар умури иҷтиҳодӣ аз лавозими ҳар ғайримаъсум аст. Ва шахсе ҷуз Расули акрам маъсум нест. Ва ҳар касе ҷуз Паёмбар, иштибоҳ ва хато аз ӯ ҳатмист.

    Ва дар ин гуна хилофи ҷоиз (ё ки хилофи соиғ мегӯянд) анвоъе аз раҳмат ва меҳрубонии Аллоҳ ҳаст, ки бисёре аз салаф дар ин маврид сухан кардаанд:

    а). Раҳмат ва меҳрубонӣ дар адами муъохаза (яъне, ки ҳатто инсони хатокарда дар чунин умур, муохаза нахоҳад шуд): Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذۡنَآ إِن نَّسِينَآ أَوۡ أَخۡطَأۡنَاۚ ٢٨٦﴾ [البقرة: ٢٨٦]

    “Парвардигоро! моро муъохаза макун, агар мо фаромӯш кардаем ва ё инки иштибоҳ кардем”.

    Сураи Бақара 286

    Ва дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки баъд аз нузули ин оят ва қироати он аз тарафи саҳоба, Худованд гуфт: “Бале, чунин кардам”.

    Ва муҷтаҳиде ки хато кардааст маъзур аст, ва балки соҳиби як аҷр аст, ҳамчуноне, ки дар Саҳеҳайн омадааст: “Агар ҳоким ҳукм намояд ва иҷтиҳод кардаву ба натиҷаи дуруст даст ёбад, пас соҳиби ду аҷру подош аст, ва аммо агар иҷтиҳод кардаву хато кунад, пас як аҷрро соҳиб мешавад”.

    Муттафақун алайҳ

    б). Раҳмат ва сабукӣ дар ҷавози интихоби қавл дар умури иҷтиҳодӣ, ҳамчуноне, ки бисёре аз аиммаи муҷтаҳидин фармудаанд:

    Ибни Қудома (раҳимаҳуллоҳ) дар муқаддимаи китоби хеш Муғнӣ мегӯяд:

    “Аммо баъд… Ҳароина Аллоҳ таъоло салафи ин умматро имомҳо ва пешвоёни бузургвор сохтааст, ки қавоъиди исломро тасҳил ва тайсир кардаанд ва мушкилоти аҳкомро тавзиҳ кардаанд, иттифоқи эшон (дар масъалае) ҳуҷҷати қотеъ аст, ва ихтилофашон (дар умури иҷтиҳодӣ) раҳмати восеъ!”.

    Ва низ имом Қосим ибни Муҳаммад ибни АбиБакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳум) мегӯяд:

    “Воқеъан ҳам Аллоҳ таъоло дар ихтилофи ёрони Паёмбар дар аъмолашон, барои мусалмонон манфаъат қарор додааст, ҳар мусалмоне амале мисли аъмолашон мекунад худро дар вусъат мебинад. Мебинад, ки аз ӯ беҳтар шахсе чунин амалро кардаст…”. (Ҷомиъу баёнил-илми ва фазлиҳи 4, 80).

    Ва ибни АбдулБарр (раҳимаҳуллоҳ) меорад:

    “Умар ибни Абдулазиз ва Қосим ибни Муҳаммад (раҳматуллоҳ алайҳимо) бо ҳам нишастанд ва ба муноқашаву зикри аҳодис пардохтанд, Умар ибни Абдулазиз ривоятҳои мухолифи ривояти Қосимро зикр кард, ва ин амр Қосимро писанд наёмад, ҳатто ки осори нописандӣ ва норозигӣ дар чеҳрааш намудор гашт. Пас Умар ибни Абдулазиз ба ӯ гуфт: Чунин макун, барои ман ихтилофашон (дар чунин умури иҷтиҳодӣ) аз шутурҳои сурхмӯй ҳам писандидатар аст”. (Ҷомиъу баёнил-илми ва фазлиҳи 2, 80).

    Ва низ Шайхул-ислом Ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) зикр карда:

    “Марде дар боби ихтилоф (дар масоиле ки ихтилоф вуҷуд дорад) китобе тасниф кард, ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳимаҳуллоҳ) ба ӯ гуфт: Номи онро китоби ихтилоф магузор, балки онро китоби вусъат ном гузор”. (Маҷмуъул-фатово 30, 79).

    5. Ҳар масъале, ки қавли роҷеҳ ва қавли ҳақ дар он равшан шуд, пайравӣ кардан аз он воҷиб аст: Он масоиле, ки аз даврони саҳоба ва баъдан дар аҳди аиммаи аҳли суннат атрофи он кашмакаш ва ҷидол шудааст, агар имрӯз бо далеле равшан шуд, пас пайравӣ аз далел воҷиб аст. Ва бидуни такфир ва тафсиқу табдиъи гузаштагон.

    Мисли: Тарк кардани намоз дар ҳолати ҷунуб то пайдо кардани об, манъи таматтуъ дар Ҳаҷ ва ғайраҳо…

    6. Асбоби хилофе, ки мухолифаткунанда дар он маъзур аст:

    Сабабҳои зиёде вуҷуд дорад, мисли онки: Баъзеҳо аз далеле огоҳанд ва баъзеи дигар аз он далел хабар надорад, ҳамчунин ихтилоф дар сиҳҳати худи далел ва заъфаш, ва будан ва ё набудани он далел, НАСС (матне, ки дар он эҳтимоле нест) бар масъала, таъвили далел ва зоҳири он, тафовути фаҳмҳо дар фаҳми Насс ва ё тақдиму таъхири далолатҳои Насс бар дигарӣ, мисли онки баъзеҳо зоҳири насро бар муҳтаво муқаддам доштаву бархе баръакс мекунанд.

    Ва амсоли ин сабабҳо узри мақбул ҳастанд барои соҳибашон дар иҷтиҳод ва талаби ҳақ.

    7. Он сабабҳое, ки мухолифаткунанда дар он маъзур нест:

    Аммо он сабабҳое, ки соҳиби он маъзур нест ва ин сабабҳо ӯро аз тавфиқ ва ҳидоят маҳрум хоҳанд кард, инҳо ҳастанд: Ҳасад, бағй ва таҷовуз дар хусумат, риёкорӣ, талаби ғалаба барои нафси хеш ва худбузургбинӣ. Пас ҳар шахсе, ки давофеъ ва асбоби ихтилофаш инҳо бошанд, пас яқин аст аз тавфиқ ва инсоф маҳрум аст, ва ҷуз ихтилофи бештар ва парокандагӣ чизе ба даст нахоҳад овард.

    Ҳамчуноне, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фармудааст:

    ﴿كَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّ‍ۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَمَا ٱخۡتَلَفَ فِيهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ أُوتُوهُ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۖ فَهَدَى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ مِنَ ٱلۡحَقِّ بِإِذۡنِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٍ ٢١٣﴾ [البقرة: ٢١٣]

    “Мардумон (дар оғоз) як даста (уммати ягона) буданд, пас Худованд паёмбаронро барангехт то (мардумро ба биҳишту дузах) башорат диҳанд ва битарсонанд (ҳангоме, ки фариқе аз онҳо куфр варзиданд). Ва китоби (осмонӣ), ки муштамил бар ҳаққ буд ва ба сӯйи ҳақиқат даъват мекард, бар онон нозил кард, то дар миёни мардумон роҷеъ ба ончӣ, ки ихтилоф меварзиданд доварӣ кунад. Онгоҳ дар (матолиб ва ҳаққонияти) китоби (осмонӣ) танҳо касоне ихтилоф варзиданд, ки дар дастрасашон қарор дода шуда буд. Ва ба дунболи дарёфти далоили рӯшан, аз рӯйи бағй, ситамгарӣ ва кинатӯзӣ (ва худхоҳиву ҳавопарастӣ, дар пазириш ва фаҳму иблоғ ва иҷрои китоб) ихтилоф намуданд (ва марҳалаи ихтилоф дар дин ва зуҳури динсозон фаро расид ва заминаи буруз ва султаи Тоғут фароҳам шуд). Пас Худованд касонеро, ки имон оварда буданд, бо иҷозаи хеш (ки мояи рушди фикрӣ ва имони пок ва заминаи растан аз ангезаҳои нафсонӣ ва тамассуки комил ба китоби осмонӣ ҳаст) ба ончӣ, ки ҳақ буд ва дар он ихтилоф варзида буданд, раҳнамуд кард. Ва Аллоҳ таъоло ҳар касеро, ки бихоҳад ба роҳи рост (ҳамон роҳи ҳақ аст) раҳнамуд мекунад (то ҳақро аз миёни инҳирофҳо ва ихтилофҳо дарёбад).

    Сураи Бақара 213

    Ва онҳое, ки Аллоҳ ҳидояташон кардааст, ҳамонҳое ҳастанд, ки бағй (ситам ва ҳасад) намеварзанд!

    (Идомаи мақола: Фасли дуввум дар одобест, ки барои берун омадан аз хилоф бояд аз он пайравӣ кард)